Главная / Чамъият / МУКОФОТХОИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН -КОНУНИ ЧТ

МУКОФОТХОИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН -КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУКОФОТХОИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 1)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба сарфарозгардони бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон танзим намуда, асосхои сарфароз гардонидан бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон, низоми мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон, имтиёз, хукук ва ухдадорихои шахсони бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфарозгардидаро муайян менамояд.

mukofothoi-davlatii-tojikiston

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхум ва низоми мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон

  1. Мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон шакли олии хавасмандгардонии шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи, шахсони бешахрванд ва эътирофи хизматхояшон дар назди Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Ба низоми мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

– мукофоти оли – унвони Кахрамони Точикистон;

– орденхои Чумхурии Точикистон;

– медалхои Чумхурии Точикистон;

– унвонхои фахрии Чумхурии Точикистон;

– Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мукофотхои давлатии

                      Чумхурии Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Тасвири мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон

Тасвири мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

Моддаи 4. Шахсони бо мукофотхои давлати сарфарозшаванда

  1. Бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд сарфароз гардонида мешаванд.
  2. Шахс бо мукофоти давлати мумкин аст баъд аз вафот низ сарфароз гардонида шавад.
  3. Дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур мумкин аст хайати кормандон ва ё шахси хукуки бо мукофоти давлати сарфароз гардонида шавад.

Моддаи 5. Сарфарозгардони бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон

  1. Сарфарозгардони бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон дар вазъияти тантанави аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд барои сарфароз гардонидан бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукарраргардида аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд.
  3. Шахс бо як намуди мукофоти давлати, ба гайр аз мукофотхои давлатие, ки дорои дарача мебошанд, такроран сарфароз гардонида намешавад.
  4. Хангоми сарфарозгардони бо мукофоти давлати намуди мукофоти давлати вобаста ба хусусият ва дарачаи хизмати шахс муайян карда мешавад.
  5. Хангоми сарфарозгардони бо орденхо дарачаи орден аз руи вазъи чамъиятию сиёси ва шахрвандии шахси сарфарозшаванда муайян карда мешавад.
  6. Президенти Чумхурии Точикистон бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон дар чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида мешавад.
  7. Тартиби пешниход намудани шахс барои гирифтани мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон, супоридан, овехта гаштан, нигох доштан ва додани нусхаи дуюми онхо, инчунин намунаи хуччатхои тасдиккунандаи мансубияти онхо ба мукофотхои давлати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 6. Фосила барои сарфарозгардони бо мукофотхои давлатии  Чумхурии Точикистон

Пешниход намудани шахс барои сарфароз намудан бо мукофоти давлатии навбати барои хизматхои нав, ба истиснои холатхое, ки ба зохир намудани шучоат, мардонаги, диловари ва хизматхои махсус дар назди Ватан вобаста аст, баъд аз 5 соли сарфарозгардонии пештара мумкин аст.

Моддаи 7. Комиссияи назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба мукофотхои давлати

  1. Барои баррасии пешаки ва тахияи пешниходхо оид ба сарфарозгардонии шахсон бо мукофотхои давлати Комиссияи назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба мукофотхои давлати таъсис дода мешавад.
  2. Хайат ва низомномаи Комиссияи назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба мукофотхои давлати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

 

БОБИ 2. НАМУДХОИ МУКОФОТХОИ

ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

 Моддаи 8. Намудхои мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон

  1. Дар Чумхурии Точикистон мукофотхои давлатии зерин мукаррар гардидаанд:

– мукофоти оли – унвони Кахрамони Точикистон;

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи I;

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II;

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III;

– ордени Зарринточ дарачаи I;

– ордени Зарринточ дарачаи II;

– ордени Зарринточ дарачаи III;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи I;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи II;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи III;

– ордени «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон»;

– ордени Дусти;

– ордени Спитамен дарачаи I;

– ордени Спитамен дарачаи II;

– ордени Шараф дарачаи I;

– ордени Шараф дарачаи II;

– медали Часорат;

– медали Хизмати шоиста;

– медали Шафкат;

– медали Марзбони шучои Точикистон;

– унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халкии Точикистон;

– унвони фахрии Хунарпешаи халкии Точикистон;

– унвони фахрии Хофизи халкии Точикистон;

– унвони фахрии Рассоми халкии Точикистон;

– унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Точикистон;

– унвони фахрии Арбоби хунари Точикистон;

– унвони фахрии Хунарпешаи шоистаи Точикистон;

– унвони фахрии Корманди шоистаи Точикистон;

– унвони фахрии Донори ифтихории Точикистон;

– Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон.

  1. Ба намудхои мукофотхои давлати хамчунин медалхои чашни, ки аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик карда шудаанд, дохил мешаванд.
  2. Мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон бо забони давлати номгузори мешаванд.

 Моддаи 9. Мукофоти оли – унвони Кахрамони Точикистон

  1. Бо мукофоти оли – унвони Кахрамони Точикистон шахрванди Чумхурии Точикистон барои хизматхо дар назди давлат ва халк, ки дар нишон додани кахрамони, корнамоихои чанги ва мехнати бахри озоди, истиклолият ва шукуфоии Чумхурии Точикистон зохир мегардад, сарфароз гардонида мешавад.
  2. Ба шахсе, ки бо унвони Кахрамони Точикистон сарфароз гардидааст, нишони махсуси корнамои – ситораи тиллоии Кахрамони Точикистон супорида мешавад, ки он бо тасма дар тарафи чапи сина аз болои дигар мукофотхои давлати овехта мешавад.

Моддаи 10. Ордени Ситораи Президенти Точикистон

  1. Бо ордени Ситораи Президенти Точикистон ходими давлатию сиёси, дигар шахсон барои хизматхои махсусан бузург дар назди халки Точикистон, пойдории сулх ва рушди давлатдории точикон, барои хизматхои махсусан мухим дар фаъолияти давлати ва чамъиятию сиёси, ки ба баланд бардоштани обруи байналмилалии Точикистон мусоидат менамоянд, барои комёбихои бузурги сохахои иктисоди, ичтимои, илму фарханг, рушди чомеа ва пешрафти ичтимои, барои хизматхои беназир ва ватандусти сарфароз гардонида мешаванд.
  2. Ордени Ситораи Президенти Точикистон дорои дарачахои зерин мебошад:

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи I;

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II;

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III.

  1. Аз руи дарача ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардони бо тартиби пайдархами – ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III, II ва I амали карда мешавад.
  2. Ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  3. Бо ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи I сарфароз гардонида мешаванд:

– рохбарони давлатхо, хукуматхо ва парламентхои давлатхои хоричи;

– рохбарони макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва судии Чумхурии Точикистон;

– шахсе, ки мансаби давлатии хокимияти давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва вазъи хукукиаш бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад;

– шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва у чун коида бо ордени Зарринточ дарачаи I ё ордени Исмоили Сомони дарачаи I ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II мукофотонида шудааст;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо ордени Зарринточ дарачаи I ё ордени Исмоили Сомони дарачаи I ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II мукофотонида шудаанд.

  1. Ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II дорои нишон буда, онро мардхо бо тасма дар гардан ва занхо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.
  2. Бо ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II сарфароз гардонида мешаванд:

– рохбарони вазорату идорахо ва  сафирони давлатхои хоричи;

– рохбарони намояндагихои ташкилотхои минтакави ва дигар ташкилотхои байналмилали;

– шахсе, ки мансаби давлатии хокимияти давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва вазъи хукукиаш бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад;

– шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва чун коида бо ордени Зарринточ дарачаи II ё ордени Исмоили Сомони дарачаи II ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III мукофотонида шудааст;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо ордени Зарринточ дарачаи II ё ордени Исмоили Сомони дарачаи II ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III мукофотонида шудаанд.

  1. Ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  2. Бо ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III сарфароз гардонида мешаванд:

– шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо ордени Зарринточ дарачаи III ё ордени Исмоили Сомони дарачаи III ё ордени Дусти мукофотонида шудаанд.

Моддаи 11. Ордени Зарринточ

  1. Бо ордени Зарринточ ходимони давлатию чамъияти ва дигар шахрвандон барои хизматхои бузург дар назди давлат, фаъолияти босамари давлати ва чамъиятию сиёси, барои сахми шоиста чихати татбик намудани ислохоти демократи ва иктисоди, рушди илм ва фарханг, барои хизматхои махсус дар хифзи Ватан, барои фидокори ва шучоати шахрванди дар истикрори сулх, устувори ва тахкими давлатдории точикон сарфароз гардонида мешаванд.
  2. Ордени Зарринточ дорои дарачахои зерин мебошад:

– ордени Зарринточ дарачаи I;

– ордени Зарринточ дарачаи II;

– ордени Зарринточ дарачаи III.

  1. Аз руи дарача ордени Зарринточ дарачаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардони бо тартиби пайдархами – ордени Зарринточ дарачаи III, II ва I амали карда мешавад.
  2. Ордени Зарринточ дарачаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  3. Бо ордени Зарринточ дарачаи I сарфароз гардонида мешаванд:

– рохбарони давлатхо, хукуматхо ва парламентхои давлатхои хоричи;

– рохбарони вазорату идорахои давлатхои хоричи;

– рохбарони намояндагихои ташкилотхои минтакави ва дигар ташкилотхои байналмилали;

– рохбарони макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва судии Чумхурии Точикистон;

– шахсе, ки мансаби давлатии хокимияти давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва вазъи хукукиаш бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад;

– шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва чун коида бо ордени Исмоили Сомони дарачаи I ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II ё ордени Зарринточ дарачаи II мукофотонида шудааст;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо ордени Исмоили Сомони дарачаи I ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II ё ордени Зарринточ дарачаи II мукофотонида шудаанд.

  1. Ордени Зарринточ дарачаи II дорои нишон буда, онро мардхо бо тасма дар гардан ва занхо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.
  2. Бо ордени Зарринточ дарачаи II сарфароз гардонида мешаванд:

– шахсе, ки мансаби давлатии хокимияти давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва вазъи хукукиаш бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад;

– шахсе, ки мансабхои сиёси ва категорияи олии маъмурии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва чун коида бо ордени Исмоили Сомони дарачаи II ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III ё ордени Зарринточ дарачаи III мукофотонида шудааст;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо ордени Исмоили Сомони дарачаи II ё ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III ё ордени Зарринточ дарачаи III мукофотонида шудаанд.

  1. Ордени Зарринточ дарачаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  2. Бо ордени Зарринточ дарачаи III сарфароз гардонида мешаванд:

– шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо на камтар аз ду орден ё медал ва унвони фахри мукофотонида шудаанд.

Моддаи 12. Ордени Исмоили Сомони

  1. Бо ордени Исмоили Сомони арбоби давлатию чамъияти, ходими илму фарханг ва дигар шахрвандон барои дастовардхои мехнати, сахми бузург дар пойдории давлат, муваффакиятхои бузург дар хизмати харби, фаъолияти ичтимоию фарханги, чамъияти ва хайрхохона сарфароз гардонида мешаванд.
  2. Ордени Исмоили Сомони дорои дарачахои зерин мебошад:

– ордени Исмоили Сомони дарачаи I;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи II;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи III.

  1. Аз руи дарача ордени Исмоили Сомони дарачаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардони бо тартиби пайдархами – ордени Исмоили Сомони дарачаи III, II ва I амали карда мешавад.
  2. Ордени Исмоили Сомони дарачаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи тарафи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  3. Бо ордени Исмоили Сомони дарачаи I сарфароз гардонида мешаванд:

– рохбарони давлатхо, хукуматхо ва парламентхои давлатхои хоричи;

– рохбарони вазорату идорахо ва  сафирони давлатхои хоричи;

– рохбарони намояндагихои ташкилотхои минтакави ва дигар ташкилотхои байналмилали;

– рохбарони хокимияти конунгузор, ичроия ва судии Чумхурии Точикистон;

– шахсе, ки мансаби давлатии хокимияти давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва вазъи хукукиаш бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад;

– шахсе, ки мансабхои сиёси ва категорияи олии  маъмурии хизмати  давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва чун коида бо ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II ё ордени Зарринточ дарачаи II ё ордени Исмоили Сомони дарачаи II мукофотонида шудааст;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II ё ордени Зарринточ дарачаи II ё ордени Исмоили Сомони дарачаи II мукофотонида шудаанд.

  1. Ордени Исмоили Сомони дарачаи II дорои нишон буда, онро мардхо бо тасма дар гардан ва занхо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.
  2. Бо ордени Исмоили Сомони дарачаи II сарфароз гардонида мешаванд:

– шахсе, ки мансаби давлатии хокимияти давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва вазъи хукукиаш бо Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад;

– шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд ва чун коида бо ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III ё ордени Зарринточ дарачаи III ё ордени Исмоили Сомони дарачаи III мукофотонида шудааст;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III ё ордени Зарринточ дарачаи III ё ордени Исмоили Сомони дарачаи III мукофотонида шудаанд.

  1. Ордени Исмоили Сомони дарачаи III дорои нишон буда, он дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  2. Бо ордени Исмоили Сомони дарачаи III сарфароз гардонида мешаванд:

– шахсе, ки мансаби категорияи олии  маъмурии хизмати давлатиро дар Чумхурии Точикистон ишгол менамояд;

– дигар шахрвандони Чумхурии Точикистон барои дастовардхои нав, ки каблан бо дигар мукофоти давлатии Чумхурии Точикистон мукофотонида шудаанд.

Моддаи 13. Ордени «Пешвои миллат Эмомали Рахмон»

  1. Бо ордени «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон» шахс барои хизматхои шоён дар фаъолияти давлати ва чамъияти сарфароз гардонида мешавад.
  2. Ордени «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон» дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Моддаи 14. Ордени Дусти

  1. Бо ордени Дусти арбоби давлатию чамъияти, ходими илму фарханг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содикона ва пурмахсул чихати тахкими сулху дусти ва хамкории байни халкхо, хифзи хукуку озодихои инсон ва манфиатхои ичтимоии он, барои сахми арзандаи шахси дар рушд ва афзунгардонии иктидори маънави ва зехнии Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида мешаванд.
  2. Ордени Дусти бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Моддаи 15. Ордени Спитамен

  1. Бо ордени Спитамен корманди макомоти хифзи хукук, сохторхои харби ва амният барои корнамоихои махсус сарфароз гардонида мешавад.
  2. Ордени Спитамен дорои дарачахои зерин мебошад:

– ордени Спитамен дарачаи I;

– ордени Спитамен дарачаи II.

  1. Аз руи дарача ордени Спитамен дарачаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардони бо тартиби пайдархами – ордени Спитамен дарачаи II ва I сурат мегирад. Ордени Спитамен бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  2. Бо ордени Спитамен дарачаи I хайати афсарони олирутбаи харби ва хайати олии рохбарикунандаи макомоти хифзи хукук барои комёбихо дар рохбари ва идораи кушунхо, таъмини омодагии олии чангии онхо, ташкили хизмати аълои харби, марзбони ва дохили, таъмини кобилияти мудофиави, амнияти ва хифзи тартиботи чамъияти сарфароз гардонида мешаванд.
  3. Бо ордени Спитамен дарачаи II хизматчиёни харби аз чумлаи хайати афсарони калон ва хурд, хайати сержанти ва катори, хамчунин хайати рохбарикунандаи миёна ва хурди макомоти хифзи хукук барои корнамоихо дар мубориза бо чинояткори, холатхои фавкулода ва хангоми адои карзи харби ва хизмати сарфароз гардонида мешаванд.

Моддаи 16. Ордени Шараф

  1. Бо ордени Шараф шахс барои хизматхояш чихати рушди сохахои иктисоди, ичтимои, илм, фарханг ва маориф, хизмати давлати ва харбии намунави ва фаъолияти босамари чамъияти сарфароз гардонида мешавад.
  2. Ордени Шараф дорои дарачахои зерин мебошад:

– ордени Шараф дарачаи I;

– ордени Шараф дарачаи II.

  1. Аз руи дарача ордени Шараф дарачаи I эътибори баландтар дорад. Ордени Шараф бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Моддаи 17. Медали Часорат

Бо медали Часорат хизматчиёни харби, шахсони хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти хифзи хукук ва дигар шахсон барои часорату фидокори дар вазъияти чанги ва адои карзи харби, хизматию шахрванди, хифзи хукукхои конститутсионии шахрвандон дар вазъияти барои хаёт хатаровар, дар холатхои шадид, ки бо начоти хаёти инсон вобаста мебошад (хангоми гаркшави, сухтор, офатхои табии), сарфароз гардонида мешаванд.

Моддаи 18. Медали Хизмати шоиста

Бо медали Хизмати шоиста шахс барои комёбихои мехнати дар сохахои иктисоди, ичтимои, илм, фарханг ва маориф, барои комёбихо дар хизмати давлати, харби ва фаъолияти мехнати дар макомоти хифзи хукук сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 19. Медали Шафкат

Бо медали Шафкат шахс барои гайрат ва фаъолияти пурмахсули хайрхохона ва эхсону шафкат, барои муваффакият дар хифзи саломатии ахоли ва расонидани ёрии тибби сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 20. Медали Марзбони шучои Точикистон

Бо медали Марзбони шучои Точикистон хизматчиёни харбии кушунхои сархади, дигар шахсон барои корнамоихо ва хизматхои махсус хангоми хифзи сархади давлатии Чумхурии Точикистон, барои часорату фидокори, хушёри ва ташаббускори хангоми боздоштани вайронкунандагони сархади давлати, барои кумаки фаъолона ба кушунхои сархади дар хифзи сархади давлати сарфароз гардонида мешаванд.

Моддаи 21. Медалхои чашни

  1. Ба муносибати тантанавор чашн гирифтани руйдоде, ки барои мардуми Точикистон ахамияти махсус дорад, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон метавонад медали чашни тасдик намояд.
  2. Бо медали чашни шахс барои хизматхо дар пойдории давлатдории Точикистон, татбики дигаргунсозихои демократи, ислохоти иктисоди ва сиёси дар хаёт, барои комёбихо дар рушди фарханги милли ва санъат, дастовардхои мехнати дар фаъолияти давлати, илмию тадкикоти, чамъияти ва хайрхохона бо тартиби мукарраргардида сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 22. Унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халкии Точикистон

Бо унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халкии Точикистон нависанда ва шоир барои хизматхои махсус дар рушди адабиёти точик ва адабиёти дигар миллатхо, офаридани асархои барчастаи пурмазмуни бадеии сазовори эътирофи умумгардида, ки чун коида мукофоти давлатии Чумхурии Точикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 23. Унвони фахрии Хунарпешаи халкии Точикистон

Бо унвони фахрии Хунарпешаи халкии Точикистон шахсе, ки дар рушди санъати театри, мусики, кино ва сирки Точикистон сахми арзанда гузоштааст ва чун коида баъд аз 5 соли гирифтани унвони фахрии Хунарпешаи шоистаи Точикистон сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 24. Унвони фахрии Хофизи халкии Точикистон

Бо унвони фахрии Хофизи халкии Точикистон ичрокунандаи барчастаи сурудхои халки ва классики, ки махорати баланди овозхони дошта, дар рушди санъати Точикистон хизмати сазовор кардааст ва чун коида мукофоти давлатии Чумхурии Точикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 25. Унвони фахрии Рассоми халкии Точикистон

Бо унвони фахрии Рассоми халкии Точикистон ходими барчастаи санъати тасвири барои офаридани асархои баландмазмуни наккоши, хайкалтароши, графики, монументали, ороиши амали, ороиши намоишномахои театри, кино ва филмхои телевизиони, инчунин шахсе, ки ба хазинаи санъати милли ва дар тарбияи рассомони чавон сахми арзанда гузошта, чун коида мукофоти давлатии Чумхурии Точикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 26. Унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Точикистон

Бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Точикистон мухандиси олим ва корманди илмию омузгории барчастаи дорои унвони илмии доктори илм ва ё на камтар аз 20 сол аз руи ихтисос фаъолиятнамуда барои кашфиёти илми ва илмию техники ва корхои илмии дорои ахамияти назарияви ва амали, ки ба суръатбахшии пешрафти илмию техники, рушди ичтимоию иктисоди ва фархангии чумхури мусоидат менамоянд, барои хизматхо дар тахияи самтхои афзалиятноки илм ва техника, тарбия ва омода намудани кадрхои илми сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 27. Унвони фахрии Арбоби хунари Точикистон

Бо унвони фахрии Арбоби хунари Точикистон режиссёр, дирижёр, бастакор, рассом, хайкалтарош, дизайнер, драманавис ва дигар ходими санъат барои офариниши асархои баландмазмуни бадеи, спектаклхо, барномахои консерти, барои хизматхо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрхои эчоди, офаридани асархои илми, ки дар сохаи санъат аз руи ихтисос 15 сол ва зиёда аз он фаъолият кардааст ва чун коида мукофоти давлатии Чумхурии Точикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 28. Унвони фахрии Хунарпешаи шоистаи Точикистон

Бо унвони фахрии Хунарпешаи шоистаи Точикистон хунарпеша, режиссёр, дирижёр, консертмейстер, балетмейстер, корманди эчодии театр, кино, телевизиону радио, филармония, сирку ансамбл, дастаи хунари, мутрибе, ки махорати баланди ичрокунандаги дошта, дар рушди санъати Точикистон ва дар тарбияи насли эчодкор сахми арзанда гузошта, аз руи ихтисос 15 сол ва зиёда аз он фаъолият кардааст ва чун коида мукофоти давлатии Чумхурии Точикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 29. Унвони фахрии Корманди шоистаи Точикистон

Бо унвони фахрии Корманди шоистаи Точикистон корманди истехсолоти модди ва сохахои хукук, иктисоди, ичтимои, илм, фарханг, маориф, воситахои ахбори омма, хизмати давлати, ки ба натичахои баланди мехнати ноил гардида, дар сохаи худ 15 сол ва зиёда аз он фаъолият намудааст ва чун коида мукофоти давлатии Чумхурии Точикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 30. Унвони фахрии Донори ифтихории Точикистон

Бо унвони фахрии Донори ифтихории Точикистон шахс бо асосхои пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи донории хун ва чузъхои он» сарфароз гардонида мешавад.

Моддаи 31. Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон

  1. Бо Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон шахс барои дастовардхои назаррас дар сохахои иктисоди, ичтимои, илм, фарханг, маориф, хизмати давлати ва фаъолияти чамъияти сарфароз гардонида мешавад.
  2. Бо Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон, инчунин хайати кормандони ташкилоти алохида вобаста ба руйдоди мухими фаъолият ва барои комёбихои бузургашон дар фаъолияти мехнатию хизмати, хамчунин хайати эчоди, ки барои тахкими робитахои фарханги, дусти ва хамкории байни халкхо сахми босазо гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.

Моддаи 32. Тартиби овехтани нишони синагии медалхо ва унвонхои фахрии Чумхурии Точикистон

  1. Ба шахсе, ки сазовори медали Чумхурии Точикистон гаштааст, нишони синаги супорида мешавад. Нишони синаги бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
  2. Ба шахсе, ки сазовори унвони фахрии Чумхурии Точикистон гаштааст, нишони синаги супорида мешавад. Нишони синаги бо тасма дар тарафи рости сина овехта мешавад.

 

БОБИ 3. ИМТИЁЗ, ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ШАХСОНИ БО МУКОФОТХОИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН САРФАРОЗГАРДИДА

 

Моддаи 33. Имтиёзхои шахсоне, ки бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон  сарфароз гардонида шудаанд

  1. Шахсоне, ки бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида шудаанд, хукук доранд аз имтиёзхои пешбининамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода намоянд.
  2. Ба шахсе, ки сазовори унвони Кахрамони Точикистон гардидааст, имтиёзхои зерин кафолат дода мешавад:

– иловапулии хармоха ба нафакае, ки барояш таъин шудааст, ба андозаи 100 фоиз;

– мутобики меъёрхои мукарраргардида дар навбати аввал бо манзил таъмин кардан;

– пардохти хакки манзили истикомати, ки у ва аъзои оилааш дар он зиндаги менамоянд, инчунин пардохти хизматрасонии коммунали ба андозаи 50 фоиз;

– дар мавриди эхтиёч доштан ба табобати осоишгохи муоличави хар сол додани роххати ройгон ба осоишгох ва ё хонахои истирохати;

– як маротиба дар як сол дар худуди Чумхурии Точикистон рафтуомади ройгон тавассути наклиёти рохи охан, хавои ё байнишахри;

– истифодаи ройгон аз наклиёти дохилишахри ва наздишахри (ба гайр аз такси), дар махалхо аз наклиёти хатсайри дохили.

  1. Ба шахсе, ки бо орден ва унвонхои фахрии Чумхурии Точикистон сарфароз гардидааст, новобаста аз дигар иловапулихо ба нафака, дар хачми зерин иловапулии хармоха ба нафакае, ки барояш таъин шудааст, пардохт мешавад:

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи I – 50 фоиз;

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи II – 40 фоиз;

– ордени Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III – 30 фоиз;

– ордени Зарринточ дарачаи I – 40 фоиз;

– ордени Зарринточ дарачаи II – 30 фоиз;

– ордени Зарринточ дарачаи III – 20 фоиз;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи I – 35 фоиз;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи II – 25 фоиз;

– ордени Исмоили Сомони дарачаи III – 15 фоиз;

– ордени «Пешвои миллат – Эмомали Рахмон» – 15 фоиз;

– унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халкии Точикистон – 20 фоиз;

– унвони фахрии Хунарпешаи халкии Точикистон – 20 фоиз;

– унвони фахрии Хофизи халкии Точикистон – 20 фоиз;

– унвони фахрии Рассоми халкии Точикистон – 20 фоиз;

– унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Точикистон – 20 фоиз;

– унвони фахрии Арбоби хунари Точикистон – 20 фоиз;

– унвони фахрии Хунарпешаи шоистаи Точикистон – 15 фоиз;

– унвони фахрии Корманди шоистаи Точикистон – 20 фоиз;

– унвони фахрии Донори ифтихории Точикистон – 10 фоиз.

  1. Иловапули ба нафакаи таъиншуда танхо ба шахрвандони Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  2. Дар сурати бо ду мукофоти давлати ва зиёда аз он сарфароз гардидани шахс, ки онхо иловапулихоро ба нафака пешбини менамоянд, ба у иловапулии андозааш зиёдтар дода мешавад.
  3. Харочот вобаста ба имтиёзхое, ки Конуни мазкур барои шахсони бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфарозгардида пешбини намудааст, аз хисоби бучети давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.

Моддаи 34. Нигохдори ва додани нусхаи дуюми мукофотхои давлатии  Чумхурии Точикистон

  1. Шахси бо мукофоти давлатии Чумхурии Точикистон сарфарозгардида бояд мукофоти ба у додашударо эхтиёт намуда, дар холати хуб нигох дорад.
  2. Хангоми гум кардани ситораи тиллоии Кахрамони Точикистон, орденхо, медалхо, дигар нишонхои махсус ва хуччатхои онхо, инчунин Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон шахси мукофотонидашуда хукуки худро ба мукофот нигох медорад.
  3. Нусхаи дуюми ситораи тиллоии Кахрамони Точикистон, орденхо, медалхо, дигар нишонхои махсус ва хуччатхои гумшудаи онхо, инчунин Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон дода намешавад. Танхо дар холатхои истиснои бо карори Комиссияи назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба мукофотхои давлати дар мавридхои гум шудани ситораи тиллоии Кахрамони Точикистон, орденхо, медалхо, дигар нишонхои махсус ва хуччатхои онхо, инчунин Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон дар натичаи сухтор, заминларза, дигар офатхои табии ва холатхои фавкулода мумкин аст нусхаи дуюми онхо дода шаванд.
  4. Дар дигар холатхои гум шудани мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон маълумотнома дар бораи сарфарозгардони бо мукофотхои давлати дода мешавад.

Моддаи 35. Тартиби нигохдории мукофотхои давлатии шахсони фавтида

  1. Мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон пас аз вафоти шахси бо ин мукофотхо сарфарозшуда ба ворисонаш барои хотира мемонанд.
  2. Бо ризоияти ворисони шахси фавтида мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон метавонанд ба осорхонахои давлатии Чумхурии Точикистон барои нигохдори ва намоиш супорида шаванд.
  3. Агар шахси мукофотонидашуда ворис надошта бошад, мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон ба давлат баргардонида мешаванд.

 

БОБИ 4. МАХРУМ НАМУДАН АЗ МУКОФОТХОИ ДАВЛАТИ ВА БАРКАРОР НАМУДАНИ МУКОФОТХОИ ДАВЛАТИ 

Моддаи 36. Махрум намудан аз мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон

  1. Махрум намудани шахс аз мукофоти давлатии Чумхурии Точикистон мувофики тартиби пешбининамудаи Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз чониби суд амали карда мешавад.
  2. Мукофотхои давлати ва хуччатхои онхо баъд аз эътибори конуни пайдо кардани хукми суд ба Комиссияи назди Президенти Чумхурии Точикистон оид ба мукофотхои давлати баргардонида мешаванд.

Моддаи 37. Баркарор намудани хукук ба мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон

  1. Хукук ба мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон, ки шахс аз онхо махрум карда шудааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон баркарор карда мешавад.
  2. Баъд аз кабули санади хукуки дар бораи баркарор намудани хукуки шахс ба мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон ин мукофотхои давлати ба шахси сарфарозшуда ва дар мавриди фавти у ба ворисонаш баргардонида мешаванд.

Моддаи 38. Баровардани мукофотхои давлати берун аз худуди Чумхурии Точикистон

  1. Шахси бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфарозшуда хангоми берун рафтан аз худуди Чумхурии Точикистон хукук дорад мукофотхои давлатии ба у тааллукдоштаро бо худ барад.
  2. Ворисони шахси фавтидаи бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфарозшуда хукук доранд танхо хуччат дар бораи бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфароз гардонидани уро берун аз худуди Чумхурии Точикистон бо худ баранд. 

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 39. Мукаррароти интиколи

  1. Мукофотхои давлатии Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон, Иттифоки Чумхурихои Шуравии Сотсиалисти ва Чумхурии Точикистон, ки то эътибор пайдо кардани Конуни мазкур супорида шудаанд, эътироф гардида, шахси бо онхо сарфарозшуда хукук дорад аз имтиёзхои пешбининамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода намояд.
  2. Орденхои Ситораи Президенти Точикистон, Исмоили Сомони, Спитамен, Шараф ва унвони фахрии Хукукшиноси шоистаи Точикистон, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон то соли 2001 супорида шудаанд, мувофикан ба орденхои Ситораи Президенти Точикистон дарачаи III, Исмоили Сомони дарачаи I, Спитамен дарачаи II, Шараф дарачаи II ва унвони фахрии Корманди шоистаи Точикистон баробар хисобида мешаванд.

Моддаи 40. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 41. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 31 июли соли 2001 «Дар бораи мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2001, №7, мод. 514) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 42. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                  Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

№1378

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …