Главная / Илм / МУШКАК

МУШКАК

mushkakМУШКАК (Patrinia intermedia), гиёхест бисёрсола. Аз 20 то 75 см кад мекашад. Тиррешаи бури сиёхтоб дорад. Пояаш сершохча, зарди сабзтоб. Баргаш сахт, хокистарранги сабзтоб; баргхои бехи поя байзашакли дандонадор, пармонанд, баргхои пояаш пармонанди нештаршакл. Гулаш зарди зангуламонанд. Моххои май – июл гул мекунад. Дар шаххо, нишебихои серсангу шагал, регзор, сохилхои хушки рудхои кухи (то баландии 2500 м аз с.б.) меруяд. Дар Точикистон камёфт аст.
Беху решапояи М. хосияти шифобахши дорад. Онро тирамох мегундоранд. Дар тибби халки барои муоличаи беморихои меъдаю руда, обхура, бавосир, сили шуш, тарбод, иллати гурда ва чигар, ихтилоли асабхо, дилзани, бехоби, сардард, зардпарвин ва г. тавсия шудааст. Накеъи «алаф»-и онро чун давои зардарон, таскинбахш, зидди илтихоб ва пешоброн истифода мебаранд. Бо хокааш чарохатхои хайвонотро дармон мебахшанд. Накеъи решаи М. хангоми хуручи асабоният ва неврози дил чун давои таскинбахш кор фармуда мешавад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …