Италия баьд аз инкилоби буржуази. Баъди шикаст хурдани инкилоби буржуазй Италия мисли пештара пароканда мондан гирифт. Хокимияти Габбсбургхо дар вилояти Ломбардияю Венетсия аз нав баркарор карда шуд. Таъсири Австрия ба Модену Парма ва Тоскана аз нав пурзур гардид. Бо ёрии Австрия мутлакиятхои сарнагуншудаи сулолаи Габбсбургхо боз ба ин чойхо баргаштанд. Барой таъмини амнияташон ба пойтахтхои онхо сипохи Австрия дароварда шуд.
Дар Рим бошад, аз соли 1849 cap карда гарнизони Фаронса мустакар буд. Дар шохигарии хар ду Ситсилия “шох-бомба” – Фердинанди II бар халки худ бедодгариро давом медод. Харчанд у расман конститутсияро бекор накарда бошад хам, дар амал режими мутлаки террористиро аз нав баркарор кард. Баъди соли 1849 танхо дар Пемонт сохти конститутсионй боки монд. Мардуми ин чо аз баъзе озодихои демократй истифода мебурданд. Шох Виктор – Эммануил и II шахси озодандешу демократмичоз буд. У хатто ба ватандустони аз дасти шоххои дигар гурехта панохгохи сиёси медод.
Сарфи назар аз мавчудияти иртичеи сиёси дар Италия харакати миллию озодихохи кать нагардид. Буржуазия ва ахли мехнат ба хучаинии ачнабиён дар Италияи Шимолй ва чойхои дигари он оштинопазир буданд. Баъд аз инкилоб ва катъ гардидани бухрони иктисодии солхои 1847 – 1848 давраи болоравии нави иктисодиёт огоз ёфт. Он хусусан дар Пемонт ба назар мсрасид. Дар ин чо истехсолоти калони сохибкорй ба вучуд меомад. Фабрикаю заводхои нав сохта мешуданд. Сохтмони рохи охан идома меёфт. То соли 1859 дар Италия аллакай 1700 километр роххои охан сохта шуд. Аз он чумла, дар Пьемонт – 850 километр. Дар баробари болоравии саноат тичорат хам пеш мерафт. Бандари Генуя дар Бахри Миёназамнн мавкеи худро аз пав баркарор кард. Ин хама буржуазияро барон озодии миллим Италия ба мубориза тела медод.
Дар рохи муттахидшавй. Яке аз шахсони маъруфи буржуазиям Италия, чонибдори сохти парламентам идоракунии давлат Камилло Кавур (1810-1861) буд. Баром аз зери метилом Австрия озод кардани Италия у чидду чахди зиёде кардааст. Соли 1852 баъд аз ишгол кардани мансаби сарвазирии Сардиния Камилло Кавур бо Англия ва Фаронса созишномахои тичоратие баст, ки дар натича дар Италия суръати табаддулоти саноатии огозёфта боз хам босуръаттар шуд.
Сиёсати иктисодии Камилло Кавур барои бо тези пахн гардидани тартиботи нави сармоядорй кумак расонид.
Дар сиёсати хоричй Кавур дар назди худ аввал максадхои на онкадар калонро гузошт. У ният дошт, ки вилоятхои Ломбардияю Венстсия ва хорсогихои Италияи Маркознро, ки дар онхо Австрия кучаинй мекард, ба Пьемонт хамрох кунад. Вале Кавур ин корро “аз боло”. бо рохи хилаю найрангхои дипломати ичро кардани буд.
Ватандустони дигари Италия хам мехостанд коре карда истилогаронро аз ватанашон пайдо карда, онро муттахид созанд. Вале Фаронса ба ин кор бо хар рох халал мерасонид. Ф. Орсини ном ватандусти италиявй соли 1858 бар зидди императори Фаронса Наполеони III суикасд кард, вале дастгир шуда, дар Гилотин катл гардид.
Камилло Кавур рохи дипломатиро хеле самаранок истифода бурд. Ба у муяссар шуд, ки тобистони соли 1858 дар Пломбер бо Наполеони III пинхони мулокот намояд. Кавур ба императори Фаронса ваъда дод, ки агар у лар муборизаи Италия бар зидди Австрия ёрй расонад, пас тайёр аст Савойя ва Нитсаро ба Фаронса гузашт кунад.
Пеш аз саршавии чанг, Мохи марти соли 1859, Наполеони III пинхони бо Русия шартномаи дусти баст. Шохи Русия Александри ба Наполеони III ваъда дод, ки дар чанги Фаронсаю Италия алайхи Австрия мавкеи бетарафиро ишгол мекунад. Дар натичаи ин дар чанги оянда Австрия яккаю танхо монд.
Огози чанги Италия бар зидди Австрия. Чанги зидди Австрия Мохи апрели соли 1859 огоз ёфт. Тобистони хамон сол лашкари Фаронса ва Сардиния ба сипохи Австрия шикаст дода.
Ломбардияро ба даст даровард. Ин галаба авчи харакати халки инкилобиро дар Италия аз нав ба вучуд овард. Дар як катор давлатхои хурду калони он инкилоб ба амал омад. Инкилоб кариб хамаи мулкхои Папаро хам фаро гирифт. Мардум талаб мекард, ки давлатхои Италия дар давлати ягонаи милли муттахид карда шаванд.
Бар зидди австриягихои бадкин на танхо лашкари Пемонт мубориза мебурд, балки оммаи халк хам бар зидди онхо бархост.
Дар Флоренсия (пойтахти Тоскана) шурши ба амал омад. Он герсоги махаллиро мачбур кард, ки ба Венетсия гурезад. Чунин вокеа дар Модена ва Парма хам ба амал омад.
Нокомихо дар рохи муттахидкунй. Ба муборизан зидди истилогарони австрнягй Чузеппа Гарибалдй низ хамрох шуд. У бо дастахои худ ба лашкари Пемонт дохил туда, дар рутбаи генералй ба ихтиёриён фармондехй мекард. Ин икдоми ватандустонаи Гарибалдй ба болоравии рухиян инкилобии мардум сабабгор шуд. У бо хамрохии баходурони худ ба Ломбардия зада даромад. Вайро ахолии ин чо бо хурсандии бепоён нешвоз гирифт. Гарибалдй ба австриягихо шикаст дод.
Мардум боварии комил дошт, ки акнун галаба бар Австрия таъмин мегардад, вале Нанолеони III Камилло Кавурро фиреб дод. У 11 августа соли 1859 бо императори Австрия Фра нс-Иосиф дар шахри Виллефранк вохурда, гайричашмдоигта италиявихо бо у ошти шуд ва баъд бо Австрия Созншномаи сулхро имзо кард. Мувофики ин созишнома ба Пьемонт танхо Ломбардия гузашт, зилояти Венетсия дар ихтиёри Австрия монд. Хокимияти оли дар нимчазираи Апенин ба Виктор – Эммануили II нею ба дасти душмани муттахидшавии Италия – Папай Ним Пийи IX супурда шуд. Ба Моден, Парма ва Тоскана Габбсбургхои аз он чойхо пеш кардашуда баргаштанд.
Чаро Наполеони III ин корро кард? У намехост, ки дар хавзаи Бахри Миёназамин Италияи муттахид хукмрон гардад. Барой фаронса Италияи пароканда фоиданоктар буд.
Шартхои Созишномаи сулхи Виллефранк кахру газаби халки Италияро ба вучуд оварданд. Созиши императори Фаронса – Наполеони III бо Австрия ва бор кардани иродаи худ бар шоххои Италия боварии мардумро ба хукумати Виктор – Эммануили II хеле паст кард.
Дасисахои Наполеони III, очизии шоххои Италия ва хиёнати Папай Рим Пийи IX муборизаи озодихохонаи халкро боз хам баландтар кард. Акнун мугтгахид кардани Италия “аз поён”, яъне бо рохи инкилоби ба амал омада метавонист.
Мохи апрели соли 1860 дар Палермо шуриш ба амал омад, вале лашкари шох онро зуд пахш кард. Баъди ин демократа чумхурияхохи Шимол Мадзинн ва хамсафони у карор доданд, ки ба чанубихо ёрй расонанд.
Чузеппа Гарибалдй. Аз шахри Генуя, ки он дар шимоли Италия вокеъ аст, бо сардории Чузеппа Гарибалдй дар 2 киштии калон дастаи бузурги ихтаёриёне, ки дар таи либоси сурх доштанд ва онхоро “куртасурххо” меномиданд, ба чониби Ситсилия рахсипор шуданд.
Дастаи Гарибалдй ба сохили чазираи Ситсилия бомуваффакият лангар партофта, ба амалиётхои харби шуруъ кард. Ба дастаи у гурух-гурух дехконони чазира дохил мешуданд. Дастаи “куртасурххо” дар муддати кутохтарин сершумору пурзур гардид. Ин имконият дод, ки дар наздикии Калатафимй ба лашкари бар зидди Гарибалдй равонкардаи шох голиб барояд. Чангхои вазнин хангоми бадастдарории пойтахти чазира шахри Палермо ба амал омаданд.
Хушбахтона ин дам шахрихо шуриш бардошта, ба тарафи Гарибалдй гузашта, ба у барои тезтар ба даст даровардани шахр ёрй расонпданд.
Мохи августи соли I860 “куртасурххо” 6а Калабрия ворид шуданд ва лашкаркашии афсонавии кахрамононаи худро ба Неапол огоз карданд. 7 сентябр Гарибалдй бо сипохи худ богантаиа ба пойтахти шохигарии хар ду Ситсилия ворид гашт. Аз он чо шох Франсиски II базур гурехта тавонист. Ба ин нигох накарда Нерухои шох хануз пуркувват буданд. Вале 1 октябри соли I860 лашкари халки онро дар наздикии дарёи Волтурно торумор кард.
Чузеппа Гарибалдй дар рафти лашкаркашиаш имтиёзхои зиёди дворянхо рухониён ва андозхои вазнини кишоварзонро бекор кард. Барой ин халки оддй дар хама чо “куртаеурххо”-ро чун ёру бародарони худ пешвоз мегирифт.
Анчомёбии муттахидшавии Италия. Заминдорони калон аз обруи беандоза бузурги Гарибалдй дар ташвизи монда буданд. Аз хамин сабаб онхо барон ёрй ба Виктор – Эмманунли II ва Камилло Кавур мурочиат карданд. Гарибалдй чорахоеро амалй мекард, ки ба фондаи ахли захматкашон буданд. Барои хамин хам ба у бар зиддн хокимони мутлаки Италия мубориза бурдан кори осон буд.
Баъд аз озод кардани Чануб Гарибалдй ният дошт, ки ба тарафи Рим харакат кунад. Виктор Эммакуили II галабахои Гарибалдиро барон мустахкам кардани хокимияти худ истифода бурданй буд. У мехост, ки ба вилояти Папа аз Гарибалдй пештар омада расад ва ташаббусро ба дасти худ бигирад. Ин масъала ва масъалахои дигарро Камилло Кавур ба сафири ба Турин фиристодаи Наполеони III мухокима кард. Накшаи забт кардани вилояти Папа хам мавриди мухокима карор гирифт. Аз ин бармеояд, ки огози муттахидшавии Италия “аз поён” император» Фаронсаро хам ба ташвиш овардаасг.
Виктор – Эмманунли II тамомн чорахоро андешиданй буд, то ки мавчи инкилоб ба Рим дохил нагардад.
1 октябри соли 1860 дастан 20-хазорнафараи лашкари Пемонт ба шохигарии Неапол даромад. Уро ашрофон бо хушнудй пешвоз гирифтанд, чунки аз Гарибалдй сахт тарсйда буданд.
Гарибалдй максадхои начиб дошт. У ба гояхои истиклолията милли содик буд. Бинобар ин алайхи лашкари Сардиния мукобилияте нишон надода, бе мубориза хокимияти ин чоро ба шох Виктор – Эммануил» II супорид. Баъди ин либералхо барон бо Шимол муттахид сохтани Чануб раъйпурсй гузаронида, ба максадашон расиданд.
Акнун муттахид кардани Италия “аз поён” ба охир расид. Идомаи он “аз боло” сурат гирифт.
Баъди ба Шимол муттахид кардани Чануб Конститутсияи нави Италия чорй карда шуд, ки он ба конститутсияе, ки соли 1848 дар Пемонт чорй карда шуда буд, монандй дошт. Дар Италия парламенти дупалатадор – сенат ва палатаи вакилои ташкил карда шуд. Вале интихобот ба парламент меъёри баланди молумулкй дошт. Барой хамин дар аввал танхо 2,5 фоизи ахоли хукуки интихоботй шрифту халос. Шох монархи конститутсионй ва дини католики лини давлатй эълон карда шуд.
Дар натичаи вокеахои солхои 1859 – 1860 кариб аз нисф зиёди Италия дар як давлатй сохташ мутлакияти конститутснонй муттахид шуд.
Муттахидшавии Италия дар солхои 1859 – 1860 хануз ба охир нарасида буд. Дар вилояти Венетсия мисли пештара австриягихо хучаин буданд. Дар Рим бошад. Папа Пийи IX хукмрон буд. Уро аз соли 1849 боз аскарони гарнизони Фаронса посбони мекарданд. Муттахидшавии, пурраи Италия “аз боло” дар зери рохбарии Виктор – Эммануили II ба амал омад. У дар муддати дуру дароз – аз соли 1862 то тирамохи соли 1870 барон ин кор бар зидди душманони муттахндшавии Италия мубориза бурд ва нихоят баъд аз ишгол карда шудани “шахри абадй” – Рим муттахидкунии мамлакатро ба охир расонид. Италия бо хамин ба давлатй муттахиди ягона табдил ёфт.