Главная / Илм / “МУХИТИ ГИЗОи”

“МУХИТИ ГИЗОи”

khok«МУХИТИ ГИЗОи, мабда (субстрат)-и сунъие, ки барои рушду инкишофи микроорганизмхо моддахои зарури дорад. Барои омузиши хусусиятхои микроорганизмхо (аз чумла дар мавриди тахкики бактериаологии беморихои сирояти), ба даст овардани ваксинахо, антибиотикхо ва г. кор мефармоянд.
Барои рушду инкишоф микроорганизмхо бояд аз М. г. микдори зарурии моддахои гизобахшро гиранд. Онхо ба гидроген, оксиген, карбон, нитроген, сулфур, фосфор, калий, магний, калсий, охан, инчунин ба микроэлементхо – манган, кобалт, мис., молибден, рух, ки вазифаи катализаторхои реаксияхои химиявиро ичро мекунанд, эхтиёч доранд. Барои кишти бисёр микроорганизмхо омилхои бактериявии рушд, яъне моддахои гизоии органики, ки худи онхо наметавонанд хосил бикунанд, зарур мебошанд (мас., аминокислотахо, витаминхо). Талаботи мухими дигар барои М. г. дар сатхи муайяну мусоид нигох доштани реаксияи мухит аст. Доираи киммати pH, ки дар холатхои гуногун истифода мешавад, хеле калон, аз 4,0 то 9,0 мебошад. Барои бисёр бактерияхои беморизо реаксияи нисбатан мувофики мухит 7,2 – 7,4 аст. Дар натичаи метаболизми микроорганизмхо М. г. турш ё ишкори мешавад, бинобар ин рушди минбаъдаи онхо катъ мегардад. Барои он ки реаксия тагйир наёбад, ба М. г. махлулхои буфери (бештар фосфати) илова менамоянд. М. г. бояд ба микдори кофи намнок ва тамйизи бошад.
М. г. моеъ, гализ ва ниммоеъ мешавад. Ба М. г.-и моеъ булёни гуштупептони ва булёни канди мансубанд. М. г.-и гализ аз 1 – 2% агари гуштупептони ва зардоби лахта таркиб ёфтааст. М. г.-и ниммоеъ аз 0,2 – 0,5% агари гуштупептони иборат мебошад. Барои хосил кардани М. г.-и гализ ба мухити моеъ, одатан, агар-агар (полисахариде, ки аз обсабзхои бахри мегиранд) ё желатин (моддаи табиаташ сафедавии хайвони) хамрох менамоянд.
Вобаста ба таркиб М. г. сода ва мураккаб мешавад. Ба М. г.-и сода (асоси) булёни гуштупептони, агари гуштупептони, оби пептони ва желатин мансубанд. Булёни гуштупептониро аз оби гушти гов, ки ба он пептон (махлули тачзияи нопурраи сафедахо) ва намаки оши илова карда мешавад, тахия месозанд. Барои ба даст овардани агари гуштупептони ба булёни гуштупептони агар-агар хамрох менамоянд. Ин гуна М. г.-ро барои он асоси меноманд, ки дар онхо микробхои бисёрро парвариш кардан мумкин аст. Гайр аз ин дар асоси онхо М. г.-и мураккаб тахия карда мешавад, мас., булёни канди, агари зардоби ва г. М. г.-и мураккаб барои кишти микроорганизмхои нисбатан серталаб, ки дар мухити мукаррари рушд намеёбанд, истифода мешавад. Чунончи, стрептококк факат дар мухити канди бо илова кардани глюкоза месабзад.
Аз руи таъинот М. г. хостгор (элективи), тоза ва ташхиси тафрикави мешавад. Дар М. г.-и хостгор рушди як ё чанд намуди микроорганизмхои ба хамдигар наздикро таъмин карда, рушди микроорганизмхои бегонаро фуру менишонанд. Мисоли мухити хостгор барои салмонеллахо ва шигеллахо булёни талха (аз талха ва булёни гуштупептони таркиб ёфтааст), барои вибриони вабо оби ишкории пептони аст. Дар баъзе холатхо мухити хостгорро бо рохи ба М. г. илова намудани антибиотикхо ба даст меоваранд. Мухити тоза ба мухити хостгор наздик аст. Одатан, дар он моддахое, ки рушди микроорганизмхоро фуру менишонанд, вучуд надоранд; дар он факат барои ин ё он микроорганизме, ки дар омехта мавчуд аст, шароити мусоид фарохам оварда мешавад. Мас., барои гун омадани шигеллахо ва салмонеллахо булёни селенити, ки аз селенити натрийи турш иборат буда, бахри рушди ин бактерияхо мусоидат мекунад, истифода мегардад.
Мухити ташхиси тафрикави барои фарк кардани микроорганизмхо пешбини шудааст. Бо кумаки он микроорганизмхоро метавон аз руи аломатхои ферментативии чудогона фарк кард. Ин гуна М. г. индикатор дорад, ки хангоми тагйир ёфтани pH (бинобар хосил шудани махсули тачзияи моддахо) ранги мухитро дигаргун месозад. Чунончи, хангоми ташхиси беморихои сироятии руда аз мухити Эндо истифода мекунанд, ки чузъи асосии он агари гуштупептони, лактоза ва индикатор – фуксин мебошад. Мухити Эндо имкон медихад, ки каламчамикробхои руда (лактозаро бо хосил шудани кислота тачзия мекунанд, бинобар ин колонияи онхо ранги сурх дорад; ранги фуксин) аз шигелла ва салмонеллахо (лактозаро тачзия намекунанд ва колонияи онхо беранг аст) фарк карда шавад. Барои омузиши хосияти сахаролизии бактерияхо мухити Гиссро кор мефармоянд; он дар асоси оби пептони, ягон карбогидрат (лактоза, маннит ва г.) ва индикатор тахия карда мешавад. М. г.-и истифодаашон махсус низ вучуд доранд, мас., барои брутселлахо – мухити чигари, барои анаэробхо – мухити Китт-Таротси. Мухити Плоскирев мисли мухити Эндо аст. Мухити Сотон барои кишти микробактерияхои сил истифода мешавад.
М. г.-ро дар лабораторияхо тайёр мекунанд.

С. С. Сатторов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …