Главная / Илм / МУБОДИЛАИ МИНЕРАЛХО

МУБОДИЛАИ МИНЕРАЛХО

mineralМУБОДИЛАИ МИНЕРАЛХО, мачмуи равандхои чаббиш, хазм, табдил ва ихрочи моддахое, ки дар организм дар шакли пайвастхои гайриорганики (минерали) вучуд доранд. Моддахои минерали бахри нигох доштани мувозанати кислотаю ишкорхо ва фишори осмосии моеъи хучайра ахамияти калон доранд, дар кашиши мушакхо, реаксияхои сершумори ферменти иштирок мекунанд. Ихтилоли М. м. мучиби пайдоиши беморихои гуногун – остеопороз, остеомалятсия, фосфатдиабет, рахит, ангезиши асаби мушакхо мешавад. Консентратсияи моддахои минерали дар хун ва пешоб барои ташхиси баъзе беморихо мухим аст.
Дар организм кисми асосии моддахои минералиро хлоридхо, фосфатхо ва карбонатхои калий, калсий, натрий, магний ташкил медиханд. Дар М. м. хоса ахамияти хлор, фосфор ва микроэлементхо калон аст.
Моддахои минерали дар рохи меъдаю руда чаббиш ёфта ба хун мегузаранд. Дар он чо кисми зиёди онхо бо сафедахои нокил (мас., трансферринхо, албуминхо ва г.) пайваст гашта, ба чойхои мубодилаи фаъол ё захирагох бурда мешаванд. Моддахои минералие, ки дар об хал шудаанд, аз организм ба тавассути пешоб ва арак, моддахое, ки хал нагаштаанд, ба воситаи пасафканд ихроч мегарданд.
Хар як моддаи минерали ё гурухи онхо дар организм вазифаи махсус дорад.
Ниг. низ ба маколахои чудогона оид ба моддахои минерали.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …