Главная / Чамъият / МУХИТИ ЗИСТ – КОНУНИ ЧТ

МУХИТИ ЗИСТ – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНИ БА МУХИТИ ЗИСТ

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии арзёбии таъсиррасони ба мухити зист, робитаи мутакобилаи он ба экспертизаи давлатии экологи, инчунин тартиби бахисобгири ва таснифи объектхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зистро мукаррар менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд:

– арзёбии таъсиррасони ба мухити зист муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ба мухити зист, тагйири эхтимолии мухити зист, инчунин пешгуи намудани вазъи ояндаи он ба максади кабули карор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбики карорхои лоихави;

– таъсиррасони ба мухити зист – окибатхои фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда барои мухити зист, ки ба саломати ва амнияти ахоли, объектхои олами наботот ва хайвонот, хок, хавои атмосфера, захирахои об ва замин, иклим, ландшафт, ёдгорихои меъроси таърихию фарханги ва дигар объектхои модди ё робитаи мутакобилаи онхо, инчунин ба шароити ичтимоию иктисоди таъсир мерасонанд;

– фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда – сохтмон, тачдид, васеъкуни, бозсозии техники, тагйири самти истехсолот, бархамдихии он ва дигар намуди фаъолияте, ки метавонад ба мухити зист таъсир расонад;

– таъсири манфи ба мухити зист – тагйирёбии манфии холати мухити зист, ки пурра ё кисман дар натичаи таъсиррасонии объекти фаъолияти хочагидори ба вучуд омадааст;

– фармоишгари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда – шахси вокеи ё хукукие, ки барои омодасозии хуччатхо оид ба фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда, аз чумла арзёбии таъсиррасони ба мухити зист масъул мебошад;

– макоми ваколатдори давлати дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист (минбад – макоми ваколатдори давлати) – макоми ичроияи хокимияти давлати, ки барои ичрои ваколатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва кабули карорхои вобаста ба фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист масъул аст;

– объекти арзёби – фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда, ки нисбати он расмиёти арзёбии таъсиррасони ба мухити зист татбик карда мешавад;

– хисобот оид ба натичаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист – кисми таркибии хуччатхои лоихави, ки дорои иттилоот оид ба максадхои татбики лоихаи пешбинишаванда, вариантхои алтернативии татбики лоихаи мазкур, маълумот дар бораи холати мухити зисти худуди татбики лоиха, окибатхои манфии эхтимолии татбики лоиха барои саломати ва амнияти ахоли, мухити зист ва объектхои табии, инчунин тадбирхо оид ба кохиш додан ва пешгири намудани онхо мебошад;

– хуччатхои толоихави – хуччатхое, ки имконият ва мувофики максад будани татбики лоиха ва арзёбии самаранокии он, аз чумла асоснокунии (хисобкунии) техники-иктисодиро собит мекунанд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

Арзёбии таъсиррасони ба мухити зист ба принсипхои зерин асос меёбад:

– фарзияи хатари эхтимолии экологии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда;

– хатми будани арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда, ки метавонад ба мухити зист таъсири мустаким ё гайримустакими манфи расонад;

– хатми будани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист дар мархилаи лоихакаши;

– хатми будани бахисобгирии талабот оид ба таъмини амнияти экологи хангоми арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– сахех ва мукаммал будани маълумоте, ки хангоми арзёбии таъсиррасони ба мухити зист истифода карда мешавад;

– илман асоснок ва холисона будани натичаи хулосахо оид ба арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– дастрасии озод ба натичахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– ба хисоб гирифтани фикру мулохизахои шахсони манфиатдор;

– чавобгарии фармоишгари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда барои окибатхои манфии татбики лоиха.

Моддаи 4. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Амали Конуни мазкур нисбат ба лоихахои фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда, ки метавонанд ба мухити зист таъсири манфии мустаким ё гайримустаким расонанд, татбик мегардад.
  2. Амали Конуни мазкур татбик намегардад ба:

– лоихахои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти милли ва мудофиа, инчунин хифзи ахоли ва худудхо аз холатхои фавкулодаи дорои хусусияти табии ё техногени равона шудаанд;

– ухдадорихои макомоти ваколатдор оид ба риояи махдудиятхо, ки тибки санадхои меъёрии хукуки нисбати сирри тичорати ва иттилооти махфии субъекти сохибкори, аз чумла моликияти зехни мукаррар шудаанд;

– объектхои фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият, ки то кабули Конуни мазкур лоихакаши гардида, сохтмони онхо идома дорад ва ё ба истифода супорида шудаанд.

 

БОБИ 2. САЛОХИЯТ ВА ВАКОЛАТХОИ МАКОМОТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНИ БА МУХИТИ ЗИСТ

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист дохил мешаванд:

– иштирок дар муайян намудани самтхои асосии сиёсати давлати дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– кабули санадхои меъёрии хукуки дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– мукаррар намудани тартиби арзёбии таъсиррасони ба мухити зист, таснифи объектхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист аз руи гуруххо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онхо ба мухити зист, инчунин меъёрхое, ки дарачаи хатарнокии объектхои фаъолияти банакшагирифташавандаро барои мухити зист муайян мекунанд;

– муайян кардани макоми ваколатдори давлати дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– амали намудани хамкорихои байналмилали дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– амали намудани дигар салохиятхо, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд.

 

Моддаи 6. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист мансубанд:

– татбики сиёсати давлати дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани санадхои меъёрии хукуки дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– тахия ва бо тартиби мукарраргардида кабул намудани коидахо, тавсияхо, дастурхои методи ва дигар хуччатхои меъёрию техникии танзимкунандаи муносибатхо дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– таъмини дастрасии шахсони манфиатдор ба маълумот оид ба натичахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– амали намудани дигар ваколатхо, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд.

 

Моддаи 7. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхои худ тадбирхоро оид ба ташкил ва баргузории арзёбии таъсиррасони ба мухити зист амали менамоянд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНИ БА МУХИТИ ЗИСТ

Моддаи 8. Хатми будани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Тахия ва амалисозии лоихахои фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, ки ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд, бе гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист манъ аст.
  2. Арзёбии таъсиррасони ба мухити зист нисбати гуруххои фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда, ки дар моддаи 12 Конуни мазкур нишон дода шудаанд, хатми мебошад.

 

Моддаи 9. Субъектхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

Субъектхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист инхо мебошанд:

– макоми ваколатдори давлати;

– фармоишгари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда;

– тахиягари (пудратчии) хуччатхои толоихави ва лоихави;

– ташкилотхо ва мутахассисоне (пудратчиёни фаръие), ки ба гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист чалб карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Масъулияти субъектхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Макоми ваколатдори давлати барои сари вакт, пурра ва холисона барраси намудани хисобот (изхорот) оид ба арзёбии таъсиррасони ба мухити зист, хуччатхои толоихави ва лоихавие, ки натичахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зистро дар бар мегиранд, масъул мебошад.
  2. Фармоишгари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда барои ичрои амалхои зерин масъул мебошад:

– ташкил ва гузаронидани расмиёти арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– тахияи хисоботи пурра ва сахех оид ба арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– ба назар гирифтани окибатхои экологи ва дигар окибатхои ба татбики лоиха вобаста (хангоми сохтмон, навсози, васеъ кардан, бозсозии техники, истифодабари ва бархам додани объекту мачмаахои хочагидори);

– маблаггузории расмиёти арзёбии таъсиррасони ба мухити зист ва тахкикоту чустучухои бо он алокаманд;

– ба тахиягари (пудратчии) хуччатхои толоихави ва лоихави пешниход намудани иттилооти дар ихтиёрашбуда дар бораи окибатхои экологии сохтмон ва истифодабарии объектхои амалкунандаи монанд, ки тавассути мониторинги сохави, арзёбии вазъи тиббию географи ва тахлили баъдилоихавии экологи чамъ оварда шудаанд;

– пешниходи хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист дар таркиби хуччатхои толоихави ва лоихави ба экспертизаи давлатии экологи;

– таъмини ичрои шартхои хангоми баррасии хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист гузошташуда дар рафти амалисозии (сохтмон ва истифодабарии) лоиха.

  1. Тахиягари (пудратчии) хуччатхои толоихави ва лоихави дар назди фармоишгар барои ичрои амалхои зерин масъул мебошад:

– риояи мархилахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– тахияи хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист, мукаммали, сахехи ва сифатии натичахои дар он бадастовардашуда.

  1. Ташкилотхо ва мутахассисон (пудратчиёни фаръи), ки барои гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист чалб карда мешаванд, дар назди тахиягари (пудратчии) хуччатхои толоихави ва лоихави барои мукаммали, сахехи ва сифати корхое, ки тибки шартномахо анчом дода мешаванд, масъул мебошанд.

 

Моддаи 11. Мархилахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Арзёбии таъсиррасони ба мухити зист пай дар пай, бо назардошти мархилахои лоихакашии шахрсози ва сохтмон, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Арзёбии таъсиррасони ба мухити зист мархилахои зеринро дар бар мегирад:

– мархилаи 1 – шарх ва арзёбии холати мухити зисти худуд, ки бо максади асоснок кардани интихоби китъаи муносиби замин барои чойгиронии объект гузаронида мешавад;

– мархилаи 2 – арзёбии пешакии таъсиррасони ба мухити зист, ки дар як вакт бо асосноксозии техникию иктисодии лоиха гузаронида шуда, дар шакли изхорот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист ба расмият дароварда мешавад;

– мархилаи 3 – арзёбии таъсиррасони, ки бо максади тахлили пурра ва комплексии окибатхои эхтимолии татбики лоихаи фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, асоснок кардани вариантхои алтернативи ва тахияи накшаи (барномаи) идоракунии хифзи мухити зист гузаронида мешавад. Хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист бояд тавсифи халли техникии пешгирии холатхои таъсири манфи ба мухити зистро дар бар гирад. Дар ин мархила меъёрхои ихрочи партовхо ба хавои атмосфера ва объектхои оби, хосилшави, чамъовари ва чойгиронии партовхои сахт ва моеъ тахия карда мешаванд;

– мархилаи 4 – тахлили баъдилоихави, ки пас аз як соли ба истифода супорида шудани объект (огози фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият) бо максади тасдики бехатари барои мухити зист ва тасхехи накшаи (барномаи) идоракунии хифзи мухити зист гузаронида мешавад.

 

Моддаи 12. Гуруххои объектхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда вобаста ба мохияти таъсири экологи, хамчун объекти арзёби ба гуруххои “А”, “Б”, “В” ва “Г” чудо карда мешавад.
  2. Барои намудхои фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда, ки ба номгуи гуруххои “А” ва “Б” дохил карда нашудаанд, пешниходи изхорот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист ва эъломияи ухдадорихо оид ба тадбирхои муайянгардида ва пешбинишавандаи хифзи мухити зист аз чониби фармоишгари фаъолияти мазкур хатми мебошанд.
  3. Изхорот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист хамчунин дар холате, ки фаъолияти банакшагирифташаванда ба мухити зист таъсири манфи надорад ё таъсири мусби мерасонад, пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 13. Расмиёти баррасии хуччатхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист дар экспертизаи давлатии экологи

  1. Баррасии хуччатхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист дар экспертизаи давлатии экологи вобаста ба гуруххои объектхои арзёби дар мухлати то 60 руз анчом дода мешавад.
  2. Карор дар бораи мукаррар кардани расмиёти дахлдори экспертизаи давлатии экологии хуччатхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист аз чониби макоми ваколатдори давлати дар мухлати на бештар аз 10 рузи кории баъд аз бакайдгирии маводхои пешниходшуда кабул карда мешавад.
  3. Хулосаи экспертизаи давлатии экологи вобаста ба хуччатхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист барои ичро аз чониби фармоишгари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда хатми мебошад.

 

Моддаи 14. Меъёрхои мансуб донистани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ба объектхои гурухи “А”

  1. Фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ба объектхои гурухи “А” мансуб дониста мешаванд, агар:

– объекти арзёби ба мухити зист ва ё бехдошти санитарию гигиении ахоли таъсири манфии микёсан бузург расонад;

– объекти арзёби ба худудхои табиии махсус мухофизатшаванда, ки дар асоси конвенсияхои экологи ва дигар созишномахои байналмилали хифз мешаванд ё макоми дигари байналмилали доранд, таъсири бевосита расонад;

– объекти арзёби ба объектхои мероси таърихию фарханги таъсири бевосита дошта бошад;

– объекти арзёби таъсири фаромарзи дошта бошад.

  1. Объектхои арзёбии ба гурухи “А” мансуббуда ба таври пурра ба арзёбии таъсиррасони ба мухити зист фаро гирифта мешаванд. Хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист дар таркиби хуччатхои лоихави ба таври хатми ба экспертизаи давлатии экологи мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.
  2. Танзими техникии масъалахои таъмини амнияти экологии объектхои арзёбии марбут ба гурухи “А” тибки принсипхои зерин амали карда мешавад:

– хатми будани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист хангоми кабули карор оид ба амалисозии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, аз чумла, кабули карор дар бораи рад кардани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда;

– имконпазирии таъсири манфии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ба мухити зист тибки талаботи меъёри оид ба таъмини бехатарии экологи, ки дар регламентхои техники мукаррар шудаанд;

– таъмини кохишдихии таъсиррасонии манфии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда дар асоси истифодаи технологияхои бехтарини дастрас бо назардошти аз нигохи иктисоди максаднок будани татбики онхо, истифодаи окилонаи захирахои табии ва риояи регламентхои техники дар сохаи хифзи мухити зист.

 

Моддаи 15. Меъёрхои мансуб донистани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ба объектхои гурухи “Б”

  1. Ба гурухи “Б” фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба мухити зист таъсири пешгуишаванда мерасонанд ва ин бо натичахои ташхисхои каблан анчомдода тасдик шудааст.
  2. Хангоми арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти объектхои марбут ба гурухи “Б” риояи технологияхои бехтарини дастрас ва меъёрхои технологии дахлдор, ки бо регламентхои техники мукаррар шудаанд, ба назар гирифта мешаванд.
  3. Хангоми арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти объектхои марбут ба гурухи “Б” инхо ба хисоб гирифта мешаванд:

– нишондихандахои асосии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда (маълумот дар бораи хачми махсулоти истехсолшаванда ё иктидор, мавчудияти таъсироти дарозмухлати кумулятиви, хачми истифодаи захирахои табии, хосилшавии партовхо, олудашави ва хавфхо барои мухити зист);

– чойгиршавии объект бо назардошти мавчудият ва осебпазирии минтакахои наздисохили, мамнуъгоххо ва худудхои дигари хифзшавандаи табии ва таърихию фарханги, мохияти таъсири экологи, пахншавии чугрофи, давомноки ва такрорёбии он.

 

Моддаи 16. Меъёрхои мансуб донистани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ба объектхои гурухи “В”

  1. Ба объектхои гурухи “В” фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташавандае мансуб дониста мешаванд, ки ба мухити зист таъсири назаррас надошта ва андозаи ин таъсир бояд бо натичахои ташхисхо тасдик карда шавад.
  2. Дар хуччатхое, ки якчоя бо изхорот дар бораи таъсиррасони ба мухити зисти объектхои гурухи “В” пешниход мегарданд, намудхои таъсиррасони (ихрочи партовхо ба хавои атмосфера ва манбаъхои оби, хосилшави ва чойгиронии партохои сахт ва моеъ, садо ва дигар намудхои таъсиррасони), ки ба фаъолияти мазкури хочагидори ё дигар фаъолият хос мебошанд, арзёби карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Хусусиятхои объектхои арзёбии мансуб ба гурухи “Г”

  1. Ба объектхои гурухи “Г” фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба мухити зист таъсири чузъии манфи мерасонад ва масъалахои кам кардани ин таъсир тарики чорахои мухандиси – техники хал шудаанд.
  2. Шарти асоси барои объектхои арзёбии гурухи “Г” мувофикати самти фаъолият бо таъиноти накшаи генералии худуд мебошад.

 

Моддаи 18. Шаклхои таъсиррасони ва чузъхои мухити зист, ки хангоми арзёби ба инобат гирифта мешаванд

  1. Хангоми арзёбии таъсиррасони ба мухити зист шаклхои зерини таъсиррасони ба инобат гирифта мешаванд:

– таъсиррасонии мустаким – таъсиррасони аз намудхои асоси ва ба он алокаманди фаъолияти банакшагирифташаванда бевосита дар махалли чойгиршавии объект;

– таъсиррасонии гайримустаким – таъсиррасони аз омилхои гайримустаким (дуюмдарача), ки дар натичаи татбики лоиха бармеоянд;

– таъсиррасонии кумулятиви – таъсиррасоние, ки хусусияти чамъшаванда дошта, дар тамоми чараёни татбики лоиха ба амал меояд.

  1. Дар раванди арзёбии таъсиррасони ба мухити зист таъсиррасони ба холати чузъхои зерин ба назар гирифта мешавад:

– хавои атмосфера;

– обхои руизамини ва зеризамини;

– сатх ва каъри обанборхо;

– ландшафтхо;

– захирахои замин ва хок;

– олами наботот ва хайвонот;

– экосистемахо;

– саломатии ахоли;

– шугли ахоли, имконияти тахсил кардан ва истифода намудан аз дигар инфрасохтори ичтимои;

– объектхои мероси таърихию фарханги ва дигар арзишхои модди;

– дигар чузъхои мухити зист ё мачмуи онхо.

 

Моддаи 19. Таъмини методии арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Арзёбии таъсиррасони ба мухити зист бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Назорати ичрои талабот оид ба гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба мухити зистро макоми ваколатдори давлати тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон амали месозад.

 

Моддаи 20. Хуччати арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Хуччати арзёбии таъсиррасони ба мухити зист хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда мебошад.
  2. Хисобот дар бораи натичаи арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда кисми таркибии хуччатхои лоихавии сохтмони мебошад.
  3. Хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда дар бар мегирад:

– маълумоти хатми дар бораи фармоишгари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият;

– асосноккунии зарурати татбики фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда, асосноккунии сармоягузори, асосноккунии техникию иктисодии лоиха, инчунин кисми тасдикшавандаи лоихаи кори ва шархнома;

– тавсифи холати то лахзаи огози фаъолият мавчудбудаи чузъхои мухити зист;

– хадаф ва тавсифи нишондихандахои асосии лоиха дар мачмуъ ва талабот нисбат ба чойгиронии он дар махал;

– тавсифи нишондихандахои асосии равандхои истехсоли, аз чумла, намуд ва микдори маводу тачхизоти истифодашаванда бо нишон додани шаклхои эхтимолии таъсиррасонии манфии фаъолияти банакшагирифташаванда ба мухити зист, хачм ва таркиби партовхо, ашёи хоми истифодашаванда (захирахои аз табиат гирифташаванда);

– арзёбии технологияи истифодашаванда аз лихози мутобикати он ба технологияхои бехтарини дастрас ва меъёрхои киёсии техники ва гигиени;

– иттилоот дар бораи вариантхои алтернативи бо нишондоди сабабхои асосии интихоби варианти лоихави;

– тавсифи таъсиррасонии эхтимолии фаъолият ба чузъхои абиотики (геология ва шароити релеф, иклим, холати хавои атмосфера ва мухити оби) ва биотикии (ландшафтхо, хок, олами наботот ва хайвонот) мухити зист, саломатии ахоли ва шароити ичтимоию иктисоди;

– тавсифи манбаъхо ва намудхои таъсиррасони дар мархилаи сохтмон;

– нишон додани таъсиррасонии номаълуми (номуайяни) фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ба мухити зист;

– арзёбии хатари экологи ва дигар хавфхое, ки ба саломатии ахоли тахдид мекунанд;

– тавсифи тадбирхо, ки барои пешгири ва кохиш додани таъсир ба мухити зист пешбини гардидаанд, аз чумла, пешниходхо оид ба гузаронидани мониторинги экологи;

– меъёрхои лоихавии партовхои моддахои ифлоскунанда ва чойгиронии партовхо дар мухити зист, хамчунин меъёрхои истихрочи захирахои табии;

– асосноккунии барномаи назорати экологии истехсоли;

– арзёбии экологию иктисодии лоиха бо назардошти хатархои эхтимоли, хусусият ва хачми чуброни зарари ба мухити зист расонидашуда;

– мавод дар хусуси бахисобгирии фикру мулохизахои шахрвандон, ки дар шакли протоколхо ба расмият дароварда шуда, хулосахо оид ба пахлухои экологии фаъолияти банакшагирифташавандаро дар бар мегирад;

– нишон додани мушкилот оид ба дастрасии иттилоот хангоми арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– хулосахои асоси аз натичахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист;

– тавсифи мухтасари иттилооти пешбининамудаи кисми мазкур барои шахрвандон;

– дигар иттилоот, ки барои таъмини пурраги ва эътимоднокии хисобот дар бораи арзёбии таъсиррасони ба мухити зист зарур аст.

  1. Таркиб ва мундаричаи хуччатхо оид ба мархилахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист аз чониби макоми ваколатдори давлати муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Хусусиятхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти объектхои дорои таъсири фаромарзи

Арзёбии таъсиррасони ба мухити зисти объектхои дорои таъсири фаромарзи бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, гузаронида мешавад.

 

БОБИ 4. ИТТИХОДИЯХОИ ЧАМЪИЯТИ ВА АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНИ БА МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 22. Хукук ва ухдадорихои иттиходияхои чамъияти хангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Иттиходияхои чамъияти хангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист хукукхои зеринро доранд:

– дар раванди арзёбии таъсиррасони ба мухити зист иштирок намоянд;

– ба макоми ваколатдори давлати оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи чамъиятии экологи ва мухокимахои чамъиятии натичахои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист мурочиат намоянд;

– ба суд бо даъво оид ба чуброни зарар ба мухити зист ва химояи манфиатхои шахрвандон мурочиат намоянд.

  1. Иттиходияхои чамъияти хангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасони ба мухити зист ухдадорихои зерин доранд:

– талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар сохаи хифзи мухити зист риоя намоянд;

– ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар халли мушкилоти хифзи мухити зист мусоидат намоянд.

  1. Иттиходияхои чамъияти дигар хукуку ухдадорихоро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, доро мебошанд.

 

Моддаи 23. Иштироки иттиходияхои чамъияти дар раванди арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Иштироки иттиходияхои чамъияти дар омодасози ва мухокимаи маводхои арзёбии таъсирасони ба мухити зист аз чониби фармоишгар хамчун кисми таркибии раванди арзёбии таъсиррасони ба мухити зист таъмин карда мешавад.
  2. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои иштироки шахрвандон дар раванди арзёбии таъсиррасони ба мухити зист тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мусоидат менамоянд.
  3. Бо максади ба иттиходияхои чамъияти фарохам овардани имконияти иштирок дар раванди кабули карор оид ба фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти банакшагирифташаванда ва бахисобгирии фикру мулохизахои онхо машваратхои чамъияти ташкил карда мешаванд.
  4. Тартиби иштироки иттиходияхои чамъиятиро дар раванди арзёбии таъсиррасони ба мухити зист санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 24. Дастрасии шахрвандон ба иттилоот дар раванди баргузории арзёбии таъсиррасони ба мухити зист

  1. Макоми ваколатдори давлати расмиёти иттилоотонии шахрвандонро дар мархилаи дахлдори арзёбии таъсиррасони ба мухити зист оид ба лоихахои ба гуруххои “А” ва “В” мансуббуда тартиб медихад. Дар як вакт имконияти гузаронидани машваратхо ва бахисобгирии фикру мулохизахои шахрвандон пешбини карда мешаванд.
  2. Расмиёти иттилоотонии шахрвандон иборатанд аз:

– нишон додани чойхои дастрас намудани иттилоот ва баргузории машваратхо;

– нишон додани шаклхои иттилоотонии чомеа (аз чумла, тавассути сомонахои интернети, почта, воситахои ахбори омма, ташкили мухокимахо, истифодабарии расмхо, чадвалхо, накшахо, диаграммахо ва дигар воситахо);

– муайян намудани тарзу услуби машварат бо шахрвандон (аз чумла, дар шакли мухокимаи пешниходхои хатти, натичахои пурсиши ахоли);

– мукаррар кардани мухлатхо барои мархилахои дахлдори арзёбии таъсиррасони ба мухити зист.

  1. Тамоми иттилоот, аз чумла, хисобот, хулосаи экспертхо, асосноккунии техникию иктисодии лоихахо, тагйирот дар лоихахо, натичаи тахкикот, ки ба объектхои арзёбии таъсиррасони ба мухити зист дахл доранд, дар сомонаи интернетии макоми ваколатдори давлати чойгир карда мешаванд.
  2. Пас аз кабули карор дар бораи додани ичозат ё рад кардани татбики лоиха, макоми ваколатдори давлати иттилооти зеринро барои чомеа дастрас менамояд:

– мохияти карор;

– далелу мулохизахои асоси, ки барои кабули карори мазкур асос мебошанд;

– тавсифи чорабинихои асоси оид ба пешгири, кохиш додан ва дар холати имконпазир будан, бартараф кардани таъсири манфи ба мухити зист хангоми татбики лоиха.

 

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 25. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                  Эмомали Рахмон

 

ш.Душанбе

18 июли соли 2017

№ 1448

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …