Главная / Биология / МУБОДИЛАИ АВТОТРОФИИ МОДДАХО (Фотосинтез ва Хемосинтез)

МУБОДИЛАИ АВТОТРОФИИ МОДДАХО (Фотосинтез ва Хемосинтез)

Автотрофхо организмхое мебошанд, ки аз хисоби пайвастагихои гайриорганики гизо (энергия) мегиранд. Ба онхо баъзе бактерияхо ва хамаи растанихои сабз дохил мешаванд. Вобаста ба кадом манбаи энергияро барои синтези пайвастагихои органики истифода бурданашон организмхои автотрофиро ба ду гурух – фототрофхо ва хемотрофхо чудо менамоянд.

Барои фототрофхо манбаи энергия рушнои буда, хемотрофхо энергияеро, ки дар вакти реаксияхои оксиду баркароршави чудо мешавад, истифода мебаранд. Хамаи растанихои сабз фототроф мебошанд. Бо ёрии хлорофилл, ки дар хлоропластхо мавчуданд, онхо раванди фотосинтез (ба энергияи бандхои химияви табдил додани энергияи рушнои)-ро ба вучуд меоранд. Фотосинтез – раванди хеле мураккаб мебошад.

fotosintez

Фотосинтез. Аз хисоби истифодаи энергияи нури офтоб бо иштироки пигменти сабзи хлорофилл аз молекулаи моддахои гайриорганики хосил шудани молекулаи моддахои органикиро фотосинтез меноманд. Фотосинтез аз ду фаза рушнои ва торики иборат аст (расми 4.5).

Дар фазаи рушнои кванти рушнои (фотонхо) бо молекулахои хлорофилл таъсири мутакобила мекунад. Дар натича молекулахо дар муддати нихоят кутох ба энергияи «барангехта» мегузаранд. Сипас, энергияи молекулахои барангехта кисман ба гарми бадал мешавад ё дар намуди рушнои пахн мегардад. Кисми дигари он ба иони гидроген (Н+) доимо дар махлули оби ба сабаби диссотсиатсияи об мавчуд аст, дода мешавад:

Гидроксид-ионхо (ОН) электронхои худро ба молекулахои дигар дода, ба радикалхои озод табдил меёбанд, ки дар натича об ва оксигени молекулави хосил мешаванд:

Хамин тавр, манбаи оксигени молекулави, ки дар раванди фотосинтез хосил шуда, сипас дар атмосфера пахн мегардад, об аст ва он дар натичаи фотолиз (тачзияи об аз таъсири рушнои) чудо мешавад. Энергияи рушнои дар фазаи рушнои, ба гайр аз фотолизи об, барои синтези АТФ аз АДФ ва фосфат бе иштироки оксиген истифода мегардад.

Ин равандхо хеле босамар мебошанд: дар хлоропластхо нисбат ба митохондрияхои хамон як растани бо иштироки оксиген АТФ 30 маротиба бештар хосил мешавад. Бо хамин рох, энергияе захира мегардад, ки барои равандхои дар фазаи торикии фотосинтез гузаранда зарур аст.

Дар реаксияхои химиявии фазаи торики, чараёне, ки барои он рушнои лозим нест, манбаи асосиро пайвастшавии СО2 Расми 4.5. Схемаи раванди фотосинтез ишгол менамояд. Дар ин реаксияхо молекулахои АТФ, ки хангоми фазаи рушнои синтез мешаванд ва атомхои гидроген, ки дар раванди фотолизи об хосил мегарданд (бо молекулахо интиколдихандахо пайвастанд), иштирок менамоянд:

Хамин тарик, энергияи рушноии офтоб ба энергияи химиявии пайвастагихои мураккаби органики мубаддал мешавад.

Тавре ки дар боло кайд гардид, махсули иловагии фотосинтези растанихои сабз оксигени молекулави буда, он ба атмосфера хорич мешавад. Оксигени озод дар атмосфера омили бузурги аз нав хосил шудани моддахо аст. Пайдоиши он дар Замин сабаби ба вучуд омадани мубодилаи аэробии моддахо гардид.

Хемосинтез. Баъзе бактерияхое, ки хлорофилл надоранд, ба кобилияти синтез намудани пайвастагихои органики сохиб мебошанд. Дар ин маврид онхо энергияи реаксияхои химиявии моддахои гайриорганикиро истифода мебаранд.

Ба энергияи химиявии пайвастагихои органикии синтезшаванда табдил ёфтани энергияи реаксияхои химиявиро хемосинтез мономанд. Хемосинтезро соли 1887 микробиологи намоёни рус С.Н.Виноградский кашф намуда буд.

Ба гурухи автотрофхо-хемосинтезхо (хемотрофхо) бактерияхои азотандуз дохил мешаванд. Баъзе аз онхо аз энергияи оксидшавии аммиак ба кислотаи нитрит, баъзеи дигар аз энергияи оксидшавии кислотаи нитрит ба кислотаинитрат истифода мебаранд. Хемосинтезхое низ вучуд доранд, ки аз оксидшавии охани дувалента ба севалента ё аз оксидшавии сулфиди гидроген то кислотаи сулфат энергия мегиранд.

Бактерияхои хемосинтези нитрогени атмосфераро гирифта, маъданхои халнашавандаро ба шакли барои аз худ намудани растанихо корояму кулай табдил медиханд. Автотрофхо – хемосинтезхои ба ном «оханбактерияхо» ва «сулфурбактерияхо» низ мавчуданд. «Оханбак терияхо» энергияи хангоми оксидшавии охани дувалента ба севалента хоричшавандаро истифода мебаранд, вале «сулфурбактерияхо» сулфиди гидрогенро то ба кислотаи сулфат оксид менамоянд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …