Главная / Илм / МУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКи

МУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКи

mushovaraМУШОВАРАИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКи, яке аз намудхои умури тибби, ки максад аз он пешгирии беморихои ирси аст. Вазифаи асосии М. тавассути усулхои генетики ташхис намудани бемори, мукаррар сохтани дарачаи хавфи ба дунё омадани кудаки гирифтори бемории ирси, пешомади саломатии патсиент ва фахмондани хулосаи тиббию генетики мебошад. М.-ро, одатан, дар пажухишгоххо, кафедраи донишкадахои тибби, бемористонхо, дармонгоххо ташкил мекунанд. Хангоми сухбат ба патсиентхо имкониятхои тибби замонави дар бобати ташхису пешгирии беморихои ирси кайд карда мешаванд; дар сурати вучуд доштани хавфи таваллуди кудаки бемор ба онхо маслихати муфид медиханд.
Тасаввурот дар бораи гайриимкон будани пешгирии бемории ирси хамеша дуруст нест. Бемории ирси метавонад дар тифли волидони билкул солим низ ба вучуд ояд (агар онхо хомили нихонии хамон як нукси генетики бошанд). Дар баробари ин мумкин аст, ки аз волидони гирифтори бемории ирси тифли солим таваллуд шавад. Баъзан беморихое, ки онхоро омилхои ирси пайдо мекунанд, аз руи аломатхои болини шабехи беморихои ирси мебошанд. Мас., карии модарзод табиати ирси дорад, вале он мумкин аст дар натичаи бемории сурхакон, ки зани хомила аз сар гузарондааст, пайдо шуда бошад. Хамчунин тасаввурот дар бораи он ки тифл дар батни модар аз хама гуна таъсироти зараровари берун дар амон аст, галат мебошад ва бемории модарзод, ки дар кудак ошкор шудааст, шарт нест, ки табиати ирси дошта бошад. Хатто дар байни аъзои як оила дар чандин насл ошкор шудани бемории муайян хануз маънои онро надорад, ки он хатман бемории ирси аст.
Самари М. аз ташхиси дуруст ва донистани сабабхои пайдоиши бемори бисёр вобаста аст. Бахри ин духтури генетик аз усулхои гуногуни тахкик – клиники, биохимияви, ситогени ва г. истифода мекунад.

Р. А. Рахмонов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …