Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДСИДДИКИ ХАЙРАТ

МУХАММАДСИДДИКИ ХАЙРАТ

Яке аз шоирони тавонои ибтидои асри XX точик Мухаммадсиддики Хайрат аст, ки бо эчодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири муайян гузоштааст. Хайрат соли 1878 дар гузари Арусони Бухоро таваллуд ёфтааст. Номи шоир Мухаммадсиддик буда, «Хайрат» тахаллуси адабии уст. Падари шоир дар масчиди гузари Арусон муаззин буда, барои тарбияи писараш хаматарафа саъй доштааст. Шоир дар овони хафтсолаги аз модар ва дар дувоздахсолаги аз падар ятим мемонад. Хайрат дар синни 15-солаги ба мадраса дохил шуда, илмхои чории замонро комилан фаро мегирад. Вай соли 1895 бо устод Садриддин Айни рафокат пайдо намуда, онхо аз хамдигар хеле бахрахо мебаранд.

Хайрат аз нигохи иктисоди чандон доро набуд ва аз ин чихат танкиси мекашид. Ин аст, ки шоир барои бехбудии холати ичтимоии хеш, соли 1898 ба сифати мирзо, ба хидмати Ашурбек ном даллоли пусти карокули дохил мегардад. Аз сабаби он ки Хайрат бемор шуда буд, соли 1900 бо маслихати дустону наздикон барои тагйири мухит ба Фаргона меояд. Бемории шоир вазнин гардида соли 1902 Хайрат аз дунё чашм мепушад.

Хайрат махсусан бо таъсири мактаби адабии Шарифчон Махдум назокати илми шеърро хеле барвакт аз худ менамояд. Аз тарафи дигар, мухити илми-адабии шахри Бухоро низ ба эчодиёти у таъсири зиёд менамояд. Ин аст, ки у ба шеъргуи аз овони хурдсоли шуруъ мекунад.

Мероси адабии Хайрат

Мухаммадсиддики Хайрат хануз аз даврони хурдсоли то тахсили мадраса ба шеъру шоири ру оварда буд. Устод Садриддин Айни дар ин бора менависад, ки: «… аз камоли истеъдод ва ишки адабиёт дар хурдсоли ба мартабаи устоди расида буд». Хайрат тавонист дар муддати кутох аз худ ашъори зиёде ба ёдгор гузорад. Ашъори шоирро баъд аз вафоти у яке аз бузургону фозилони замон-Мирзо Абдулвохиди Мунзим ба сифати девон мураттаб намудааст. Ба хамин тарик, девони ашъори Хайрат дорои 2447 байт буда, аз шаклхои шеърии зерин: газалу касида, китъаву рубои, мусаммати мухаммас, мусаммати мусаддас ва г. иборат мебошад.

Дар девони у газал нисбат ба шаклхои дигари шеъри мавкеъ дорад. Мавзуи марказии ашъори Хайрат ишку ошики, шуру валвалахои ботинии инсон, садои дилхои лабрези вафодирию мухаббат, садокату самимият мебошад. Бахусус газалиёти у аз ин чихат афзалияти бештаре дорад.

Масалан, газали зерини Хайрат, ки аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво ишки – васфи буда, дар он хусну чамоли махбуба васф карда мешавад, хеле чолиб аст. Ин газал, ки аз хар чихат аз нигохи хусусиятхои мундаричави: маъниофари, мазмунсози, интихоби лафзу назокати ифода, хунари коргири аз санъатхои бадеии маънавию лафзи ва г. чолиб аст.

Аз чихати талаботи хусусиятхои шакли хам хеле дилнишину хотирмон мебошад. Зеро хатто диккати устод С. Айниро чалб намудааст ва устод ин газалро яке аз бехтарин газалхои суннати мехисобад. Чунончи, матни пурраи он газал:

Ай сарв, беибо ба чаман сар кашидаи!

Моно, ки сарви комати уро надидаи?

Ороми сарви ман бувад аз чуйбори чашм,

Ай сарв, агар ту бар лаби чу орамидаи.

У сарви дилбар асту равон аст дар хиром,

Ту сарви бебариву ба кунче хазидаи!

 У реша дар дил асту зи дил об мехурад,

Ту реша дар гил астиву аз гил дамидаи.

У нозпарвар асту бувад шох-шохи лутф,

Ту богпарвар, аз ду- се шохи буридаи.

Хайрат, зиёда муътакиди сарви нози у

Гашти, магар мунозираи мо шунидаи?

Газали зикршуда бешубха хеле хунармандона эчод шудааст. Бунёди тасвири шеъри боло ду сарв буда, яке дарахт ва дигаре махбуба мебошад. Аз ибтидо то интихо ташбехи баргаштаву ташбехи тафсили ба кор гирифта шудааст, то ин ки шоир бартарии махбубаро нишон бидихад. Сарви чаман, ки аз дарахтони дигар дар каду комат бартари дорад, ифтихор мекунад. Шоир уро огох месозад, ки фахри ту бечост, зеро аз руи тамоми хусусияту аломатхои мукоисашаванда комати махбуба бартари дорад. Хусусиятхои шаклии шеъри боло низ басо чолиб ва хотирмон аст.

Зеро интихоби калимахову иборахо, хусусиятхои табии дарахту инсон, чобачогузори, мантики бадеии сухан ва гайра радифро талаб намекунад. Вале калимахои кафияшаванда: кашидаи, надидаи, орамидаи, хазидаи, дамидаи, буридаи, шунидаи низ бозёфти шоиранд. Онхо хеле хуб «чинда» шудаанд. Дар калимахои хамкофия решаи кофия – идаи буда, харфи рави «д» мебошад. Аз ин ру, кофияхои газали боло мутлак мебошанд.

Аз нигохи вазн низ газали мазкур нисбатан дилнишин аст, зеро дар бахри Музореи мусаммани ахраби макфуфи махзуф ё максур иншо шудааст. Афоъили он чунин шакл дорад:

  • – V/ – V – V / V – – V / – V –
  • – V/ – V – V / V – – V / – V –

Яъне: мафъулу, фоъилоту, мафоъилу, фоъилун

Хайрат шоири газалсарост ва дар ин хунар хеле панчаи кави дорад. У газалхои таклидкорона хам дорад, вале дар таклид хам на хар кас муваффакият пайдо карда метавонад. Масалан, ба газали мазкури Хайрат агар таваччух карда шавад, хеле хунармандона эчод карда шудааст:

Чашм андозам, ки он гулпирахан ёдам кунад,

 Гуш як дам аз тараххум суи фарёдам кунад.

Чанд бошам аз фирокаш банда бо оху фигон,

Кош суям як назар он сарви озодам кунад.

 З-он лаби ширинлабе ширин нашуд, охир маро,

Хамнишини кухи гам монанди Фарходам кунад.

Хоки рах гардидаам боре ба рохи тавсанаш,

Як нигах аз лутф ё якбора барбодам кунад.

Абруяш тири газаб хар лахза бар дил мезанад,

Наргиси масташ ба чон сад фитна эчодам кунад.

Захр менушам зи чоми дида аз сахбои ашк,

Шоядам чоми май он мах нуш бар ёдам кунад.

 Зору махчуру хазинам, Хайрат, аз хичрони у,

Бар умед он мах зи васли хеш дилшодам кунад.

Дар газали зикршуда истеъдоди вокеии Хайрат, хунари волои у, донишу чахонбини, табъу тавони суханварии вай боз хам бештар ошкор мешавад. Чашм андохтан-киноя аз пиндоштан, ба умед будан ва гулпирохан-истиора, зеро ташбехшаванда нест ва танхо ташбехкунанда зикр шудааст. Гуш суи фарёд кардан- гапи касеро гирифтан, рози шудан ба фикри касе; хамнишини кухи гам будан-гамшарики; абру-тири газаб ва г. Газали боло ишки буда, хадафи шоир шикоят аз хачри ёр, фироку дури аст. Ошик муштоки висол аст, вале махбуба газабноку бадкахр мебошад.

Аз нигохи хунари эчод низ газали зикршуда хуб эчод шудааст. Газал дорои радифи содда буда, калимаи кунад ба хайси радиф оварда мешавад. Радиф танхо аз таъкиди маъно иборат набуда, бештар бори гояви мекашад. Газал бо такозои кофия хам чолиб буда, дар он калимахои ёдам, фарёдам, озодам, Фарходам, бодам, эчодам, ёдам, дилшодам хамкофияанд. Аз чихати навъхои кофия бошад, кофияхои газали мазкур мутлак аст, зеро пас аз рави («д») унсурхои дигари кофия омадаанд. Хадафи шоир аз истифодаи чунин тарзи кофия баёни холати пешомада мебошад.

Дар эчоди газал шоир аз бахри Рамал истифода кардааст. Ин аст, ки газал дар бахри Рамали мусаммани махзуф таълиф шудааст. Афоъили вазни хосилшуда чунин аст:

  • V – – / – V – – / – V – – / – V –
  • V – – / – V – – / – V – – / – V –

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

Намунахои дар боло овардашуда далели онанд, ки ашъори Хайрат дар адабиёти замони худ нисбат ба дигар муосирон аз хар чихат бартари дорад.

Дар газалиёти Мухаммадсидики Хайрат мавзуъхои танкиди, хачви хеле зиёданд. Масалан, у зохидро хеле сарзаниш менамояд:

Зохид аз дайр ба масчид зада саъйи ботил,

Кист ин гумшударо дар рохи Хак гардонад.

Харфи имрузи ту бо мох хамаги кину чафост,

Худ муаллим зи вафо кош сабак гардонад.

Яке аз хусусиятхои чолиби газалиёти Хайрат аз он иборат аст, ки хатто мавзуъхои ишки низ тобиши хазлу шухи гирифтаанд.

Чунончи:

Мо ба узлат мурда, ёди дилситони мо ба хайр,

Барнамегирад хабар, сарви равони мо ба хайр.

Ёди у дорем ахде, хеч ёди мо накард,

Ёди бепарводили номехрубони мо ба хайр!

Мо ба фикри он ки дорад ёр фикри холи мо,

Боракаллах фикри мову хам гумони мо ба хайр.

Нукли мачлис хар кучо зикри парешонии мост,

Мо ба худ чамъем, асрори нихони мо ба хайр!

У намерафтаст худ чуз дар рахи шарри ракиб,

Ёди чоки кардаю чуту нишони мо ба хайр.

Хостем аз лаъли у як харфеву расво шудаем,

Дар бари ёрони дерин имтихони мо ба хайр.

Газали зикршуда андаке тамоили хазломез дорад. Ошик-кахрамони лирики хамоно гирифтори хичрон аст, вале махбуба хеле бепарводилу номехрубон мебошад.

Ин аст, ки ошик уро: ахсант, мегуяд. Ахсанти гуфтаи у маънии зохиран офаринро дорад. Махз бори гояви бардоштани радифи мураккаби «мо ба хайр», тобиши хазлангези максади кахрамони лирикиро таъмин кардааст. Аз ин ру, шоир онро ба хайси радиф баргузида, то ба охири газал ба кор мебарад.

Аз нигохи хунари шоири низ газали дар боло овардашуда хеле хунармандона аст. Шоир аз санъатхои бадеии таносуби сухан, истиора, мачоз, киноя, ташбех, муболига, тазод, тавсиф ва г. хеле ухдабароёна истифода мебарад.

Аз чихати хусусиятхои шакли низ ин газал хуб аст. Чунон ки каблан ишора рафт, шоир дар ин газал радифи мураккабро ба кор мебарад, то ин ки бори гоявии хадафро вазнинтару таъсирбахштар намояд.

Кофияхои газал калимахои дилситон, равон, номехрубон, гумон, нихон, нишон, имтихон, чон… буда, кофияхои мукайяд мебошанд, зеро баъди харфи рави («н») унсури дигар иштирок надорад.

Газали боло дар бахри Рамали мусаммани максур эчод шудааст. Афоъили вазни мазкур чунин шакл дорад:

  • V – – / – V – – / – V – – / – V ~
  • V – – / – V – – / – V – – / – V ~

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Хайрат дар эчодиёти худ махсусан дар эчоди газал ба шоирони пешина пайрави кардааст. У ба ашъори Саъди, Бадруддини Хилоли, Мушфики бештар пайрави мекунад. Хусусан дар муносибат ба образи лирикии махбуба Хайрат асосан ба Хилоли ва эчодиёти у ру меорад. Барои намуна ба ин газали Мухаммадсиддики Хайрат мурочиат менамоем, ки хеле хунармандона руи кор омадааст. Албатта, сузу гудоз дар газалиёти Хилоли ва назокати ифодаи чузъиёти тасвирхои лирики дар шеваи эчоди у афзалияти том дорад. Чунончи:

Ай муниси дил, душ ту мехмони ки буди?

Дил бе ту ба чон омаду чонони ки буди?

Маст аз маи ишкат ману бо гайр зади чом,

Ранчури ту ман будаму дармони ки буди?

Хамсухбати агёриву як бор нагуфти,

Бо худ, ки карини дили бирёни ки буди?

Бурди ту, карор аз ману ороми ки гашти?

Мурдам зи фироки ту, бигу, чони ки буди?

Аз гиряи ман киштии афлок равон гашт,

Ай рухи равон, луъбати хандони ки буди?

Боре накашиди зи дилам хори чафоро,

Бо орази гул сарви гулистони ки буди?

Ханчар ба кафу маст паи катли ту омад,

Хайрат, бинигар захмии пайкони ки буди?

Газали мазкур пайрави бошад хам, басо ухдабароёна ва хунармандона аст. Мавзуи газали боло ишки буда, бемехри, чафокори, бепарвои, берахми, ситамгори, золими, бесабри, дилсарди, бевафои дар симои махбуба мавриди тасвир карор дорад. Ошик бошад баръакс: бовафо, бомухаббат, пуртокату пурсабр, чафокашу рахмдил, хушмуомилаву хушсухан аст. Ошик аз махбуда шиква кунаду нолад хам, амалхои у аз сидки дил нест. Зеро у сидкан махбубаро дуст медорад. Рузгори хешро бе махбубааш хеч мехисобад.

Махбубаро баробари чон пазмон аст. Ин аст, ки бунёди мавзуии газал ишки буда, хичрон, фирок, дури аз висол, канорагири асоси онро фарохам овардааст. Аз ин ру, шоир барои таъсирноки, дилчаспи, гушнавози дар коргири аз хусусиятхои шакли, унсурхои ёвари мазмунсози хеле хуб хунарнамои мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки хунарманд аст.

Истифодаи радиф дар газали боло хеле чолиб буда, шоир барои таъсирнокии баён радифи мураккабро истифода бурдааст. Албатта, дар газали Хилоли ин чихати баён боз хунармандонатар аст. Яъне радифи мураккаби «ки буди?» бори гояви ба душ дошта, суоли ошик бар махбуба мебошад.

Калимахои кофияшаванда низ чолибанд: мехмон, чонон, дармон, бирён, чон, хандон, гулистон, пайкон дар газали боло хамкофияанд ва ба воситаи бандаки изофии «и» миёни радифу кофия иртиботи забони сурат гирифтааст. Аз суи дигар, мантики ифода низ хеле баланд арзёби шудааст.

Кофияшавандахои боло аз нигохи навъхои кофия мукайяд буда, пас аз рави («н») харфи васл наомадааст. Ин унсур барои низоми калимахо ва рабти мисраъхову байтхо то тамомияти газал, бо таъмин намудани охангноки идома мекунад.

Аз нигохи истифодаи вазн низ газали боло хеле чолиб ва дилкаш аст. Газал дар бахри Хазачи мусаммани ахраби макфуфи махзуф (ё максур) иншо шудааст, ки афоъили он дар чунин шакл сомон ёфтааст:

– – V / V – – V / V – – V / V – – ( V – ~)

Яъне: мафъулу, мафоъилу, мафоъилу, фаъулун.

Ба хамин тарик, Хайрат ба воситаи ашъори лирикии худ ва махсусан газалиёташ ба адабиёти нимаи асри XIX ва ва огози садаи XX ва хамчунин ба адабиёти муосири точик нуфузи судманде расонидааст. Сахми у дар гановати тачрибаи эчоди, хунари шоири, санъати маъниофари, чузъиёти тасвирсозихо, коргири аз радифсозиву кофияёби ва хамчунин боигарии таркиби лугавию фонди лексикаи забони адаби ва гайра нихоят бузург аст.

Савол ва супоришхо:

  1. Оид ба овони чавонии Мухаммадсиддики Хайрат чи медонед?
  2. Шиносии Хайрат бо устод Айни кай ва чи гуна сурат гирифтааст?
  3. Тахсили ибтидои ва мадрасавии Хайрат дар кучо гузаштааст?
  4. Мероси адабии махфузмондаи Хайратро номбар кунед.
  5. Мавзуъ ва мазмуну мухтавои лирикаи Хайратро накл кунед.
  6. Хусусиятхои хунарии газалиёти Мухаммадсидики Хайратро шарх дихед.
  7. Газали «Ай сарв, беибо ба чаман сар кашидаи»-ро азёд кунед ва хусусияти образхои лирики-харду сарвро баён кунед.
  8. Мазмун ва мундаричаи гоявии газали «Чашм андозам, ки он гулпирохан ёдам кунад»-ро накл кунед.
  9. Газали «Мо ба узлат мурда ёди дилситони мо ба хайр» – ро аз нигохи маъниву мазмун ва хунари шоири шарх дихед.
  10. Макоми Хайрат дар рушди адабиёти давр ва анвои чудогонаи шеър чи гуна аст?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …