Главная / Илм / МУШАКПАРи

МУШАКПАРи

mushakpariМУШАКПАРи, беихтиёр ва мунтазам кашиш хурдани мушакхои чудогона ё гурухи мушакхо. Бештар мушакхои руй, гардан, даст, баъзан мушакхои забон ва диафрагма мепаранд. Зухуроти М. дар беморон гуногун аст, вале дар як одам, одатан, бетагйир мебошад, яъне доим як мушак (ё мушакхо) кашиш мехурад. Мас., хангоми паридани мушакхои руй бемор якбора абру чин намуда, чашмро нимпуш ва лаб кат мекунад, биниашро мечунбонад; дар ин маврид мумкин аст нисф ё кариб хамаи мушакхои руй кашиш хуранд. Дар аснои паридани мушакхои гардан бемор сарашро чунон мегардонад, ки гуё гиребонаш танг бошад, ё китфашро хамин тавр мечунбонад, ки гуё либоси номувофикро дуруст мекунад. Дар мавриди паридани мушакхои дахон ва халк мариз ком меафшонад, лаб мелесад, забон мехояд. Агар мушаки узвхои нафаскаши парад, бемор месурфад, фирк-фирк мекунад ё бо бини сахт-сахт нафас мекашад. Чунин харакатхои беихтиёр бештар ба одамоне, ки сарашон зарб хурдааст ё гирифтори илтихоби магзи сар шудаанд, хос аст. М. баъди изтироб, сахт тарсидан, аз хад хаста шудан, хангоми невроз ва диг. беморихо низ руй дода метавонад. Хангоми хуручи дарди асаби сегона дар руй аломатхои беихтиёри шабехи М. (ба ном М.-и дардовар) ба вучуд меоянд. Духтур сабаби М.-ро муайян намуда, муоличаи онро таъин мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …