Главная / Илм / МУГУЛЧОЙ

МУГУЛЧОЙ

mugulchoyМУГУЛЧОЙ (Bergenia stracheyi), зардчой, баргчой, гиёхест бисёрсола. Решааш дароз, баргаш сабз, гулаш зангуламонанди гулоби, тухмаш суфта ё чиндор. Июл – авг. гул карда, мева мебандад. Дар таркиши шаххои намнок ва мавзеъхои санглох (дар баландии 2500 – 3800 м аз с.б.) меруяд.
М. дар тибби мардуми аз кадим маълум аст. Баргу решаи онро дар охири давраи нашв чамъовари менамоянд. Сокинони Язгулом, Ванч ва Каротегин реша ва бехи М.-ро чой карда, хангоми ихтилоли кори меъдаю руда, табларза, галаёни хун, шамолхури менушанд. Баргхои хушки М.-ро пештар ба чойи чой («баргчой») истифода мебурданд. Киёми решаи М.-ро дар мавриди колит, энтероколит, барои табобати эрозияи гарданаи бачадон, стоматит, гингивит тавсия медиханд. Хангоми исхоли хунин киёми М.-ро рузе се маротиба яккошуки истеъмол менамоянд. Муайян шудааст, ки М. фишори хунро паст мекунад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …