Главная / Илм / МУХАММАД АЪЗАМХОНИ РОМПУРи

МУХАММАД АЪЗАМХОНИ РОМПУРи

nophotoМУХАММАД АЪЗАМХОНИ РОМПУРи (с. тав. номаълум – ваф. 1902), яке аз табибони номдор ва сермахсули а. 19 Хиндустон. Мулаккаб ба Нозими Чахон буда, дар хонадони Хаким Шохаъзамхон дар ш. Мустафообод (Ромпур) ба дунё омадааст. Зиндаги ва фаъолияташ низ дар хамин шахр сурат гирифтааст. Асли хонадони эшон аз Сиистон буда, сипас ба Хиндустон хичрат кардаанд. М. таълифоти зиёде дар тиб дорад. Гуфтан мумкин аст, ки осори у хулоса ва чамъбасти осори тиббии хазорсолаи форсу точик ба шумор меравад. Умдатарин таълифоти у инхост: «Иксири аъзам» иборат аз чор чилди бузургхачм; «Карободини аъзам» дар як мучаллади бузург дар баёни дорухои мураккаб; «Мухити аъзам» дар баёни дорухои сода; «Рамузи аъзам»; «Рукни аъзам»; «Наййири аъзам», «Хавосу-л-адвия» ва г.
Ад.: Абдулхайи Хасани, «Ас-Сакофату-л-исломия фи-л-Хинд», Димшк, 1983.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …