Главная / Гуногун / МУКОФОТИ АМАЛ ( Хикоя)

МУКОФОТИ АМАЛ ( Хикоя)

Устод Ато Хамдам аз боги бахори панчохумини худ гул чида истодааст. Дар ин айёми муборак чун яке аз онхое, ки  аз фазилати неки инсонии у бахра бардоштаам, дар борааш сухане нагуфтанам норавост.

Ман аз такдиру толеи худ бисёр розиву  каноатманд хастам, ки дар зиндаги маро бо ин инсони нек ру ба ру кард. Ин вокеа соли 1974 ба вукуъ пайваста буд. Хамон руз ман ба рузномаи «Точикистони Совети» омадам, то ки дустам Мусо Мавлавиро бубинам. Ба бинои рузнома наздик шуда будам, ки худи у баромад. Хамрохи у як чавонмарди батанутуш, чехракушоди хандонру буд. Ман уро намешинохтам. Вале у гуё маро солхои зиёде мешинохта бошад, мисли як дусти кадрдон зиёрат кард. Пас аз салому алек ва холпурси Мусо Мавлави гуфт:

– Рафтем! Хуроки пешин хурда меоем.

Ман ин таклифро бо чону дил кабул кардам. Ва мо охиста-охиста ба тарафи боги марказии ба номи В. И. Ленин рафтем. Вакте ки паси миз менишастем, аз дахони Мусо Мавлави фахмидам, ки чавонмарди ба ман ношинос Ато Хамдам будааст.

– Ато Хамдам? О, ман кайхо орзуи бо ин кас шинос шуданро доштам!

Дар лабони Мусо Мавлави табассуми базебе пайдо  шуда гуфт:

– Ин тавр бошад, чоя каш-е!

То ин дам ман Ато Хамдамро шахсан намешинохтам. Вале дар васфашон аз рафикон хикояхо шунида, чандин очеркхояшонро хонда будам. Хондани онхо ба ман  шавки беандоза бахшида, нисбат ба ин муаллифи бароям ношинос гоибона дар дилам як эхтиром, як мухаббати шогирдона бедор гашта буд. Холо бошад, ана бо хамин одам паси як миз нишаста хурок мехурдам. Ачаб бомазза буд он руз таом. Ва сухбат шавковару халоватбахш. Бо вучуди мухтасарии сухбат рушании фикр, фарохии назар ва пахноии чахонбинии у баръало намоён буд. Аз лахзахои нахустин у ба ман маъкул шуд. Барои чи? Охир, у хануз ба ман ягон ёрие надодааст, ваъдае хам накардааст. Не, «кухи баландро паст накуну чорта сухани ширин гуй» – гуфтаанд. Вай хам аз кабили онхое буд, ки бо гапи нагз дили касро кух барин мебардошт, ба дили хар кас рох ёфта метавонист. Дил намехост, ки хуроки пешин тамом шаваду риштаи сухбат бурида гардад. Вале хайхот, ки хама чиз охир дорад. Ва мо хам ру ба кафо ниходем. Ва акнун намехостам, ки рох хотима ёбад.

– Инсон як бор ба дунё меояд, – хар як суханашро гуё баркашида мегуфт у. – Бинобар ин умрро ганимат донистан лозим. Онро бо хобу хур сарф кардан гунох аст. Умри худро бо эчоду бунёдкори бояд бахшид. Одам бо осори худ, бо эчоди худ асрхо дар ёди мардум мемонад. Хакикат хамин аст.

Ман дахонамро баста гушхоямро во карда  будам.

– Ё ба суханхои ман рози нести?

– Хак, – чидди гуфтам, ман, зеро хис кардам, ки суханахои у руяки набуда, садокат ва мухаббати бепоёни у нисбат ба касб ва одамон аст.

Мо тез ба бинои рузнома расидем. У дастамро бародарвор фишурда табассумкунон гуфт:

– Ба назди мо хам биё, лекин дасти холи не…

Ва инак аз он руз бисту се сол сипари гашт. Ва тули хамаи ин солхо мо ба якдигар – у хамчун устоду ман шогирд  содик мондем. Ва боз ин солхо собит намуданд, ки у саропо дил аст ва ин дил лабрези шафкат, мухаббат, гамхори нисбат ба инсон аст. Ва у вокеан хам барои ман як равзане, як дарича, як пайрохаи наве ба суи шохрохи инсониву одамгари буд.

Даме бекор надидаам уро. Доим дар такопу. Барои у мафхумхои «рузи истирохат» ё «охири рузи кори» ва ё «дами бегам» вучуд надорад. «Не» – ро намедонад. Каламро хам хеч гох аз даст рахо намекунад.

– Ин яроки ман аст. Агара он кор накунад, занг мезанад.

Беягон муболига гуфта метавонам, ки ин шохбайти шоири шахир Эрач Мирзо шиори уст:

Рузе, ки дар он накардаи кор,

Он руз зи умри хеш машмор!

Вай дар мавзуъхои «баланд» сухбат карданро намеписандад. Чизхои одди, хакики, самимиро дуст медорад.

Борхо шунидаам, ки у боифтихор «Ман журналист!» гуфтааст. Бале, у журналистикаро дуст медорад ва аз хама мукаддас медонад.

– Медони, ки имруз ба кишвари мо журналистони хакикатпараст чи андоза заруранд! Бе хакикат давлат ба мисли биное, ки аз хишти пурнуксон сохта шуда бошад, вайрон шуда меравад!

Ва андухи сахте ба чашмонаш соя мепартояд. Ба андеша меравад. Пасон лаб ба сухан во намуда, бо алам мегуяд:

– Журналист як пули сиёх кадр надорад, мефахми?! Як пули сиёх! Бенаво аст у, бенаво! Медони, хар вакте ки бо журналисте ру ба ру мешавам, дар назди у худро нохинчор хис мекунам, гумон мекунам, ки ба ин бенавоии у ман хам айбдорам хастам.

У хомуш мегардад, чашмонаш намнок мешаванд.

Ва боз уро савори саманди андух мебинам.

– Мухити адаби танг. Ва адибон худ ба худ печидаанд. Гуё дар миёни куххо садо мекунанду ба чуз садои хеш садое намешунаванд. Ин мухит калами адибро ё кунд мекунад ё  мешиканад. Ба кадри калам намерасем.

У худ кадршинос аст. Ба кадри нону намак, ба кадри одам мерасад.

Вай дар 28–солаги сарвари коллективи рузномаи бонуфузи чумхури –  «Комсомолии Точикистон» гашт. Дар чамъомади нахустин гуфт:

– Рузномаро оинаи хаёт мегуянд…

Касе лукма партофт, ки:

– Э, хамин кадар гуфтаанд, ки!

– Бале! –  гуфт у, –  ба дарачае гуфтаанд, ки ин мафхум забонзада шудааст. Вале ин хакикати бебахс аст. Ин оина зиндагии моро хамон тавре, ки дар асл хаст, бояд инъикос намояд. На каму на беш. Агар аз ухдаи хамин кор бароем, сухани рузномаамон кадру кимате пайдо мекунад.

Ва у тавонист, ки кадру кимати рузномаи «Комсомолии Точикистон»– ро ба осмони хафтум барорад.

Дида ва шунидаам, ки бисёрихо «гапи калон гап» мегуянд. Агар аз «боло» ишораа шавад, даст ба сари сина монда «хуб» мегуянд. Як шиноси бебок доштам. Чи шуду чи монд, ки ба катори «хуб» –  гуякон даромада монд. Ба як дустам таклиф кардам, ки биё уро аз ин варта рахонем. Вай охи сард кашида гуфт, ки:

– Дигар аз вай  бебок сохтан корест мушкил.

– Барои чи?

– Чашмаш сахт тарсидааст.

Вале чашми Ато Хамдам, харчанд, ки уро тахдид карданду азият доданд, натарсид. У гапи худро дошт ва дорад. Ва ин гап хакикат  аст. Ва беихтиёр суханони Арасту ба хотир меояд, ки гуфта: «Афлотун дусти ман аст, вале хакикат гиромитар».

Дар муддати ин бисту се сол ягон бор нашунидаам, ки у касеро гайбат карда бошад.

– Ба гайбат вакт надорам, –  мегуяд у бо табассум.

Бале, вакт надорад. Мехонад. Меомузад. Менависад. Ёри мерасонад. Неки мекунад. Оиларо сарпарасти, фарзандонро тарбия мекунад.

Агар дар хузураш касеро маломат кунед, вай зуд тарафи он касро мегирад:

– Ин хел нагуед. Вай чавон аст. Чавони бе сахвхо, бе хатохо, бе афтоданду хестанхо намешавад.

Вай дар давоми фаъолияти мехнатиаш вазифахои бисёр масъулу калонро дар ухда дошт, вале доим дар сурати аслии хеш монд. Вакте ки у вазири маданият шуда кор мекард, аз Саиди Сиддик мепурсидам, ки:

– Ато читу?

У фавран посух медод, ки:

– ­­Хамон Ато.

Вакте ки у вазир буд, ба хонаи Асли Бурхонов меравад. Хунарвари нобино чун уро мешиносад, худро зери пояш андохта ба гиря медарояд ва мегуяд:

– Наход вазир ба аёдати ман омад?…

Бо ташвику хидояти Ато Хамдам ман ба Рогун сафар кардам ва як силсила очеркхо навиштам, ки хамаи онхо дар рузномаи «Комсомолии Точикистон»  ба табъ расиданд. Очерки «Кухнавард» бошад, лауреати рузнома гашт.

– Диди, –  гуфт у, –  чабри ман чи хосил овард. Барои ин ана як пиёла чой ба ту.

– Чи хубе як кадах мешуд.

– То зиндаам, ба ту кадах нахохам дод!

Ана хамин хел гарму чушон, чидди, аз симими дил гап зад ва ногох хандид. Ва аз ин ханда хис кардам, ки у кадри сухан, кадри умеду орзуро нагз медонад. Ва аз он ханда боз як назокати мехрубононае хувайдо буд.

Соли 1985 мачмуаи очеркхоям «Боги падар» ба чоп тавсия шуд. Ва ман болу пар бароварда ба  нашриёти «Ирфон» рафтам. Вале дар он чо болу парамро шикастанд.

– Сарсухан лозим. Бе сарсухан чоп намекунем. Вакт кам. То охири хафта набиёри, тамом.

Хуш аз сарам парид. О, ин кадар мехнату захматам як пул мешавад–ку.

– Ки бояд нависад?

– Очеркист.

– Ато Хамдам мешавад?

– Мешавад.

Чаро Ато Хамдам ба ёд омад? Шояд аз он ки дил бовари дошт, ки у не намегуяд. Ва хато накард.

– Ман нанависам, ки менависад, – гуфт у ва ба серкориаш нигох накарда, дар як руз навишта дод.

Онро пурра меорам: «Дар хотир дорам. Ба кор мерафтем. Радио хулосаи рузномаи «Точикистони совети»–ро медод. «… Дар сахифаи ду лавхаи Шерали Мусоев «Навчу» ба табъ расидааст»…

– Ин кадар сермахсул аст ин бача. Хар руз як чиз чоп мекунад, – гуфт ронанда. – Гайр аз навиштан дигар кор надошта бошад.

– Кор дорад, кораш бисёр. Вай инженерии дипломдор, парторги заводи калон аст, –  гуфтам ман.

– Инженер? – ронанда бо тахаюр чониби ман руй гардонд.

Бале, Шерали Мусоев инженер аст. У солхои студенти институти политехники Точикистон буданаш хаваси навиштан дошт. Фелетону хикояхояш дар рузномаи «Пионери Точикистон» ва мачаллаи «Машъал» чоп мешуданд. Соли 1973 пас аз хатми институт уро ба заводи «Точикгидроагрегат» роххат доданд. Корро аз устои одди сар карда, то ба котиби комитети партиявии завод расид. Кор дар завод ба у  имконият дод, ки ба хаёти коргарон аз наздик шинос шуда, дар навиштахояш аз кору бори онхо хикоят намояд. Тавассути рузномахои «Точикистони совети» ва «Комсомолии Точикистон» макола, лавха ва очеркхояш пешкаши хонандагон гардидааст.

Хело хуб аст, ки Шерали Мусоев мавзуи шинос ва ба дил наздик интихоб кардааст. Ва ба он содик аст. Мавзуи асосии очеркхояш чахони маънавии коргар аст. Кахрамонхояш барои ёфтани мавкеъ  ва чои худ дар зиндаги такопу мекунанд. Дар ин чустучуйхо вай баъзан пешпо мехурад, вале ноумед намешавад. Бовари аз худ уро кувва ва умед мебахшад.

Мехнат мазмун ва маънии хаёти онхост. Аз ин ру сохиби обуруву эхтиром гардида, намунаи дигаронанд. Чуръати муаллифро дар бобати реалистона тасвир намудани хаёти  коргари имруза метавон табрик кард.

Бисёр очеркхои Шерали Мусоев дар мачмуахои коллективона чоп шудаанд. Соли 1983 бошад китобаш «Асоси галабахои мехнати» ба табъ расид, ки дар он аз кору бори гулхои мехнати заводи «Точикгидроагрегат» накл карда мешавад.

Соли 1984 барои очерки «Кухнавард» ба гирифтани лауреати рузномаи «Комсомолии Точикистон» ноил  гардид. Шерали чавон аст. Мехнати босуботаш бо ордени «Нишони фахри» ва нишони КМ ВЛКСМ «Барои кори фаъолона дар комсомол» кадр карда шудааст.

Шерали Мусоев, ки ба кори душвор камар бастааст, саъй дорад, ба дили хонандагони худ рох ёбад. Вай худкор ва худомуз аст. Аз ин ру очеркхояш аз нуксон  холи нестанд. Аминем, ки бахри бартараф кардани он гайрат мекунад. Охир «кори неку кардан аз пур кардан аст» гуфтаанд.

Дар равнаки жанри очерк, барори кор Шерали!»

Соли 1991 аввалин тавсияномаро хам ба аъзогии Иттифоки нависандагон ба ман Ато Хамдам дод.

– Аз мардум некихои бисёре дидаам, –  борхо шунидаем аз забони у.

У худ, ки нек аст, неки мебинад. Ба садхо кас неки кардааст. Аммо хеч гох  ва дар хеч кучо лоф назадааст. Ва у ин панди Соиби бузургворро маромнома карор додааст:

Гар сухан кайфияте дорад, сироят мекунад,

Хеч айб ахли маъниро бадтар аз лоф нест.

Боре як хикояи Адаш Истадро, ки «Лухтаки зинда»  ном дошт мачаллаи «Садои Шарк» ба сабаби шубхаи идеологи чоп кардан нахост. Инро ба ёд  оварда Адаш Истад чунин менависад: «Ман аз дари Иттифоки нависандагон баромада, рост ба назди мухаррири «Комсомолии Точикистон» Ато Хамдам рафтам, ки дар чопи хикояхои кадучадори ман бим надошт ва у боз як чавонмарди нишон дода, хикояро дарзамон «ба номер» чой кард.

Шогирди Ато Хамдам Абдуфаттох Вохидов дар мусохиба ба шорехи «Чароги руз» Саиди Сиддик чунин гуфт: «Аз Ато Хамдам чуяндаги омухтаам».

Худи Саиди Сиддик чунин мегуяд:

– Олим шудан осон, вале одам шудан мушкил. Ато Хамдам одам аст.

Шогирди дигари Ато Хамдам Хакимали Назарали мегуяд, ки:

– У оши халол мехурад.

Бисёр рузноманигорону адибон уро «Устод» мегуянд. Ана ин аст мукофоти арзандаи амал! Ана ин аст мукофоте, ки кас ба хикмати «Гар бар сари нафси худ амири марди, бар куру кар ар нукта нагири, марди, марди набувад фитодаро пой задан, гар дасти фитодае бигири, марди!» сахт амал мекунад. Дар соядасти китобаш «Рохи дилхо», ки ба ман тухфа кардааст чунин суханон хаст: «Зихи Дусти! Зихи Дустон!»

Ва ман мегуям, ки:

– Зихи марди нек!

26 феврали соли 1998

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …