Главная / Илм / МУБОДИЛАИ ЧАРБУ

МУБОДИЛАИ ЧАРБУ

charbМУБОДИЛАИ ЧАРБУ, мачмуи табаддулоти чарбу ва диг. липидхо дар организми одам. Ба М. ч. мансубанд: хазм гаштани чарбую (триглитсеридхо) липидхои гизо ва чаббиши махсули тачзияи онхо, хусусан кислотахои равган дар рохи меъдаю рудахо; мубодилаи мобайнии чарбу ва махсули тачзияи онхо дар организм; аз организм хорич шудани чарбу ва махсули тачзияи онхо. Дар китобхои тибби «мубодилаи чарбу» ва «мубодилаи липидхо» хаммаъно мебошанд.
Ба организми одам дар як шаборуз бо гизо андаряк 70 г чарбуи хайвони ва наботи ворид мешавад. Дар чавфи дахон чарбу дучори ягон тагйирот намегардад, зеро дар таркиби оби дахон ферменти липаза (равганро тачзия мекунад) мавчуд нест. Тачзияи чарбу кисман дар меъда огоз меёбад, вале суръати он суст буда, самараи зиёд надорад, зеро бузургии рН-и шираи меъда (такр. 1,5) бо рН-и липаза (5,5 – 7,5) мувофикат намекунад. Гайр аз ин, дар меъда барои ба эмулсия табдил ёфтани чарбу шароити мусоид нест. Бинобар ин, чарбуи гизо аз меъда бидуни тагйирот мегузарад. Вале дар ширхорахо туршии муътадили шираи меъда (рН такр. 5) ва шири модар имкон медиханд, ки чарбу дар меъда гидролиз (липолиз) шавад.
Кисми асосии чарбу дар рудаи борик зери таъсири липазаи шираи гадуди зери меъда, ки кимати мусоиди рН барои он 8 аст, тачзия мегардад. Чарбуи гизо асосан зери таъсири кислотаи талха, ки ба чавфи руда дар шакли намаки натрий (холатхо) бо глитсин ва таурин (гликохолат ва таурохолат) ворид мегардад, эмулгатсия мешавад.
Аз организми одам такр. 5% чарбуи бо гизо дохилшуда бидуни тагйирот хорич мегардад (тавассути усораи гадудхои равган ва арак). Дар раванди хазм гаштани чарбу дар рохи меъдаю рудахо такр. 98%-и кислотахои равган ва тамоми глитсерин чаббида мешавад.
М. ч.-ро силсилаи асаби маркази ва гадудхои усораи дохили танзим мекунанд.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …