Главная / Маданият ва санъат / Маълумот дар бораи либос

Маълумот дар бораи либос

Дар зиндагии рузмарраи одамон либос низ чун хуроквори ва манзил накши бузург мебозад. Либос гуфта мачмуи ашеро меноманд, ки ба онхо одам бадани худро пурра ё кисман мепушонад.

Либос нишони маданияти моддии одам буда, дар худ хусусиятхои милли, махсусиятхои инфиродии эчодиро тачассум мекунад ва аз ин ру хамеша объекти дарки эстетики мебошад. Либос аз замони басо кадим пайдо шуда, вобаста ба инкишофи инсоният аз чихати зохири тагйир меёфт.

Барои нигох доштани харакати озод либосро бо камарбанд мебастанд. Пораи хамвори матоъ ба чилди хачмдор табдил меёфт, ки бадани одамро мепушонд, ин бо навъи содда либос таррохи мешуд.

libosi-zebo

Таррохии либос- ин раванди аз матои хамвор тайёр кардани чилди хачмдор аст, ки бадани одамро мепушонад. Раванди ченкунии бадани одамро бо максади таррохи андозагири меноманд.

Либос чун коида ба бадани одам зич намешинад, хамеша байни онхо каме фосила мемонад. Дар баъзе чои бадан ин фосила зиёд асту дар чои дигар камтар. Фарки байни ченкунии бадани одам ва андозаи либосро илова меноманд.

Илова дарачаи шинамии либосро дар чойхои мухталифи бадани одам муайян мекунад ва шаклу тарзи либосро хеле тагйир медихад.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bolisht-2

Болиштчаи диван бо гулдузи, тасма ва канаб.

Болиштчахо аз матоъхои гафси якранг ё матои гуногун (хархела) ранг, ки онхо дар якчояги тобиши …