Главная / Илм / МУХАЛЛАС

МУХАЛЛАС

muhallasМУХАЛЛАС (Dianthus tetralepis), чупончой, чинигул, гиёхест худруи бисёрсола. Пояаш рост, сершохча, 15 – 20 см кад мекашад. Баргаш дарозруя (дарозиаш 2 – 5 см, бараш 1 – 2 мм), гулаш гулоби, сафед ё аргувони, дар нуги поя ва шохча яктои мешукуфад. Гузааш сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёх. Дар чойхои санглох ва регу шагалдори нишебихои куху сохили дарёхо месабзад. Май – июн мешукуфад. Дар Точикистон дар к-куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисор, Дарвоз ва г. (аз 600 то 2800 м аз с. б) вомехурад. Аз гул ва баргу пояи М. хамчун чой (махсусан чупонхо) дам карда менушанд. Чойи М. фишори баланди хунро паст мекунад, рагхои сахти хунро ислох мебахшад, фаъолияти меъда, чигар ва сипурзро ба низом медарорад, гадуд ва узвхои хозимаро кави мегардонад, нисён (фаромушхотири)-ро сихат мекунад, кувваи мардиро, ки дар одамони чавон бархам хурда бошад, баркарор менамояд, ба асабхои заиф неру ато месозад, касро хушёр, зехнро тез, хофизаро кави мегардонад. Табибони халки хамчунин бар акидаеанд, ки чойи М. дарди пайванду бугумхо, дарди шонаю андомхои поёнро рафъ месозад, хунравихоро катъ менамояд, хатто омадани хайзро дар занхо бозмедорад, захри чонваронро аз бадан хорич, дарунро нарм ва рудахоро пуркувват мекунад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …