Главная / Илм / МУКОВИССИДОЗ

МУКОВИССИДОЗ

mukvovisidozМУКОВИССИДОЗ (Mucoviscidosis; лот. mucus – луоб ва viscidus – часпак), кистофибрози гадуди зери меъда, панкреофиброз, бемории ирси, ки дар мавриди он фаъолияти гадудхои тарашшухи беруни халал меёбад. Яке аз беморихои маъмули ирси буда, таносуби он дар байни навзодхо такр. 1 : 2000 аст.
М. пурра тадкик нашудааст. Бино ба баъзе маълумот он энзимопатияи ирси буда, бо рохи аутосоми-ретсессиви мерос мемонанд. Аломати М. нукси ферментхое мебошад, ки дар кори хосил шудани полисахаридхо (дар таркиби луобе, ки дар гадудхои эндокринии луобпардаи руда, рохи нафас, мачрои талха ва гадуди зери меъда хосил мешаванд, мавчуданд) иштирок менамоянд. Дар натича хосиятхои физики ва химиявии тарашшухот тагйир ёфта, он часпак мешавад, мачрои гадудро мебандад, бинобар ин дар гадуд дигаргунихои кистози рух медиханд, фаъолияти узвхои марбута (руда, шуш, чигар, гадуди зери меъда) тагйир меёбад.
М.-ро дар беморхона табобат мекунанд. Хангоми баста будани рудахо чаррохии очил зарур аст; хелхои дигари бемори бо пархез, витаминхо, дорухои ферменти, гормонхои анаболи, гузаронидани плазма ва г. муолича карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …