Главная / Гуногун / МУЪЧИЗА – Доги сафед

МУЪЧИЗА – Доги сафед

Пушти гардан, гуш ва банди дасти духтаракро доги сафед зад. Ба чашми атрофиён сард метофт ва гохи назарашон уфтодан ботинашон як кад мепариду ноаён лахзае меларзид.

doqДар ибтидо, волидайн хеле ба тахлука даромада, безобита шуданд, назди духтурон давиданд, ба табибони халки нишон доданд. Аз дардмандони гуногун маслихат пурсиданд, ба хар даво бо дидагони умед менигаристанду аз кох низ мадад, шифо мечустанд, орзу мепарвариданд, ки то кадрас шудан дог бояд шуста шавад. Зеро мардум тангназару то хануз табии пиндоштану дарк кардани бемории доги сафедро ёд нагирифтаанд – акаллан рох диханд хам дилашон макбул намедонад.

Аз миён як-ду сол гузашт.

Рузе хамсар ба хона гап ёфта омад, ки дар фалон махалла гурезае аз кишвари бегона пайдо шудаасту фолбини зур будааст. Табиби хам аз дасташ меомадааст. Мушкили чанд корафтодагонро осон гардондааст.

– Хайр, – пурсид шавхараш, – мехохи пеши боз як фолбини навбаромад рави?

– Ихлосу халос мегуянд, шояд банди асрор кушода шавад, – бо хастаги гуфт зан.

– Фолбинхои тахчои чи карданд, ки гурезааш бикунад, – гурунгос зад шавхар, вале розиги дод: – Хуб, майлаш, рав.

Субхи дигар модари духтарак рафт назди фолбини гуреза. Пас аз занги дарро шунидан хонуми пирохану руймоли кабуди равшан дар тан берун омад ва занро руи хавли хост. «Хонаатон нурбор бод!» – гуён ба зинапояи болохона – ба хучраи мехмонсарои кадам монд. Зан лахзае хис кард, ки аз паси роги пардаи якранги тиреза касе уро наззора мекунад.

Ба дарахтони меваафкани сахни хавли чашм давонд. Онсутар гурбачаи фарбех, саги занчирбанд, хурусу мокиёнхои сурху сафеду сиёх, гозхою мурги марчонро дид. Зохиран чунин тофт, ки чонварон низ гох-гохе суяш менигаранд. Кариб буд аз омаданаш пушаймон бишавад. Ин хангом дари хучра боз шуд. Ва марди басо коматбаланди муйсари мошубиринчаш мисли муи занхо то китф дароз берун омад. Нигохи тез дошт – инро даррав эхсос кард зан. Аз масофаи шаш-хафт метр, сари остонаи болохона хомуш истода, гуё каъри чашмони занро медид, арзу хохишашро тагуру мекард, икдомаш хунсардона, вале ба дил харос намеандохт.

– Салом, – гуфт мард. Вай мижа намезад.

Зан бо ишораи сар алейк гирифт ва интизор истод.

– Аслан гирем, чигили риштаи бемории духтари шумо сахл аст. Вале имруз гуфтугу раво нест. – Мард лахзае чанд сокит монд, хамоно мижа ба хам намезад. – Панчшанбе, баъди чоштгох биёед, – дигар харфе нагуфта дохили хучра шуд.

Саг аз чояш хест, хамёза кашид. Мургон боз хам гох-гохе чониби зан назар меафканданд…

Дафъаи дигар хамон хонум бидуни ичоза пурсидан занро ба хучраи боло рахнамои кард. Мард сари миз нишаставу аз чой нахест. Хонум курсиро пеш гузошт ва ба зан «мархамат» гуфт.

Харсе дакикаи нихоят тулони хомуш монданд. Зан мунтазири саволи фолбин буд.

– Муддати дароз шумову шавхаратон доги бадани духтаратонро дида сахт ба риккат меоед. Шабхо, аксар вакт хобатон харом аст. Худатон дар танхои баъзан аз гиря аламатонро мегиред. Такдири бемории духтаратон ба осмонхо пайванд аст. Худовандро мехрубон шиносед, шифо ато менамояд.

– Мо бо умед зиндаем…

– Кудрати умед хеле кави аст.

Мард ба худ фуру рафт.

Баногох ба хотири зан расид, ки у хатто харфе нагуфтааст. Дафъаи гузашта низ имкони дахон кушодан наёфта буд. Пас ин мард аз кучо дарёфт, ки…

– Ба хайрат наёед! – овози фолбин занро аз олами хаёлу андеша поин овард. Вай дид, ки мард бо пораи когази сафед чизе менависад.

– Ман охир…

– Ин чо чанд дуоест, – ба сухани зан ахамият надода, когазчаро дукат карда дароз намуд мард. – Акиби мург ё хурус, буз ё гуфтанду гов, хуллас, ягон чонвари нодаркор ё касалманд рост истода бо овози паст бихонед. Худатон шунавед кифоя. Баъд когазчаро пора-пора дарронда ба чуи обаш равон партофтан лозим.

– Ва… – зан намедонист чи гуяд. – Ё…

– Ба саги хавлиатон дилатон намесузад?

Зан лол монд. Вай танхо лахзае аз фикраш гузаронд, ки шояд акиби саги хонааш дуохоро бихонад…

– Гап дар сари он, ки баъди се рузи ин дуохо садо додан он махлуки худо мемирад. Бар ивази чони он доги бадани духтаратон бархам мехурад ва чашмонаш нур мегиранд. Бовар кунед!

– Боз…

– Дигар хеч чи!

– Кай биёям мегуям? – пурсид зан.

– Хочат ба омадан намемонад. Духтаратон сихат мешавад, уро пешомади хуб, дигаргунихо интизор аст.

Мард аз чой бархост.

Зан фахмид, ки сухбат анчом пазируфт.

– Ташаккур! – гуфт ва чанд пуле бароварда руи миз гузошт. – Кам бошад хам…

– Кам нест! – зикр кард марди фолбин хатто суи пул нимнигох наандохта. Ва боз: – Ин ризку рузии мост!

Он хонум то назди даромадгохи хавли бо хамон карахтиву хомуши гуселонид.

Зан ин лахза овози буррои мардро, ки сари остонаи хучрааш рост меистод, шунид:

– Аз хотир набароред! Чидди гуфтам, он чонвар хатман се руз пас мемирад.

Зан зери бори хаёлу андешахои пурпеч чи тавр то манзилаш расидани худро нафахмид. Таъкиди мард рахорах дар баногушаш бараъло садо медод. Ба назараш менамуд, ки дарвозаву деворхо, кучахо, беду сафедорони лаби чуи сероби махаллахо он гуфтаи охирини марди фолбинро мешунаванд, вазнин ох мекашанд.

Шавхари зан низ моту хайрон монд: ба муъчизоти дунё одами на хандиданашро медонисту на гам хурданашро: ва миёни чорроха меистод: ба каромату кудрати рухонии марди фолбин бовар кунад ё на?

– Тасодуф ин чо истисност, – гуфт хамсараш сар хорида. – Лекин гуфтаи фолбинро чи тавр санчидан мумкин?

Суолаш муаллак монд: зан рах мечуст…

Ва дигар нисфирузи, соате, ки офтоб дар осмон ба киём меомад, рафт ба сахро, он чо гирду атрофи боги нав бунёд кардаашон гову гусфанд, хару бузу гусолаи мардум бисёранд, ин хангом сохибонашон ё хоб мекунанд ё бахри нони чошт ба хона мераванд, яъне фурсати кулай аст: ноаён дуоро хондан имкон дорад, он тарафаш харчи бодо бод! Ва гиребонашро дошта «тавба, тавба» гуфт.

Зан гарки хаёлоти бесарунуг то он мавзеъ расид ва аз тааччуб ангушт газиду дар чояш нишаста монд: дар гардани молхо порахои картонро овезон дид, руи хар яке номи сохибонашон сабт ёфтаанд: гусолаи Ёдгоралии шофир, гусфанди Хомидчони гахворасоз, гови очаи Зохир, хари Акбари ветеран, бузхои Зокиркачала, гусолахои Исмати обмон, Наби-кафтари ошпаз, гови пири Усмон – нонвой ва гайрав ва хоказо. Зан фахмид, ба назараш осону одди намуда будааст, хаёл дошт, мераваду як чонварро интихоб мекунад ва дуоро зуд се бор мехонаду чонаш халос,  вале тушбераро хом шуморидааст. Зан дар каъри дил хис кард, ки хар як мол барои сохибонаш азиз аст ва хар яке аз онхоро некиашон ё кумакашон ба хонадонаш расидааст, пас чи тавр аклаш ичозат медихад, ки мухитро хилват ёфта дуо бихонад ва касе аз молаш се руз баъд ногахон чудо шавад. Шояд онхо дарак наёбанд, балои омада ба сари хамин чонвар занад гуянд. Ва эхтимол хама дар чорсуи олам аз дуохонии зан бехабар монанд, лек рузе фаро меояду дар кучаву гузар ё тую маърака ру ба ру биёянд? То кай нигохашро мегурезонад? Албатта, хастанд одамони бад, раво аст, ки чазо бинанд, аммо молашон – хайвони безабон чи гунох дорад?.. Ин  махал зан дид, ки онсутар ду барзагови ало ба хам сар ба сару шох мезананд, гох яке акиб меравад, гох дигаре. Дар атроф касе набуд, ходаи борики хушкро аз танаи дарахти зардолу гирифту чониби шохзанхо рафт, хост чудо кунад. Вале наздик шуда буд, ки харду барзагов якбора кадаме чанд аз якдигар дур шуданд ва тарафи зан ру гардонданд, охиста-охиста пеш омаданд. Дараввал тарсида кариб буд когази дуо навиштаро аз даст афтонад, дид, ки онхо низ дар гардан картон овезон кардаанд. Навиштахояшон хархела буд: «як руз пас маро ба кассоб мефурушанд», «пагох маро барои оши туй забх мекунанд». Хайрати зан бехад афзуд, вакте дид, ки барзаговхо пеш омада акибоки бехаракатанду дум меафшонанд, гуё мегуфтанд – хон дуоятро, хочатат кабул мешавад. Зан ботинан омода буд дуоро хонад, вале аз чи бошад, забонаш мачоли харфхоро талаффуз кардан надошт… Вай ашки чашмашро нишон додан нахоста тоб хурд ва суи хавлияш пой ниход. Хеле дур рафт. Агар ба акиб менигарист, равшан медид, ки гову гусола, бузу гусфанд, хару барзаговхои хакку хамсоя,  хама карахту хайрон рост истодаанду нигохашон басо рахмомез аст.

Аммо зан хамоно маъюсу сарбаланд пеш мерафт.

Дами дарвозаи хавли занро шавхараш истикбол гирифт. Кучо ва ба хотири чи рафтани хамсарашро у медонист.

– Муродат хосил шуд? – пурсид вай.

– Не.

– Чаро? Сайд барор нагирифт? Ягон мавчудоти нимчони нодаркор набуд магар?..

– Хаст! Ёфтам!..

Субхи дигар зан хануз исторахои осмони тобистон аз чашм гайб назада чониби партовгохи махалла рох гирифт. Саги сип-сиёхи бадхайбати пир ва дардманди партовгох аксар вакт ба аккос задан ё дум ликкондан гарданаш ёри намедод ё мачолаш намерасид. Аз кучо дар ин макон пайдо шудани чонвари беозорро касе аник гуфта наметавонист. Аввалхо чанд сол пеш сахаргохон меомад, ризку рузиашро меёфту боз ноаён гум мешуд. Охиста-охиста хамагон одат карданд. Гуё саги дамдузди безарар махз барои посбонии партовгох зоида шуда бошад, дигар дур намерафт.

Субхи содик дамида, вале зан дид, ки саги пир хануз хоб аст. Бе хавфу харос ба атроф нигарист. Касе набуд. Зан ба акиби саг гузашт, то мабодо чашм ба чашм нахурад. Ва когази дуоро бароварду сари зону нишаст, сипас паи хам се маротиба матнро хонд. Бурро хонд, шояд мехост, ки саги пир хам бишнавад. Баъд зери лаб гуфт: «Бубахш, чонвари безабон…» худро як навъ озод, сабук хис кард, гуё мухимтарин кореро дар зиндагиаш ба сомон расонда бошад. Дах-дувоздах кадам онсутар чуй вокеъ буд, лаби он рафта нишаст, дасту руй шуст, накхати пудинахо машомашро лаззат бахшиданд. Когази дуоро реза–реза дарронда ба об партофт. Ба гирдоби хаёл афтода монд. Ногахон тараккос зада галтидани чизе занро ба худ овард. Тарафи овоз нигарист. Ду мард назди партовгох рост меистоданд. Занбарро ба замин партофта будаанд. Онхо сагро руи занбар бор мекарданд. Зан лахзае лол монд. Баъд овозашро ёфт

– Хой!

Мардхо чонибаш  ру гардонданд.

– Аллакай:! – забон хоид.

– Чи аллакай?

– Хеч… Ман…

– Бечора дируз бегохи мурда буд. Гуфтем буй нагирад…

Зан, ки рост меистод, ба чояш нишаста монд.

Оби чуй бепарво равон буд.

Мурдаи саг боис шуд ё шарофати оби чуй, ба хар хол догхои бадани духтараш дере нагузашта бархам хурданд.

Ва аз ин бад ба муъчиза бовар мекард…

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …