Главная / Илм / МУТАГЕНЕЗ

МУТАГЕНЕЗ

mutagenezМУТАГЕНЕЗ (аз лот. mutatio – тагйирёби ва юн. genesis – пайдоиш), раванди тагйироти ирси – мутатсия, ки аз таъсири шароити табии (худ аз худ) ё омилхои гуногуни физики ё химияви (мутагенхо) ба вучуд меояд. Асоси М.-ро тагйирёбии молекулахои кислотахои нуклеат, ки нигахдор ва нокили ахбори ирси мебошанд, ташкил медиханд. Ин тагйирот чун мутатсияхои гени ё ташаккули нави хромосомахо ифода меёбад. Механизми М. барои мутагенхои гуногун хар хел аст. Афканишоти ионнок ба кислотахои нуклеат бевосита таъсир намуда, атомхои онхоро фаъол ва ионизатсия мекунад. Ин боиси канда шудани силсилаи (занчири) ангиштобу фосфатии молекула ва бандхои гидрогении байни торхои комплементарии КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) мегардад.
Ба рафти М. омилхои гуногуни беруни таъсири зиёд мерасонанд, мас., дар зери таъсири афканишоти ионнок суръати мутатсияхо хангоми ба хучайра дохил шудани оксиген афзуда, хангоми норасоии он (агар афканиш дар атмосфераи нитроген ба вучуд ояд) суст мешавад. Баъзе моддахо М.-ро бозмедоранд. Мас., ба хучайра фиристодани аденозин ё гуанозин таъсири мутагении аналогхои пуринии асосхои нитрогениро бозмедорад, ферменти каталаза самараи мутагении афканиши ионнокро суст мекунад. Хангоми таъсири баъзе мутагенхои химияви мутатсия якбора ё баъди чанд вакт, баъзан баъди иваз шудани чанд насли хучайра ба вучуд меояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …