Главная / Гуногун / Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

Хокимияти конунгузор ва мавкеи он дар тачзияи хокимияти давлати Хокимияти конунгузор дар чараёни идоракунии давлат мавкеи маркази дорад, зеро тибки принсипи тачзияи хокимияти давлати ин навъи хокимият аз хама мухимтар аст. Хокимияти конунгузор талаботи умумихатмиеро пеш мегузорад, ки хокимияти ичроия онхоро бояд дар хаёт татбик намояд ва ин талабот барои фаъолияти макомоти суди низ хамчун асоси конуни хизмат мекунанд.

Дар давлатхои пешрафтаи демократи парламент – макоми олии конунгузор ва намояндаги ба хисоб меравад. Вай сохибихтиёрии халкро ифода карда, иродаи мардумро дар шакли конун пешниход менамояд.

Чумхурии Точикистон низ давлати демокративу хукукбунёд аст, аз ин ру, мувофики талаботи демократия халк бояд баёнгари сохибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлати бошад. Хокимияти давлатиро халк бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амали мегардонад. Дар давлати демократи махз хокимияти конунгузор воситаи боэътимоди ифода кардани орзуву мароми оммаи васеи мардум ва манфиату талаботи он аст. Хокимияти конунгузор манфиату иродаи халкро тавассути парламент- макоми олии конунгузор ва намояндаги химоя мекунад.

parlumon

Унвон ва сохтори парламент дар кишвархои олам вобаста ба хусусиятхои миллии тараккиёт гуногун аст. Масалан, дар Иёлоти Муттахидаи Амрико парламентро Конгресс, дар Федератсияи Россия  – Мачлиси Федерали, дар Полша – Сейм, дар Дания Фолкетинг меноманд.

Парламенти Чумхурии Точикистон Мачлиси Оли ном дорад. Вобаста ба шакли идоракуни ва тарзи давлатдори, инчунин шакли сохтори давлати (ягона, федеративи ё конфедеративи будани мамлакат) парламентхо якпалатаги ё дупалатаги мешаванд.

Масалан, дар Мачористон, Финляндия, Дания, Полша ва дигар кишвархо парламент якпалатаги, дар Амрико, Австрия, Британияи Кабир дупалатагист.

Хар палата ба худ унвоне дорад, масалан дар Амрико – Палатаи намояндагон ва Сенат, дар Австрия – Шурои Иттифок ва Шурои милли.

Дар Чумхурии Точикистон низ парламент аз ду палата – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат буда, мувофики Конститутсия ва конунхои дахлдори конститутсиони хар яке аз онхо доираи муайяни вазифа ва салохияту ваколат доранд.

Хамин тавр, Конститутсияи Чумхурии Точикистон дар моддаи 9-ум эълон кардааст, ки хокимияти давлати дар асоси тачзияи он ба хокимияти конунгузор, ичроия ва суди амали мегардад. Хамчун давлати демократи дар Точикистон хокимияти конунгузор имтиёзи бештаре дорад, вай нисбат ба хокимияти ичроия ва суди мустакил буда, аз онхо вобастагие надорад. Ин гуна мустакилияти комил аз табиати сиёсиву хукукии худи макомоти конунгузор бармеояд. Тасаввур кардан мушкил аст, ки ягон рукни хокимият, ягон макомот ва муассисаву ташкилот ва умуман равиши табиии зиндагии мардум бе конунгузори вучуд дошта тавонад. Асоси пешрафти давлат ва хама сохахои хаёти онро санадхои меъёрии  хукуки, яъне мавчудияти конунхои одилона ва ба талаботи чомеа чавобгу ташкил медиханд. Махз ба шарофати конунхо чомеа ба таври муназзам, яъне роху равиши муайян ва мураттаб пеш меравад ва таракки мекунад.

Аз ин ру, Мачлиси Оли – парламент дар рушди хама сохахои Точикистон макоми хоса дорад. Аммо ин акида набояд ба он маъни фахмида шавад, ки парламент комилан аз дигар шохахои хокимият чудост. Дар тамоми кишвархое, ки сохти чумхурияви доранд, миёни хар се шакли хокимият алокамандиву хамкори вучуд дорад.

Ин хамкори бо роху воситахои гуногун амали карда мешавад. Масалан, баробари вакили Мачлиси намояндагон ва узви Мачлиси милли, яъне аъзои парламент инчунин Хукумат хамчун макоми олии хокимияти ичроия хукуки ташаббуси конунгузори дорад. Ин чунин маъни дорад, ки дар тайёр намудани лоихаи конунхо Хукумат низ иштирок мекунад, танхо салохияти кабули конунхо ба ухдаи Мачлиси намояндагони Чумхурии Точикистон аст.

  1. Мачлиси Оли – парламенти Чумхурии Точикистон Конститутсияи Чумхурии Точикистон Мачлиси Олиро хамчун макоми олии намояндаги ва конунгузор муайян кардааст. Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» аз 19 апрели соли 2000 дар моддаи 1 Мачлиси Олиро «дорои хокимияти оли ва макоми ягонаи конунгузори» тавсиф намудааст.

Мачлиси Оли аз ду Мачлис – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат аст, ки дар низоми конунгузори ва фаъолияти конунгузори якдигарро пурра мекунанд. Мачлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касби буда, вакилони он гайр аз фаъолияти конунгузори ба кори дигар машгул намешаванд.

Танхо ба фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори шугл варзида метавонанду халос. Фаъолияти Мачлиси милли бошад, даъвати аст. Барои фахмо шудани тарзу усули фаъолияти ин мачлисхо таркиби онхоро дида мебароем.

Мачлиси Оли аз ду Мачлис – Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон иборат аст.

Мачлиси милли аз 33 аъзо иборат буда, 25 аъзои он ба таври гайримустаким дар мачлисхои якчояи вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва шахру нохияхои тобеи чумхури (якчоя) бо овоздихии пинхони интихоб мегарданд. Дар Мачлиси милли Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ви-

лоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхои тобеи чумхури намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Мачлиси миллиро Президенти Чумхурии Точикистон таъин мекунад. Хар Президенти собики Чумхурии Точикистон узви якумраи Мачлиси милли мебошад, агар у аз истифодаи ин хак даст накашад.

Мачлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онхо дар асоси хукуки интихоботи умуми, баробар, мустаким ва бо овоздихии пинхони интихоб карда мешаванд.

Мухлати ваколати Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар рузи огози фаъолияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони даъвати нав катъ мегардад.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавкулодда ва холати чанги пароканда намешаванд.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли ичлосияхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон доир мекунанд.

Шурои Мачлиси милли ва Шурои Мачлиси намояндагон, кумитахо ва комиссияхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли чаласахо амали мегардонанд.

Вазъи хукукии узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон ба хам хеле шабохат дорад, чунончи узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, хак доранд, ки фикри худро озодона баён намоянд, мувофики акидаи худ овоз диханд, онхо хукуки дахлнопазири доранд, онхоро хабс кардан, дастгир намудан, мачбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданашон дар чои содиршавии чиноят.

Хамчунин онхо мавриди кофтукови шахси карор дода намешаванд, ба истиснои холатхое, ки конун барои таъмини амнияти дигарон мукаррар намуда аст.

Масъалаи махрум намудани дахлно пазирии узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон бо пешниходи Прокурори генерали аз чониби Мачлиси дахлдор хал карда мешавад.

Ваколати узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон хангоми вафот, истеъфо, гайри кобили амал эътироф шудани онхо аз чониби суд, ба кувваи конуни даромадани хукми айбдоркунии суд, катъи шахрванди, тарки доимии кишвар, ишголи вазифае, ки ба ваколати узви Мачлиси милли мувофик нест, инчунин парокандашавии Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон катъ мегардад.

Яке аз чихатхои мухими фаъолияти Мачлиси Оли чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон аст. Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон хангоми гузаронидани чаласахои якчоя чунин салохият доранд:

  1. Тасдики фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Хукумат.
  2. Тасдики фармони Президент дар бораи чори намудани холати чанги ва вазъияти фавкулодда.
  3. Ризоият ба истифодаи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон берун аз худуди он барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Точикистон.
  4. Таъини интихоботи Президент.
  5. Кабули истеъфои Президент.
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотхои давлати ва рутбаи олии харби.
  7. Баррасии масъалахои дахлнопазирии Президент.

Дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва Паёми худро дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии кишвар пешниход менамояд.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар чаласаи якчоя дар бораи аз хукуки дахлнопазири махрум намудани Президенти Чумхурии Точикистон дар сурати аз тарафи у содир шудани хиёнат ба давлат карор кабул менамоянд.

Карор оид ба ин масъала бо овоздихии пинхони ва бо тарафдорони на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар яке аз онхо дар алохидаги овоз медиханд ва дар асоси хулосаи Суди конститутсиони кабул карда мешавад.

Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон дар чаласахои якчоя дар доираи ваколатхои худ карорхо кабул мекунанд.

Карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон бо аксарияти овозхои шумораи умумии аъзо ва вакилон кабул карда мешаванд.

  1. Мачлиси милли

Мачлиси милли – палатаи болоии парламенти чумхури мебошад. Фаъолияти он ба монанди Мачлиси намояндагон дар шакли ичлосия мегузарад.

Чунонки дар боло кайд кардем, фаъолияти Мачлиси милли даъвати буда, соле на камтар аз 4 маротиба аз чониби Раиси Мачлиси милли даъват карда мешавад.

Конуни канститутсиони «Дар бораи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» салохияти Мачлиси миллиро ба таври зайл муайян кардааст:

  1. Таъсис ва бархам додани вохидхои марзиву маъмури ва тагйири онхо.
  2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иктисоди бо пешниходи Президент.
  3. Халли маъалаи бекор кардани дахлнопазирии Раис, муовин ва судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иктисоди.
  4. Ризоият барои таъйин ва озод намудани Прокурори генерали ва муовинони у.
  5. Амали намудани ваколатхои дигаре, ки Конститутсия ва конунхо муайян кардаанд.

Яке аз чихатхои мухими фаъолияти Мачлиси милли хамин аст, ки он карорхои Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахрхо ва нохияхоро дар сурати бо Конститутсия, конунхои конститутсиони ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон мувофикат накарданашон бекор мекунад.

Инчунин Мачлиси милли хак дорад мачлисхои вакилони халки ВМКБ, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхоро дар сурати Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистонро мунтазам ичро накардани онхо пароканда намояд.

Шурои Мачлиси милли макоми хамохангсоз ва хисоботдихандаи Мачлиси милли ба шумор меравад ва фаъолияти он мутобики Конститутсия, Конуни конститутсиони «Дар бораи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» ва Дастури Мачлиси милли сурат мегирад.

Шурои Мачлиси милли чунин ваколатхо дорад:

1) ташкили тайёрии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, ичлосияхои Мачлиси милли;

2) тахия кардани лоихаи рузнома ва тартиби кори чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, ичлосияхои Мачлиси милли;

3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитахо ва комиссияхои Мачлиси милли;

4) таъмини хамкори бо Мачлиси намояндагон ва Шурои Мачлиси намояндагон;

5) ташкили банакшагирии корхои вобаста ба фаъолияти Мачлиси милли;

6) пешаки барраси намудани конунхое, ки Мачлиси намояндагон кабул кардааст ва дигар санадхо;

7) тахлили таклифу эродхои аъзои Мачлиси милли, ки дар ичлосияхои Мачлиси милли баён шудаанд ва аз руи онхо кабул намудани карорхои дахлдор, инчунин дигар ваколатхо , ки конун муайян кардааст.

Мачлиси милли кумитахо ва комиссияхои дахлдори худро таъсис медихад. Номгуй ва хайати кумитахо ва комиссияхоро Мачлиси милли бо пешниходи Раиси Мачлиси милли муайян мекунад. Раисони кумитахо ва комиссияхои Мачлиси милли ба мухлати салохияташон бо пешниходи Раиси Мачлиси милли, бо овоздихии кушод ва тарафдории аксарияти шумораи мумии аъзои Мачлиси милли интихоб мешаванд.

Мачлиси милли хангоми зарурат комиссияхои муваккати низ таъсис медихад. Салохият ва тартиби фаъолияти комиссияхо аз тарафи Мачлиси милли хангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешавад.

  1. Мачлиси намояндагон Мачлиси намояндагон палатаи доимоамалкунанда ва касбии парламенти мамлакат аст. Фаъолияти он ба монанди Мачлиси милли дар шакли ичлосия сурат мегирад. Мувофики моддаи 35 Конуни конститутсиони «Дар бораи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» вакили Мачлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доими ичро мекунад.

Вай ба чуз фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори наметавонад ба фаъолияти дигар машгул шавад.

Салохияти Мачлиси намояндагон хеле васеъ мебошад. Он масъалахоеро дар бар мегирад, ки ба мухимтарин сохахои хаёту давлату чомеа дахл доранд.

Чунончи:

  • – таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниходи Президент;
  • – ба мухокимаи халк пешниход намудани лоихаи конунхо ва дигар масъалахои мухими давлативу чамъияти;
  • – тасдики барномахои иктисоди ва ичтимои;
  • – ризоият ба додугирифти карзи давлати;
  • – тасдик ва бекор кардани шартномахои байналмилали;
  • – таъйини раъйпурси;
  • – таъсиси судхо;
  • – тасдики рамзхои давлати;
  • – тасдики мукофотхои давлати;
  • – тасдики фармонхои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони у;
  • – мукаррар намудани рутбахои харби, дипломати, рутбахо ва унвонхои махсус;
  • – муайян намудани маоши Президент;
  • – амали намудани ваколатхои дигаре, ки Конститутсия ва конунхо муайян кардаанд.

Мачлиси намояндагон бо пешниходи Хукумати Чумхурии Точикистон конунро дар бораи бучети давлати кабул мекунад ва назоратро аз болои ичрои он ба рох мемонад. Хукумат лоихаи бучети давлатии Чумхурии Точикистонро хар сол то якуми ноябр ба Мачлиси намояндагон пешниход мекунад.

Конун дар бораи бучети давлати бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон кабул карда мешавад.

Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи бучети давлати, ки Мачлиси намояндагон кабул кардааст, дар муддати понздах руз ба Президент барои имзо ва интишор пешниход мешавад.

Агар Президент ба конун ё кисме аз он рози набошад, конунро дар муддати понздах руз бо далелу эродхо ба Мачлиси намояндагон бармегардонад.

Дар сурати баррасии такрори агар конун дар матни пештар кабулшудааш бо аксарияти аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон дастгири ёбад, Президент дар муддати дах руз ба конун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Шурои Мачлиси намояндагон макоми хамохангсоз ва хисоботдихандаи Мачлиси намояндагон буда, ба хайати он Раиси Мачлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони у, раисони кумитахо ва комиссияхои Мачлиси намояндагон дохил мешаванд.

Шурои Мачлиси намояндагон дорои салохияти зерин аст:

  • – ташкили тайёрии чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон, чаласахои Мачлиси намояндагон.
  • – тахияи лоихаи рузнома ва тартиби кори чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон,чаласахои Мачлиси намояндагон;
  • – танзими фаъолияти кумитаю комиссияхо;
  • – таъмини хамкори бо Мачлиси милли ва Шурои

Мачлиси милли;

– ташкили банакшагирии корхои марбут ба тартиб додани лоихахои конунхо;

– пешаки барраси намудани лоихаи конунхо ва дигар масъалахое, ки конун муайян кардааст;

– тахлили таклифу эродхои вакилон, ки дар чаласахои Мачлиси намояндагон изхор шудаанд ва аз руи онхо кабул намудани карорхои дахлдор.

Вакилони Мачлиси намояндагон барои изхори дастачамъонаи акидахои сиёсии худ, амали гардонидани барномахо ва хадафхои пешазинтихоботи хукук доранд дар фраксияву гуруххо муттахид шаванд.

Фраксия ё гурух камаш аз панч вакили Мачлисинамояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, хайат, хадафу вазифахои фраксия ё гурухи вакилони Мачлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Мачлиси намояндагон хатти

хабар дода, дигар вакилони Мачлиси намояндагон низ вокиф гардонида мешаванд. Хабарномаро бояд рохбари фраксия ё гурух имзо кунад.

  1. Фаъолияти конунгузории Мачлиси Оли Аъзои Мачлиси милли, вакили Мачлиси намояндагон, Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати

Чумхурии Точикистон ва Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хукуки ташаббуси конунгузори доранд.

Хукуки ташаббуси конунгузори дар шакли пешниходи лоихаи конунхои нави Чумхурии Точикистон, лоихаи конунхо дар бораи тагйир додан ё бекор кардани конунхои чории Чумхурии Точикистон, хамчунин дар шакли пешниходи хатти дар бораи кабул кардани конунхои нави Чумхурии Точикистон ё дохил намудани тагйирот ба конунхои чории Чумхурии Точикистон, ки онро таклифи конунгузори меноманд, ба амал бароварда мешавад.

Лоихаи конунхо ва таклифхои конунгузори ба Мачлиси намояндагон ба тарики амалигардонии хукуки ташаббуси конунгузори фиристода мешаванд, аммо лоихаи конунро дар бораи авф – Президенти Чумхурии Точикистон ва лоихаи конунхоро дар бораи мукаррар ва бекор кардани андоз бошад, Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.

Бояд гуфт, ки чараёни конунгузори мачмуи амалхоеро фаро мегирад, ки ба воситаи онхо фаъолияти макомоти конунгузор дар хаёт татбик мегардад.

Чараёни конунгузориро аксар олимони хукукшинос ба чор давра таксим кардаанд:

1) пешниходи лоихаи конун ё хукуки ташаббуси конунгузори;

2) мухокимаи лоихаи конун дар кумита ва комиссияхои парламент ва баъдан дар палатае, ки масъулияти кабули конунро дорад;

3) кабули конун; 4) чонибдори ва имзову нашри конун.

Хамин тавр, мувофики конун лоихаи конунхо ва таклифхои конунгузории ба Мачлиси намояндагон расидаро Шурои Мачлиси намояндагон барои мухокимаи пешаки ба кумитаву комиссияхои дахлдор мефиристад. Макомоти дахлдор хулосахои худро оид ба лоихаи конун барои мухокима ба чаласаи Мачлиси намояндагон пешниход менамоянд.

Дар доираи салохияти худ Мачлиси намояндагон санадхои меъёрии хукуки кабул мекунад, ки онхо ба 3 гурух таксим мешаванд: 1) конунхои конститутсионии Чумхурии Точикистон; 2) конунхои Чумхурии Точикистон; 3) карорхои Мачлиси намояндагон.

Кабули конунхо ваколати асосии Мачлиси намояндагон аст. Конунхо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон кабул мегарданд. Конунхои кабулнамудаи Мачлиси намояндагон, гайр аз конунхо дар бораи бучети давлати ва авф, ба Мачлиси милли пешниход карда мешаванд. Конун дар бораи бучети давлати ва авф танхо аз чониби Мачлиси намояндагон кабул карда мешавад. Назорат аз болои ичрои бучети давлати низ ба ухдаи Мачлиси намояндагон мебошад.

Аз нигохи дарачаи эътиборнокии санадхои меъёрии хукуки баъд аз Конститутсия конунхои конститутсиони дар чои дуввум карор доранд. Конунхои конститутсиони оид ба масъалахое кабул карда мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст.

Конунхои конститутсиони бо тарафдории на камтараз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон кабул мегарданд ва Мачлиси милли онхоро бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи аъзои худ чонибдори мекунад. Дар сурати бо карори

Мачлиси милли норози будани Мачлиси намояндагон конуни конститутсиони хамон вакт кабулшуда хисоб мешавад, ки агар Мачлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилон тасдик намояд.

Конунхои аз чониби Мачлиси намояндагон кабулшуда ва аз тарафи Мачлиси милли чонибдоришуда дар давоми як хафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд. Агар Президент бо конун ё як кисми он рози набошад, конунро дар

давоми понздах руз бо далелу эродхо ба Мачлиси намояндагон бармегардонад. Баъдан бо тартиби мукаррарнамудаи Конститутсия Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагон конуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар сурати баррасии конун дар матни пештар кабулшудааш агар бо аксарияти аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон дастгири ёбад, Президент дар муддати дах руз ба конун имзо мегузорад ва онро интишор медихад.

Агар Президент конуни конститутсиониро баргардонад, Мачлиси намояндагон ва Мачлиси милли бо тартиби мукаррарнамудаи Конститутсия конуни мазкурро такроран барраси менамоянд. Дар холати баррасии такрори агар конуни конститутсиони дар матни пештар кабулшудааш бо аксарияти аз чор се хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон тасдик шавад, Президент дар муддати дах руз ба конуни конститутсиони имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Саволхо:

  1. Макоми олии конунгузории Чумхурии Точикистон кадом аст? 2. Сохтори парламенти Чумхурии Точикистон чи гуна аст?
  2. Фаъолияти Мачлиси Олиро кадом санади хукуки танзим мекунад?
  3. Фаъолияти Мачлиси милли чи тавр сурат мегирад?
  4. Умумият ва тафовути вазъи хукукии узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагонро муайян кунед. 6. Дар чаласахои якчояи палатахо кадом масъалахо барраси мешаванд? 7.Салохияти Мачлиси миллиро номбар кунед. 8.Кихо дар Чумхурии Точикистон хукуки ташаббуси конунгузори доранд?
  5. Хайати Мачлиси милли аз чанд нафар иборат аст?
  6. Салохияти Мачлиси намояндагонро шарх дихед.
  7. Максади ташкили фраксия ё гуруххои вакилон аз чи иборат аст?
  8. Мачлиси намояндагон кадом санадхои меъёрии хукукиро кабул мекунад?13.Кадом лоихаи конунро танхо Президенти Чумхурии Точикистон хукуки пешниход намудан дорад?
  9. Чараёни конунгузори кадом даврахоро дар бар мегирад? 15.Сахми Шурои Мачлиси намояндагон дар омода намудани лоихаи конунхо чи гуна аст?
  10. Конунхои конститутсиони оид ба кадом масъалахо кабул карда мешаванд?
  11. Тартиби кабул намудани конунхои конститутсиониро шарх дихед.
  12. Агар Президент конуни конститутсиониро баргардонад, он гох амалиёти Мачлиси намояндагон ва Мачлиси милли чи гуна сурат мегирад?

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …