Главная / Илм / МУФРАДОТ

МУФРАДОТ

mufradoМУФРАДОТ, дар тибби кадими точик давохоеро номанд, ки аз як модда иборатанд. М. наботи, хайвони ва чамоди мешавад. М.-и наботиро аз гул, барг, поя, реша, пустлох, самар, равган, шира ва шилми растанихо тайёр мекарданд. Мас., аз чормагз, тут, бед, зардолу, анчир, газ, бобуна, буймодарон, сарсабил, окиркирхо, пудина, кунчид, зарпечак ва г. М.-и хайвони аз одам, чорво, даррандахо, хазандахо, паррандахо ва хашарот гирифта мешавад. Ин навъи давохоро асосан аз шох, чашм, сум, пуст, чигар, захра, гушт, чарбу, хун, нохун, устухон, муй ва г. тайёр мекунанд. М.-и чамодиро аз чизхои бечон, аз чумла сангхои гуногун, гил ва хок, чавохирот, фулузот, алмос, охак, гач, намакхо ва диг. маъданхо хосил мекунанд.
Давохо аз тарики пухтан, куфтан, ос кардан, сухтан, тактир кардан, дар об чушондан ё тар намудан, равган, ангишт ё хокистар хосил кардан ва г. тайёр карда мешаванд. Ба акидаи уламои тиб хар як даво дар худуди чахор дарача мизочи ба худ хосе дорад, ки хар як дарача дар навбати худ аз хадди аввал, васат ва охир иборат аст ва хамаи онхо 48 тафсилотро дар табиати давохо дар бар мегиранд (ниг. Мизоч). Ба гайр аз ин давохо зиёда аз 100 сифати умуми низ доранд, аз чумла, чоли (поккунанда), чозиб (кашанда), чомид ё мучаммид (бастакунанда), холик (сутуранда ва тарошанда), хаккок ё мухаккик (бахоришоваранда), хотим (хатмкунанда), родеъ (манъкунанда, радкунанда ва пастгардонанда), осир (фишоранда), гассол (шустушудиханда), котил (кушанда), кошир (харошандаи пуст ва чудокунандаи он), кови (догкунанда ва дафъкунандаи бод), лодиг (газанда), лазич (часпанда), мубаррид (сардкунанда), мубаххи (бахаракатоварандаи куввати бод), мучаффиф (хушккунанда), мухаммир (сурхкунанда ва тафсонанда), мухашшин (дурушт ва дагалкунанда), мудаммил (васеъкунанда ва чоккунанда), мураххи (сусткунанда), мураккик (суюккунанда), мусаддид (банду баст оваранда), музаллик (лагжонандаи фузул), мусаккин (таскиндиханда), мусхил (исхолкунанда), муслиб (сахткунанда), мутаффи (пасткунандаи чушу хуруши ахлот), муаррик (араковаранда), муаттис (атсаоваранда), муфаттех (кушояндаи бастагихо), муаффин (бадбугардонанда), муфаттит (шикананда ва поракунандаи сангреза), муфаччич (хомкунанда), муфаррех (фараховаранда), муфашши (парокандакунанда), мукаттеъ (чудокунанда), мукаййи (кайоваранда), мукаррех (захмкунанда), мукавви (кувватбахшанда), манзич (пазонанда), мунаффих (бодноккунанда), мувассихи куру (чирковаранда дар захмхо) ва г.
Ниг. низ Дору.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …