Главная / Чамъият / МУРОЧИАТХОИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ – КОНУНИ ЧТ

МУРОЧИАТХОИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ МУРОЧИАТХОИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №7, мод. 617) 

Конуни мазкур муносибатхоро вобаста ба тартиби пешниход ва баррасии мурочиатхои  шахсони вокеи ва хукуки, ки чихати химояи   хукуку озодихо ва манфиати конунии онхо ба макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, иттиходияхои чамъияти, ташкилотхо, муассисахо, корхонахо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки (минбаъд – макомоту ташкилоти дахлдор), ирсол гардидаанд,  танзим  менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– мурочиатхо – ариза, дархост, таклиф, шикояти шахсони вокеи ва хукуки, ки дар шакли хатти, электрони ё шифохи ба макомоту ташкилоти дахлдор пешниход шудаанд;

– ариза – хохиш дар бораи мусоидат намудан ба амалисозии хукуку озодихо ва манфиати конунии худ, хукуку озодихо ва манфиати конунии шахсони дигар ё пешниход намудани маълумот дар бораи вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии дигар, норасоихо дар фаъолияти макомоту  ташкилоти дахлдор ё танкиди фаъолияти шахсони мансабдор, рохбарон ва кормандони макомоту ташкилоти дахлдор;

дархост – хохиш дар бораи аз чониби шахси ваколатдор дар доираи мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ичро намудани амали муайян барои конеъ намудани талаботи  мурочиаткунанда;

– таклиф – тавсия оид ба такмили конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии дигар, фаъолияти макомоту ташкилоти дахлдор, рушди муносибатхои чамъияти, бехгардонии сохахои ичтимои, иктисоди ва дигар самтхои фаъолияти давлат ва хаёти чомеа;

шикоят – изхори норозиги нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдор, рохбарон ва шахсони ваколатдоршудаи макомоту ташкилоти дахлдор чихати  химоя ва баркарор намудани хукуку озодихо ё манфиати конунии вайронгардидаи худ ё шахсони дигар;

– мурочиаткунанда – шахси вокеи ва хукуки ё намояндаи конунии у, ки ба макомоту ташкилоти дахлдор оид ба химояи хукуку озодихо ва манфиати конунии худ, хукуку озодихо ва манфиати конунии шахсони дигар мурочиат намудааст;

– мурочиати электрони – мурочиате, ки ба сурогаи расмии почтаи электронии макомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии макомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи Интернет чойгир карда шудааст;

– мурочиати шифохи – мурочиате, ки зимни  кабули шахси ба шахси мансабдор ё ваколатдоршудаи макомоту ташкилоти дахлдор изхор гардидааст ё тавассути алокаи телефони (мобили) баён шудааст;

– мурочиат тавассути воситахои ахбори омма – мурочиати дар матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма вобаста ба фаъолияти макомоту ташкилоти дахлдор нашр ё тавассути воситаи ахбори омма пахнгардида;

мурочиати дастчамъона – мурочиати ду ва зиёда шахсон ё аз номи гурухи шахрвандон пешниходгардида;

– мурочиати такрори – мурочиати хатти, шифохи ё электронии такрори ба хамон як макомоту ташкилот, ки дорои далелхои нав намебошад, бо зикри масъалахое, ки доир ба онхо вобаста ба мурочиати кабли мохиятан чавоб гардонида шудааст ва дар мурочиати навбати вачх ё холатхои нав оварда нашудаанд;

– шахсони баррасикунандаи мурочиат – шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори макомоту ташкилоти дахлдор, ки  бо  тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки мурочиатхоро мохиятан барраси менамоянд;

– китоби арзу шикоятхо – китоби шакли ягона, ки барои кайди мурочиатхо доир ба фаъолияти макомоту ташкилоти дахлдор, сохибкорони инфироди, сифати хизматрасони, ичрои корхои муайян, молхои истехсолнамудаи онхо ва дигархо пешбини шудааст.

Моддаи 2. Принсипхои Конуни мазкур

Баррасии мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки ба принсипхои зерин асос меёбад:

–  конуният;

–  адолат;

– баробари дар назди конун;

– инсондусти;

– ошкорбаёни;

– илмият;

– талаботи ягона ба мурочиатхо;

– таъмин ва риояи хукуку озодихо ва манфиатхои шахсони мурочиаткунанда;

– пурра, хамачониба, холисона ва дар мухлати мукарраргардида барраси кардани мурочиатхо;

– шаффофияти фаъолият хангоми баррасии мурочиатхо.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки ба Конститутсияи  Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Доираи  амали Конуни мазкур

  1. Амали Конуни мазкур нисбат ба мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки ба макомоту ташкилоти дахлдор татбик мегардад, ба истиснои мурочиатхое, ки тибки талаботи Кодекси мурофиавии граждании Чумхурии Точикистон, Кодекси мурофиавии иктисодии Чумхурии Точикистон, Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон, Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон, Кодекси мурофиаи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон,  Кодекси  расмиёти маъмурии Чумхурии Точикистон инчунин, мурочиатхои дигар, ки нисбат ба онхо бо конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигари пешниход ва барраси пешбини шудааст.
  2. Мукаррароти Конуни мазкур ба мукотиботи байни макомоти давлати ва сохторхои зертобеи онхо пахн намегардад.

БОБИ 2. КАФОЛАТИ ХУКУКИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ БА МУРОЧИАТ 

Моддаи 5. Манъ будани махдудкунии хукук хангоми пешниходи мурочиатхо

Хангоми амали намудани хукуки мурочиат махдудкуни вобаста ба миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсилот ва молу мулк, инчунин шакли моликият, махалли чойгиршави, шакли ташкилию хукукии шахсони хукуки манъ аст.

 

Моддаи 6. Кафолати амнияти шахсони вокеи ва хукуки вобаста ба мурочиати онхо

  1. Таъкиб намудани шахсони вокеи ва хукуки бинобар  мурочиати онхо ба макомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танкиди фаъолияти макомоту ташкилот ё шахсони мансабдору рохбарони онхо чихати баркарор ё химоя намудани хукуку озодихо ва манфиати конунии худ ё хукуку озодихо ва манфиати конунии шахсони дигар манъ аст.
  2. Хангоми баррасии мурочиат бидуни розигии шахсони вокеи ва хукуки ифшо намудани маълумоти дар мурочиат зикргардида инчунин, маълумоти ба хаёти шахси ва (ё) фаъолияти шахси хукуки алокаманд манъ аст. Маълумоти дар мурочиати хатти дарчгардида, ки  ба макомоту ташкилоти дахлдор ирсол карда шуда, халли онхо ба салохияти макомоту ташкилот ва шахсони ваколатдоршуда мансуб аст, ошкор кардани маълумот ба хисоб намеравад.

 

БОБИ 3. ХУКУК, УХДАДОРИХО ВА ТАЛАБОТ БА МУРОЧИАТХОИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ 

Моддаи 7. Хукуки шахсони вокеи ва хукуки  ба мурочиат

  1. Шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд шахсан ё якчоя бо дигарон ва (ё) тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифохи, хатти ва электрони ба макомоту ташкилоти дахлдор мурочиат намоянд.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки хукуки худро оид ба мурочиатхо озодона ва ба таври ихтиёри амали менамоянд.  Мачбур намудани шахс барои мурочиат кардан ё ширкат намудан дар пешниходи он манъ аст.
  3. Амали намудани хукук ба мурочиат набояд хукук ва озодихои шахсони дигарро халалдор созад.

Моддаи 8. Ухдадорихои шахсони вокеи ва хукуки зимни пешниходи мурочиатхо

Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд:

– матни мурочиатхои хатти ва хуччатхои замимашударо дар шаклихондашаванда пешниход намоянд;

– ба шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори дигар эхтиромона муносибат намоянд, ба истифодаи ифодахои кабеху тахкиркунанда, тахдид ба хаёту саломати ва молу мулки шахси баррасикунандаи мурочиат ё аъзои оилаи он рох надиханд;

– оид ба иваз намудани махалли будубош, сурогаи махалли истикомат, раками телефонхо, сурогаи почтаи электрони сари вакт макомоту ташкилоти баррасикунандаи мурочиатро огох намоянд;

– ухдадорихои дигари пешбининамудаи Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистонро ичро намоянд.

Моддаи 9. Кабули шахси

  1. Дар макомоту ташкилоти дахлдор махал, руз ва соати кабули мурочиаткунандагонро рохбарони он муайян мекунанд. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда ухдадоранд дар асоси чадвали тасдикнамудаи рохбари макомоту ташкилоти дахлдор мурочиаткунадагонро шахсан кабул намоянд.
  2. Кабули шахсони вокеи ва хукуки (намояндагони онхо) дар махалли чойгиршавии макомоту ташкилоти дахлдор, дар руз ва соати муайянгардида тибки чадвали кабул гузаронида мешавад. Ин иттилоот бояд тавассути дар лавхаи эълонхо насб намудани чадвали кабул, чойгир намудани он дар сомонахо ва воситахои дигари техники дастраси шахрвандон бошад.
  3. Мухтавои мурочиатхои шифохи дар китоби кабули мурочиаткунандагон дарч карда мешавад. Дар сурате,  ки ходиса ва холатхои дар мурочиати шифохи иброзгардида аён бошанд ва санчиши иловагиро талаб накунанд, посух ба мурочиаткунандагон бо розигии онхо зимни  кабули шахси мумкин аст ба тарики шифохи дода шавад ва дар ин бора дар китоби кабули мурочиаткунандагон кайд гузошта мешавад. Агар мурочиати шифохи дар рафти кабули шахси бинобар зарурати санчиши иловаги халли худро наёбад, хуччати алохида дар шакли варакаи кабули мурочиаткунанда ба расмият дароварда шуда, дар он мухтавои мурочиат кайд  карда мешавад ва он хамчун мурочиати хатти мавриди барраси карор мегирад.
  4. Мурочиатхои хаттии зимни кабули шахси супоридашуда, ба кайд гирифта шуда, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси карда мешаванд.
  5. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда хукук надоранд, кабули шахсони вокеи ва намояндаи шахсони хукукиро рад намоянд, агар масъалахои дар мурочиат зикршуда ба салохияти хамин макомоту ташкилот мансуб бошанд, ба истиснои холатхое, ки каблан зимни кабули шахси мурочиати мурочиаткунанда  айнан бо хамин мазмун хал гардида, дар ин хусус у хабардор бошад ё ин ки тавассути мактуб чавоб (мурочиати такрори)  ирсол гардида бошад.
  6. Агар дар мурочиат масъалахое гузошта шуда бошанд, ки халли онхо ба салохияти макомоту ташкилоти дахлдор дохил намешавад, ба мурочиаткунанда дар хусуси  ба кадом макомот мурочиат намудан фахмонида мешавад.
  7. Агар мурочиаткунанда зимни кабули шахси нисбати шахси мансабдор  ё шахси ваколатдоршудае, ки кабули шахсиро анчом медихад муносибати беэхтиромона зохир намуда, ба истифодаи ифодахои кабех, тахкиркунанда, тахдид ба хаёту саломатии у ё аъзои оилааш рох дихад, шахси мансабдор  ё шахси ваколатдоршуда хукук дорад кабулро  катъ намояд.
  8. Бо карори рохбари макомоту ташкилоти дахлдор кабули шахсии сайёр, инчунин номнавис намудани пешакиро барои чунин кабул ташкил кардан мумкин аст.
  9. Хангоми кабули шахси бо карори рохбари макомоту ташкилот дахлдор ва розигии хаттии мурочиаткунанда мумкин аст воситахои техникии махсус ба монанди, сабти видеои ё аудиои, расмгири истифода шаванд.
  10. Зимни мурочиати шифохи мурочиаткунанда бояд хуччатхои тасдиккунандаи шахсиятро пешниход намоянд. Намояндаи мурочиаткунанда инчунин бояд хуччатхои тасдиккунандаи ваколаташро пешниход намояд.

Моддаи 10. Талабот ба мурочиатхои хатти

  1. Шахси вокеи дар мурочиати хатти бояд насаб, ном, номи падар, сурогаи махалли истикомат, маълумот оид ба махали вокеии истикомат (агар  чунин холат чой дошта бошад), мухтавои мурочиатро  дарч намуда,  онро  имзо намояд.
  2. Дар мурочиати шахси хукуки бояд номи пурраи шахси хукуки, сурогаи махалли чойгиршави, сана, раками содироти ва мухтавои мурочиат нишон дода шаванд. Мурочиат бояд аз чониби шахси мансабдор ё ваколатдоршуда имзо карда шавад.
  3. Ба мурочиатхое, ки тавассути намояндаи шахси вокеи ё хукуки пешниход карда мешаванд, хуччати тасдиккунандаи ваколати намоянда замима карда мешавад.
  4. Мурочиатхои хатти тавассути хизматрасонии алокаи почта, зимни кабули шахси, тавассути хаткашон  ё бо рохи сабт намудани арзу шикоят ё таклифхои худ дар китоби арзу шикоятхои макомоту ташкилоти дахлдор  пешниход карда мешаванд.
  5. Хангоми зарурат, шахсони вокеи ва хукуки барои тасдики вачххояшон хуччатхо (мавод) ё нусхаи онхоро ба мурочиати хаттиашон замима менамоянд.

Моддаи 11. Талабот ба мурочиатхои электрони

  1. Мурочиатхои электрони дар шакли хуччати электронии бо имзои электронии раками тасдикшуда ва дорои дигар маълумотхои барои хуччатхои электрони хатми, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, пешниход карда мешавад.
  2. Дар мурочиатхо насаб, ном, номи падари шахси вокеи, номи пурраи шахси хукуки, сурогаи почтаи электронии мурочиаткунандагон  ва мухтавои мурочиат зикр карда мешаванд.
  3. Мурочиатхои электрони метавонанд дорои маълумоти иловаги дар бораи мурочиаткунанда бошанд, аз чумла сурогаи махалли чойгиршави, раками факс, раками телефон ва дигархо.

Моддаи 12. Талабот ба мурочиатхо тавассути алокаи телефони (мобили)

  1. Мурочиатхое, ки ба воситаи алокаи телефони (мобили) ба макомоту ташкилоти дахлдор арз карда мешаванд, бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси карда мешаванд.
  2. Зимни мурочиат намудан тавассути алокаи телефони (мобили) бояд мухтавои мурочиат, насаб, ном ва номи падари мурочиаткунанда, сурогаи махалли истикомат ё чойгиршавии шахси хукуки, раками телефон (мобили), сурогаи почтаи электрони  баён карда шаванд.
  3. Шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда, ки мурочиати телефони (мобили)-ро кабул намудааст, дар шакли варакаи кабули мурочиати телефони (мобили) хуччати алохида тахия мекунад, ки дар он мухтавои мурочиат, насаб, ном ва номи падари мурочиаткунанда, сурогаи махалли истикомат ё чойгиршавии шахси хукуки, раками телефон (мобили), сурогаи почтаи электрониро дарч карда, онро бо имзои худ тасдик менамояд.

 

БОБИ 4. ТАРТИБИ ПЕШНИХОДИ МУРОЧИАТХОИ ШАХСОНИ ВОКЕИ ВА ХУКУКИ ВА БАРРАСИИ ОНХО 

Моддаи 13. Тартиби пешниходи мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки

  1. Мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки бевосита ба макомоту ташкилоти дахлдор, ки баррасии масъалахои дар мурочиат дарчгардида ба салохияти онхо мансуб аст ё бо тартиби тобеияти идорави ба макомоти  болои, ки  шахси амалаш мавриди шикоят кароргирифта тобеи он аст, пешниход карда мешаванд.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки хукук доранд шахсан ё  тавассути намояндаи ваколатдори худ мурочиати хаттии худро ба макомоту ташкилоти дахлдор ба воситаи  алокаи почта ё почтаи электрони ирсол намоянд. Ба манфиати ноболигон, шахсони  гайрикобили амал ё кобилияти амалашон махдуд бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон намояндагони конунии онхо ё макомоти ваколатдор мурочиатхоро пешниход менамоянд.

Моддаи 14.  Мухлати пешниходи мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки

  1. Барои пешниходи  ариза, дархост, таклиф аз чониби шахсони вокеи ва хукуки  мухлат мукаррар карда намешавад.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки  хукук доранд  шикоятхои худро дар муддати се сол аз рузи огох шудани онхо оид ба вайрон гардидани хукуку озодихо ва манфиати конунии худ пешниход намоянд.
  3. Баркарор намудани мухлати бо сабабхои узрнок гузаронидашуда (бемории вазнин, маъюби, сафари хизматии дарозмуддат ва гайра), ки бо хуччатхои дахлдор тасдик гардидаанд, ба ваколати рохбари макомоту ташкилоти дахлдор (шахси бо супориши у баррасикунандаи мурочиат) мансуб мебошад.

Моддаи 15. Кабул, бакайдгири ва бахисобгирии мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки

  1. Мурочиатхое, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур пешниход шудаанд, бояд аз чониби макомоту ташкилоти дахлдор кабул карда, дар варакаи иттилооти ба кайд гузошта ва бо додани раками алохида ба хар як мурочиат ба хисоб гирифта  шаванд. Рад кардани  кабули мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки манъ аст.
  2. Мурочиатхои воридгардида, новобаста ба тобеияти идоравии онхо, бояд дар макомоту ташкилоти дахлдор ба кайд гирифта шаванд.
  3. Бахисобгирии мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки аз чониби макомоту ташкилоти баррасикунандаи мурочиат  анчом дода мешавад.
  4. Тартиби коргузори ва бахисобгирии омориро оид ба мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
  5. Масъулият оид ба ташкили кабул, бакайдгири, дар мухлати мукарраргардида барраси намудан ва бахисобгирии омории мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки ба зиммаи рохбарони макомоту ташкилоти дахлдор вогузор карда мешавад.
  6. Баррасии мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки ройгон мебошад, агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нагардида бошад.

Моддаи 16. Хукукхои шахсони вокеи ва хукуки зимни баррасии мурочиати онхо

Шахсони вокеи ва хукукие, ки мурочиат пешниход намудаанд, хукук доранд:

–  дар баррасии мурочиат бевосита ширкат намоянд;

– шахсан ба шахсони  мансабдор ва ваколатдоршудае, ки мурочиатро барраси мекунанд, вачххои худро изхор кунанд;

– барои тасдики мурочиати худ хуччатхо ва маводи иловагиро пешниход ё дар бораи талаб кардани онхо дархост намоянд;

– бо маводи чамъовардашуда шинос шаванд, агар ин холат хукуку озодихо ва манфиати конунии шахсони дигарро халалдор насозад, инчунин хуччатхо дорои маълумоти сирри давлати ё дигар сирри бо конун хифзшаванда набошанд;

– оид ба рафти баррасии мурочиат маълумот гиранд;

– аз руи мохияти масъалахои дар мурочиат изхоршуда чавоби хатти гиранд,  ба истиснои холатхои дар кисми 1 моддаи 19 Конуни мазкур зикргардида, дар бораи фиристодани мурочиат ба макомоту ташкилоти дахлдори дигар, ки хал кардани масъалахои дар мурочиат изхоршуда ба салохияти онхо мансуб аст;

– то мохиятан барраси гардидани мурочиат чихати бозпас намудани он дархост намоянд;

– чуброни зарари расонидашударо аз шахсони гунахгор бо тартиби мукаррарнамудани конунгузории Чумхурии Точикистон талаб намоянд;

– нисбат ба натичаи баррасии мурочиат ё аз амал (беамали)-и шахсони баррасикунандаи мурочиат бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти болои ва (ё) суд шикоят намоянд;

– хукукхои дигари пешбининамудаи Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистонро амали намоянд. 

Моддаи 17. Ухададорихои макомоту ташкилоти дахлдор, ки мурочиатхои шахсони вокеи ва хукукиро барраси менамоянд

  1. Мурочиатхои шахсони вокеи ва хукукии ба макомоту ташкилоти дахлдор воридгардида бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур мавриди  барраси карор дода мешаванд.
  2. Макомоти баррасикунандаи мурочиат ухдадоранд:

– баррасии вокеъбинона, холисона, бегаразона ва саривактии мурочиатхоро таъмин намуда, масъалахои гузошташударо хангоми зарурат бо иштироки мурочиаткунандагон, даъвати шахсони дахлдор санчанд;

– барои пурра, холисона ва хаматарафа барраси намудани мурочиат аз шахсони вокеи ва хукуки ва аз макомоту ташкилоти дахлдор маводи заруриро талаб намоянд;

– барои баркарор кардан ва (ё) хифзи хукуку озодихо ва манфиатхои конунии вайронгардидаи шахсони вокеи ва хукуки чорачуи намоянд;

– аз руи мохияти масъалахои дар мурочиат гузошташуда, ба истиснои холатхои дар кисмхои 1 ва 4 моддаи 19 Конуни мазкур пешбинигардида,  ба шахсони вокеи ва хукуки посухи хатти диханд;

– мурочиаткунандаро дар мухлати се руз аз лахзаи кабули карор оид ба ирсоли мурочиат барои барраси аз руи тобеият ба дигар макомоту ташкилоти дахлдор хабардор намоянд;

– мурочиатро асоснок ва тибки конун хал намуда, ичрои онро  назорат намоянд;

– посух ба мурочиат бояд бо забони давлати ва хангоми мавчуд будани дархост инчунин бо забоне, ки мурочиат навишта шудааст, вобаста ба хар як масъалаи гузошташуда, бо асосноккунии тасдик ё рад намудани холатхои зикршуда ва бо назардошти меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон, ки ба рохбари гирифта шудаанд, омода карда шавад;

– доир ба  натичаи баррасии мурочиат ба мурочиаткунанда иттилоот диханд;

– тартиби шикоят намуданро ба мурочиаткунанда нисбати натичаи баррасии мурочиат (посух ба мурочиат) фахмонида диханд;

– маълумотхоро оид ба баррасии мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки мунтазам тахлил намуда, барои бартараф намудани сабабу шароитхое, ки боиси вайронкунии хукуку озодихо ва манфиатхои конунии шахсони вокеи ва хукуки гардидаанд, тадбирхо андешанд;

– ухдадорихои дигари пешбининамудаи Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистонро ичро намоянд.

Моддаи 18. Мухлати баррасии мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки

  1. Мурочиатхои ба макомоту ташкилоти дахлдор пешниходшуда дар давоми  си руз ва мурочиатхое, ки омузишу тахкики иловагиро талаб намекунанд, дар мухлати понздах руз аз рузи ба кайд гирифта шуданашон барраси карда мешаванд.
  2. Дар холатхои истиснои, инчунин дар холатхои пешбининамудаи  кисми 2 моддаи 20 Конуни мазкур рохбари макомоту ташкилоти дахлдор  хукук дорад  мухлати баррасии мурочиатро ба муддати на зиёдтар аз си руз тамдид намуда, дар инхусус ба мурочиаткунанда дар мухлати се руз хабар расонад.

Моддаи 19. Фиристондани мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки  барои барраси ба макомоту ташкилоти дахлдор аз руи тобеият

  1. Мурочиатхои хаттие, ки халли масъалахои дар он гузошташуда ба салохияти макомот ва  ташкилоти дахлдор мансуб нест, дар давоми се руз аз рузи ба кайд гирифтан  ба макомоту ташкилоти салохиятдоре, ки халли масъалахои дар мурочиатхо дарчгардида ба тобеияти онхо мансубанд, ирсол карда мешавад. Дар ин хусус мурочиаткунанда ба таври хатти огох карда мешавад.
  2. Макомоту ташкилоти дахлдор дар мавриди ба баррасии дигар макомоту ташкилот ирсол намудани мурочиати хатти, хангоми зарурат метавонанд аз онхо оид ба натичаи баррасии мурочиат маълумот талаб намоянд.
  3. Ба шахси мансабдор ё рохбари макомоту ташкилоти дахлдор, ки карор ё амал (беамали)-и  у мавриди шикоят карор гирифтааст, ирсол намудани шикоят барои барраси манъ аст.
  4. Агар  мурочиат маълумотхои заруриро барои ирсол намудани он ба макомоту ташкилоти салохиятдор надошта бошад, он дар мухлати се руз  ба муаллиф баргардонида мешавад ва ба у хукуки бо тартиби мукарраргардида ба макомоти болои ва (ё) суд шикоят овардан нисбат ба  карор ё амал (беамали)  тавзех дода мешавад.

Моддаи 20. Мохиятан барраси намудани мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки

  1. Мурочиатхое, ки ба макомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидаанд, аз чониби  шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда, ки баррасии мурочиатхо ба зиммаашон вогузор карда шудааст, барраси карда мешаванд.
  2. Барои пурра, холисона ва дар мухлати мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси намудани мурочиатхо шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда хукук доранд хангоми зарурат барои гирифтани маълумотхои иловаги дар доираи ваколатхои худ аз шахсони вокеи ва хукуки, макомоту ташкилоти дахлдор мавод талаб намоянд. Макомоту ташкилоти дахлдор тибки дархости макомоти баррасикунандаи мурочиат ухдадоранд дар мухлати панч руз пас аз ворид шудани дархост маълумоти талабшударо ирсол намоянд, ба истиснои хуччатхое (мавод), ки дорои маълумоти сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшаванда мебошанд ва ба онхо тартиби махсуси пешниход мукаррар гардидааст. Дар сурати гайриимкон будани пешниходи маълумот, макомоту ташкилоти пешниходкунандаи маълумот дар ин хусус бояд дар мухлати се руз ба таври хатти макомоти баррасикунандаи мурочиатро хабардор намоянд.
  3. Мурочиатхои хатти дар сурате баррасишуда эътироф карда мешаванд, агар хамаи масъалахои дар мурочиат зикрёфта хал гардида, барои таъмини хифз, амалигардони ва баркарорсозии хукуку озодихо ва манфиатхои конунии мурочиаткунанда чорахо андешида, ба мурочиаткунанда чавоби хатти ирсол шуда бошад.
  4. Дар сурати дар хузури мурочиаткунанда хал гардидани масъалахои дар мурочиат зикршуда, ба мурочиаткунанда чавоби хатти фиристонда намешавад, агар у чавоби хаттиро талаб накунад. Дар чунин холат натичаи баррасии мурочиат бевосита дар худи матни  мурочиат ё дар китоби арзу шикоятхо кайд гардида, мурочиаткунанда бо имзо онро тасдик менамояд.
  5. Мурочиати шифохи дар сурате баррасигардида хисоб меёбад, ки хамаи масъалахои  зимни кабули шахси ё тавассути алокаи телефони (мобили) изхоршуда  хал гардида, барои таъмини хифз, амалигардони ва баркарорсозии хукуку озодихо ва манфиатхои конунии шахсони вокеи ва хукуки чорахо андешида, дар ин хусус мурочиаткунанда хабардор шуда бошад.
  6. Хангоми дар мурочиатхо мавчуд набудани дархост, таклиф ё шикоят вобаста ба фаъолияти макомоту ташкилот ё дар онхо зикр гардидани сипосманди, чунин мурочиатхо ба маълумот гирифта шуда, ба онхо чавобхо ирсол карда намешаванд.
  7. Шахсони мансабдор ё ваколатдоршудаи макомот ё ташкилоти дахлдор хангоми зарурат метавонанд бевосита мурочиатхоро бо баромадан ба  махал (баррасии сайёр) барраси намоянд.
  8. Посухи мурочиатхоро рохбар ё шахси ба он ваколатдоршудаи макомоту ташкилоти дахлдор  имзо менамояд.
  9. Посух ба мурочиатхои дар шакли электрони ё тавассути алокаи телефони (мобили) пешниходшуда, ба сурогаи почтаи электронии дар мурочиат нишондодашуда ё ин ки дар шакли хатти ба сурогаи махалли  истикомати шахсони вокеи ё чойгиршавии шахсони хукуки ирсол карда мешавад.

Моддаи 21. Баррасии мурочиатхои алохида

  1. Мурочиатхои хатти ва электроние, ки дар онхо насаб, ном, номи падари шахси  вокеи, маълумот дар бораи сурогаи махалли истикомат ё номи пурраи шахси хукуки ва сурогаи махалли чойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии раками) пешниход шудаанд, мурочиатхои беном дониста шуда, мавриди барраси карор намегиранд, агар онхо дорои маълумот оид ба тайёри барои содир кардани чиноят ё чинояти содиршуда набошанд.
  2. Мурочиатхои хатти ва электроние, ки дар онхо насаб, ном, номи падари шахси  вокеи, маълумот дар бораи сурогаи махалли истикомат ё номи пурраи шахси хукуки ва сурогаи махалли чойгиршавии он ба таври аник зикр ёфтаанд, вале бидуни ризоят ва ичозати мурочиаткунанда пешниход шудаанд, мавриди барраси карор дода намешаванд.
  3. Мурочиатхое, ки нисбат ба карори суд пешниход шудаанд, дар мухлати се руз аз рузи ба кайд гирифта шудан ба мурочиаткунанда, ки онро ирсол намудааст, бо тавзех додани тартиби шикоят овардан нисбат ба карори суд баргардонида мешаванд.
  4. Мурочиатхои дастчамъона бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси карда мешаванд. Хангоми зарурат, агар мурочиатхои дастчамъона диккату эътибори махсуси чамъиятиро талаб намоянд, онхо ба таври сайёр дар махалли истикомат ё махалли чойгиршавии мурочиаткунандагон барраси карда мешаванд, агар аз мурочиатхо тартиби дигар барнаояд.
  5. Агар халли масъалаи дар мурочиат зикргардида ба якчанд макомот ё ташкилот  вобаста бошад, мурочиат дар кисми дахлдор аз чониби макомот ё ташкилоте, ки ба он мурочиат ворид гардидааст, барраси карда шуда, ба мурочиаткунанда доир ба салохияти макомот ё ташкилоти дигар мансуб будани кисми масъалаи пешниходшаванда ва хукуки у ба мурочиат ба макомоту ташкилоти салохиятдор  фахмонида мешавад.
  6. Дар сурати  ба якчанд сурога ирсол шудани  хамон як мурочиат, он аз чониби макомоту ташкилоти салохиятдор, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, барраси карда мешавад. Дар ин сурат макомоту ташкилоти дигар  бо тартиби пешбининамудаи кисми 1 моддаи 19 Конуни мазкур мурочиатро ба макомоту ташкилоти салохиятдор ирсол менамоянд.
  7. Мурочиатхое, ки дар матбуоти даври ва дигар воситахои ахбори омма нашр ё тавассути онхо пахн гардидаанд, бо тартиб ва мухлати мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси шуда, аз натичаи он ба шахсони манфиатдор хабар расонида мешавад.
  8. Макомоту ташкилоти дахлдор хангоми кабул намудани мурочиатхои хаттие, ки дар он ифодахои кабех ё тахкиркунанда, тахдид ба хаёт, саломати ва молу мулк баён гардидаанд, хукук доранд чунин  мурочиатхоро бе чавоб монанд. Дар ин хусус ба мурочиаткунанда оид ба номумкин будани суиистифода аз хукуки мурочиат хабар дода мешавад ё бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти салохиятдор шикоят пешниход карда мешавад.
  9. Агар хондани матни мурочиатхои хатти гайриимкон бошад, ба чунин мурочиатхо посух дода намешавад ва дар ин хусус дар мухлати се руз аз рузи ба кайд гирифтани мурочиат ба мурочиаткунандае, ки мурочиатро ирсол намудааст, дар сурати хонда шудани  ному насаб ва сурогаи махалли истикомат ё махалли чойгиршави хабар дода мешавад.
  10. Мурочиатхои такрориро барраси намуда, шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда  хукук доранд, мукотибаро бо мурочиаткунанда бинобар беасос будани мурочиати навбати катъ намоянд, агар мурочиати зикргардида ва мурочиати кабли ба хамон як макомоту ташкилоти дахлдор бо хамон як мухтаво ирсол шуда, натичахои санчиши мукаммал мавчуд бошанд. Аз натичаи катъ гардидани баррасии мурочиати такрори мурочиаткунанда хабардор карда мешавад.
  11. Агар додани посух аз руи мохияти масъалахои дар мурочиатхо гузошташуда бе ифшо намудани маълумотхои дорои сирри давлати ё сирри дигари бо конун хифзшаванда гайриимкон бошад, ба мурочиаткунанда дар ин хусус хабар дода мешавад.
  12. Дар сурати бартараф гардидани сабабхое, ки бинобар чой доштани онхо мурочиат барраси нагардида буд, мурочиаткунанда хукук дорад ба макомоту ташкилоти дахлдор такроран мурочиат намояд.

Моддаи 22. Бе барраси монондани мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки

Мурочиатхои хатти бе барраси монондамешаванд, агар:

– тавассути намояндагони шахсони вокеи ва хукуки пешниход гардидаанд, вале онхо хуччатхои тасдиккунандаи ваколатхояшонро надоранд;

– ба талаботи  пешбининамудаи кисмхои 1, 8 ва 9 моддаи 21 Конуни мазкур чавобгу набошанд;

– хангоми кабули шахси хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти мурочиаткунанда ё намояндаи у пешниход карда нашаванд;

– ба талаботи  моддахои 9-12 Конуни мазкур чавобгу набошанд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 23. Чуброни зарари расонидашуда ва харочоти сарфшуда зимни баррасии мурочиатхо

  1. Шахсони вокеи ва хукуки  хукук доранд барои баркарор намудани зарар ва чуброни зарари маънавии дар натичаи амал (беамали)-и гайриконунии макомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии мурочиат расонидашуда, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд мурочиат намоянд.
  2. Дар сурати аз тарафи мурочиаткунанда дидаву дониста дар мурочиат нишон додани маълумоти бардуруг, харочоти макомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо карори суд аз мурочиаткунанда руёнида мешавад.

Моддаи 24. Назорати риояи тартиби баррасии мурочиатхо

Макомоту ташкилоти дахлдор дар доираи салохияти худ риояи тартиби баррасии мурочиатхоро назорат карда,  мухтавои мурочиатхои дохилшударо хар нимсола мавриди тахлил карор дода, чихати ошкор ва бартараф сохтани сабабхои риоя нагардидани хукуку озодихо ва манфиатхои конунии шахсони вокеи ва хукуки тадбирхо меандешанд. 

Моддаи 25. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои  риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 26. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мурочиатхои шахрвандон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи мурочиатхои шахрвандон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, №24, мод. 368; с. 1998, №10, мод. 79; с. 2006, №11, мод. 469; с. 2007, №7, мод. 666; с. 2010, №12, к. 1, мод. 805; с. 2012, №7, мод. 687) аз эътибор сокит дониста шавад. 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                          Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1339

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …