Главная / Чамъият / МУХОЧИРАТ

МУХОЧИРАТ

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУХОЧИРАТ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1999, №12, мод. 320; соли  2002, № 4, кисми 1, мод. 248; соли  2005, №12, мод. 657; соли 2008, №12, кисми 2, мод.1004; соли 2010, №1, мод. )

 Хамин конун муносибатхоро дар сохаи мухочирати ахоли танзим карда, асосхои хукуки, иктисоди ва ичтимоии равандхои мухочират, инчунин мухайё сохтани шароити зарурии хаётро дар махалли нав барои  шахси ва оилахое, ки ба Ватани ачдодии худ бармегарданд, муайян менамояд. (КЧТ аз 31.12.08с №470).

Сурати мухочирони мехнати
Сурати мухочирони мехнати

Моддаи 1. Мафхумхои асоси, ки дар хамин конун истифода мегарданд

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зайл истифода мегарданд:

-мухочират – чойивазкунии бебозгашт, муваккати, инчунин мавсимии шахси вокеи аз Чумхурии Точикистон ва ба Чумхурии Точикистон, инчунин вобаста ба тагйири махалли истикомат, кор, кучидани  шахси вокеи дар дохили Чумхурии Точикистон;

-мухочирати дохили – чойивазкунии бебозгашт, муваккати инчунин мавсимии  шахси вокеи дар дохили Чумхурии Точикистон;

-мухочири хоричи – шахрвандони хоричи ё шахси бешахрванди, ки ба Чумхурии Точикистон барои истикомати муваккати ё доими омадаанд;

-мухочирати хоричи – хичрати шахрвандони хоричи ё  шахси бешахрванди ба Чумхурии Точикистон барои истикомати муваккати ё доими;

-мухочирати оилавии хоричиён – хичрати гурухи хешовандон ба Чумхурии Точикистон барои истикомати муваккати ё доими;

-мухочирати коллективонаи хоричиён – муташаккилона ба Чумхурии Точикистон кучида омадани шахрвандони хоричи ва  шахси бешахрванди;

-мухочирони гайриконунии хоричи – шахрвандони хоричи ё шахси бешахрванди, ки мустакилона, бе ичозати дахлдори макомоти ваколатдор ба каламрави Чумхурии Точикистон омадаанд ё онро бо рохи фиреб гирифтаанд, инчунин ба каламрави Чумхурии Точикистон дар асоси ичозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани мухлати будубош тарк накардаанд; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

-мухочирати мехнати ба хорича – сафари ихтиёрии конунии шахрвандони ба таври доими дар каламрави Чумхурии Точикистон  сукунатдошта ба хоричи кишвар, инчунин сафари шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди ба таври доими берун аз худуди ЧумхурииТочикистон   сукунатдошта ба каламрави он барои машгул шудан ба кори музднок тибки шартномаи (карордоди) мехнати;

-мухочирати мехнатии наздисархади – сафари харруза ва ё хафтае як маротибаи шахрвандони Чумхурии Точикистон ба каламрави давлати хамсархад ва сафари харруза ва ё хафтае як маротибаи шахрвандони давлати хамсархад ба каламрави Чумхурии Точикистон бо максади машгул шудан ба кори музднок тибки шартномаи (карордоди) мехнати, бо шарти истикомати доими дар худуди давлати тарк намудаашон;

-коргари мухочир – шахсе, ки дар давлати чои кор, ба таври доими истикомат намекунад, шахрванди он намебошад, ба фаъолияти мехнатии музднок машгул буд, машгул аст ё машгул  мешавад;

-коргари наздисархади – коргари мухочире, ки чои истикомати мукаррарии худро дар давлати хамсархад нигох медорад ва хар руз ё як маротиба дар як хафта ба он чо бармегардад;

-давлати таркнамуда – давлате, ки коргари мухочир дар каламрави он ба таври доими истикомат дорад ва барои машгул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;

-давлати чои кор – давлате, ки дар он коргари мухочир ба фаъолияти мехнатии музднок машгул буд, машгул аст ва ё машгул мешавад;

-мухочирон –  шахсе, ки ихтиёран кишвари итикомати доимии худро тарк карда, барои истикомати доими ба каламрави Чумхурии Точикистон омадаанд:

  1. бо максади якчоя шудан бо оилае, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон истикомат мекунад;
  2. бо максади баргаштан ба махалли пештараи истикомат;
  3. бо максади баргаштан ба ватани ачдоди (репатриантхо);
  4. бо сабаби бастани акди никох бо шахсе, ки шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад.

-мухочирони ичбори –  шахсе, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон буда, бинобар нисбат ба онхо содир гардидани зуровари ва таъкиб, ё вобаста ба нишонахои мансубияти нажоди ё милли, эътикоди дини, забони, мавкеи сиёси, мансубият ба гурухи муайяни ичтимои вобаста ба хавфи тахдиди вокеии таъкиб на танхо ба худи онхо, балки ба аъзои оилаи онхо ичборан махалли истикомати доимии худро тарк карда, дар каламрави кишвари хоричи мебошанд. (КЧТ аз 31.12.08с №470).

-махалли истикомати муваккатии мухочирон – махалли ахолинишини каламрави Чумхурии Точикистон, ки аз чониби макоми марказии ичроия бо мувофикаи макомоти  ичроияи махаллии хокимияти давлати ва дигар макомоти салохиятдор муайян шудааст ва дар он хонахои истикоматие мавчуданд, ки барои чойгир кардан ва истикомати муваккатии репатриантхо, реэмигрантхо, мухочирони ичбори ва фирориён мувофиканд;

-репатриатсия – ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони харби, шахси зуран кучонидашуда, фирориён ва мухочирон;

-репатриантхо –  шахси вокеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд;

-эмигратсия – хичрати бебозгашт ё муваккатии  шахси вокеи аз Чумхурии Точикистон ба кишвари дигар;

-реэмигрантхо – ба Ватан баргаштани  шахси дар эмигратсия буда;

-эмигрантхо –  шахси вокеие, ки эмигратсия мекунад;

-мухочири экологи –  шахси, ки манзили худро бар асари офатхои экологи ноилоч тарк кардаанд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

– мухочирати экологи – чараёни мачбурии кучидани шахрвандон дар худуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи мухити зист ё фалокатхои экологи; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

                     -субъектхои хочагидори – шахсони вокеи ё хукукие, ки фаъолияти хочагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кор таъминкунии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар хоричи кишвар ва чалб намудани кувваи кории хоричи ба Чумхурии Точикистон ичозатнома доранд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591). 

Моддаи 2. Принсипхои асосии танзими мухочират

Мухочират бо принсипхои зерин асос меёбад:

– таъмини хукукии инсон барои интихоби озодии махалли истикомат, озодии мехнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии хичрат, озодии рафтуомад;

– норавоии хама гуна махдудкунии хукук аз руи миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, маълумот, вазъи хукукии ичтимои ва молу мулк; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

– иштироки макомоти дахлдори давлати дар ташкили ба низом овардани равандхои мухочират;

– иштироки шахсии мухочирон дар чобачокуни дар махалли нави истикомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти хар як шахс, дар навбати аввал онхое, ки аз минтакахои офати экологи ва табии кучонида шудаанд;

– манъи бадарга ё баргардонидани мачбурии мухочирон ба кишваре, ки онхо аз он омаданд;

– хамкори бо дигар кишвархо.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мухочират

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мухочират ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки  Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Субъектхои мухочират

1.Шахсоне, ки тибки Конуни мазкур барои истикомати доими ё муваккати дар Чумхурии Точикистон ичозат гирифтаанд,  вазъи хукукии мухочирони хоричиро мегиранд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

2.Шахсоне, ки дар асоси конуни барои истикомати доими   аз Чумхурии Точикистон ба дигар кишвархо кучидаанд (гайр аз ходимони сафоратхо ва намояндагии Чумхурии Точикистон дар кишвархои хоричи, шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар кишвархои хоричи муваккатан фаъолияти мехнатиро анчом медиханд, хизматчиёни харбие, ки вазифаи хомиёни сулхро ичро мекунанд, инчунин  шахсе, ки дар тахсил, табобат, сафархои туристи ва хизмати мебошанд)  вазъи хукукии мухочиронро мегиранд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

3.Шахсоне, ки дар дохили Чумхурии Точикистон ичборан кучидаанд, вазъи хукукии мухочирони дохилиро мегиранд. (КЧТ аз 31.12.08с №470). (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

4.Шахсоне, ки ба мукобили сулх, башарият чиноят содир кардаанд, мухочири хоричи ва ё реэмигрантхо эътироф карда намешаванд. (КЧТ аз 31.12.08с №470). (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 5. Тартиби амали намудани мухочирати дохили ва мухочирати экологи

Тартиби амали намудани мухочирати дохили ва мухочирати экологиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 6. Макомоти ваколатдор оид ба идораи равандхои мухочират дар Чумхурии Точикистон

1.Идораи равандхои мухочиратро дар Чумхурии Точикистон макомоти давлатии аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдоршуда (минбаъд – макомоти ваколатдор) анчом медихад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

2.Низомномаи макомоти ваколатдор аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.(К ЧТ аз 12.01.2010с, №591). 

Моддаи 7. Ваколатхои макомоти ваколатдор

  1. Макомоти ваколатдор ваколатхои зайлро дорад: (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

1). дар Чумхурии Точикистон корхои вобаста ба масъалахои мухочиратро хамоханг месозад;

2). ба шахрвандони хоричи ва  шахси бешахрванди барои анчом додани фаъолияти мехнати, ичозати дахлдор медихад;

3). равандхои мухочиратро дар кишвар тахлил ва пешгуи намуда, аз ин хусус ба Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти ичроия иттилоъ медихад;

4). ба баррасии Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба ташаккули квотахои мухочирати хоричи пешниход манзур менамояд;

5). дар доираи квотахои тасдикгардида кучонидан, кабул ва чобачокунии репатриантхо, реэимигрантхо ва  мухочирони ичбориро ташкил мекунад;

6). бакайдгири, бахисобгирии репатриантхо, реэмигрантхо ва мухочирони ичбориро анчом медихад;

7). дархости хаттии шахсеро, ки дар Чумхурии Точикистон хохиши дарёфти панохгохи сиёсиро доранд, кабул мекунад ва асноди заруриро ба расмият медарорад;

                     8) бакайдгирии мухочирати шахрвандони Чумхурии Точикистон ба хорича ва бозгашт аз хоричаро амали менамояд; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

           9) барои амали гардонидани фаъолияти бо кор таъминкунии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар хоричи кишвар ва чалб намудани кувваи кории хоричи ба  Чумхурии Точикистон ичозатнома  медихад ва чихати ташкили фаъолият ба субъектхои хочагидори мусоидат намуда, санчиши фаъолияти онхоро амали мекунад; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

           10) мухочирати мехнатии гайриконуниро пешгири менамояд, дар холати ошкор намудани вайронкунии коидахои истикомат аз чониби шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд барои ба чавобгарии маъмури ва чинояти кашидани онхо мавод тахия мекунад.  (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

  1. Макомоти ваколатдор дигар ваколатхое, ки хамин Конун ва конунхои дигари Чумхурии Точикистон муайян менамоянд, анчом медихад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591). 

Моддаи 8. Фиристодани коргарони мухочир барои кор ба хорича

  1. Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони мухочир – шахрвандони Чумхурии Точикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онхо танхо ба он кишвархое фиристодашаванд, ки дар он чо хукукхояшон хифз карда мешаванд.
  2. Кафолати хифзи хукукхои коргарони мухочир дар хорича барои давлат холатхои зерин шуда метавонанд:

-дар давлати чои кор мавчуд будани конунгузории мехнати ва ичтимоии хукукхои коргарони мухочирро хифзкунанда;

-иштироки давлати чои кор дар  созишномахои байналмилали, эъломияхо ва катъномахое, ки ба хифзи хукукхои коргарони мухочир иртибот доранд;

-мавчуд будани шартномахои дутарафа ё бисёртарафаи давлати чои кор бо Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи хукукхои коргарони мухочир дар хорича;

-кабули тадбирхои амалии мусби оид ба хифзи хукукхои коргарони мухочир аз тарафи давлати чои кор.

Моддаи 81. Тартиби фиристодан ва чалб намудани кувваи кори

Аз чониби субъектхои хочагидории Чумхурии Точикистон анчом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шахрвандони Чумхурии Точикистон бо чои кор дар хорича ва чалб намудани кувваи кории хоричи ба Чумхурии Точикистон дар асоси ичозатномаи (литсензия) аз чониби макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон додашаванда, мутобики  Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» сурат мегирад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 82. Тартиби рафту омади коргарони мухочир

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки барои машгул шудан ба кори музднок ба хорича сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (карордоди) мехнатии бо корфармо басташуда, шиносномаи хоричии тибки тартиби мукарраргардида дар макомоти корхои дохили ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарури раводиди намояндагии дипломати ё идораи консулгарии давлати чои кор додашударо дошта бошанд.
  2. Тартиби чалби коргарони мухочир, талаботи синну соли ва дигар талабот нисбат ба онхо тибки конунхои давлати чои кор ва шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  3. Коргарони мухочир барои кор ба Чумхурии Точикистон тибки раводиде, ки мутобики тартиби мукаррарнамудаи намояндагихои дипломати ё муассисахои консулгарии Чумхурии Точикистон дар хорича дода шудаанд, сафар менамоянд.
  4. Раводид метавонад дар сурати пешниходи санадхои тасдиккунандаи сабабхои узрноки истифода набурдани он (бемори, холатхои фавкулодда ва гайра) ва нигох доштани чои кор, тибки шартномаи (карордоди) мехнатии бо корфармо басташуда аз тарафи макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон дароз карда шавад. Тартиби дароз кардани раводид аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  5. Коргарони  мухочири ба Чумхурии   Точикистон   омада, бояд тибки   тартиби мукарраргардида дар макомоти корхои дохили вобаста ба махалли истикомати муваккати дар асоси пешниходи хаттии  шахсони вокеи ё хукуки ба кайд гирифта шаванд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  6. Коргарони мухочир ва аъзои оилаи онхо хукуки озодона тарк намудани Чумхурии Точикистон ва бозгашт ба онро доранд.
  7. Бо гузашти мухлати амали шартномаи (карордоди) мехнати коргарони мухочир ва аъзои оилаи онхо вазифадоранд, ки давлати чои корро тарк намоянд.

Моддаи 83. Шартномаи (карордоди) мехнати

  1. Муносибатхои мехнатии коргари мухочир бо корфармо тавассути шартномаи (карордоди) мехнати ба расмият дароварда шуда, бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

-мухлати амали он, хусусият ва чои кори музднок, шароити мехнат ва тартиби додани музди он, аз чумла барои кори шабона, кор дар рузхои истирохат ва рузхои ид;

-андозаи мукофотпули, иловапулихо ва нигох доштани маблаг аз музди мехнат;

-хукукхо, ухдадорихо ва масъулияти тарафхо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (карордоди) мехнати;

-ташкили тагйири макон, таъминот бо озука, истикомат, хизматрасонии тиббии коргарони мухочир ва аъзои оилаи у;

-тартиб ва шартхои сугуртаи ичтимоии коргари  мухочир;

-тартиби чуброни зарари ба саломатии коргари мухочир дар чараёни фаъолияти мехнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатхои ичтимои.

  1. Корфармои Чумхурии Точикистон вазифадор аст, шартномаи (карордоди) мехнатии басташударо дар макомоти минтакавии мухочират ба кайд гузорад.
  2. Як нусхаи шартномаи (карордоди) мехнати то сафар намудан ба давлати чои кор ба коргари мухочир супорида мешавад.

Моддаи 84. Додани ичозат барои кор дар Чумхурии Точикистон

           Тартиби додани ичозат барои корро ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки дар   Чумхурии Точикистон фаъолияти мехнати анчом медиханд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 9. Мукаррар намудани квотахои мухочирати хоричи ва чалби кувваи кории хоричи

Квотаи мухочирати хоричи ва чалби кувваи кории хоричиро ба Чумхурии Точикистон барои хар як соли таквими Президенти Чумхурии Точикистон тибки пешниходи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 91. Хисоботи омори ва ахборот дар бораи мухочират

1.Тартиби пешниходи хисоботи омори оид ба мухочирати мехнатии шахрвандони Чумхурии Точикистон ба хорича ва бозгашт аз хорича ва оид ба чалб намудани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрвандро ба фаъолияти мехнати дар Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

  1. Макомоти ваколатдор бе музд бо макомоти давлатии манфиатдор санадхои хисоботи ва дигар маълумотеро, ки барои ичрои фаъолиятхои онхо зарур мебошанд, мубодила мекунад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  2. Макомоти ваколатдор нашри хисоботи омори ва маводхои ахборотиро дар бораи вазъияти мухочирати мехнати ба хорича ва мухочират, талабот ва пешниходи мухочирати мехнати ба хорича, имконияти бо кор таъминкуни, тадбирхои интихоби касбу хунарро таъмин менамояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Модда 92. Тахвили маблагхои пули

Коргарони мухочире, ки дар Чумхурии Точикистон ба фаъолияти мехнатии музднок машгуланд, метавонанд маблагхои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба худуди давлати тарк намудаашон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тахвил намоянд.

Моддаи 10. Хукук ва вазифахои мухочирони хоричи

Шахсе, ки мухочири хоричи эътироф шудааст ва ичозат барои истикомат  дар Чумхурии Точикистон  гирифтааст, аз хукук ва озодихои мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мебарад, инчунин барои ухдадорихои пешбиникардаи конунхо ё шартномахои  байналмилалии Чумхурии Точикистон вазифадор аст. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 11. Шахсе, ки мухочири хоричи намебошанд

  1. Вазъи хукукии мухочири хоричи ба шахрвандони хоричи ё шахси бешахрванди, ки дар Чумхурии Точикистон мебошанд дода намешаванд, агар онхо: (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

– хизмати харбиро дар кисмхои харбие, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон вокеъ гардидаанд, адо намоянд;

– дар хайати намояндагихои дипломати ва ташкилотхои байналмилали бошанд;

– дар Чумхурии Точикистон тахсили илм мекарда бошанд ё худ дар истехсолот ба коромузи машгул бошанд;

– тибки шартномахои  байналмилали фаъолияти мехнатиро анчом медода бошанд;

– сайёх (турист), дар сафари хизмати, мухочирони мехнатии муваккати (аз чумла варзишгарон, дастахои варзишгарон, хунарпешагон), ки ба тарики транзит мегузаранд, точирон ё амонатгузорон, сармоядорон бошанд;

– намояндагони воситахои ахбори оммавии хоричи, радио ва телевизион, ки дар Чумхурии Точикистон акредитатсия шудаанд, бошанд;

– дар иттиходияхои диние, ки дар Чумхурии Точикистон расман кайд гардидаанд, ба фаъолияти касби машгул бошанд;

– ба Чумхурии Точикистон бо максади расонидани кумаки хайрия ва башардустона омада бошанд;

– аъзои сарнишини киштихои бахриву дарёи, наклиёти хавои, рохи охан ва автомобили бошанд.

  1. Вазъи хукукии шахсе, ки дар кисми якуми хамин модда зикр шудаанд, бо конунхо ва шартномахои  байналмилалии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 12. Тартиби мурочиат ва баррасии дархости шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд дар бораи гирифтани ичозат барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон

  1. Шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд метавонанд дар Чумхурии Точикистон доими истикомат кунанд, агар онхо ичозати дахлдори бо гувохномаи истикомат дар Чумхурии Точикистон ба расмият даровардашударо дошта бошанд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  2. Ариза оид ба додани  ичозат барои истикомати доими аз чониби шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки муваккатан дар Чумхурии Точикистон карор доранд, ба макомоти ваколатдори   давлати оид ба мухочирати мехнатии махалли зисташон ва  шахсони дар хорича истикоматкунанда бошанд, ба намояндагии дипломати ё муассисаи консулии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.  (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).  
  3. Карорро оид ба дархости шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар бораи ба онхо додани ичозат барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон макомоти ваколатдори давлати оид ба мухочирати мехнати кабул менамояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  4. Мухлати баррасии мавод дар бораи додани ичозат барои   истикомати доими дар Чумхурии Точикистон набояд  аз як мох зиёд бошад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  5. Карор дар бораи додани ичозат барои истикомати доимии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон барои ба расмият даровардан ва ба онхо додани гувохномаи истикомат асос шуда метавонад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  6. Карор дар бораи рад намудани истикомати доимии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон дар муддати се руз аз рузи кабули карор ба аризадихандагон ба таври хатти хабар дода мешавад.  (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 13. Хукуку ухдадорихои шахсе, ки барои мухочири хоричи ва мухочир эътироф карданашон бо дархост мурочиат намудаанд

1.Хангоми бакайдгирии дархост дар бораи мухочирони хоричи ва мухочир эътироф кардани  шахсе, ки дархост додаанд ва дар каламрави Чумхурии Точикистон мебошанд, онхо ба махалли истикомати муваккатии мухочирони хоричи, мухочирон, аз чумла ба чои мустакилона интихобнамудаашон, ки хатман бо хадамоти дахлдори макомоти ваколатдор мувофика шудааст, роххат мегиранд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

2.То халлу фасли масъалаи хамчун мухочири хоричи ё мухочир эътироф кардани шахс, ки бо дархост мурочиат намудааст ва дар давраи тахти барраси карор доштани дархост дар каламрави Чумхурии Точикистон аз хукукхои барои шахрвандони хоричи ва шахси бешахрванди пешбиникардаи конунхои Чумхурии Точикистон истифода мебарад ва дорои масъулият мебошад.

  1. Дар мавриди эътироф нашудани шахс хамчун мухочири хоричи ва мухочир ба вай дар давоми си руз аз рузи кабули карор огохномаи хатти дода мешавад.
  2. Агар шахси мазкур берун аз каламрави Чумхурии Точикистон бошад, ба вай огохномаи хатти бо нишондоди сабабхои эътироф нашудан хамчун мухочири хоричи ва мухочир ва тартиби шикоят аз болои карори кабулшуда фиристода мешавад.
  3. Карор дар бобати эътироф нашудани шахс хамчун мухочири хоричи ва мухочир аз тарафи ин шахс дар макомоти ваколатдори болои ё бо тартиби суди дар мухлати як мох пас аз гирифтани огохнома метавонад мавриди барраси карор гирад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  4. Карор оиди эътироф нагаштани шахс хамчун мухочири хоричи ва мухочир инчунин ба макомоти дахлдори умури дохили барои ташкили баромада рафтани шахс аз худуди Чумхурии Точикистон фиристода мешавад.

Моддаи 14. Хукуку ухдадорихои шахсе, ки барои репатриант, мухочирони ичбори ва реэмигрант эътироф карданашон бо дархост мурочиат намудаанд

1.То хал шудани масъалаи хамчун репатриант, мухочири ичбори ва реэмигрант эътироф кардани шахс, ки бо дархост мурочиат намудааст ва дар давраи тахти барраси карор доштани дархост дар каламрави Чумхурии Точикистон мебошад аз тамоми хукуку ухдадорихое, ки барои шахрвандони хоричи ва  шахси бешахрванди конунхои Чумхурии Точикистон пешбини кардааст истифода мебарад.

2.Шартхои дар Чумхурии Точикистон дар махалли истикомати муваккатии мухочирон истикомат кардани шахсе, ки дар бораи репатриант, реэмигрант, мухочирони ичбори эътироф карданашон бо дархост мурочиат намудаанд, тартиби пардохти харочоти хизмати коммунали, ёрии тиббии расонидашаванда, фарохам овардани дигар имтиёз ва чубронпулихо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

3.Шахси дар каламрави Чумхурии Точикистон буда, ки репатриант, мухочири ичбори ва реэмигрант эътироф шуданашро дархост кардааст, вазифадор аст:

– баъди гирифтани роххат ба махалли муваккатии сукунати мухочирон дар давоми як мох ба он чо хозир шавад ва агар чои сукунатро мустакилона интихоб карда бошад, барои ин розигии умури дахлдори макомоти ваколатдор оид ба идораи раванди мухочират зарур аст; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

– тартиби мукарраргардидаи сукунатро дар махалли зисти муваккатии мухочирон риоя намояд;

– бо талаби макомоти нигахдории тандурусти муоинаи тибби гузарад, худро эм кунонад, табобат ёбад, хамчунин дастурхои макомоти нигахдории тандурустиро ба чо оварад;

– ба умури дахлдори макомоти ваколатдор оид ба идораи раванди мухочират маълумот заруриро барои баррасии ин дархост хабар дихад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 15. Тартиби репатриант, мухочирони ичбори, реэмигрант эътироф кардани ашхос

1.Карори репатриант, мухочири ичбори, реэмигрант эътироф намудани шахс аз чониби хадамоти дахлдори минтакавии макомоти ваколатдор дар давоми си рузи баъди бакайдгири дархост дар бораи репатриант, мухочири ичбори, реэмигрант эътироф намудани шахс кабул карда мешавад.

2.Ба шахсе, ки репатриант, мухочири ичбори, реэмигрант эътироф шудааст шаходатномаи дахлдор дода мешавад.

  1. Дар сурати репатриант, мухочири ичбори, реэмигрант эътироф нашудани шахс у дар мухлати си рузи баъди кабули карор ба таври хатти огох карда мешавад. Агар шахси зикршуда берун аз худуди Чумхурии Точикистон бошад, дар он холат ба у бо зикри сабаби рад ва тартиби шикоят кардани карори кабулгардида ба таври хатти огохнома ирсол карда мешавад.
  2. Оид ба карори репатриант, мухочири ичбори ва реэмигрант эътироф нашудани шахс метавонад дар тули як мохи баъди гирифтани огохномаи хатти ба макомоти ваколатдори болои тибки тартиби суди шикоят арз намояд.
  3. Карори дар бораи репатриант, мухочири ичбори, реэмигрант эътироф нашудани шахс, ки эътибори конуни пайдо кардааст, хамчунин ба макомоти дахлдори корхои дохили чихати ташкили аз каламрави Чумхурии Точикистон баровардани шахсе, ки чавоби рад гирифтааст, фиристода мешавад.

Моддаи 16. Мухочирати оилавии хоричиён

1.Шахсе, ки оилаи мухочири хоричиро ташкил медиханд – шавхар (зан),  падару модари онхо ва фарзандони тахти таъминоти шавхар (зан) карордошта, аз чумла писархондхо (духтархондхо), инчунин бародарону хохарони ноболиги бе падару модар ё худ бе васи ва дигар хешу табори корношоями тахти таъминоти шавхар (зан) буда, ки барои таъмини онхо дар махалли пештараи истикомат ухдадор буданд, мебошанд. (КЧТ аз 31.12.08с, №470).

  1. Ба Чумхурии Точикистон хичрат намудани кудакони то синни хаждахсола бо розигии  падару модари ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарасторони) онхо хал карда мешавад. Дар айни замон барои кудакони синни аз чордах то хаждахсола розиномаи ба тарики нотариали тасдикшудаи онхо пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с, №470).

Моддаи 17. Мухочирати коллективонаи хоричиён

Мухочирати коллективонаи хоричиён мутобики карори Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи муташаккилона кучонидани шахсе, ки хохиши ба тарики коллективона ба ватани ачдодиашон баргаштанро изхор кардаанд, сурат мегирад.

Моддаи 18. Тартиби хичрати мухочирони хоричи ба Чумхурии Точикистон

Тартиби ба расмият даровардани хичрати мухочирони хоричи ба каламрави Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мешавад.

Моддаи 19. Асосхои ба шахрванди хоричи ва шахси бешахрванди рад кардани хичрат ба Чумхурии Точикистон

Хичрати шахрванди хоричи ва шахси бешахрванди ба Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин ичозат дода намешавад:

1) агар у зидди сулх ва амнияти башар чиноят содир карда бошад;

2) агар у хусумати байнидавлати, байналмилли ва диниро барангезад;

3) агар у дидаву дониста мукобили сохибихтиёри ва истиклолияти Чумхурии Точикистон баромад кунад;

4) агар у барои амали террористи махкум ё худ барои чинояти вазнин ва махсусан вазнини каблан содиркардааш доги суди дошта бошад;

5) агар у хангоми пешниходи дархост дар хусуси хичрат дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад ё хуччатхои заруриро пешниход накарда бошад;

6) агар у каблан аз Чумхурии Точикистон ронда шуда бошад;

7) агар дар вакти будубоши кабли дар Чумхурии Точикистон аз чониби у ходисахои вайрон кардани конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар гардида бошад;

8) агар ин барои хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахрвандони Чумхурии Точикистон зарур бошад;

9) агар амалхои у ба саломатии ахоли ва тартиботи чамъиятии Чумхурии Точикистон тахдид намоянд; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

10) агар амалхои у ба амнияти милли ва истиклолияти иктисодии Чумхурии Точикистон хавф дошта бошанд; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

11) агар ба фаъолияти террористи ё дигар намуди фаъолияти экстремисти, хариду фуруши одамон, яроку аслиха ва маводи тарканда, муомилоти гайриконунии маводи нашъадор, воситахои психотропи ва прекурсорхои онхо, ташкили мухочирати гайриконуни ва дигар кирдорхои гайриконуни, ки ба мудофиаи давлат, амният ё тартиботи чамъияти зарар мерасонанд, иртибот дошта бошад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591). 

Моддаи 20. Хуччатхои тасдиккунандаи хукуки истикомати доимии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон

Ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон ичозати макомоти ваколатдорро гирифтаанд, аз чониби макомоти корхои дохили  ичозат барои истикомат ва ба шахсони бешахрванд бошад, шаходатномаи шахси бешахрванд дода мешавад, ки намунаи онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 21. Асосхои рад намудани додани ичозат барои истикомат ва шаходатномаи шахси бешахрванд (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

  1. Додани ичозат барои истикомат ва шаходатномаи шахси бешахрванд ба  шахси зерин рад шуданаш мумкин аст: (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

1) ба мухочири гайриконунии хоричи;

2) ба  шахсе, ки аз хабс озод шуданду махалли истикомати доимии онхо то содир кардани чиноят берун аз худуди Чумхурии Точикистон буд;

3) ба шахсе, ки зидди инсоният чиноят содир кардаанд;

4) ба  шахси мубталои беморие, ки он метавонад дар каламрави Чумхурии Точикистон боиси сироят гардад;

5)  шахсе, ки конунгузориро дар бораи холати хукукии шахрвандони хоричи дар Чумхурии Точикистон вайрон мекунанд, дар асоси карори дахлдори макомоти ваколатдор, макомотхои корхои дохили ва амнияти миллии Чумхурии Точикистон бо тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст. (КЧТ аз 31.12.08с, №470).

  1. Оид ба радди додани ичозат барои истикомат ва шаходатномаи шахси бешахрванд ба макомоти ваколатдори болои ё суд шикоят  кардан мумкин аст. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 22. Шахсе, ки репатриант мебошад

  1. Вазъи хукукии репатриант ба гурухи  шахси миллати тахчой, ки курбони чазохои оммавии сиёси мебошанд, хамчунин ба хешу авлоди онхо дода мешавад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).
  2. Шахси зайл хешу авлоди репатриантхо дониста мешаванд:

– фарзандон (аз чумла писархондхо), шавхари (зани) репатриант;

– бародарон ва хохарони репатриант;

– набера ва аберагони репатриант;

-оилахое, ки фарзандон, наберагон ва аберагони болиги репатриант бунёд кардаанд. Карори репатриант эътироф намудани шахсро макомоти ваколатдор дар давоми си рузи баъди бакайдгири дархост дар бораи репатриант эътироф намудани шахс кабул мекунад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №591).

Моддаи 23. Имтиёзхо ва чубронпулихое, ки ба репатриантхо дода мешаванд

Давлат барои репатриатсияи шахси вокеи ба ватани ачдоди, чобачокуни, мутобикшавии онхо шароити имтиёзнок мухайё мекунад ва таъминоти зайлро анчом медихад:

1) худашон ва амволи онхоро бепул ба махалли истикомати муваккатии мухочирон ё махалли истикомати доими мерасонад;

2) хифзи давлатии интиколи маблаги пулиро дар Чумхурии Точикистон ва хукуки мерос гирифтани онро таъмин менамояд;

3) барои ба кор таъмин шудан, дар сурати гайриимкон будани таъмин бо кор, сарфи назар аз мухлати истикомат вобаста ба бекори ба гирифтани кумакпули кумак мерасонад;

4) пардохти нафака ва кумакпулихоро мутобики конунхои Чумхурии Точикистон таъмин менамояд;

5) пардохти кумакпулихои яквакта, чудо намудани китъахои замин ва карзхои имтиёзноки дарозмуддат барои сохтмони манзил ва ташкили хочагихоро тибки тартиби аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукарраршуда анчом медихад;

6) мутобики конунхои Чумхурии Точикистон дигар имтиёзхоро фарохам меорад.

Моддаи 24. Тартиби ба расмият даровардан ва маблаггузории хичрати эмигрантхо

  1. Тартиби ба расмият даровардани хичрати эмигрантхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Маблаггузории харочоти хичрати шахрвандон аз Чумхурии Точикистон барои истикомати доими ба дигар кишвархо аз хисоби маблаги худи эмигрантхо сурат мегирад ва инчунин аз хисоби дигар манбаъхо низ анчом додан мумкин аст агар он хилофи конунхои Чумхурии Точикистон набошад.
  3. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки барои истикомати доими ба дигар давлатхо баромада мераванд, хукук доранд, ки аз хисоби хеш амволи худ ва амволи аъзоёни оилаашонро мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон баранд.
  4. Аз чониби шахрвандон аз каламрави Чумхурии Точикистон баровардани ашъёхое, ки ахамияти фарханги ва таърихи барои давлат доранд, баровардани онхо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва созишномахои байнидавлати танзим мегардад.

Моддаи 25. Асосхои рад кардани хичрат аз Чумхурии Точикистон

Ба шахрванди Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин хичратро рад кардан мумкин аст, агар у:

1) аз маълумоти дорои сирри давлати ё дигар навъи сирри тибки конун хифзшаванда огох, бошад;

2) дар содир кардани чиноят хамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда чалб шуда бошад – то кабул намудани карор вобаста ба парванда ё эътибори конуни пайдо кардани хукми суд;

3) барои содир намудани чиноят махкум шуда бошад – то адои мухлати чазо;

4) дар хизмати харбии хатми бошад – то анчоми мухлати адои ин хизмат;

5) хангоми ба расмият даровардани хуччатхо чихати хичрат аз Чумхурии Точикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад – то аз чониби макомоте, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, хал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як мох;

6) аз ичрои ухдадорихое, ки суд ба зиммаи у гузоштааст саркаши кунад – то ичрои ухдадорихо;

7) нисбат ба у ба суд даъвои шахрванди пешниход шуда бошад – то анчоми истехсолоти парванда.

Моддаи 26. Масъулият барои гайриконуни даромадан ба худуди Чумхурии Точикистон ва гайри конуни баромадан аз худуди Чумхурии Точикистон

Масъулият барои гайриконуни дохил шудани хоричиён ва шахсони бешахрванди ба худуди Чумхурии Точикистон ва ё гайриконуни аз Чумхурии Точикистон баромадани шахрвандони Чумхурии Точикистон бо конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 27. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 31.12.08с №470).

 

 

Президенти                                                                                                      Э. РАХМОНОВ

Чумхурии Точикистон

ш. Душанбе,  11 декабри соли 1999,

№881

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи мухочират»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1999, №12, мод.321)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мухочират» пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

– ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мухочират»  мувофик кунондани конунхои Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд;

– карорхои худро ба Конуни мазкур мутобик намояд.

 

 

Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                       С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,

№ 882

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …