Главная / Илм / МУШКБУЯ

МУШКБУЯ

mushkbuyaМУШКБУЯ (Psoralea drupaceae), ширмолкурут, гиёхест бисёрсола. Аз 40 то 200 см кад мекашад. Пояи рости сершох, барги сепарра ё байзашакл, гули бунафш, баъзан нофармон дорад. Июн – авг. гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Дар чойхои серсанг, нишебии теппахо, баъзан чун алафи бегона дар пахтазор, гандумзор, канори рох ва заминхои партов меруяд.
Дар тибби халки бо барги куфтаи он пучак, хафтпуст ва бо мархами самараш песи (сафедпусти)-ро муолича мекунанд; чушоби решаи онро хангоми сили шуш истифода мебаранд.
Дар саноати тиб аз гилофаки М. доруи «псорален» тахия карда шудааст, ки барои муоличаи песи (витилиго) нафъ дорад. Онро моххои июл – сент. захира менамоянд. «Псорален» дар шакли курс, хамчунин махлули спиртии 1-фоиза (700) истехсол карда мешавад. Курси онро рузе 2 – 3 маротиба истеъмол карда, махлулро ба чойхои сафедшудаи пуст мемоланд. Даври табобат такр. 3 мох аст. «Псорален»-ро барои баркарорсозии ранги пуст (хангоми лейкодермия) низ истифода мебаранд. Аз М. инчунин дорухои «псоберан» ва «бикучиол» тахия месозанд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …