Главная / Илм / МУШОХИДАИ МОНИТОРи

МУШОХИДАИ МОНИТОРи

monitorМУШОХИДАИ МОНИТОРи, усули мушохидаи муттасил аз болои нишондодхои фаъолияти физиологии организм ба тавассути асбобхои махсус – мониторхо. М. м. бо максади ошкор сохтани холатхои барои хаёти бемор хавфнок ва ночурихои фаъолияти физиологие, ки хангоми мушохидаи мукаррари бартараф намудани онхо гайриимкон аст (яъне онхо ногахон ва ба муддати кутох ба амал меоянд), истифода мегардад. М. м. аз болои басомади кори дил ва нафаскаши, фишори артерия ва вена, хунгузаронии дил, харор. бадан, электрокардиограмма, электроэнсефалограмма, микдори газхои хун ва хаво, pH-и хун ва г. имконият дорад. М. м.-ро духтур таъин мекунад ва кормандони миёнаи тибби ба чо меоранд.
Чанд навъи монитор мавчуд аст: пайгир ва кайдкунанда; бонги хатардор; мучаххаз бо микропротсессор ва г.
Хусусан кардиомониторхоро бештар истифода мебаранд. Онхо имкон медиханд, ки фаъолияти дили якбора чанд нафар бемор аз маркази монитори назорат карда шавад.
Хангоми истифодаи монитор ба коидахои бехатари риоя кардан лозим аст. Хамшираи шафкат хукуки чои худро холи монда аз назди бемор баромада рафтан надорад. Кормандони бунгохи монитори нишондодхои онро дар дафтар мунтазам кайд мекунанд. Дар сурати ба кор даромадани «бонги хатар» хамшираи тибби бояд зуд нишондодро кайд намояд; тагйироти рухнамуда ва пешомади онро донад; бетаъхир ба духтур дар бораи тагйирот хабар расонад; дар мавриди зарурат духтурони навбатдори реаниматсияро даъват намояд ва дар муддати расондани кумаки реаниматсиони тамоми нишондодхои монитор ва тадбирхои муоличавиро кайд намояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …