Главная / Чамъият / МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ

МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ

 КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №7, мод. 530; Конуни ЧТ аз 30.05.2017 с., №1430)

Конуни мазкур муносибатхои вобаста ба фаъолияти шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродие, ки ба муомилот бо партовхои радиоактиви алокаманд мебошанд, ба танзим дароварда, барои таъмини хифзи ахоли ва мухити зист аз таъсири зараровари партовхои радиоактиви равона гардидааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

epa05207372 A Taiwanese holds a small replica of a nuclear waste tank during the annual anti-nuclear protest in Taipei, Taiwan, 12 March 2016. The protesters demand the government to shut the three nuclear power plants in operation and halt the construction of the fourth nuclear power plant. EPA/RITCHIE B. TONGO
epa05207372 A Taiwanese holds a small replica of a nuclear waste tank during the annual anti-nuclear protest in Taipei, Taiwan, 12 March 2016. The protesters demand the government to shut the three nuclear power plants in operation and halt the construction of the fourth nuclear power plant. EPA/RITCHIE B. TONGO

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

          Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– партовхои радиоактиви – хама гуна холати физикии масолех ё моддахои дар натичаи фаъолияти хочагидори хосилшуда, ки дар таркиби худ радионуклидхо доранд ё бо онхо олуда шуда, аз меъёрхои мукарраргардидаи бехатарии радиатсиони зиёд мебошанд ва кобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– партовхои радиоактивии дарозумр – партовхои радиоактиви, ки сатхи озодшавии онхо аз назорати макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони пас аз 300 сол ва беш аз он  фаро мерасад;
– партовхои радиоактивии кутохумр – партовхои радиоактиви, ки сатхи озодшавии онхо аз назорати макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони дар муддати камтар аз 300 сол фаро мерасад;
– истехсолкунандагони партовхои радиоактиви – шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродие, ки дар натичаи фаъолияти онхо партовхои радиоактиви хосил мешаванд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– муомилот бо партовхои радиоактиви – хамаи намудхои фаъолият (аз чумла, бо фаъолияти аз истифодабарори, инчунин солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта вобастабуда), ки ба амалиёт, коркарди пешаки, коркард, мутобикгардони, интикол, нигохдори ё гуронидани партовхои радиоактиви дахл доранд;
– Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактиви – мачмуи мураттабшудаи маълумот оид ба объектхо барои нигохдори ё гуронидани партовхои радиоактиви;
– Фехристи давлатии партовхои радиоактиви – сабти чории мунтазами хуччатхои шакли махсус оид ба хосилшави, таркиби физикию кимиёви, хачм, хусусият, инчунин интикол, нигохдори ва гуронидани партовхои радиоактиви;
– мутобикгардонии партовхои радиоактиви – амалиёт вобаста ба омодакунии партовхои радиоактиви барои интикол, нигохдори ва гуронидан бо рохи чойгиркунии партовхои радиоактиви дар контейнерхо ё иммобилизатсияи (холати руйпушшудаи мустахками бехаракати) онхо;
– объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинишуда – иншоот, бино ё тачхизоте, ки барои чамъкуни, интикол, коркард, нигохдори ё гуронидани партовхои радиоактиви пешбини шудааст, инчунин дастгохи ядрои дар раванди аз истифода баровардан пас аз эътирофи он хамчун тачхизот барои муомилот бо партовхои радиоактиви;
– коркарди партовхои радиоактиви – амалиёти пешбинигардида оид ба таъмини бехатари ё сарфаи маблаг бо рохи иваз намудани хусусиятхои партовхои радиоактиви;
– коркарди пешакии партовхои радиоактиви – гайрифаъолгардони (дезактиватсия), чамъкуни ва ба навъхо чудо кардани партовхои радиоактиви;
– аз нав коркард намудани партовхои радиоактиви -намуди амалиёт, ки хусусиятхои партовхои радиоактивиро тагйир медихад, аз чумла, коркарди пешаки, мутобикгардони, инчунин коркарди такрори бо максади ташкили истехсолот аз партовхо;
– корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви – ташкилоте, ки дар асоси ичозатнома чамъкунии партовхои радиоактиви, коркард, интикол, нигохдори ва (ё) гуронидани онхоро амали менамояд;
– махфузгохи партовхои радиоактиви – иншоот барои нигохдори ё гуронидани партовхои радиоактиви бо таъмини хатмии монеахои мухандиси, геологи, чисмони ва дигар монеахо, ки ба пахншавии радионуклидхо рох намедихад;
– мухофизати чисмони хангоми муомилот бо партовхои радиоактиви – мачмуи чорабинихои ташкилию техникии пешгирикунандаи дастраси ва истифодаи бе рухсати партовхои радиоактиви ва истифода бурдани онхо, муайянкунии саривакти ва манъи амалиёт, ки ба вайроншавии дахлнопазирии партовхои радиоактиви равона карда шудаанд;
– макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви – макоми ичроияи марказии хокимияти давлати, ки сиёсати давлатиро оид ба идоракуни дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви амали менамояд;
– макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони – макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати, ки сиёсати давлатиро оид ба танзими сохаи бехатарии радиатсиони амали менамояд;
– сохиби объект – сохиби партовхои радиоактиви ё махфузгохи партовхои радиоактиви;
– сохиби партовхои радиоактиви – шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродии дорои партовхои радиоактиви, ки онхо дар объекти хосилшудаашон ё объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида чойгиранд ва дорои ичозатнома барои фаъолияти муомилот бо партовхои радиоактиви мебошанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– сохиби махфузгохи партовхои радиоактиви – шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродие, ки дорои махфузгохи партовхои радиоактиви буда, барои фаъолияти муомилот бо партовхои радиоактиви ичозатнома доранд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– арзёбии бехатари – хуччате, ки тахлили чараёни рушди холатхои фавкулодаи имконпазир, окибатхои онхо ва мукоисаи натичахо бо меъёрхои бехатариро дар бар мегирад ва онро метавонад сохиби объект ва ё шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродии салохиятдор оид ба гузарондани арзёбии бехатари, ки ба онхо фармоишгар хукуки гузаронидани корхои баходихиро додааст, тартиб дихад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– асосноккунии техникию иктисодии зарурати сохтмони объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида ё солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта – хуччате, ки дар он маълумот чихати ба максад мувофик будани сохтани объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида, махфузгохи партовхои радиоактиви ё солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта, бо тахлили харочот ва натичахои бадаст меомада пешниход карда шудааст ва онро метавонанд шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродии салохиятдор оид ба гузаронидани асосноккунии техникию иктисоди, ки ба онхо фармоишгар хукуки гузаронидани ин корхоро додааст, тартиб диханд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– хулосаи баходихии таъсири объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида, махфузгохи партовхои радиоактиви ё солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта ба ахоли ва мухити зист – хуччате, ки дар он хусусият, шиддатноки ва дарачаи хатархои таъсиррасонандаи объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида,  махфузгохи партовхои радиоактиви ё солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта ба саломатии ахоли ва холати мухити зист натичагири карда шудааст ва  онро метавонанд шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродии салохиятдор оид ба гузаронидани баходихии таъсир ба ахоли ва мухити зист, ки ба онхо фармоишгар хукуки гузаронидани корхои баходихиро додааст, тартиб диханд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта – мачмуи чорабинихои мухофизативу техники бо максади паст кардани шуоъхурии радиатсиони, ки минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгаштаро ба холати пештараи табии имконпазир ё наздик ба он, ё ба холати барои истифодаи минбаъда кофи оварда мерасонад;
– мониторинги радиатсионии холати махфузгохи партовхои радиоактиви – мушохидаи мунтазами махфузгоххои партовхои радиоактиви бо максади муайян кардани тагйироти баамаломада ва саривакт бартараф намудани окибатхои таъсири манфии он;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

– консерватсияи махфузгоххои партовхои радиоактиви – мачмуи чорабинихои мухофизативу техники вобаста бо муваккатан катъ намудани корхо оид ба нигохдории партовхои радиоактиви дар махфузгохи партовхои радиоактиви, ки овардани махфузгохро ба холати кобили барои баркарор намудани истифодабарии он имконият медихад, инчунин бехатарии радиатсионии ахоли ва мухити зистро таъмин менамояд.
           Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муомилот бо партовхои радиоактиви
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муомилот бо партовхои радиоактиви ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
          Моддаи 3. Принсипхои сиёсати давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви
Принсипхои сиёсати давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви инхо мебошанд:
– афзалияти мухофизати хаёт ва саломатии кормандон, ахоли ва мухити зист аз таъсири партовхои радиоактиви тибки меъёрхои мукарраргардидаи бехатарии радиатсиони;
– хифзи насли хозираю оянда ва мухити зист аз хатархои радиатсиони;
– таксимоти вазифахои назорат ва идоракунии давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви;
– татбики сиёсати давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви бо рохи тахия ва ичрои барномахои давлатии дарозмухлат оид ба муомилот бо партовхои радиоактиви;
– таъмини сатхи камтарини хосилшавии партовхои радиоактиви;
– рох надодан ба чамъшавии гайриназоратии партовхои радиоактиви;
– таъмини назорати давлатии муомилот бо партовхои радиоактиви;
– кафолати боэътимоди чудо нигох доштани партовхои радиоактиви аз мухити зисти табии хангоми асосноккунии бехатарии махфузгоххои  партовхои радиоактиви;
– дар мухлати махдуд нигохдории партовхои радиоактиви дар ихтиёри истехсолкунандагони партовхо бо супоридани минбаъдаи онхо ба корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви вобаста ба фаъолияти хозира ва ояндаи имконпазир;
– асосноккуни ва муносиб гардонидани чорахои мухофизати оид ба кам намудани хатархои радиатсионии мавчудбуда ё танзимнашаванда;
– манъ намудани гузаронидани корхо оид ба гуронидани партовхои радиоактиви ба шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, ки маводи радиоактивию дастгохи ядроиро тахвил ва истифода мебаранд ё дар натичаи фаъолияти онхо партовхои радиоактиви хосил мешаванд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– таъмин ва дастгирии бехатарии  низоми самарабахши идоракуни;
– хамкории байналмилали дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви;
– фаъолияти илмию тахкикоти дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви.
         Моддаи 4. Маблаггузори дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви
1. Маблаггузори дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви аз фонди махсуси давлати ва аз хисоби чалби дигар сарчашмахои манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
2. Тартиби ташкили фонди махсус, хачми маблаггузори ва тартиби истифодабарии маблагхои ин фонд аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
3. Харочоти гуронидани партовхои радиоактивие, ки дар натичаи ба охир расидани мухлати истифодабарии манбаъхои афканишоти ионофар хосил шудаанд, аз тарафи сохибони онхо  ва ё сарпарастон пардохт карда мешавад.

БОБИ 2.  ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ  ДАР СОХАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ

               Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви
Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви аз инхо иборат мебошад:
– муайян намудани сиёсати давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви;
– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви;
– таъсиси корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви;
– тахия ва тасдики тартиби ташкил ва истифодаи маблагхои фонди махсуси муомилот бо партовхои радиоактиви;
– мукаррар намудани тартиби амали мутакобила ва махдудгардонии вазифахои макомоти ваколатдори давлати хангоми хифзи саломатии ахоли аз таъсири партовхои радиоактиви, таъмини бехатарии радиатсиони вобаста ба муомилот бо партовхои радиоактиви ва рох надодан ба ифлосшавии радиоактивии мухити зист ва назорат аз болои махфузгоххои партовхои радиоактиви;
– кабул намудани карор оид ба чойгиркуни, лоихакаши, сохтмон, баистифодадихи ва  азистифодабарории объектхое, ки барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидаанд,  инчунин руйпуш намудани махфузгоххо барои гуронидан;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– муайян намудани тартиби  интиколи  партовхои радиоактиви тавассути сархади давлати ба хорича ва ба дохили Чумхурии Точикистон;
– тасдик намудани Фехристи давлатии партовхои радиоактиви;
– тасдик намудани Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактиви;
– кабул намудани карор оид ба додани китъаи замин барои сохтмони махфузгоххои партовхои радиоактиви;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– вобаста ба холати мушаххас муайян намудани намуд, хачм ва тартиби чуброн кардани хисороти расонидаи махфузгоххои партовхои радиоактиви ва объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида ба шахрвандоне, ки дар минтакаи чойгиршавии ин махфузгоххо ва объектхо зиндаги ва фаъолият мекунанд;
– муайян намудани тартиби чори намудан ва андозаи имтиёзхо ба кормандоне, ки бо партовхои радиоактиви кор мекунанд; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

– амали намудани салохияти дигаре, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

           Моддаи 6. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви
Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви дохил мешаванд:
– тахия ва татбики барномаи давлати оид ба  муомилот бо партовхои радиоактиви;
– хамохангсозии корхо оид ба чамъовари, коркард, интикол, нигохдори ва гуронидани партовхои радиоактивии саноати, тибби, ташкилотхои илмию тахкикоти ва партовхои радиоактивие, ки дар вакти гузаронидани ин корхо ба вучуд меоянд;
– ташкил намудани фаъолияти корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви;
– хамохангсозии корхо доир ба сохтмон, баистифодадихи, азнавсози, азистифодабарории объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида ва руйпуш намудани махфузгоххо барои гуронидан;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– хамохангсозии корхои илмию тахкикоти ва тачрибавию конструктори дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви;
– ташкил намудани фаъолият оид ба муайянкуни, ташкил ва дастгирии фаъолияти бефосилаи системаи химояи чисмонии партовхои радиоактиви, инчунин таъмин намудани назорат дар вакти чамъовари, коркард, интикол, махфуздори ва гуронидани онхо;
– мукаррар намудани низоми хукукии минтакаи гирду атрофи корхонахо оид ба муомилот бо партовхои радиоактиви ва махфузгоххо барои гуронидани онхо ва вазъи шахрвандоне, ки дар он чо зиндаги мекунанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот мувофика намудани чойгиркуни, лоихакаши, сохтмони махфузгоххо барои гуронидани партовхои радиоактивии дарозумр ва кутохумр;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– ба рох мондани хамкорихои байналмилали дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

– амали намудани ваколатхои дигаре, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

         Моддаи 7. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти  худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви
Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви дар доираи ваколатхои худ:
– масъалаи дар худуди худ чойгир намудани объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинишударо бо дарназардошти манфиатхои шахрвандони дар ин махал истикоматкунанда ва рушди ичтимоию иктисодии минтака, бо тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мувофика менамоянд;
– дар гузаронидани ташхиси экологии лоихахои чойгиркуни, сохтмон ва аз истифода баровардани объектхое, ки барои муомилот бо партовхои радиоактиви  пешбини шудаанд ва руйпуш намудани махфузгоххо барои гуронидани партовхои радиоактиви, ки дар минтакаи онхо чойгир шудаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иштирок менамоянд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– оид ба масъалахои химояи лоихахо вобаста ба чойгиркунии сохтмон, аз истифодабарории объекти ба муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида ва руйпуш намудани махфузгоххоро барои гуронидан вохурихои чамъияти ташкил менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– дар мавриди зарури аз сохибони объектхое, ки барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидаанд, гузаронидани муоинаи радиологи дар атрофи минтакаи чойгиршавии ин объектхо ва натичаи онхоро талаб менамояд;
– таъмин намудани бехатарии ахоли ва мухофизати мухити зист дар минтакахои худ ва аз омодагии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди хангоми амалиёт дар холати садамахои радиатсиони  назорат мебаранд;
– дар бартараф намудани окибатхои садамаи радиатсиони иштирок менамоянд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– омодагиро ба тахлияи (эвакуатсияи) ахоли ва амали намудани онро дар холатхои зарури таъмин менамоянд(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

– амали намудани ваколатхои дигаре, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

          Моддаи 8. Танзими давлатии бехатари дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви
1. Танзими давлатии бехатари дар сохаи  муомилот бо партовхои радиоактивиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони амали менамояд.
2. Ба танзими давлатии бехатари дар сохаи  муомилот бо партовхои радиоактиви чунин намудхои фаъолият дохил  мешаванд:
– бакайдгирии давлатии партовхои радиоактиви, чойхои гуронидани онхо, инчунин чойхои махфуздории муваккатии онхо;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– корхои лоихавию чустучуи оид ба интихоби китъаи замин барои чойгиркунии объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– лоихакашии объектхо ва воситахои наклиёте, ки барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидаанд, озмоиш, тайёр намудан ё сохтмони онхо;
– ба истифода додан, ба кор даровардан, аз истифода баровардани объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида ва махфузгоххо барои гуронидан ва гузаронидани корхои батартибандози оид ба таъмини бехатари дар махфузгоххо барои гуронидан пас аз баста шудани онхо ва инчунин солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта;
– хосилшави ва муомилот бо партовхои радиоактиви, аз чумла интикол ва гуронидани онхо.
3. Номгуи макомот ва муассисахои давлатиро, ки дар танзими муносибатхои вобаста ба муомилот бо партовхои радиоактиви иштирок  мекунанд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

  1. Тахия ва тасдики меъёрхо, коидахо ва стандартхо вобаста ба муомилот бо партовхои радиоактивиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони амали менамояд.
    5. Барои амали намудани фаъолият дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви бо тартиби муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозатнома дода мешавад.

БОБИ 3. УХДАДОРИХОИ ШАХСОНИ ХУКУКИ ВА СОХИБКОРОНИ ИНФИРОДИ ХАНГОМИ  МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

         Моддаи 9. Ухдадорихои шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди хангоми муомилот бо партовхои радиоактиви

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
Шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди хангоми муомилот бо партовхои радиоактиви дорои ухдадорихои зерин мебошанд(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– таъмин намудани бехатари хангоми лоихакаши, интихоби китъаи замин, сохтмон, баистифодадихи ва аз истифодабарории иншоот ва тачхизоти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– саривакт анчом додани аз нав арзёбии бехатарии объектхои амалкунандаи барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида, то ки дар мавриди зарури, хамаи такмилдихии амалан дастрас ба максади баланд бардоштани бехатарии чунин объектхо ичро шаванд;
– меъёрхо, коидахо, стандартхо, талаботи санадхои меъёрии техники ва дигар санадхои меъёрии хукукиро нисбат ба муомилот бо партовхои радиоактиви риоя намоянд;   (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– таъмин намудани тахия ва амалисозии барномахои бехатарии муомилот бо партовхои радиоактиви;
– пешбурди бакайдгирии партовхои радиоактиви;
– таъмин намудани хифзи чисмонии партовхои радиоактиви;
– таъмин намудани мониторинги радиатсионии чойи нигохдори ё махфузгохи партовхои радиоактиви;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– саривакт огох намудани макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сурати руй додани офатхои табии ва техногени дар объектхои муомилот бо партовхои радиоактиви;
– андешидани чорахои зарури барои бартараф намудани садамахои радиатсиони, таъмини тахлияи (эвакуатсияи) ахоли, хифзи кормандон ва мухити зист;
– таъмин намудани ичрои чорабинихое, ки ба баланд бардоштани сатхи бехатарии кормандон, ахоли ва хифзи мухити зист дар объектхои зертобеъ барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинишуда, равона шудаанд;
– чуброни зарар аз садамахои радиатсиони дар вакти муомилот бо партовхои радиоактиви.

Моддаи 91. Талаботи умуми ба истехсолкунандагони партовхои радиоактиви

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

  1. Истехсолкунандагони партовхои радиоактиви хар сол истифодаи мавод, моддахо, тачхизот ва ашёи дар натичаи фаъолияти хочагидори хосилшавандаро, ки дар таркибашон радионуклидхо аз меъёрхои мукарраргардидаи бехатарии радиатсиони зиёд мебошанд ва кобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд, муайян менамоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
  2. Истехсолкунандагони партовхои радиоактиви интиколи партовхои радиоактивиро ба махфузгоххои партовхои радиоактиви бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мустакилона ё тавассути корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви таъмин менамоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

           Моддаи 10. Муносибатхои мутакобилаи корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви бо истехсолкунандагони партовхои радиоактиви
1. Гуронидани партовхои радиоактиви танхо аз чониби корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви дар сурати мавчуд будани ичозатнома ичро карда мешавад.
2. Истехсолкунандагони партовхои радиоактиви партовхои радиоактивиро ба корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви тибки меъёрхо, коидахо ва  стандартхои тасдикшуда месупоранд.
3. Партовхои радиоактиви аз лахзаи ба имзо расидани хуччатхо оид ба супоридани партовхои радиоактиви аз чониби тарафхо  ба  моликияти давлати мегузаранд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. То гузаштани партовхои радиоактиви ба моликияти давлати масъулият оид ба хифзи радиатсиони ва бехатарии муомилот бо партовхои радиатсиони ба зиммаи истехсолкунанда аст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви метавонанд коркарди пешакии партовхои радиоактивиро дар корхона ва муассисахое, ки дар он чо  ин партовхо ба вучуд омадаанд,  амали намоянд.
6. Хамкории мутакобилаи байни истехсолкунандагони партовхои радиоактиви ва корхонахои махсусгардондашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви дар асоси шартномахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегиранд.

          Моддаи 11. Муносибатхои мутакобилаи корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот
1. Муносибатхои мутакобилаи корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва шартномахо ба танзим дароварда мешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Бартараф намудани мухолифат дар мархилахои лоихакаши, сохтмон, истифодабари, аз истифода баровардан ё бастани объект бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

БОБИ 4. БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ ВА МАХФУЗГОХХОИ ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
Моддаи 12. Бакайдгирии давлатии партовхои радиоактиви ва махфузгоххои партовхои радиоактиви

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Бакайдгирии давлатии партовхои радиоактиви ва махфузгоххои партовхои радиоактиви барои чамъовари ва нигохдории маълумоти зарури бо максади таъмини фаъолияти низоми давлатии муомилот бо партовхои радиоактиви, пешгири намудани имконияти чамъшавии беназорати партовхои радиоактиви, таъмин намудани назорати фаври оид ба чойгиршави ва интиколи партовхои радиоактиви,  шароити нигохдори ва гуронидани онхо гузаронида мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Бакайдгирии давлатии партовхои радиоактиви дар бар мегирад:
–  пешбурди Фехристи давлатии партовхои радиоактиви;
– пешбурди Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактиви ва номгуи маконхои нигохдории муваккатии партовхои радиоактиви.
3. Барои ба таври доими таъмин намудани аз нав баркароркуни ва саривакт ворид намудани тагйирот ба Фехристи давлатии партовхои радиоактиви ва Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактиви баруйхатгирии мунтазами давлатии партовхои радиоактиви ва махфузгоххои партовхои радиоактиви, аз чумла махфузгоххои партовхои радиоактивии дар минтакаи истехсолкунандаи ин партовхо чойгирбуда, гузаронида мешаванд. Фехристи давлатии партовхои радиоактиви ва Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактиви бемухлат (доими) бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони» нигох дошта мешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Ташкил ва таъмин намудани фаъолияти системаи бахисобгирии партовхои радиоактивро макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони амали менамояд.
       Моддаи 13. Фехристи давлатии партовхои радиоактиви

  1. Пешбурди Фехристи давлатии партовхои радиоактивиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони амали менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
  2. Макомот ва муассисахои давлатии дар танзими муносибатхои вобаста ба муомилот бо партовхои радиоактиви иштироккунанда, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои ворид намудан ба Фехристи давлатии партовхои радиоактиви ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони маълумот пешниход менамоянд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

       Моддаи 14. Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактиви

  1. Пешбурди Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактивиро макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони амали менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
  2. Ба Кадастри давлатии махфузгоххои партовхои радиоактиви маълумоти хуччатнокшуда вобаста ба макон ва мухлати чойгиронии партовхои радиоактиви, макони махфузгоххои партовхои радиоактивии дарозумр ва консерватсияи онхо, хусусиятхои микдори ва сифатии партовхои радиоактиви, низоми назорат ва мониторинги махфузгоххои партовхои радиоактиви дохил карда мешаванд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

БОБИ 5. ТАРТИБИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ
Моддаи 15. Нигохдори ва гуронидани партовхои радиоактиви

1. Нигохдори ва гуронидани партовхои радиоактиви танхо дар чойхои махсуси таъиншуда ва дар объектхои аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви муайяншуда ва макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони ичозатдодашуда рох дода мешавад.
2. Дар вакти нигохдори ё гуронидани партовхои радиоактиви чудо нигох доштани онхо  аз мухити зист бо мачмуи монеахои табии ва сунъи таъмин карда мешавад.
3. Бехатарии радиатсионии нигохдори ва махфузгоххои партовхои радиоактиви дар шароити мукаррари бо риояи меъёрхо, коидахо, стандартхо оид ба бехатарии радиатсиони ва ядрои, инчунин бехатарии идоракунии партовхои радиоактиви таъмин карда мешавад.
4. Бехатарии радиатсионии нигохдории партовхои радиоактиви ва махфузгоххои партовхои радиоактиви хангоми истифодабарии мукаррари, ходисахои фавкулоддаи табии (заминларза, обхези, туфон ва монанди онхо) ё холатхои садамави бо чорабинихои лоихавии илми асосноккардашудаи ба вучуд омадани ходисахои имконпазир, ки тавассути онхо зиёд нашудани хадди бо меъёрхо,  коидахо  ва стандартхои бехатарии радиатсиони мукарраркардашуда дастрас мегардад, таъмин карда мешаванд. Масъулият оид ба омода намудани арзёбии бехатари дар чахорчубаи асосноккунии бехатари ба зиммаи сохиби объект гузошта мешавад.
5. Гуронидани партовхои радиоактивии дарозумр танхо дар намуди холати сахт, шаклхои геологии устувор бо интиколи хатмии онхо ба намуди бехатари таркиши, сухтори ва ядрои амали карда мешавад, ки безарар гардидани онхоро дар худуди китъаи чудокардашудаи каъри замин кафолат медихад.
6. Гуронидани партовхои радиоактивии кутохумрро дар холати сахт дар махфузгоххои партовхои радиоактивии назди сатхи замини ва руизаминии махфузгоххо амали кардан мумкин аст.
7. Дар тамоми мухлати нигохдори ё гуронидани партовхои радиоактиви назорати мунтазами  холати онхо, шароити радиатсионии нигохдори ва махфузгоххои партовхои радиоактиви ва мухити зист аз чониби сохиби объект бурда мешавад.

           Моддаи 16. Таъмини мухофизати чисмони хангоми муомилот бо партовхои радиоактиви
1. Таъмини мухофизати чисмони хангоми муомилот бо партовхои радиоактиви ба зиммаи сохиби партовхои радиоактиви вогузор карда мешавад.
2. Сатхи мухофизати чисмони, ки таъмини он талаб карда мешавад, бояд ба сатхи хатарнокии радиатсиони ва хусусияти партовхо баробарандоза бошад.
3. Фаъолият оид ба муомилот бо партовхои радиоактиви манъ карда мешавад, агар чорабинихо нисбат ба таъмини бехатарии мухофизати чисмони андешида нашуда бошанд.
4. Тартиби ташкил намудани мухофизати чисмониро хангоми муомилот бо партовхои радиоактиви санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.

        Моддаи 17. Интиколи партовхои радиоактиви
1. Интиколи партовхои радиоактиви дар асоси меъёрхо ва коидахои аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони муайянгардида амали карда мешавад ва он маълумоти зеринро дар бар мегирад:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
–  тартиби интиколи онхо;
– хукук ва ухдадорихои боринтиколдиханда, боркашон ва кабулкунанда;
– чорахои бехатари;
– талабот ба борчома ва воситахои наклиёт;
– чорабинихо дар холати рух додани ходисахои садамаи наклиёти дар вакти интиколи партовхои радиоактиви;
– пешгири ва чорабинихо оид ба бартараф намудани окибатхои эхтимолии садамахои радиатсиони;
– чорабинихои мухофизати чисмони.
2. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви дар мувофика бо вазорату идорахои дахлдор мачмуи чорабинихоро оид ба интиколи партовхои радиоактиви тахия менамоянд.
3. Шароит ва речаи интиколи партовхои радиоактиви бо рохи хавои, охан, оби ва наклиёти автомобили бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони ва вазорату идорахои дахлдор  мувофика карда мешаванд.
4. Дар сурати ба амал омадани садамаи радиатсиони хангоми интиколи партовхои радиоактиви дар наклиёт, масъулият оид ба бартарафсози, инчунин хифзи кормандон, ахоли, мухити зист ва маводи кимматнок ба зиммаи боринтиколдиханда гузошта мешавад, агар тибки шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

      Моддаи 18. Истифодабарии махфузгоххои партовхои радиоактиви
1. Истифодабарии махфузгоххои партовхои радиоактиви тибки меъёрхо, коидахо ва стандартхо оид ба бехатарии радиатсиони ва талаботи бехатари оид ба муомилот бо партовхои радиоактиви бо таъмин намудани мониторинги радиатсионии холати махфузгоххои партовхои радиоактиви анчом дода мешавад.
2. Назорати холати мухити зист дар минтакаи чойгиршавии махфузгохи партовхои радиоактиви аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист амали карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Саривакт огохкунии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба вайронкунии тартиб дар вакти истифодабарии махфузгоххои партовхои радиоактиви ба зиммаи рохбарони корхонахои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви гузошта мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
4. Шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди ичрои чорабинихоеро, ки ба истифодаи босамари махфузгоххои партовхои радиоактивии амалкунанда равона гардидаанд, таъмин менамоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Низоми махсус дар худуди махфузгохи партовхои радиоактиви, дар минтакаи назорати ва минтакаи мухофизати санитари тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

         Моддаи 19. Консерватсияи махфузгоххои партовхои радиоактиви ва солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта
1. Консерватсияи махфузгоххои партовхои радиоактиви ва солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта, ки аз экспертизаи давлати гузаштааст, бо карори макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви, ки бо макомоти ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони ба мувофика расидааст, амали карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Катъ намудани кабули партовхои радиоактиви ва ё консерватсияи махфузгоххои партовхои радиоактиви ва солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта тибки лоихаи консерватсияи махфузгоххои партовхои радиоактиви ва солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта, меъёрхо, коидахо ва стандартхои бехатарии радиатсиони амали карда мешавад.
3. Баъди консерватсияи махфузгохи партовхои радиоактиви паст кардани эхтимолияти дастрасии гайриконуни ба махфузгохи консерватсияшуда таъмин карда мешавад. Пас аз солимгардонии минтакаи бо партовхои радиоактиви ифлосгашта дар минтака паст кардани эхтимолияти дастрасии гайриконуни ба он таъмин карда мешавад ё ба истифода ба фаъолияти ичозатдодашуда дода мешавад.
4. Масъулият оид ба нигохдории хуччатхое, ки объектро тавсиф мекунанд, нишонахои огохкунанда, монеахо ва ба ин монанд ба зиммаи сохиби  объект гузошта мешавад.
5. Низоми махсус дар худуди махфузгохи партовхои радиоактиви,  дар минтакаи назорати ва минтакаи мухофизати санитари баъди руйпуш намудани онхо дар асоси санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

          Моддаи 20. Ичозатномадихии фаъолият оид ба муомилот бо партовхои радиоактиви
Ичозатномадихии фаъолият оид ба муомилот бо партовхои радиоактиви дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият” амали карда мешавад.

БОБИ 6. ТАРТИБИ ЧОЙГИРКУНИ, ЛОИХАКАШИ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ    ОБЪЕКТИ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ ПЕШБИНИГАРДИДА


Моддаи 21. Кабули карор оид ба гузаронидани корхои лоихавию чустучуи барои чойгиркунии объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида

1. Карори сохтмони объектро, ки барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидааст, Хукумати Чумхурии Точикистон кабул  мекунад.
2. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви  макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехотро, ки дар минтакаи онхо сохтмон ба накша гирифта шудааст, оид ба кабули карор барои сохтмони махфузгоххои партовхои радиоактиви ё иншооте, ки барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидаанд, инчунин оид ба мавчуд будани корхои лоихавию чустучуи дар китъаи замин ба накшагирифташуда хабардор менамояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
3. Пешниходи корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовхои радиоактиви вобаста ба китъаи замин дар сурати  мавчуд  будани маълумоти зерин барраси карда мешавад:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– маълумоти зарури дар бораи объекти бунёдшаванда ва чорабинихои махдудкунандаи таъсири манфии ин объект ба саломатии ахоли ва вазъи мухити зист;
– хулосаи экспертизаи давлатии экологи;
– хулосаи экспертизаи  давлати оид ба бехатарии радиатсиони ва ядрои.
4. Хулосахои ин экспертизахо ба шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди барои шиносшави бояд дастрас бошанд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
5. Агар майдончаи барои сохтани махфузгохи партовхои радиоактиви ё объект, ки барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидааст, корношоям эътироф гардад, сохиби махфузгохи партовхои радиоактиви бояд корхоро оид ба солимгардонии минтака ва бартарафсозии хамаи окибатхои зарари экологи, ки дар натичаи гузаронидани корхои лоихавию чустучуи ба вучуд омадаанд, анчом дихад.

          Моддаи 22. Тартиби кабул намудани карор оид ба додани китъаи замин барои сохтмони махфузгох ё иншооти барои муомилот бо партовхои  радиоактиви пешбинигардида

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
1. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехатарии радиатсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба баррасии масъалаи додани китъаи замин барои сохтмони махфузгохи партовхои радиоактиви ё объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида, пешниход ирсол менамояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
2. Чихати кабули карор оид ба додани китъаи замин барои сохтмони махфузгохи партовхои радиоактиви ба Хукумати Чумхурии Точикистон хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– тавсифномаи техникии махфузгохи партовхои радиоактиви ё объекти барои  муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида;
– асосноккунии техникию иктисодии зарурати сохтмони объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида, инчунин на камтар аз се тарзи чойгиркунии махфузгохи партовхои радиоактиви дар китъаи замин(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– арзёбии бехатари, ки аз чониби шахсони хукукию сохибкорони инфиродии салохиятдор оид ба тартиб додани арзёбии бехатари, ки ба онхо фармоишгар хукуки гузаронидани ин корхоро додааст, омода карда шудааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– тахлили маълумот нисбат ба бехатарии китъаи замин, ки дар вакти гузаронидани корхои лоихавию чустучуи ба даст омадаанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– тавсифномаи мухити зисти табиии минтакаи чойгиршавии объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви таъиншуда ва махфузгоххои партовхои радиоактиви;
– хулосаи баходихии таъсири ин объектхо ва махфузгоххо ба ахоли ва мухити зист;
– пешниход ва эродхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот.
3. Карор оид ба додани китъаи замин барои сохтмони махфузгоххои партовхои радиоактиви ва объекти барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардидаро Хукумати Чумхурии Точикистон кабул менамояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

Моддаи 23. Лоихакаши, сохтмон ва ба истифода додани махфузгохи партовхои радиоактиви ё объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида
1. Лоихакашии махфузгохи партовхои радиоактиви ё объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинишуда дар мувофика бо меъёрхо, коидахо ва стандартхо бо истифодаи технологияхое, ки дар тачриба, озмоиш ё тахлил тасдик гардидаанд, ичро карда мешавад.
2. Лоихаи махфузгохи партовхои радиоактиви бояд ду арзёбии бехатариро дар бар гирад:
– хангоми истифодабарии  махфузгох;
– баъди руйпуш намудани махфузгох.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

  1. Сохтмони махфузгохи партовхои радиоактиви ё объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида дар асоси лоихаи дахлдори аз экспертизаи давлати ва экологи гузашташуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба меъмори ва шахрсози, инчунин меъёру коидахои сохтмони ва хуччатхои ичозатдихи барои сохтмон, ки аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози дода шудааст, амали мегардад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

БОБИ 7. НИЗОМИ МАХСУСИ МИНТАКАХОИ БАРОИ МАХФУЗГОХХОИ ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ ВА ОБЪЕКТХОИ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ РАДИОАКТИВИ ПЕШБИНИГАРДИДА

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)


Моддаи 24. Додани китъахои замин барои махфузгоххои партовхои радиоактиви ва объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
Китъахои замине, ки барои махфузгохи партовхои радиоактиви ё объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидаанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дода мешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

       Моддаи 25. Намудхои фаъолияте, ки дар минтакаи барои махфузгохи партовхои радиоактиви ва объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви чудогардида манъ карда шудаанд
1. Китъахои замине, ки барои махфузгохи партовхои радиоактиви ва объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбини гардидаанд, аз гардиши хочагидори бароварда шуда, аз минтакахои хаммарзи назорати ва мухофизати санитари чудо карда мешаванд.
2. Дар минтакахои назорати ва мухофизати санитари фаъолиятхои зерин манъ карда мешаванд:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)
– истикомати ахоли;
– хамаи намудхои истифодабарии об, чангал ва каъри замин, ба истиснои фаъолиятхо, ки лоихахои минтакаи назорати ва мухофизати санитари муайян намудаанд;
– гузаронидани тахкикоти илми бе ичозати махсус;
– бе ичозати махсус пешбарии фаъолияти кишоварзи, хочагии чангал бо максади ба даст овардани махсулот, инчунин сохтмони иншооти таъиноти ичтимои ва чамъияти;
– тибки натичахои арзёбии бехатари хар гуна фаъолияти дигаре, ки низоми бехатарии радиатсиониро таъмин намекунад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

БОБИ 8. КАФОЛАТХОИ ИЧТИМОИИ ДАВЛАТИ БАРОИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХОИ  РАДИОАКТИВИ


Моддаи 26. Кафолатхои ичтимои барои шахрвандоне, ки дар минтакаи чойгиршавии махфузгоххои партовхои радиоактиви ва объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида зиндаги ва фаъолият мекунанд
1. Ба шахрвандоне, ки дар минтакаи чойгиршавии махфузгоххои партовхои радиоактиви ва объектхои барои муомилот бо партовхои радиоактиви пешбинигардида зиндаги ва фаъолият мекунанд, хукуки чуброн кардани хисороти расонидаи ин махфузгоххо ва объектхо кафолат дода мешавад.
2. Масъалахо оид ба намуд, хачм ва тартиби чуброн кардани хисорот вобаста ба холати мушаххас аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

          Моддаи 27. Хифзи ичтимоии кормандоне, ки бо партовхои радиоактиви кор мекунанд
1. Хифзи ичтимоии кормандоне, ки бо партовхои радиоактиви кор мекунанд, бо роххои зерин амали карда мешавад:
– сугуртаи хатмии тибби;
– имтиёзхо вобаста ба муайянкунии синну соли нафака, рузи кори, иловапули ба маош.
2. Сугуртаи хатмии тибби аз хисоби корхонахо, муассисахо ва  дигар ташкилотхо новобаста аз шаклхои ташкилию хукукии онхо, шахсони вокеи, ки бо муомилоти (истехсол, коркард, нигохдори, гуронидан) партовхои радиоактиви машгуланд, анчом дода мешавад.
3. Тартиби чори намудан ва андозаи имтиёзхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

БОБИ 9. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ


Моддаи 28. Хамкории байналмилали дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви

Хамкории байналмилали дар сохаи муомилот бо партовхои радиоактиви мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, амали карда мешавад.

            Моддаи 29. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур
Шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1430)

       Моддаи 30. Тартиби мавриди амал карор додани  Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти
Чумхурии Точикистон                                                                             Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе,

22 июли соли 2013,

№ 1002

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …