КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; Конунхои ЧТ аз 24.02.2017 с., №1385; аз 24.02.2017 с., №1386; аз 30.05.2017 с., №1440)
Хамин Конун ба хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, манфиатхои чамъият, таъмини амнияти милли, фаъолияти муътадили макомоти хокимияти давлати, поктинати ва бегарази дар хизмати давлати равона гардида, асосхои ташкилию хукукии пешгири, ошкоркуни, кушодан ва бархам додани окибатхои хукуквайронкунихои ба коррупсия алокаманд ва ба чавобгари кашидани шахсро мукаррар карда, навъхои хукуквайронкунихои ба коррупсия алокаманд ва чорахои чавобгариро барои онхо муайян менамояд.
БОБИ 1.
МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1 . Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– коррупсия – кирдоре (харакат ё бехаракатие), ки шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ё шахсони ба онхо баробаркардашуда бо истифода аз макоми худ ва имкониятхои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар гайриконуни ба даст овардани неъматхои моддию гайримодди, бартарият ва имтиёзхои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзхои дигар бо максади моилкуни ё кадр кардани онхо барои содир намудани чунин кирдорхо (харакат ё бехаракати) ба манфиати шахсони вокеи ё хукуки; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– муковимат ба коррупсия – фаъолияти макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ниходхои чомеаи шахрванди, ташкилотхо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатхо ва вазифахои худ, инчунин шахсони вокеи дар самти пешгирии коррупсия, аз чумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилхои бавучудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши хукуквайронкунихои коррупсиони (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани окибатхои хукуквайронкунихои коррупсиони, дар самти мусоидат дар пешгири, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши хукуквайронкунихои коррупсиони; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
– истифодаи маком ё имкониятхои он – истифодаи якдафъаги, такрори ё мунтазами ваколатхои хизмати ва суиистифодаи мансаб, инчунин баркарор намудани алокахои устувори як ё якчанд шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ё ба онхо баробар кардашуда бо шахсон ё гуруххои алохида бо максадхои дар сархати якуми хамин модда номбаршуда, ки ба манфиатхои давлат ва чамъият тахдид мекунанд; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– хукуквайронкунихои бо коррупсия алокаманд – хукуквайронкунихои бо хамин Конун ва дигар конунхо пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вучуд меоваранд, хукуквайронкунихои маъмурии бо коррупсия алокаманд, хамчунин чиноятхои хусусияти коррупсионидоштае мебошанд, ки боиси чавобгарии бо конун мукарраршудаи интизоми, маъмури, хукукии граждани ва чинои мегарданд;
– субъектхои хукуквайронкунихои бо коррупсия алокаманд – шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доими, муваккати ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи хокимияти давлатиро амали менамояд, яъне бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дорои ваколатхои амрдихи ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии у карор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифахои ташкилию амрдихи, маъмурию хочагидориро дар макомоти хокимияти давлати, муассисахои давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, хамчунин дар субъектхои хочагидори давлати ва дигар субъектхои хочагидор, ки дар онхо хиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медихад, ба таври музднок ё бемузд ичро менамояд; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
(сархати 6 хориљ карда шуд бо КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
– шахсони ба субъектхои хукуквайронкунихои бо коррупсия алокаманд баробаркардашуда – шахсони мансабдори давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали, ки бо макомоти давлати, шахсони мансабдор, шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон муносибат доранд; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
– вазифахои давлати – вазифахое, ки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон онхоро ба ваколатхои давлат, макомоти он ва шахсоне, ки мансабхои давлатиро ишгол менамоянд, мансуб донистаанд; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– хешовандони наздик – зан (шавхар), фарзандон, падару модар, бародарон, хохарон, инчунин падару модар, бародарон, хохарон ва фарзандони зан (шавхар), кудохо, келинхо, домодхо, чиянхо, хамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якчоя зиндаги карда, хочагии умуми мебаранд. (КЧТ аз 26.12.11с., №772; КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур
- Конуни мазкур дар тамоми њудуди Чумхурии Точикистон нисбати хамаи шахсони вокеи ва хукуки амал мекунад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
- Конуни мазкур берун аз худуди Чумхурии Точикистон нисбати шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони хукукие, ки дар Чумхурии Точикистон сабти ном гардидаанд, амал мекунад, агар дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
- Хамин Конун нисбати шахсони мансабдори давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилалие, ки дар Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, ё бо шахсони мансабдор, макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон муносибат доранд, амал мекунад.
- Мамониатхои дохил шудан ба хизмати давлати, махдудиятхо, ухдадорихо, инчунин хукуквайронкунихои маъмурии бо ин Конун барои шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор пешбинишуда дар холатхои мукаррарнамудаи хамин Конун ба шахсоне, ки ба онхо баробар карда шудаанд, татбик мегарданд.
- Мукаррароти Конуни мазкур оид ба манъи хизмати якчояи хешовандони наздики дар сархати чоруми кисми якуми моддаи 9, махдудиятхои дар сархатхои якум, дуюм, сеюм, шашум, њафтум ва нуњуми кисми 1 моддаи 10, хукуквайронкунихои дар сархатхои панљум, шашум ва нуњуми кисми 1 моддаи 11, сархатхои њафтум, дувоздањум ва чордањуми кисми 1 моддаи 12 хамин Конун пешбинишуда нисбати шахсони мансабдори ташкилотхои ба моликияти инфироди ва оилавии шахрвандон таъсисгардида татбик намегарданд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
- Нисбати шахсони мансабдори ташкилотхои сохаи кооператсияи матлубот, иттиходияхо (ассотсиатсияхо), корхонахои ичорави, кооперативхои истехсоли, хочагихои дехкони (фермери), ширкату чамъиятхои хочагидори, фондхо, иттиходияхои чамъияти, дигар ташкилотхои ба моликияти дастачамъии гайриоилави асосёфта, ки дар онхо рохбари ташкилот молик, муассис ё сармоягузори асоси намебошад. Ќонуни мазкур ба истиснои мукаррароти сархатхои якум, дуюм ва сеюми кисми 1 моддаи 10 татбик мегардад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
Моддаи 4 . Принсипхои асосии мубориза бар зидди коррупсия
Мубориза бар зидди коррупсия, бо ба вучуд овардани шароити поктинати барои шахсоне, ки дар сархати чоруми моддаи 1 хамин Конун номбар шудаанд, дар асоси принсипхои зерин ба амал бароварда мешавад: (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– эътироф, риоя ва химояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– баробарии хама дар назди конун ва суд; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– танзими дакики хукукии фаъолияти субъектхои хукуквайронкунии бо коррупсия алокаманд, конуният, шаффофият ва ошкорбаёни дар фаъолияти онхо ва назорати давлативу чамъияти аз болои ин субъектхо; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– такмили сохтори дастгохи давлати ва тартиби халли масъалахое, ки ба хукук ва манфиатхои конунии шахсони вокеи ва хукуки дахл доранд;
– эътирофи раво будани махдудкунии хукук ва озодихои шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор, инчунин шахсони ба онхо баробар кардашуда мутобики моддаи 14 Конститутсияи Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– ногузир будани чавобгари барои содир намудани хукуквайронкунихои ба коррупсия алокаманд; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– манъ будани ичрои вазифахои давлати дар холати бархурди манфиатхои шахси ва давлати; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– рох надодан ба хешутаборчиги, махалгарои ва пуштибони хамчун зухуроти кирдорхои коррупсиони; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– баркарор намудани хукуку манфиатхои конунии шахсони вокеи ва хукуки, пешгири намудан ва бархам додани окибатхои зарарноки хукуквайронкунихои ба коррупсия алокаманд;
– аз тарафи давлат мухофизат намудани хукук ва манфиатхои конунии шахсони ба иљрои вазифахои давлати ваколатдор ё шахсони ба онхо баробар кардашуда, мукаррар намудани музди мехнат ва имтиёзхое, ки ба онхо ва ахли оилаашон сатхи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд;
– манъи вогузор намудани ваколатхо оид ба танзими давлати ва назорати фаъолияти сохибкори ба зиммаи шахсони вокеи ва хукукие, ки чунин фаъолиятро амали менамоянд; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– пешбурди фаъолияти оперативи-чустучуи бо максади пешгири, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани чиноятхои хусусияти коррупсионидошта, ошкор ва муайян намудани шахсони онхоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда, инчунин татбики тадбирхои махсуси назорати молияви; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– таъмини амнияти шахси ва кафолати хукукии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди хукуквайронкунихои ба коррупсия алокаманд мусоидат менамоянд; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– хамкории давлат бо ниходхои чомеаи шахрванди, ташкилотхои байналмилали ва шахсони вокеи. (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 5. Макомоти мубориза бар зидди коррупсия
- Макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, маќомоти прокуратура, корхои дохили, амнияти милли, идоракунии харби, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салохияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
- Хамохангсозии фаъолияти макомоти мубориза бар зидди коррупсия, пешбурди кори тахлили ба зиммаи макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия ва мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия ба зиммаи макомоти прокуратура гузошта мешавад.
- Ичрои талаботи моддахои 7, 8, 9, 10, 16 ва татбики чавобгарии интизомии дар моддаи 11 Конуни мазкур мукарраршударо рохбарони хама макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои давлати ва дар холатхои пешбиникардаи хамин Конун рохбарони ташкилотхои гайридавлати дар доираи ваколатхои ба онхо додашуда таъмин менамоянд. (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
- Мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи ахоли, иттиходияхои чамъияти ва воситахои ахбори омма ба амал бароварда мешавад.
- Макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия натичаи асосхои ташкили ва методии раванди баходихии (тахлили) хавфхои коррупсияро дар вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, субъектхои хочагидори давлати, субъектхои хочагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онхоро хиссаи давлат ташкил медихад, инчунин ташкилотхои гайритичорати, аз чумла иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси, ташкилотхои байналмилалие, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, чамъбаст менамоянд. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани тахлили фаъолият (хавфхои коррупсиони)-ро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1440)
Моддаи 51. Субъектхои муковимат ба коррупсия
- Вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, субъектхои хочагидори давлати, субъектхои хочагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онхоро хиссаи давлат ташкил медихад, инчунин ташкилотхои гайритичорати, аз чумла иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси, ташкилотхои байналмилалие, ки дар њудуди Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, субъектхои муковимат ба коррупсия мебошанд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
- Барои ичрои вазифахои муковимат ба коррупсия рохбарони субъектони муковимат ба коррупсия масъул мебошанд.
- Талабот, мамониат, махдудият ва ухдадорихои иловаги оид ба пешгирии омилхои бавучудоварандаи коррупсия, ки бо Конуни мазкур мукаррар шудаанд, нисбати шахсони мансабдори субъектхои хочагидори давлати ва субъектхои хочагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онхоро хиссаи давлат ташкил медихад, татбик карда мешаванд. (ЌЉТ аз 14.03.14с., №1073)
Моддаи 52. Шурои миллии муковимат ба коррупсияи Чумхурии Точикистон
- Шурои миллии муковимат ба коррупсияи Чумхурии Точикистон макоми умумимиллии машварати, мутобиксозандаи фаъолияти макомоти давлати ва чалби чомеаи шахрванди чихати амалигардонии чорахои пешгири ва муковимат ба коррупсия буда, аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад ва ба у хисоботдиханда мебошад.
- Хайат ва Низомномаи Шурои миллии муковимат ба коррупсияи Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон муайян ва тасдик карда мешавад.
(ЌЉТ аз 14.03.14с., №1073)
Моддаи 6. Кафолати дахлнопазирии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат
менамоянд
- Шахсе, ки дар бораи ходисахои хукуквайронкунии ба коррупсия алокаманд хабар додааст ё ба тарики дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, тахти химояи давлат карор дорад.
- Иттилоот дар бораи шахсе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлати мебошад ва факат бо дархости макомоте, ки дар кисми 1 моддаи 5 хамин Конун зикр шудаанд, ё суд бо тартиби мукаррарнамудаи конун танхо бо ризоияти онхо пешниход карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси чавобгарии бо конун пешбинишуда мегардад.
- Дар холати зарури макомоте, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, амнияти шахсии онхоеро, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат мекунанд, таъмин менамоянд.
- Мукаррароти ин модда ба шахсоне, ки дидаю дониста хабари бардуруг расонидаанд ва мутобики конун барои он бояд ба чавобгари кашида шаванд, татбик намегардад.
Моддаи 61. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи мубориза бар зидди
коррупсия
Чумхурии Точикистон тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон дар сохаи мубориза бар зидди коррупсия дар асоси принсипхои хамкории байналмилалии хукуки бо максадхои пешгирии коррупсия ва мубориза бо он хамкориро бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали амали менамояд. (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
БОБИ 2.
ПЕШГИРИ НАМУДАНИ КОРРУПСИЯ
Моддаи 7. Талаботи махсус нисбати довталабони вазифахои давлати ва шахсони ба ичрои
вазифахои давлати ваколатдор
- Бо максади рох надодан ба суиистифодаи вазъи хукуки ё нуфузи он ба манфиатхои шахси, гурухи ва дигар манфиатхои гайрихизмати бо Конуни мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон нисбати довталабони мансабхои давлати, шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор, инчунин шахсони ба онхо баробар кардашуда, махдудият ва ухдадорихои махсус мукаррар карда мешаванд.
- Таъин намудан ба (ишголи) мансаб ба сифати шахси ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ва шахсони ба онхо баробар кардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин ухдадори ва махдудиятхоро дорад.
- Махдудият ва ухдадорихо нисбати шахрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабхои давлатии интихоби ба кайд гирифта шудаанд, бо конунхо дар бораи интихобот ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Чорахои назорати молияви
- Довталабони мансабхои давлати дар мавриди таъин (интихоб) ба мансаб ва шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор хар сол ба макомоти андози чои истикоматашон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи даромадхояшон эъломия пешниход менамоянд.
- Макоми давлатие, ки хукуки ба вазифаи давлати таъин (интихоб) ва аз он озод намуданро дорад, хукук дорад дар мавриди ба мансаб таъин (интихоб) намудани шахсон ва аз шахсони мансабхои давлатиро ишголкунанда соле як маротиба маълумоти зеринро талаб намояд:
– дар бораи даромадхои аз тамоми манбаъхо гирифтаи онхо;
– молу мулки гайриманкул ва манкули арзишашон дар алохидаги зиёда аз ду хазор нишондиханда барои хисобхо, аз чумла молу мулки берун аз њудуди Чумхурии Точикистон вокеъбуда ё муваккатан дар ихтиёри шахси дигар буда бо нишон додани арзиш ва сурогаи он; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– дар бораи пасандозхои бонки, аз чумла дар бонкхои хоричи доштаашон ва когазхои киматноке, ки шахсан ё хамрохи дигарон ихтиёрдори мекунанд;
– дар бораи иштироки бевосита ё бавосита ба сифати сахмгузор ё иштирокчии ширкату чамъиятхо, хочагихои дехкони (фермери), дигар субъектхои хочагидор ва фондхо бо нишон додани шакли иштирок ва фоизи моликият дар онхо;
– дар бораи карзхои хачмашон бештар аз 500 нишондиханда барои хисобхо ва дигар ухдадорихои молияви, аз чумла дар хорича;
– маълумот оид ба молу мулки аъзои оила.
- Пешниход накардан ё пешниход кардани маълумоти нопурра ва носахехе, ки дар кисми 2 хамин модда пешбини гардидаанд, агар дар ин кирдор таркиби чиноят чой надошта бошад, барои рад кардани ба мансаб таъин (интихоб) намудан ё аз мансаб озод намудан асос мегарданд.
- Маълумоти пешниходшуда ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузори ошкор карда намешавад.
Моддаи 9. Мамониатхо барои таъин (интихоб) намудан ба мансабхои давлати ва мансабхои
ба онхо баробар кардашуда
- Шахс дар чунин мавридхо наметавонад ба мансабхои давлати ё мансабхои ба онхо баробар кардашуда таъин (интихоб) шавад ё дар чунин вазифахо бошад:
– мавчудияти доги суди барои чинояти баркасдона содир намуда, агар ин доги судиаш аз байн нарафта ё аз руи тартиби мукарраркардаи конун бардошта нашуда бошад;
– эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи махдуд намудани кобилияти амал ё гайри кобили амал эътироф намудани шахс; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– надоштани тахсилот, ихтисос ё собикаи кории дахлдоре, ки мавчудияти онхо мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои вазифаи мазкур хатми мебошанд;
– бевосита дар итоат, тахти назорат ё хисоботдиханда будани мансаби ишголшаванда ё ишголнамудаи у ба мансабхое, ки онро хешовандони наздики у ишгол кардаанд;
– дар сурати шахрванди давлати хоричи ё шахси бешахрванд будан, ба истиснои холатхое, ки агар рох додани чунин шахсон ба хизмати давлати дар Чумхурии Точикистон бо санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини гардида бошанд;
– дар дигар мавридхое, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд.
- Дар сурати риоя накардани мамониатхои дар кисми 1 хамин модда пешбинишуда карори ба мансаб таъин (интихоб) шудани шахс бо эътироз ё пешниходи прокурор, пешниходи макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон ё бо ташаббуси худи макоми карорро кабулкарда ё макоми болои бекор карда мешавад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
- Хангоми ба миён омадани мамониатхои номбурда дар давоми ичрои мансаби давлати ё мансаби ба он баробар кардашуда бо пешниходи хамин макомот дар мухлати на дертар аз се мох корманд ба мансаби дигари мувофик гузаронида мешавад.
- Дар холати мавчуд набудани имконияти ба дигар мансаб гузаронидани корманд ё аз гузаштан ба мансаби дигар норози будани у ё ба миён омадани дигар мамониати хизмати давлатиро истиснокунанда корманд аз мансаб озод карда мешавад.
Моддаи 10. Махдудиятхо вобаста ба ичрои мансаби давлати ва мансаби ба он баробар
кардашуда
- Ба шахси ба ичрои мансаби давлати ваколатдор ва мансаби ба он баробар кардашуда манъ аст:
– ба фаъолияти макомоти дигари давлати, ки ба доираи ваколатхои мансабиаш дохил нест, дахолат намояд; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишголкунии мансаби штати, гайр аз фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори машгул шавад;
– аз руи масъалахои вобаста ба фаъолияти макоми давлатие, ки дар он чо хизмат мекунад ё бевосита тобеъ ё бевосита тахти назорати он маком карор дорад, вакили шахсони сеюм бошад;
– шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба фаъолияти сохибкори машгул шавад. Шахси ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ухдадор аст, ки дар мухлати на дертар аз понздах рузи баъди ба хизмати давлати дохил шудан хиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотхои тичорати доштаашро ба шахси дигар бо хукуки идораи ба бовари асосёфта дихад; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– дар бонкхои хоричие, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон фаъолият доранд, суратхисобхо кушояд ва пасандозхо дошта бошад; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– воситахои молияви, моддию техники, наклиёти, дигар захирахои давлати ё коллективи ва ахбороти хизматиро ба максадхои гайрихизмати истифода намояд;
– аз шахсони вокеи ва хукуки вобаста ба ичрои ваколатхояш, аз чумла барои хизмате, ки хангоми ичрои ваколаташ (хукуку ухдадорихояш) анчом додааст ё ба манфиати шахси дигар анчом надодааст, мукофот (карз, мукофоти пули ва мукофоти дигар, хизматрасони, пардохти вактхуши, истирохат, харочоти наклиёт) гирад, ба шахсони мансабдори болои тухфа дихад ё хизмат расонад. Тухфахои хангоми баргузории чорабинихои протоколи, сафархои хизмати ва чорабинихои дигари расми гирифташударо хамчун молу мулки давлати бояд бо санади дахлдор ба макомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армугон ва тухфахои дигари рамзи, ки арзиши умумии онхо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиханда барои хисобхо зиёд набошад; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– аз хисоби шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон ё шахсони вокеи ва хукукии хоричи ба саёхат ва сафархои дохиличумхурияви ва хоричии муоличави – табобати, саёхати ва дигар сафархо равад, ба истиснои сафархо бо даъвати хешовандони наздик ва аз хисоби онхо ва сафархо дар асоси санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон ё бо мувофикаи байни макомоти давлатии Чумхурии Точикистон бо макомоти давлатии кишвархои хоричи ва ташкилотхои байналмилали, ки аз хисоби макомоти давлатии дахлдор ё ташкилотхои байналмилали сурат мегиранд;
– супоришу дастурхои хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои дини ва субъектхои хочагидорро, ки ба хизмати макомоти давлати дахл доранд, ба чо оварад ё макоми хизматии худро ба манфиати онхо истифода барад;
– бар хилофи манфиати кор бюрократизм, идорабози ва махалгарои зохир намояд, нисбати ягон ташкилот, макомот, иттиходияхои шахрвандон ё шахси мушаххас бадхох ё хайрхох бошад;
– барои дар матбуот, радио ва телевизион интишор ва пахш гардидани маколаю баромадхои дар чорабинихои расми ба сифати хизматчии давлати баёнкарда, ки тахияи онхо ба ухдадории хизматиаш дохил мешавад, хаки калам гирад.
- Ичро накардани махдудиятхои номбурда барои ба чавобгари кашидани шахс мутобики боби 3 хамин Конун асос мегардад.
БОБИ 3.
ХУКУКВАЙРОНКУНИХОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОКАМАНД ВА ЧАВОБГАРИ БАРОИ ОНХО
Моддаи 11. Хукуквайронкунихое, ки барои коррупсия шароит ба вучуд меоваранд ва
чавобгари барои онхо
- Кирдорхои зерини шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ва шахсони ба онхо баробар кардашуда хукуквайронкунии барои коррупсия шароит бавучудоваранда хисобида мешаванд:
– истифодаи макоми худ дар халли масъалахое, ки ба манфиатхои шахси, хешовандони наздик ё шахсони сеюм дахл доранд;
– монеъ шудан ё гайриконуни дахолат кардан ба ичрои фаъолияти макомоти хифзи хукук ва назорати дар њудуди муайян, ё нисбати объектхо ва ё шахсони мушаххас; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– иштирок ба сифати намояндаи манфиатхои шахсони вокеи ва хукуки аз руи корхои макоме, ки ин шахс дар он чо кор мекунад ё зердасти вай мебошанд ё фаъолияти онхоро назорат мекунад, аз чумла иштирок ба сифати химоятгари чамъияти ё намоянда (ба истиснои холатхои намояндагии конуни) аз руи парвандахои граждани, иктисоди, оилави, чинояти ё парванда оид ба хукуквайронкунии маъмури; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– иштирок дар киморбозихои пули ё киморбозихои дигари характери молумулки дошта бо шахсони мансабдори болои ё тобеъ ва ё аз ягон чихати кори ё хизмати ба онхо тобеъ; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– машгул шудан ба фаъолияти сохибкори, иштирок дар идораи фаъолияти чамъияти хочагидор ё дигар ташкилоти тичорати, аз чумла дар хайати макомоти идоракунии ташкилоти тичорати, ки узвият дар онхо бе изхори иродаи махсуси фарди гайриимкон аст, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумурии Точикистон; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– узвият дар макомоти идоракуни, шурохои нозирон ё парасторон, макомоти дигари ташкилотхои гайритичоратии хоричи ва вохидхои сохтории дар худуди Чумхурии Точикистон амалкунандаи онхо, агар конунгузори ё шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– пешбари ва (ё) таъин намудан ба мансаб ба сифати шахси ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ё шахсони ба онхо баробар кардашуда, дар сурати мавчуд будани мамониатхо барои ишгол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 9 Конуни мазкур пешбини шудаанд, ё дидаву дониста риоя накардани махдудиятхои мукарраркардаи хамин Конун дар мавриди хизмати якчояи хешовандони наздик, дидаву дониста, гайриконуни аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;
– пешниходи бартариятхои бо конун пешбининагардида (протексионизм) зимни таъин ва (ё) пешбари ба хизмати давлати, тахсил, фаъолияти илми ва фаъолияти дигари ба онхо монанд;
– вайрон кардани тартиби бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраршудаи баррасии мурочиатхои шахрвандон, ба назар нагирифтани бартарият, имтиёзхо ва навбати бо конунгузори ё санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраршуда ё аз холатхои мушаххас бармеомада дар мавриди халли онхо;
– гайриконуни аз шахсони вокеи ва хукуки талаб намудани ичрои шартхои иловаги, пешниходи хуччатхо ва талаботи дигари бо санадхои меъёрии хукуки пешбининагардида, ба вучуд овардани дигар монеахои сунъи ва гайриконуни зимни таъин (интихоб) намудан ва (ё) пешбари намудан ба мансабхои давлатии хизмати давлати, чобачогузори, чойивазкуни, тахсил, фаъолияти илми ва дар мавриди амали намудани дигар хукуку ухдадорихо ва вазифахои хизматчии давлати; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– хангоми амали намудани фаъолият ва хукуку ухдадорихои мансаби аз руи гараз ва манфиати шахси кабул намудани карорхо ва дигар санадхои гайриконуни, содир намудани амалхои гайриконуни, аз чумла оиди ба кор кабул намудан ва аз кор озод намудани шахс ва дигар амалхое, ки хукуку манфиатхои дигар шахсони вокеи ва хукукиро поймол мекунанд ва ба онхо зарар мерасонанд; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– пешниход намудани (гузашт кардани) ваколатхо оид ба танзими давлатии фаъолияти сохибкори ва назорати фаъолияти сохибкори ба шахсони вокеи ва хукукие, ки ба чунин фаъолият машгуланд.
- Аз чониби шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ё шахсони ба онхо баробар кардашуда содир намудани яке аз хукуквайронкунихои дар кисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, агар он таркиби чиноятро надошта бошад, боиси чазои интизоми дар шакли сарзаниш, танбех, танбехи катъи ё озод намудан аз мансаб мегардад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
- Содир кардани ду ва зиёда хукуквайронкунии дар боло зикргардида ё такроран дар давоми сол баъди татбики чазои интизоми содир намудани чунин хукуквайронкуни асос барои озод намудан аз мансаб мегардад. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
Моддаи 12. Хукуквайронкунихои маъмурии ба коррупсия алокаманд
- Кирдорхои зерини шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ва шахсони ба онхо баробар кардашуда, агар дар онхо таркиби чиноят мавчуд набошад, хукуквайронкунии маъмурии ба коррупсия алокаманд хисобида мешаванд:
– барои фаъолияти худ аз макомоти давлати, ташкилотхое, ки шахси мазкур дар онхо вазифахои дахлдорро ичро намекунад, инчунин аз ташкилотхои гайридавлати, иттиходияхои чамъияти ва шахсони вокеи дар шакли пул, хизматрасони ва дигар шаклхо гирифтани хар навъ подоши иловаги, агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон холатхои дигаре пешбини нашуда бошанд;
– кабул кардани тухфа ва дигар хизматрасонихо вобаста ба ичрои вазифахои давлати ё ба онхо баробар кардашуда аз шахсони аз руи вазифа тобеъ (ба истиснои армугонхои рамзи ва нишони эхтиром хангоми чорабинихои расми ва маросимхои дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз 100 нишондиханда барои хисобхо зиёд нест), инчунин пешниход намудани ин гуна тухфаву хизматрасонихо ба шахси мансабдори болои; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– истифодаи бартариятхои бо конун пешбининагардида дар гирифтану баргардонидани кредит ва карзи бонки ва дигар ташкилотхо, харидани когазхои киматнок, молу мулки гайриманкул, дигар молу мулк, пардохти андозхои давлати ва ичрои дигар ухдадорихо; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– додани бартарият ва имтиёзхои гайриконуни ё беасос ба шахсони вокеи ва хукуки дар мавриди тахия ва кабули карорхо, чойгир кардани фармоишхои давлати, дигар фармоишхои аз хисоби бучети давлати ва ё ташкилотхо новобаста аз шакли моликият маблаггузоришаванда, таксимоти воситахои молиявию модди, захирахои энергетики ва табии, пардохти андозхо ва баргардонидани карзхо ва ичрои дигар ухдадорихои молиявию модди;
– бе карори Хукумати Чумхурии Точикистон ба хукуки моликият ё ба истифодаи муваккати ба ташкилотхои гайридавлати, иттиходияхои чамъияти ё шахсони вокеи ройгон додани захирахои молияви ва моддии ба фондхои давлати, субъектхои давлатии хочагидор ва дигар субъектхои хочагидор тааллукдоштае, ки дар моликияти онхо хиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медихад;
– бо максадхои шахси, гурухи ва максадхои дигари гайрихизмати истифода намудани бинохо, воситахои наклиёт ва алока, воситахои электрони, маблагхо ва молу мулки дигари давлати, ки барои адои вазифахои давлати вобаста карда шудаанд, агар он бо конунхо пешбини нагардида бошад, ба манфиатхои давлат зарар расонад; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– таъсис додан (ташкил кардан) ё аз хисоби бучети давлати ва ташкилотхои давлати маблаггузори намудани ташкилотхои тичоратие, ки ба муассис (бучети давлати, ташкилотхои мазкур) хисса чудо намекунанд;
– восита ва захирахои молиявию моддии давлатиро ба фондхои интихоботии номзадхои чудогона ва хизбхои сиёси гузаронидан;
– беасос ичро накардани дархост, пешниход, амр, дастур, карор ва дигар санадхои дар доираи ваколаташон кабулнамудаи макомоти хифзи хукук, назорати ва суд; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– ба манфиатхои шахси ё гурухи истифода намудани маълумоте, ки хангоми ичрои вазифахои давлати ба даст омада, пахнкунии он манъ карда шудааст;
– гайриконуни дахолат кардан ба фаъолияти субъектхои хочагидор, риоя накардани мустакилият ва хукуку манфиатхои онхо, гайриконуни бархам додан ё азнавташкилдихии онхо, дахолат ба таъин (интихоб) ба мансаб ва аз мансаб озод намудани рохбарон ва кормандони субъектхои хочагидори гайридавлати, махдуд намудани ракобат дар бозори мол (ичрои кор ва хизматрасони); (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– гайриконуни аз хисоб баровардан, вайрон кардани тартиби нархгузори ва ба фуруш баровардани молу мулк, гузаронидани музояда ва тендерхо оид ба хусусигардонии молу мулки давлати ва хариди давлатии мол (ичрои кор ва хизматрасони), ки ба манфиатхои давлат, шахсони вокеи ва хукуки зарар расонидааст, инчунин аз тарафи рохбарони ташкилотхои давлати худсарона ба ичора додан ё фурухтани амволи давлати, беасос вайрон намудани молу мулки гайриманкули давлати; (КЧТ аз 26.12.11с., №772; КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– гайриконуни ё бо шартхои ба манфиатхои давлат ва ташкилотхо ошкоро номувофик ба истифода, киро ё ичора додани воситахои асоси, замин ва дигар сарватхои моддию табии ба шахсони вокеи ва хукуки, гайриконуни рад намудани додан ё кашида гирифтани онхо;
– пинхон намудан аз бахисобгири, ба расмият надаровардани хукуквайронкунихои маъмурии ошкоршуда, гайриконуни аз чавобгарии маъмури озод намудан ё доир ба ин хукуквайронкунихо кабул намудани карорхои ошкоро ба вазнинии кирдор номувофик, инчунин надидани чорахои баркароркунии зарари бо хукуквайронкунихои маъмури расонидашуда;
– тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдик намудан ё ба кайд гирифтани санадхо, ахдхо ва шартномахо эъломияхо, хуччатхои ибтидоии мухосибави оид ба хариду фуруш, њадя кардан, иваз намудан, гарав, молтаъминкуни, киро, ичора, хусусигардони, аз хисоб баровардан, харид намудан ва дигар ахдхо оид ба ихтиёрдори, истифода ва интиколи молу мулк (ичрои кор, хизматрасони), ки дар онхо нарх, микдор, хачм, соли истехсол ва дигар нишондихандахои амвол (мол, ичрои кор ва хизматрасони) тахриф карда шуда, ба ин восита ба манфиатхои давлат, шахсони вокеи ва хукуки зарар расонида шудааст; (КЧТ аз 26.12.11с., №772; КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
– ба шахсони вокеи ва хукуки дар татбики хукуку манфиатхои конуниашон ба вучуд овардани монеахои сунъи, аз онхо талаб кардани хуччатхо ва маълумоте, ки конунгузори пешниходкунии онро аз чониби ин шахсон пешбини намекунад, ё рад кардани ба онхо додани чунин санаду маълумот, ки бо санадхои меъёрии хукуки пешбини гардидааст, кашол додани пешниходкунии маълумот, додани маълумоти нопурра ё тахрифшуда, беасос кашида гирифтан ё ба гарав гирифтани хуччатхои ба онхо тааллукдоштаи тасдиккунандаи хукук;
– ба шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ва ба онхо баробар кардашуда пешниход намудани неъматхои моддиву гайримодди, хизматрасони ва фоида чихати моилкунии онхо ба кирдори (харакат ё бехаракатии) дахлдор ба манфиати шахси пешниходкунандаи ин неъмату хизматхо. Шахсоне, ки неъматхои моддиву гайримодди, тухфа ва хизматрасониро ба шахсони ба ичрои вазифахои давлати ё ба онхо баробар кардашуда дар натичаи тамаъчуии онхо пешниход намуда, дар ин бора ихтиёри ба макомоти мубориза бар зидди коррупсия хабар додаанд, ба чавобгари кашида намешаванд;
– ба макомоти хифзи хукук пешниход накардани хабару маълумоти мавчуда оид ба хукуквайронкунихои маъмурии ба коррупсия алокаманд ё чиноятхои хусусияти коррупсионидошта;
– ба макомоти барои барраси ва кабули карор ваколатдор пешниход накардан ё сари вакт пешниход накардани санад ва маводи тафтишу санчиш, ки дар онхо оид ба хукуквайронкунихо маълумот мавчуд аст, сарфи назар аз натичахои он; (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
– ичро накардани чорабинихои барномахои давлатии зиддикоррупсиони ва накшаи татбики ин барномахо; (КЧТ аз 24.02.17 с., №1386)
– саркашии бадкасдонаи шахси ба пешбурди бахисобгирии мухосибави ваколатдор ё рохбари ташкилот аз барасмиятдарории амалиётхои молиявию хочагидори, ки конун пешбини кардааст, ё ба асноду хисоботхои молияви, мухосибави ва омори даровардани маълумотхои тахрифшуда оид ба фаъолият ё амалиётхои молиявию хочагидори, инчунин нобуд кардани асноди молияви ва дигар асноди бахисобгири.
- Содир кардани хукуквайронкунихои дар ќисми 1 моддаи зикршуда аз чониби шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ё ба онхо баробар кардашуда, агар дар кирдорхои онхо таркиби чиноят мавчуд набошад, барои кашидан ба чавобгарии пешбининамудаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон асос мегарданд. (КЧТ аз 26.12.11с., №772; КЧТ аз 24.02.17 с., №1385)
- Содиркунии ду ва зиёда хукуквайронкунии маъмурии ба коррупсия алокаманд ё дар давоми сол, баъди додани чазои маъмури такроран содир намудани чунин хукуквайронкуни, барои дар асоси даъвои прокурор бо карори суд бархам додани шахси хукуки ё катъ намудани фаъолияти сохибкори инфироди асос мегардад.
- Ба чавобгарии маъмури кашидани шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ё шахсони ба онхо баробар кардашуда барои хукуквайронкунии маъмурии ба коррупсия алокаманд онхоро аз чавобгарии интизоми озод намекунад.
Моддаи 13. Чавобгари барои дастачамъона кабул кардани карори дорои хусусияти
коррупсиони
- Чавобгарии бо Конуни мазкур мукарраршуда барои кабули карори хусусияти коррупсионидошта, ки аз тарафи макоми дастачамъи кабул шудааст, дар сурате, ки он бевосита ба манфиати рохбари ин маком ё хешовандони наздики у ё ба манфиати шахсони сеюм равона шуда, рохбари макоми мазкур ба кабули ин карор фаъолона мусоидат намуда бошад, ё ба кабули он фаъолона мамониат накарда бошад, пурра ба ухдаи рохбари ин маком гузошта мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
- Дар ташкилотхое, ки рохбарии макоми дастачамъи аз тарики чамъияти, рохбарии маъмури аз чониби макоми ичроия пеш бурда мешавад, чавобгари барои кабули карорхои хусусияти коррупсионидошта аз чониби макоми коллегиали, дар холати чой доштани кирдори дар кисми 1 хамин модда зикршуда ба ухдаи рохбари макоми ичроия гузошта мешавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 14. Чиноятхои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби бахисобгирии онхо
- Чиноятхои хусусияти коррупсионидошта, кирдорхои дар кисми махсуси Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон пешбинигардидае хисоб мешаванд, ки аз тарафи шахсони ба ичрои вазифахои давлати ваколатдор ва ба онхо баробар кардашуда бо гараз ё дигар манфиатхои шахси ва бо истифодаи макоми хизмати содир шудаанд ё ба гайриконуни пешниход намудани неъматхои моддиву гайримодди, бартарият ва имтиёзхои дигар ба онхо вобастаанд. (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
- Чавобгари барои чиноятхои хусусияти коррупсионидошта бо Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
- Фехристи чиноятхои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби бахисобгирии омории онхо бо дастурамале, ки аз тарафи макомоти хамохангсоз тахия ва аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, мукаррар карда мешавад.
БОБИ 4.
БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОКИБАТХОИ ХУКУКВАЙРОНКУНИХОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОКАМАНД
Моддаи 15. Ситонидани молу мулкигайриконуни гирифташуда ё арзиши хизматрасонии
гайриконуни
Молу мулки ва арзиши хизматрасоние, ки дар натичаи хукуквайронкунии ба коррупсия алокаманд ба даст оварда шудаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. (КЧТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 16. Беэътибор донистани санадхои ба коррупсия алокаманд
Санадхое, ки дар натичаи хукуквайронкунихои ба коррупсия алокаманд кабул гардидаанд, аз тарафи макомоти ба кабули он ваколатдор ё макомоти болои бо ташаббуси худ ё бо эътирози прокурор ё аз тарафи суд бо даъвои прокурор ё шахсони манфиатдори вокеи ва хукуки беэътибор дониста мешаванд.
БОБИ 5.
МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар
бораи мубориза бар зидди коррупсия»
Конуни Чумхурии Точикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1999, №12, моддаи 314) аз эътибор сокит дониста шавад.
Моддаи 18. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов
ш. Душанбе, 25 июли соли 2005
№ 100