Главная / Илм / МУОИНАИ ТИББи

МУОИНАИ ТИББи

muoinai-tibbiМУОИНАИ ТИББи, яке аз тарзхои асосии муоинаи тандурустии ахоли. М. т. чихати хатмии фаъолияти духтурони марказхои саломати, амбулаторияхо, диспансерхо, кисмхои тиббию санитари, бунгоххои тибби ва баъзе дигар муассисахои табобатию профилактики аст. М. т. аз руи вазифа ва хусусият ба муоинаи пешаки, даври ва максаднок чудо мешавад.
М. т. аз муоинаи тан ва пурсиши бемор, ченакхои антропометри (кад, вазн ва г.), тадкикоти лаборатори иборат аст. Хангоми М. т.-и максаднок ва гумонбар шудан ба касали духтур беморро ба назди дигар мутахассисон мефиристад.
Муассисахое мавчуданд, ки хусусияти кори онхо кормандони билкул солимро талаб мекунад ва пеш аз ба кор кабул шудан, коргарон бояд аз М. т.-и кабли гузаранд (бо ибораи дигар, кобилияти ба ин ё он кор машгул шуда тавонистани одамон санчида мешавад). Ин пеш аз хама ба заводхо, фабрикахо, сеххо, муассисахое дахл дорад, ки кори онхо зарари касби меорад (корхонахои химияви, сеххои истехсоли аккомулятор ва г.). Аз М. т.-и кабли касоне мегузаранд, ки касби онхо бокуввати, зираки, зудбини, зудшунавои ва г. (мохигирон, ронандахо, лётчикхо ва г.)-ро талаб мекунад. Наврасон пеш аз ба кор омадан, сарфи назар аз хусусияти корхона, аз М. т.-и кабли мегузаранд.
М. т.-и кабли барои одамоне низ хатмист, ки ба муассисахои саноати хуроквори, хуроки чамъияти ва савдои молхои хуроки, ба хаммомхо, сартарошхонахо, иншооти кабури об, муассисахои табобатию профилактики ва бачагона ба кор мераванд. Дар ин холат максади муоина ба муассисахои номбурда рох надодани шахсони гирифтори беморихои сирояти, ярахои римнок ва гелминтозхо аст. Одатан, хангоми муоина хомилиангезандахои беморихои сирояти будан ё набудани одамро низ месанчанд.
М. т.-и кабли хамчунин барои шахсоне хатмист, ки ба донишкадаю коллечхо дохил мешаванд. Чавононе, ки ба сафи Артиши Точикистон даъват мешаванд, аз М. т.-и кабли мегузаранд. Натичаи муоина ба хизмати харби лоик будани онхоро муайян месозад. Ин хангоми таксимот ба навъхои кушун ба назар гирифта мешавад.
Коргарон, хизматчиён, хонандагоне, ки баъди гузаштан аз М. т.-и кабли ба кор кабул шудаанд, баъди муддати муайян, одатан, баъди чанд мох (вале на аз ду сол зиёд) хар сари чанд вакт аз М. с. мегузаранд.
М. т.-и даври бо максади пешгирии беморихо аст. Он барои мушохидаи вазъи саломати, ошкор намудани аломатхои бармахали бемори, аз чумла беморихои касби ва саривакт табобат кардани онхо гузаронида мешавад.
Усули асосии М. т.-и даври муоинаи то диспансерони мебошад. Бинобар тадричан чори намудани диспансеронии ахоли ахамияти М. т.-и диспансери барои пешгирии касалихо, ошкор кардани одамони ба ягон бемори, аз чумла амрози ирси моил ва ташхиси саривактии бемори афзун мегардад. Муносибати бошуурона ба муоина, риояи фармоиш ва маслихатхои духтур самараи М. т.-ро меафзояд, ба нигахдори ва пойдории саломатии ахоли ёри мерасонад.
Хангоми ошкор намудани ягон нишондоди пешомадаш номатлуб М. т.-и оммави амиктар гашта, ба он мутахассисони зарури чалб карда мешаванд, аз тадкикоти лаборатории максаднок истифода менамоянд.
Натичаи М. т.-и давриро тахкик ва бо натичаи М. т.-и кабли киёс мекунанд. Дар сурати ошкор гаштани ягон бемори ба хусусиятхои истехсолот вобастаги доштан ё надоштани он мукаррар карда мешавад. Коргарони дорои аломатхои амрози касбиро зери назорати тибби мегиранд, дар истехсолот бошад, чорахои дахлдори санитарию гигиени ва пешгирии ин беморихоро меандешанд.
М. т.-и кабли ва давриро кормандони кисмхои тиббию санитари, марказхои саломати, амбулаторияхо, бунгоххои тибби ва диг. муассисахои табобатию пешгирии беморихо, ки ба корхонахои муайян хизмат мерасонанд, мегузаронанд.
М. т.-и даврии кудакон аз рузи таваллуди онхо сар мешавад. Кудакони синнашон то яксоларо мохе камаш як бор, то дусоларо камаш дар се мох як бор, то сесоларо камаш дар 6 мох як бор ва минбаъд соле як маротиба аз М. т. гузарондан лозим аст. Мактаббачагон бошанд, дар мактабхо хар сол баъди таътили тобистона бояд аз М. т.-и хаматарафа, санчиши бинои ва шунавои гузаранд.
М. т.-и максаднок то андозае мухим аст. Вазифаи он сари вакт ошкор кардани беморихои сил, омосхои хавфнок, касалихои дилу раг, гинекологи ва г. мебошад. Ба ин гуна муоина шахсони синну сол ва касбашон гуногун, баъзан касоне чалб мешаванд, ки ба духтур бо дигар сабаб мурочиат кардаанд. М. т. имкон медихад, ки бемори хануз дар ибтидои пайдоиш ошкор гардад.
Муоинаи профилактикии занон бо максади муайян кардани бонувони ба табобат мухточ гузаронда мешавад. Баъзе амрози гинекологи, чунончи миома ва газаки музмини зоидхои бачадон (ниг. Аднексит) дар аввали инкишофи худ ноаён давом карда, ба холати умумии занхо таъсир намерасонанд. Бармахал ошкор намудани онхо имкон медихад, ки муолича сари вакт сурат гирад. Мутаассифона, баъзе занон ахамияти М. т.-ро нафахмида ба саломатии худ бепарвоёна муносибат мекунанд, гохо бинобар серкори ва шармгини аз М. т. сар мекашанд, бемориро аз вакташ мегузаронанд. Хар як зан, сарфи назар аз синну сол, харчанд худро комилан сихат шуморад хам, бояд соле ду маротиба ба кабули духтури занона равад.
М. т.-и занонро духтурони мушоварагохи занона бевосита дар он чо ё дар кабинетхои махсусе, ки дар чои кор мавчуд аст, мегузаронанд. Дар назди марказхои саломатии нохияхо ва кисмхои тиббии заводу фабрикахо кабинетхои муоина амал мекунанд, ки ба занон, сарфи назар аз шакли бемори, кумак мерасонанд. Дар дехот занон дар касалхонахои махалла, амбулаторияхо, бунгоххои фелдшерию акушери муоина карда мешаванд.
У. Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …