Главная / Чамъият / Маълумотхое, ки дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд

Маълумотхое, ки дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд

Моддаи 141-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Маълумотхое, ки дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешаванд 

  1. Дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд маълумотхои зерин  нишон дода шаванд:

– вазифа, насаб, ном ва номи падари судя ё шахси мансабдори ваколатдоре, ки карор кабул кардааст;

– вакт ва махалли баррасии парванда;

– маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати у парванда барраси гардидааст;

– холатхое, ки зимни баррасии парванда мукаррар карда шудаанд;

– моддаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон, ки чавобгарии маъмуриро барои содир кардани хукуквайронкунии маъмури ё асосхои катъ кардани пешбурди парвандаро пешбини менамояд;

– асосноккунии карор вобаста ба парванда;

– мухлат ва тартиби шикоят кардан ва эътироз овардан ба карор.

  1. Хангоми таъин кардани чаримаи маъмури дар карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба гайр аз маълумоти дар кисми 1 хамин модда зикргардида бояд андозаи чарима ва дар бораи кабулкунандаи чарима маълумот оварда шавад, ки он мутобики коидахои тартиб додани хуччатхои пардохт барои интиколи маблаги чаримаи маъмури зарур мебошад.
  2. Агар хангоми халли масъалаи аз тарафи судя таъин кардани чазои маъмури барои хукуквайронкунии маъмури хамзамон масъалаи чуброни зарари молумулки хал карда шавад, он гох дар карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури андозаи зарари чуброншаванда, мухлат ва тартиби пардохти он  зикр мегардад.
  3. Хангоми аз чониби макомоти ваколатдор таъин кардани чазои маъмури дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият масъалахои марбут ба чорахои зарурии таъмини ичрои ин чазои маъмури низ хал карда мешаванд, ки онхо аз манъ кардани фаъолияти шахрвандоне, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамоянд, шахсони хукуки, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтории шахсони хукуки, китъахои истехсоли ва истифодаи агрегатхо, объектхо, биною иншоот, намудхои алохидаи фаъолият (кор ва хизматрасони) иборат мебошанд.
  4. Дар карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури бояд масъалаи молу мулк ва хуччатхои гирифташуда ва молу мулки ба хабс гирифташуда хал карда шавад, ба шарте ки нисбати онхо чазои маъмури дар намуди мусодира ё бо подош гирифтан татбик нашуда бошад ва ё набояд татбик шавад. Хамзамон бояд:

– молу мулк ва хуччатхое, ки аз муомилоти граждани гирифта нашудаанд, ба сохиби конуниашон баргардонида шаванд ва агар сохибашон мукаррар карда нашуда бошанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба моликияти давлат гузаронида шаванд;

– молу мулки аз муомилоти граждани гирифташуда ба ташкилотхои дахлдор супорида  ё нобуд карда шаванд;

– хуччатхое, ки далели шайъи мебошанд, дар тамоми мухлати нигохдории парванда нигох дошта шаванд ё мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба шахсони манфиатдор супорида шаванд.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар протоколи хукуквайронкунии маъмури дар бораи чораи чазои маъмури кайди дахлдор сабт карда мешавад.
  2. Карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури, агар нисбати он шикоят ё эътироз оварда нашуда бошад, баъди ба охир расидани мухлати овардани шикоят ё эътироз аз болои он, эътибори конуни пайдо мекунад. Дар сурати овардани эътироз, шикоят ё пешниход нисбати карор баъди аз чониби макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои, суди болои барраси гаштани парванда ин карор эътибори конуни пайдо мекунад.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …