Главная / Илм / МУШХОР

МУШХОР

mushkhorМУШХОР (Arctium tomentosum), парам, патрун, эзорчаспак, гиёхест дусола. Аз 60 то 150 см кад мекашад. Пояаш сершохи сурхча, баргаш калон, гулаш бунафши сиёхтоб, мевааш дорчинии хокистарранг ё бур. Июн – авг. гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар нишебии теппахо, заминхои партов, бог, чойхои сернаму соя, кад – кади чуйборхо, полизхо, наздикии манзилгох, баъзан дар киштзор меруяд. Дар куххои Мевагул, Зарафшон, Хисору Дарвоз ва диг. нохияхои набототи вомехурад.
Дар тиб решаи М.-ро кор мефармоянд. Онро соли аввал дар охири давраи нашв ё аввали бахор чамъовари мекунанд. Решахоро пора карда дар чои шамолрас мехушконанд (то 5 сол нигох доштан мумкин).
Дар тибби халки М. барои муоличаи бисёр беморихо истифода мешавад. Чушоби решаи онро чун давои пешоброну аракрон ва хангоми касалихои обхура, никрис, ширинча, диабети канди, дарди санги гурда, кабзиятхои музмин, газак, саратони бачадон ва сурхруда, касалихои пуст (хафтпуст, шукуфа, экзема, гармича), беморихои олоти таносул ва г. истеъмол мекунанд. Хангоми саратони меъда решаи хушки майдакардаи М.-ро 7 – 10 руз дар спирт ё об нигох дошта, якчумчаги мехуранд. Сокинони чануби чумхури тухми бирёнкардаи М.-ро барои табобати чурра, газаки меъда ва дарди сандуки сина (пеш аз таом) муфид мехисобанд. Точикони Каротегину Дарвоз барги М.-ро буг дода ба омос мебанданд. Дар дехаи Понгози нохияи Ашт тухми М. ва магзи чормагз ё зардолуро якчоя куфта хангоми миёндард мехуранд, барги тару тозаи онро равган молида ба зону ва сар мегузоранд. Бо чушоби М. шустани сар муйро бакувват мекунад. «Равгани мушхор», ки дар натичаи дар равгани бодом, шафтолу ё зардолу тар карда мондани решаи М. тахия месозанд, давои бехамтои халки барои нигохубини муй аст.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …