Главная / Илм / МУБОДИЛАИ МОДДАХО ВА НЕРУ

МУБОДИЛАИ МОДДАХО ВА НЕРУ

metabolizmМУБОДИЛАИ МОДДАХО ВА НЕРУ, метаболизм, мачмуи чараёни тагйироти химиявии моддахою неру (энергия) дар организмхои зинда ва мубодилаи моддахою неру байни организму мухит. М. асоси фаъолияти хаёти, нишонаи хоси материяи зинда буда, зиндаро аз гайризинда фарк мекунад. Хар навъи хайвонот мубодилаи хосае дорад, ки он ба хусусиятхои ирси, чинс, синну сол, шароити зиндаги ва г. вобаста аст.
Мачмуи табаддулоти химиявии моддахои гуногун аз лахзаи ба хун ворид шудани онхо то хосил гаштани махсули нихоии тачзия мубодилаи мобайнии моддахо ва неру ё метаболизми мобайни ном дорад. Мубодилаи мобайни асосан дар дохили хучайра сурат мегирад, аз ин ру истилохи мубодилаи «мобайни» ё «дохили хучайрави» хаммаъност. Равандхои ферментии ба хам мукобил, вале ба хамдигар сахт марбут асоси М.-и мобайниро ташкил медиханд. Ин ходисахо ассимилятсия (анаболизм) ва диссимилятсия (катаболизм) ном доранд. Ассимилятсия аз пайвастхои соддатарине, ки хангоми гувориш (хазми хурок) хосил мешаванд, хосил гаштани моддахои калонмолекулаи хучайрави аст (кислотахои нуклеат, сафедахо, чарбу ва моддахои чарбмонанд). Диссимилятсия тачзияи ферментии молекулахои калон буда (дар организмхои оли, одатан, бо рохи оксидшави мегузарад), бо ихрочи энергияи пайвастхои химиявии моддахои органики сурат мегирад. Энергияи озодшуда барои кашиш ёфтани мушакхо, интиколи импулсхои асаб, нигахдории харорати бадан, равандхои гуногуни хосилшави, чаббиш ва тарашшух, махфуз доштани консентратсияи ионхои органики ва гайриорганики дар дохилу хоричи хучайра истифода мегардад. Ба туфайли М. дар организми зинда моддахои гизои ба пайвастхои махсус табдил ёфта, чун масолехи бунёди ё нерубахш истифда мешаванд. М. ба мунтазам нав шудани узву бофтахо (бидуни тагйири таркиби химиявии онхо) мусоидат мекунад. Сафедахо, чарбу, карбогидратхо ва г. дар чараёни мубодила мавкеи гуногун доранд.
Организм сафедахоро асосан ба сифати масолехи бунёди (пластики), карбогидратхо ва чарбуро барои чуброни сарфи энергия истифода мебарад. Карбогидратхо манбаи асосии неруи организм мебошанд, зеро хангоми тагйироти онхо такрибан нисфи неруи барои организм зарур хосил мешавад.
М.-ро шартан ба чунин зинахо чудо мекунанд: 1) Гувориш – аз таъсири ферментхои хозима (пепсин, трипсин, химотрипсин ва г.) дар меъдаю руда то пайвастхои хурдмолекула тачзия шудани кисмхои мураккаби таркиби хурок, ки барои мубодилаи моддахои гуногун умуми аст ва организм метавонад онхоро хазм кунад; пайвастхои хурдмолекула чун чорроха самтхои гуногуни метаболизмро бо хам мепайванданд; 2) Махсули хозимаро чаббидани руда ва баъди ба хун гузаштан, ба узву бофтахо расондани он; 3) Аз моддахои дар чараёни гувориш пайдошуда хосил гаштани пайвастхои барои хамин организм хос. 4) Тачзияи ин пайвастхо якчоя бо хосил шудани махсули мобайни ва интихоии мубодила; 5) Ихрочи махсули интихоии мубодила аз организм.
Дар хучайрахо чараёни биосинтез ва тачзия хамзамон ба амал меояд. Рохи асосии истифодаи неруии дар чараёни М. озодшуда ин дар моддахои махсус (ба ном пайвастхои макроэрги), мас., аденозинтрифосфат (АТФ) гирд омадани он аст. Дар байни пайвастхои макроэрги АТФ универсали мебошад. АТФ бо роххои гуногун аз кислотаи аденозиндифосфат (АДФ) ва фосфати гайриорганики хосил мешавад, аммо кимати неруии тарики хосил гаштани он нобаробар аст. Дар сурати тачзияи АТФ ба АДФ ва фосфати гайриорганики 8 – 10 ккал энергия хорич мешавад. Энергияи АТФ ба энергияи механики, химияви ва гарми табдил ёфта, ба диг. пайвастхо мегузарад, хамчунин барои эхтиёчи биосинтез сарф мешавад.
Мавкеи витаминхо, об ва моддахои гуногуни минерали дар чараёни М. хеле калон аст. Натрий, калий, калсий, фосфор, инчунин баъзе микроэлементхо – магний, манган, рух, молибден, фтор, кобалт ва г. барои М. нихоят мухим мебошанд. Онхо дар равандхои биоэлектри (чун нокили импулси асаб) ва осмосии хучайрахо ширкат варзида, ба таркиби дандон, устухонхо дохил мешаванд, барои фаъолияти бисёр ферментхо ва пигментхои нафаскаши (мас., гемоглобин) ахамияти калон доранд.
Дарачаи М. дар чараёни хаёт доими нест. Ба туфайли М. организм ба шароити тагйирёбандаи зиндаги мутобик мегардад. Ин хама дар натичаи мувофикат ва дурустии чараёни М. ба даст оварда мешавад. Хамин тавр, дарачаи ба организм хоси М. муайян мегардад, ки он дар рафти инкишофи таърихи (филогенез) ташаккул ёфта, бо механизмхои ирсият (хангоми таъсири мутакобилаи организму мухити зист) танзим мешавад. Дар аснои тагйири шароит механизмхои танзимгар ба кор даромада, чараёни М.-ро ба самти зарури мегардонанд. Мас., дар шароити анаэроби (набудани оксиген) чараёни фосфоронии оксиди бо гликолиз иваз мешавад. Баръакс, дар аснои зиёд шудани микдори оксиген дар бофтахо гликолиз катъ гашта, чараёни фосфоронии оксиди меафзояд. М. дар хучайраю бофтахо дар натичаи ба таассури ферменти, танзими хосилшави ва фаъолияти ферментхо таъсири муайян расондан танзим меёбад. Чараёни М. дар хучайра тавассути алокаи баръакс худ ба худ ба низом медарояд. Мас., микдори АТФ-е, ки дар хучайра хангоми фосфоронии оксиди хосил шудааст, шиддати ин чараёнро муайян месозад. Агар дарачаи хосил гаштани АТФ аз истеъмоли он зиёд бошад, он гох чараёни фосфоронии оксиди катъ мегардад ва баръакс. Бахри танзими М. дар хучайраю бофтахо мембранахои биологи ахамияти калон доранд. Онхо суръати ба хучайра дохил ва хорич шудани пайвастхои гуногунро назорат мекунанд.
Танзими асабию гормонии реаксияхои ферменти, ки асоси метаболизм мебошад, шакли асосии танзими ба хам мутобики мубодила дар одаму хайвонот ба шумор меравад. Мас., дар сурати костани микдори канди хун ихрочи адреналин (ба механизми ферментие, ки тачзияи гликоген ва хосилшавии глюкозаро метезонад таъсир мерасонад) меафзояд. Дар аснои зиёд шудани канди хун, тарашшухи инсулин афзуда, он тачзияи гликогенро дар чигар катъ мекунад. Инсулин эхтиёчи бофтахои канори (мушакхо, асабияи маркази ва г.)-ро ба глюкоза зиёд карда, дар натича он ба хун кам ворид мешавад. Силсилаи асабхои маркази ва вегетативи танзими чараёни М.-ро таъмин менамоянд. Чунин танзим бевосита ё тавассути гормонхое, ки гадудхои усораи дохили чудо мекунанд, амали мегардад. Хар як бемории одам пайваста бо ихтилоли М. содир мешавад. Ин махсусан зимни ихтилоли кори асабия ва гадудхои усораи дохили зохир мегардад. М. дар мавриди тагзияи номураттаб халал меёбад.
Дигаргуни дар мубодилаи асоси бинобар тагйири суръати чараёни оксидшави, зухуроти ихтилоли умумии М. аст. Мубодилаи асоси (мубодилаи моддахо хангоми фарогат) ин хамон микдор гармиест, ки дар мавриди суст будани суръати чараёни мубодилаи моддахо (дар одам) дар шароити оромии пурра хосил мешавад. Хангоми муоина дар клиника аксаран бо ёрии асбоби махсус суръати мубодилаи асоси (дар холати оромии чисмони ва рухи, пагохи, ба дили нахор)-ро муайян мекунанд. Меъёри мубодилаи асосии чавонон дар як шаборуз 1300 – 1600 ккал аст; бузурги мубодилаи асосии занон нисбат ба мардон 10 – 15% кам мебошад. Бо рафти синну сол мубодилаи асоси кам мешавад, дар одамоне, ки бо мехнати вазнини чисмони машгуланд, он дар як шаборуз то ба 2000 ккал мерасад.
Мубодилаи асоси дар аснои беморихое, ки бо афзоиши фаъолияти гадуди сипаршакл вобастаанд, суръат гирифта, хангоми беморихои марбут ба сустии кори ин гадудхо, инчунин баробари кохиши фаъолияти гипофиз, гадудхои болои гурдаю узви таносул ва гуруснагии умуми суст мешавад. Ихтилоли мубодилаи сафеда, ангиштоб, моддахои минерали ва обу намак гуногун аст. Вале хама навъи мубодила бо якдигар алокаманд мебошанд. Ихтилоли М. дар тагйири таъсири мутакобила ва табдили пайвастхои гуногун, барзиёд гун гаштани махсули мобайнии метаболизм ва нопурра ё аз хад зиёд чудо шудани онхо, ночурии чараёни амалиёти гуногун пайваста бо хосил шудани моддахои ба организм бегона зухур меёбад.
Ташхиси М. ба тадкики мубодилаи газ, таносуби микдори моддахои ба организм дохил ва ихрочшуда, муайян кардани таркиби химиявии хун, пешоб ва г. асос ёфтааст. Муоличаи ихтилоли мубодила бартараф намудани сабаби он ё табобати бемории асосиеро, ки пайваста бо тагйири М. мегузарад, дарбар мегирад.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …