Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДШАРИФ ГУЛХАНИ

МУХАММАДШАРИФ ГУЛХАНИ

Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Мухаммадшарифи Гулхани дар таърихи адабиёти точик хам дар шаклхои гуногуни назм ва хам дар наср мавкеи намоён дорад. Номи адиб Мухаммадшариф ва тахаллуси адабии у «Гулхани» буда, дар ин бора Фазлии Намангони дар «Мачмуаи шоирон» мегуяд:

imagesХушо, Гулхани шоири пурфан аст,

Чи гулхан, ки зеботар аз гулшан аст.

Зи девонахуиву оташфани,

Тахаллус нихода ба худ «Гулхани»

Газалхо навишта латифу равон,

Ба дастури алфози кухистон.

Ки буданд ачдоди у дар диёр,

Писандидаи мардуми кухсор.

Гулхани зодаи дехаи Булкоси Каротегин буда, такрибан солхои 70-уми асри XVIII ба дунё омадааст. У солхои 90-уми асри XVIII ба шахри Намангон меравад. Аз сабаби тангии маиши шоир тахсилро пурра фаро гирифта наметавонад. Баъдхо бо фармони амир ба касби сипохигари чалб карда мешавад. Сипохигари барои Гулхани хамчун мактаби хаёти бисёр масъалахои гуногуни рузгору зиндагиро ёд медихад ва шоир аз ин мактаби хаёти бахрахо бардоштааст. Пас аз чанде Гулхани ба дарбори Умархон рох меёбад ва ба доираи адабии Куканд мепайвандад. У тадричан ба амир Умар таваччух пайдо намуда, ин хокимро одил ва саховатпеша ном мебарад ва мадх мекунад. Вале бо мурури вакт мебинад, ки пиндораш хатост, зеро ба мехнати шоир ба назари хайрхохона нигох намекунад:

Хунар харчанд ин чо метаровад аз хар ангуштам,

Зи бахти норасо коре надорад бо зар ангуштам.

Мухаммадшариф ба шеър таваччухи зиёд дошта, хеле барвакт ба эчоди он майл кардааст. У дар ибтидо «Гулхани» тахаллус интихоб карда будааст. Сарчашмахо инчунин таъкид менамоянд, ки у баъдхо ба худ тахаллуси «Чуръат»-ро муносиб медонад ва бо ин тахаллус эчод мекунад.

Фазлии Намангони («Мачмуаи шоирон») оид ба тахассули аввалини Мухаммадшариф ва шахсияти у бахс ба миён оварда мегуяд:

Зи мулки кухистон бувад Гулхани,

Кунад пахлавони зи нерумани.

Ба даргохи султони гетипанох

Хавохох хам шоиру хам сипох.

Умуман зиндагии шоир чандон мувофики максад набуда, дар ашъори махфузмондааш низ доир ба ин чихат ишорахои фаровони худи адиб ва сарчашманигорон ба мушохида мерасад. Масалан баъзе ишорахои Фазли низ бисёр лахзахои зиндагии ичтимоии Мухаммадшарифро равшан месозад:

Сипохигари кард, рохат надид,

Ки осоиш аз ранчу мехнат надид.

Мурувват накарди ба холаш амир,

Басе бенавои кашид он факир.

Ки аз тангдасти ба чон омади,

Зи бемояги дар фигон омади.

Поёни умри Мухаммадшарифи Гулхани дар Куканд гузашта, ба даврони хукмронии Мухаммадалихон (1822-1842) рост омадааст. Ин амири бетадбир ба катли Гулхани фармон додааст. Вафоти шоир ба хамин тарик, солхои 1826-1827 иттифок афтодааст.

Мероси адабии Гулхани

Чунон ки каблан таъкид шуд, Гулхани бо ду забон-точики ва узбеки, дар ду навъи адаби: назм ва наср аз худ андак бошад хам, мероси адабии пурмухтаво ба ёдгор гузоштааст. Холо аз ин адиб чанд газалу як касида ва як киссаи тамсили бо номи «Зарбулмасал» ба забони узбеки маълум аст. Яъне аниктараш 12 газалу як касида ва аз 12 газал 7-то ба забони точики ва 5 то ба забони узбеки эчод гардидааст:

Фаъолияти адабии Мухаммадшарифи Гулхани хангоми тахсил ва сипохигари бо эчоди шеърхои лирики огоз гардидааст.

Мухаммадшариф бо тахаллусхои «Гулхани» ва «Чуръат» эчод кардааст. Мавзуи газалиёти Гулхани суннати буда, ишку исёнхои ботинии инсон, васфи хусну чамоли махбуба, нозу ифтихори у, садокати ошику бемехрии маъшука, барди хичрону сузи фирок ва гайра мебошад. Яке аз мавзуъхои дустоштаву марказии ашъори шоир хачву истехзо, тамасхуру танкид аст. Вале дар хар сурат дар газалхои шоир ишку масоили дигари ичтимои бештар мавкеъ дорад. Чунончи:

Ай бути ширинлабу симинтану рангинкабо,

Пой то сар чилваи макру фану нозукадо.

Мазхари чавру чафову зулм, хам бедоду кин

Дар сипехри дилрабои мохи бемехру вафо.

Мубталои холу зулфу оразу чашми ту буд,

Хиндуву кашмирию римиву туркони Хито.

З-оташи шамъи рухат парвона бесабру шикеб

Хусн – саркаш, ишк – голиб, ман – забун, дил – бенаво.

Гар набошад ёди мижгонат ба дасти у асо.

Аз тапиданхои дил дар гуш меояд садо.

Зиндагихо ба рагми дахр то кай

Гулхани Чанд гуи ёр берахму фалак ноошно.

Газали мазкур аз руи мавзуъ ва мазмуну мухтаво ишки, ичтимои, шиквои буда, бемехриву берахмиии махбуба, маккориву чафопешагии у ба тасвир омадааст.

Аз нигохи хунари эчод низ газали боло хуб аст. Шоир аз санъати таносуби сухан, тавсиф, ташбех, муболига, тазод, истиора, киноя, мачоз, чамъу таксим, нидо ва гайра нисбатан хуб кор гирифта шудааст.

Аз нигохи хусусиятхои шакли низ газал нисбатан чолиб эчод гардидааст. Шоир дар ин газал радифро ба кор набурда, дар он калимахои рангинкабо, нозукадо, вафо, хито, бенаво, асо, садо, ноошно хамкофия шудаанд. Аз нигохи навъхои кофия, калимахои кофияшуда бо рави «о» тамом шудаан ва аз ин ру, шакли кофия мукайяд аст.

Газал дар бахри рамали мусаммани махзуф ё максур иншо гардидааст, ки афоъили он чунин мебошад:

– V – – / – V – – / – V – – / – V – (ё худ: – V ~)

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фоъилон.

Мухаммадшарифи Гулхани умуман дар хунари газалсарои чандон бад нест, зеро эчодиёти ин шоир низ дар заминаи суннати ниёи зухур кардааст.

Аз газалхои махфузмондаи точикии у маълум мешавад, ки шоир газалхои ишкии худро бо охангхои бисёр кавии ичтимои дар омехтаги эчод намудааст:

Гудозу сузу дарду дог з-инсон бар ман аст имшаб,

Чу шамъ эгозу анчоми ман аз худ рафтан аст имшаб.

Зи ман уммеди накди дину дил дигар бувад нодир,

Чароги корвонам гуи чашми рахзан аст имшаб.

Баёзи гардани соки тачаллигохи махфил шуд,

Гилеми тури моро гуи води Эман аст имшаб.

Зи поям барфиканди, по ба поят ман сарафкандам,

Барафкан парда аз рухсор, афкан-афкан аст имшаб.

Кулах бишкаст соки, мухтасиб паймонаи майро,

Ту бишкан фарки он бадхуй, бишкан-биштан аст имшаб.

Ба имшаб-имшаб доди навиди васл дере шуд,

Ханузам гуш дар рохи ту чашми равзан.

Газали боло дорои шаш байт буда, аз нигохи мазмуну мухтаво ишки- ичтимои нест. Зеро шамъ барин сухтаму аз худ гузаштан ва фурурави ба хотири тачаллии махфил ифодахои суфиёна мебошад. Чанбаи хунарии газал низ чандон бад нест. Шоир аз санъатхои бадеии таносуби сухан, ташбех, мачоз, киноя, истиора, муболига, тазод, тавсиф, талмех ва гайра хуб кор гирифтааст.

Аз нигохи хусусиятхои шакли низ газали зикршуда чолиб аст: Газал мураддаф буда, калимахои «аст имшаб» радиф аст, зеро аз огоз то анчом такрор мешавад. Радифи мазкур мураккаб мебошад, зеро аз ду калима иборат аст. Калимахои радифшуда бори гоявии шеърро бар ухда гирифтаанд.

Дар газали зикршуда калимахои ман, рафтан, рахзан, Эман, афкан, ишкан, равзан хамкофия шудаанд. Аз сабаби он ки кофияшавандахо бо харфи рави «н» ба охир мерасанд, ин навъи кофияро кофияи мукайяд мегуянд.

Аз нигохи вазн, газали зикршуда дар бахри хазачи мусаммани солим эчод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:

V – – – / V – – – / V – – – / V – – –

яъне, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун.

Дар ашъори Мухаммадшарифи Гулхани хачву истехзо, мазаммату танкид низ макоми махсус дорад. Ин чанбаъ хам дар назм ва хам дар наср ба хуби мушохида карда мешавад. Масалан, шоир бо радифи бидех

газале дорад, ки кофияву радиф дар он на танхо вазифаи хушохангиву хотирмони, равонию дилнишини, чолибию чаззоби дорад, балки беш аз он бори гоявию маънои мекашад.

Чунончи:

Хазратам, аз гушнаги мурдам, ба ман нунам бидех,

Кофирам, гуям агар инам бидех, унам бидех.

Гандуму мошу биринчам дех, ки даркори хамуст.

Ман намегуям акику лаълу марчунам бидех, Бар танам як лог

дору ишкамам пур кун зи нун,

Бо ту, биллах, ман намегуям, ки имунам бидех.

Аз тихидасти агар нукор мурад хайф аст, хайф,

Ай, табиби хозики нукар, ту дармунам дихед.

Чума деху нун, зи ранчу фока мегардон халос,

Кай туро гуфтам, ки бар ман ганчи Корунам бидех.

Аз тагуёни дарат кас нест чун ман беасос,

Хавливу богу сарову касру айвунам бидех.

Гулханиро ай катури баччамардон кам мадон,

Футтаву шофам бидех, аспам бидех, тунам бидех.

Хусусан бори гоявию мавзуи ва маъноиву мундаричави бар душ доштани радиф дар газали боло, аз он хам маълум мегардад, ки дар мисраи интихоии газал, калимаи радифшуда бидех се дафъа таъкид карда мешавад. Яъне максади шоир аз зикри ашёи зарури хамин аст, ки бо он эхтиёч дорад. Аз ин ру, ин калима, ки эхтиёчи кахрамони лирикиро конеъ мегардонад.

Аз нигохи хунари, албатта, ин чолиб аст. Аз тарафи дигар, чанбахои дигари хунарии шеър, масалан, коргири аз санъатхои бадеи хам хеле писандида мебошад. Шоир аз санъатхои бадеии таносуби сухан, нидо, тазод, муболига, мачозу киноя, тавсиф, ташбеху истиора ва гайра хуб истифода кардааст.

Хусусиятхои шаклии газал низ хеле чолиб аст. Шеър мураддаф буда, чунон ки ишора кардем, калимаи бидех кофия карор дода шудааст. Ин калима эчодиёти номбаркардаи адибро фаро мегирад. Аз ин ру, бори хадафи низ бар ухда дорад. Радифи содда аст.

Кофияхои газали мазкур: нунам, унам, марчуам, им унам, дармунам, корунам, айвунам ва гайра мебошад.

Аз нигохи сохтор кофияхои интихобшуда мутлак буда, пас аз рави «н» унсурхои дигар низ хаст:

Вазни газал низ чолиб аст. Он дар бахри рамали мусаммани махзуф ё максур эчод шудааст. Аз нигохи афоъил он чунин аст:

– V – – / – V – – / – V – – / – V – (ё – V ~) яъне: мафоъилун, фоъилотун, фоъилотун ё ин ки – V ~ мебошад.

Умуман, лирикаи Гулхани аз нигохи мазмуну мухтаво ва мавзуъи ишки, ичтиоми ва хачви буда, дар он унсурхои шеваи гуфтугуии мардумони кухистони точик хеле мавкеъ дорад.

«Зарбулмасал»: мавзуъ ва мазмуну мухтавои он.

Хачву истехзо ва танкид яке аз мавзуъхои човидонаи адабиёти бадеист. Ин суннати адаби дар адабиёти охири асри XVIII ва огози асри XIX буд. Махз чунин талаботи хаёт дар он рузгор «Зарбулмасал»-и Гулхани барин асархои чавобгуи даврро ба миён овардааст.

«Зарбулмасал»-и «Гулхани асари насрат-тамсили буда, хадафи нависанда аз эчоди асар бе восита танкиди салтанати амир Умархон набудааст. Ин асари мансури Гулхани ба забони узбеки таълиф шудааст. Муаллиф асосан аз хикоёти «Калила ва Димна» хеле хуб истифода бошад хам, бунёди хати сужаи асар бар як хикоят «Махзан-ул-асрор» гузошта шудааст. Дар хикояи Низоми сачараи ду бумро мушохида намудани Анушервон тасвир карда мешавад. Яъне дар вайронае ду бум ба хам сачара мекарданд. Зеро буме ба назди буми дигаре бо максади хостгори омадааст. Мехохед барои писари худ духтари буми дигарро хостгори кунад. Ба хамин тарик, дар хамин холат аз назди хамон макони вайрона Анушервон бо вазири донишманди худ Бузургмехри Бахтакон мегу зоштанд. Анушервон сачараи бумхоро мушохида намуда аз вазираш мепурсад, ки гуш кун, то он ду парранда дар бораи чи сухбат доранд? Бузургмехр лахзае ба сачараи бумхо гуш дода, аз максади онхо бохабар гардида, ба Анушервони одил мегуяд, ки онхо фарзандони худро хонадор кардан мехоханд. Бум барои ширбахои духтараш панчох хазор дехи вайрона талаб карда истодааст. Буми дигар ба шумо ишора намуда гуфт, ки: -Агар хамаи шахс шох бошад, сад хазор дехаи хароб хохам дод.

-Анушервони чавоби бузургмехрро шунида хеле мутаассир мешавад, ки холо хам дар сиёсати пешгирифтаи ман усули мамлакатдории ман, нуксонхо зиёд будаанд. Бояд аз паи ислохи нуксонхо шуд…

Гулхани дар хамин заминга сухбати ду кабутари кудошавандаро зикр намуда, ба ин восита амир Умархонро одилу адолатпарвар нишон медихад.

Образхои амалкунандаи асари Гулхани намояндагони табакахои гуногуни чамъият буда, нависанда нуксонхои онхоро хеле соддаву одди фош месозад. Кахрамонхои асар чонвархои гуногун ва бештар паррандахо мебошанд. Образхои тансилии асар: Бойугли, Япалоккуш, Куркуш, Маликшохин, Худхуд, Шурнул ва гайра буда, хар кадом хислату характер, рафтору кирдор, муносибату гуфтори ба худ хос доранд.

Дар маркази асар амалиёти кудогии Япалоккуш ва писари у Куланкир султон ва инчунин Буйугли ва духтари зебои вай Гунашбону меистанд.

Муаллиф писару падарро, ки ахли мехнатанд, чонибдори мекунад. Маликшохин аз хизматхои Куланкир хуб рози аст. Вале Бойугли марди магрур, худписанд, хавобаланд ва инчунин мумсик аст. Аз ин чост, ки у япалоккушу писари уро писанд намекунад. Хатто Япалок кучову ман кучо? – мегуяд.

Агар сухан дар бораи шахсиятхои сиёсии давр, рухониён, амалдорони муосираш равад, адиб ба образхои тамсили: паррандахо, чонвархои дигарро ба кор мегирад. Агар сухан дар бораи табакахои дигари ичмои: савдогаро, муфтихо, бакколон, судхурдхо равад, Гулхани номи хакикии онхоро ба кор мебарад. Чунончи Саид Азимчони Суфи, Мухаммад Косим – даллоли рангфуруш, Мухаммад Аминхучаи Муфти ва дигарон, ки хар кадом бо ному касбу пешаашон зикр шудаанд. Усули корбурди хикояхо ва хикоясози дар асари Гулхани ва «Калила ва Димна» монанд аст. Масалан, «Куркуши хостгор дар хузури Бойугли хикояти Мухаммадкосими даллоли рангфурушро накл мекунад:

-Кукуш гуфт: Омади суханони ту ба Мухаммадкосими далоли рангфуруш монанд аст, ки як руз барои деворзани мардикор андохтааст.

Дар вакти намози аср, хангоми тахорат ба мардикор нигох карда истода такияшро ба оби равон афтонда аст. У гирифта танавониста тавонашро аз мардикор гирифтани шудааст. Баъд аз кор мардикор музд талаб кардааст. Мухаммадкосим токии ман се танга буд, токии ту базур як танга аст. Бо як тангаи музди корат ду танга мешавад. Хакки як тангаи ман дар гардани туст. Зеро ман ба ту нигох кардам ва токиям ба об афтод. Акнун товони онро ту медихи. Боз як рузи дигар кор карда дех. Дар ин хикоя образи даллол – манфи аст, ки ба образи мусбат – мардикор мукобилгузори шудааст. Дар асар порчахои шеъри ва хикояхои хурд-хурд манзхум низ зиёданд. Аз чумла хикоёти «Сангпушт» ва Качдум» (насри), «Маймуни наччор» (манзум) мебошанд. Умуман Гулхани аз хикоёти классикони дигари таърихи адабиёт истифода кардааст:

Мухим он аст, ки асари Гулхани барои соддабаёни ва мактаби вукуъгуии минбаъдаи (девори шурави) адабиёти точик заминаи хуб фарохам овард.

Савол ва супоришхо:

1.Оид ба овони чавонии Гулхани чи медонед?

  1. Сабаби ба дарборхо рох ёфтани Гулханиро шарх дихед.
  2. Поёни умри Гулхани чи гуна сипари шудааст?
  3. Аз осори аабии Гулхани чихо боки мондаанд?
  4. Кадом тахаллусхои аабии шоирро медонед?
  5. Мазуъ ва мазмуни газалхои Гулханиро баён намоед.
  6. Газали «Ай бути ширинлабу симинтану рангкабо»-ро азёд кунед.
  7. Мазмуни газали «Хазратам, аз гушнаги мурдам ба ман нунам бидед»-ро накл кунед.
  8. Мазмуну мухтаво ва хусусиятхои чудогонаи «Зарбулмасал»-ро баён намоед.

10.Образхои тамсилии асар ва маънии ичтимоии онхоро шарх дихед.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …