Главная / Илм / МУТОБИКАТ

МУТОБИКАТ

mutobikatМУТОБИКАТ, адаптатсия, кобилияти ба шароити гуногун мутобик гаштани мавчудоти зинда; истилохи «мутобикат»-ро инчунин барои ифодаи натичаи раванди мувофикат низ истифода мекунанд. М. фаъолияти муътадили хаёти организм ва ба тагйироти омилхои гуногуни мухит, харорат, иклим, баланди, унсурхои сирояти (ниг. Иммунитет) ва г. мувофик шудани онро таъмин менамояд. Шаклхои гуногуни М. мавчуданд: синтези хучайравии интерферон, ки ба афзоиши вирусхо монеъ мешавад; суръати баланди афзоиши микроорганизмхо; кобилияти ба хоби зимистони рафтан; шино кардан, хазидан, паридан, давидан ё мустахкам дар як чо андармон шудан; кобилияти мунтазам нигох доштани харорати тан ё тагйир додани он вобаста ба харорати мухит; мавчуд будани узвхои махсусгаштаи нафаскаши, хунгардиш, хозима, инчунин хофиза, ки нафакат ба шароити мавчуда, балки ба хаводиси минбаъдаи М. низ имконият фарохам меорад. Таъсири мухити атроф ба одам аз чандин омилхои нуфузпазири психологи, физики ва химияви иборат аст; бинобар ин реаксияи М., ки ба хамеша нигох доштани мухити дохили равона аст, ба хамон адад тагйироти муттасилу интенсивии мубдилаи моддахо асос ёфтааст. Азбаски механизмхои М.-и инсон нихоят мураккаб буда, бо хусусиятхои ба онхо хоси ичтимоию биологи муайян карда мешаванд, барои омузиши конуниятхои М. аз комёбихои бисёр фанхо, мас., физиология, биохимия, иммунология, психология ва г. истифода мебаранд.
Чунин намудхои реаксияи мутобикат вучуд доранд: бошиддат ва тадричи, модарзоди (дар раванди тахаввули намуд ташаккул ёфтааст) ва гайримодарзоди (барои хар як фард хост аст). Мас., кашишхурии дасту пой аз таъсири дард, шиддат ёфтани нафаскаши, босуръат ва бозтаксими чараёни хун хангоми кори чисмони, ларзиши мушак ва мургаки пуст дар сармо, ки ба афзоиши гарми мусоидат менамояд, баланд шудани хадди дарки шунавои хангоми гавгои баланд –ин хамаи вокуниши шиддатноки модарзодии М. мебошад. Ба воситаи тамрин факат дарачаи зухуроти онхоро тагйир додан мумкин аст, хол он ки вокуниши фарди (мас., малакахои спорти) факат бо рохи омузиш хосил хохад шуд. Одатан, реаксияхои бошиддат хеле сарфакору махсус (организм махз хамон шакли рафторро хосил мекунад, ки он бе чуну чаро натичаи дилхох дихад) гардидаанд, бинобар ин хамдигарро наметавонанд иваз намоянд. Мас., одати деринаи дар чангал самтгири барои дар шахри ношинос чустучу кардани нишонии даркори ба кор намеояд. Бинобар ин, хангоми тагйири шароити мехнат ва маишат реаксияхои бошиддати М. метавонанд ахамияти мутобикатро гум кунанд.
Хар як организм дар раванди М. давраи ихтилоли фаъолиятро аз сар мегузаронад, баъд давраи мувофикати нопурра (чустучуи фаъоли холати пойдор) ва дар охир, давраи нисбатан мувофикати пойдор фаро мерасад. Аллакай дар мархалаи якуми М., яъне дар давраи ихтилоли фаъолият, ба реаксияи бошиддати мувофикат тадричан равандхое хамрох мешаванд, ки барои М.-и тадричи мухиманд: фаъолияти системаи асабхои вегетативи баланд ва дар хун микдори гормонхо зиёд мешавад. Хамаи ин боиси афзудани шиддати раванди мубодилаи моддахо ва ба кор даровардани захираи вазифавии хучайра мегардад ва хамин тавр реаксияи шиддатноки М. ба «харакат» медарояд.
Аз хисоби ин ё он механизмхои дохилихучайрави суръати раванди мубодила таквият ёфта, фаъолияти дастгохи генетики меафзояд ва дар натича хачми худи хучайра (бо истилох гипертрофияи кории хучайра) зиёд мешавад. Бинобар ин одамоне, ки мунтазам ба варзиш шугл доранд, тадричан вазнхои пештар бардошта наметавонистаи худро мебардоранд; одати ба норасоии оксиген тоб овардан барои дар баландкуххо зиндаги кардан мусоидат менамояд ва г. М. ба шароити мехнат имконият медихад, ки одам бо андаке хастаги кори камтарини пештар зурнорасро ичро кунанд. Дар реаксияхои тадричии мутобикат боз як хусусияти ачиб – устувории хаматарафа хаст, ки заминаи онро шаклхои гуногуни реаксияхои тадричии мувофикат ва тагйироти мушобехи морфологию вазифавии организм ташкил медиханд. Ба туфайли чунин хусусият организм, ки мас., ба баландчойхо мутобик шудааст, ба хунуки, гарми, норасоии оксиген, тагйироти фишори атмосфери, зиёдатии радиатсияи офтоб, бехаракатии зарурати ва г. бехтар тоб меоварад; устувории вай ба таъсири микробхо, афканишоти ионнок ва диг. омилхои беморизо низ баланд аст. Катъ кардани тамрин механизми раванди бозгаштро «ба кор меандозад», хачми хучайрахои «бемалол» коркунанда хурд мешавад.
Имкониятхои М.-и одам ба ирсият, синну сол холати тандурусти ва дарачаи тамрини он вобаста аст. Агар се омили аввал то андозае «хадди нихои»-и имкониятхои вокуниши мувофикатро махдуд кунанд, пас омили чахорум имкониятхои ин хадди нихоиро амали мегардонад. Кормандони мехнати фикри, ки одатан тарзи хаёти камхаракат доранд, имконияти М.-ро пурра истифода намекунанд, хатто андаке кори чисмони онхоро зуд хаста месозад. Имконияти М.-и организмро ба воситаи машкхои муайян, давомнок, мунтазам, обутоби бадан ва г. ривоч додан мумкин аст. Машкхои доими, низоми мехнат ва истирохат, обутоби организм нафакат доираи М.-ро васеъ менамоянд, балки раванди мавчудаи М.-ро такмил медиханд. Бинобар ин, варзиш ва обутоби организм «сипар»-и эътимодбахши беморихо мебошанд. Дарачаи М. бо хусусиятхои ирси ва фардии организм, синну сол, чинс, холати тандурусти мукаррар карда мешавад. Бинобар ин, дар корхои вазнини чисмони (саёхати кух, оббози дар зимистон ва г.) имконияти худро дар назар дошта, ба эхтиёт рафтор кардан зарур аст; бо ибораи дигар, зури бехуда зарар оварда, боиси беморихо мегардад. Корхои вазнини чисмони махсусан дар миёнсоли ва пири хавфноканд. Аз ин ру, такмили имкониятхои М. тавассути машк масъалаи мураккабу бахсталаб аст, зеро кори кам амалан бефоида буда, кори вазнин мумкин аст фалокат оварад. Дар асоси маслихат ва тахти назорати духтур хадди эътидол, яъне низоми барои организм мувофики такмилоти чисмони ва биологиро ёфтан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …