Главная / Илм / МОШИНИ АНАЛИТИКИИ БЕББИЧ

МОШИНИ АНАЛИТИКИИ БЕББИЧ

Кадами хеле мухими навбати дар пешбурди техникаи хисоббарор ба асри XIX рост омад. Дар ин аср ихтирооти бемисл анчом дода шуданд. Барои сохтани насли нави мошинхои хисоббарори олимон дар асоси назарияи нав гояхои кухнаро ба кормебурданд.

Яке аз олимони намоёнтарини ин аср, математики англис Чарлз Беббич (1792-1871) ба шумор меравад. Махз Беббичро асосгузори компютерхои муосирмехисобанд. Вале фарки тадкикотхои Беббич аз Паскал ва Лейбнитс дар он аст, ки у назар ба тадбики амалии гояхояш кисми бештари вакти худро ба лоихакашии мошинхои хисоббарор бахшидааст. Ихтирои аввалин мошини хисоббарории дар асоси программа коркунанда низ ба Беббич тааллук дорад. Гарчанде гояи сохтани чунин мошин мавчуд буд ва лоихаи он соли 1830 пурра ба охир расид, вале худи мошин хамчун техникаи хисоббарор амалан то баохир дар хаёт тадбик нашуда монд. Сатхи онрузаи технологияи сохтани деталхои зарури хеле паст буд. Хамаи ин камбудхо ва дарачаи техникаи мавчудаи онруза ба Беббич имконият надоданд, ки у мошини худро ба пурраги сохта тавонад.

÷èñëîâàÿ ìàøèíà Áýááèäæà - ïåðâàÿ “ÝÂ̔
÷èñëîâàÿ ìàøèíà Áýááèäæà – ïåðâàÿ “ÝÂ̔

Кашфиёти худро Ч. Беббич «Мошини аналитики» номид. Мувофики лоиха мошини у бояд бо ёрии кувваи буг ба кор медаромад. Дар ин маврид мошин командахоро кабул, хисоббарорихоро ичро ва натичахои заруриро бояд дар когаз чоп менамуд. Программахо бояд кодгузори шуда ба перфокартахо (перфокарта – картаи картонии махсуси бо ёрии сурохчахо кодгузори кардашуда) гузаронида мешуданд.

Гояи ба воситаи перфокартахо ба мошин дохилкунии программаро Беббич аз ихтирокори франсави Жозеф Жаккар гирифтааст. Жаккар перфокартахоро барои идоракунии амалиёти гуногун дар дастгоххои бофандаги истифода мебурд. Ба воситаи комбинатсияхои сершумори перфокартахои сурохдор у хангоми бофтани матоъ накшу нигорхои хархела хосил менамуд. Жаккар хатто фикр хам карда наметавонист, ки рузе гояи у барои коркарди информатсия дар мошинхои хисоббарор истифода бурда хохадшуд.

Хамин тарик, мошини аналитикии Беббич мувофики лоиха хамаи кисмхои асосии компютери хозиразамонро дошт. Масалан, мошини у хотира (ба ибораи Беббич – анбор), кисми арифметики (осиёб) ва кисмхои идоракуни, дохилкуни ва хоричкуниро дошт. Бояд он амалхои чамъу тархро дар як сония ва зарбу таксимро такрибан дар як дакика ичро менамуд. Мошини Беббич аз руи лоиха универсали, яъне хамакора буда, ба воситаи он масъалахои хисоббарории дилхохро хал кардан мумкин буд. Вале бояд кайд намуд, ки ин мошин низ ба монанди мошинхои арифметикии (арифмометрхо) дар хамон давр амалкунанда, хамчун тачхизоти механики фикр карда баромада шуда буд.

Беббич фикри бенихоят мухимро пешниход кард, ки мувофики он вобаста аз натичахои мобайни имконияти тагйирдихии самти хисоббарори пайдо шуд. Ин хосият имконият фарохам овард, ки мошин дар халли масъалахои хеле душвор истифода бурда шавад. Ин фикри Беббич пеш аз хама ба математики сохибистеъдод Огаста Ада Лавлейс (1815-1852) хуш омад. Ада Лавлейс, ки духтари шоири бузурги англис лорд Чон Байрон аст, мухим будани усулхои аналитикиро хеле хуб дарк карда буд. Махз Ада барои мошини Беббич программахои аввалинро сохтааст ва уро бешубха программасози аввалини чахон ном бурдан мумкин аст.

Беббичро Ада бовар кунонид, ки дар ихтирооташ ба чоисистемаи хисобкунии дахи системаи дуиро истифода барад. Хамкории Ада ва Беббич, ки огози гоя ва назарияхои нав буд, имруз хам дар самти программасози ва хам инкишофи техникаи компютери мевахои худро дода истодааст.

Саволхо:

  1. Чаро Ч. Беббичро асосгузори компютерхои муосир меноманд?
  2. Фарки фаъолияти тадкикотии Беббич аз Паскал ва Лейбнитс дар чист?
  3. Мошини аналитикии Беббич аз кадом кисмхо иборат буд?
  4. Гояи ба воситаи перфокартахо дохил намудани программахоро Беббич аз ки гирифтааст?
  5. Ада Лавлейс ки буд ва у ба Беббич чи таъсир расонидааст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Доир ба фаъолияти Беббич ва мошини аналитикии у фикратонро дар дафтар баён намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …