МОНИТОР

Монитор – яке аз кисмхои хеле мухими компютери IBM PC ба шумор рафта, барои ба экран баровардани информатсияи матни ва графики хизмат мерасонад. Раванди ба хотираи компютер дохилкунии инфоматсия низ бо ёрии монитор назорат карда мешавад. Мониторро дисплей (display – намоиш) хам мегуянд. Хангоми кор бо монитор хеле эхтиёткор будан зарур аст, чунки истифодабарандаи компютер махз дар назди монитор соатхои зиёде менишинад. Чи кадаре, ки сифати монитор пасттар, яъне характеристикахои он бадтар бошанд, хамон кадар ба чашмон ва дигар узвхои инсон хатари зарарраси зиёдтар аст.

monitorМонитор ба телевизор хеле монанд аст. Дар монитор низ чун дар телевизор намоишхо бо ёрии кинескоп (трубкаи нури – электрони) нишон дода мешаванд. Вале сохти дохилии онхо аз хамдигар хеле фарк мекунанд. Мониторхо намоишхоро нисбат ба телевизорхо сахехтар ва дакиктар тасвир менамоянд, аммо телевизорхо тачхизоти интелектуали ба хисоб мераванд. Онхо сигналхои ба воситаи антена кабул намудаашонро аввал рамзкушои менамоянд ва баъд онхоро аз халалхои радиои соф намуда, пешкаши тамошобин мегардонанд. Мониторхо бошанд, видеосигналхоро аз видеоконтроллёрхо бо ёрии кабелхо дар намуди тайёр мегиранд.

Мониторхо дар ду намуд истехсол карда мешаванд: ранга ва монохроми (сиёху сафед). Дар ташкилоту муассисахо бештар мониторхои рангаро истифода мебаранд. Дар экрани мониторхои ранга аломатхоро бо рангхои гуногун нишон додан мумкин аст. Дар компютерхои IBM PC моделхои гуногуни мониторхои ранга истифода бурда мешаванд: CGA (Color Graphics Adapter – Адаптери графикии ранга), EGA (Enhanced Color Adapter – Адаптери рангаи васеъкардашуда), VGA (Video Graphics Array – Массиви видеографики). Мониторхои монохроми имрузхо кариб истифода бурда намешаванд. Андозаи экрани мониторхо яке аз нишондихандахои мухим ба хисоб меравад. Андозаи экранро аз руи бузургии диагонали кинескопи монитор муайян месозанд ва бо дюймхо чен мекунанд. Дюйм – ченаки дарози буда ба 25,4 мм баробар аст. Мониторхои IBM PC, ки холо истифода бурда мешаванд, аз 14 то 21 дюймро ташкил медиханд. Барои шахсоне, ки дар назди экран бисёр менишинанд, монитори 17-дюймаги монитори хуб ба шумор меравад.

Характеристикаи дигаре, ки ба сифати намоишдихии монитор бахо медихад, андозаи нуктаи тасвиркуни ба хисоб меравад. Ин нишондиханда бояд аз 0,28 мм калон набошад.

Барои мониторхои сифатнок андозаи нуктаи тасвиркуниашон ба 0,25-0,26 мм баробар аст. Агар ин нишондиханда 0,31-0,39 мм-ро ташкил кунад, он гох чунин мониторхо сифатан паст хисоб карда мешаванд, чунки онхо барои чашм хатарнок мебошанд.

Ба характеристикаи дигари монитор имконияти халкунандаи он дохил мешавад, ки он ба микдори нуктахои ба самтхои уфуки ва амуди пахнкунандаи монитор мебошавад. Видеосигнале, ки аз видеоконтроллёр ба монитор равон карда мешавад, шакли тури росткунча дорад. Дар буриши сатру сутунхои ин тур нуктахои ранга хосил мешаванд. Чи кадар микдори нуктахои тур зиёдтар бошанд, хамон кадар сифати тасвиркунии монитор бехтар мешавад. Дар ин маврид мегуянд, ки дар экран информатсияи зиёдтар мегунчад. Масалан, халкунандагии 640х480 маънои онро дорад, ки тасвири дар экран намоишдодашаванда аз 640 нукта ба самти уфуки ва аз 480 нукта ба самти амуди иборат аст. Дар мачмуъ чунин тур аз 640х480=307200 нукта иборат мешавад. Барои монитори 17 дюймаги, ки нуктаи тасвиркуниаш ба 0,25-0,26 мм баробар аст, халкунандагии 1280х1024 характеристикаи хуб ба шумор меравад ва аз инхо хам калонтараш сол то сол пацдо шуда истодааст.

Монитор видеосигналхоро сатр ба сатр инъикос менамояд, яъне он аввал як катори нуктахоро ба экран бароварда, баъд ба катори дуюми онхо мегузарад. Барои аз як катори нуктахо ба катори оянда гузаштан ва баръакс ба катори боли бозгаштан, видеоконтроллёр ба монитор сигналхои идоракунии махсусро равон мекунад. Зудии (микдор/сония) сигналхои идоракуниро аз катори додашуда ба катори нуктахои навбати (поёни) зудии пахнкунии уфуки ё зудии сатри меноманд. Зудии сигналхои идоракуниро аз катори нуктахои додашуда ба катори нуктахои болои (пешина) зудии пахнкунии амуди ё зудии кадри меноманд.

Агар бузургии сатри барои хамоханг сохтани видеоконтроллёр ва монитор пешбини шуда бошад, он гох зудии кадри, пеш аз хама ба инсон дахл дорад, чунки ин зуди микдори ивазшавии тасвирро дар экран ифода мекунад. Хангоми кам будани бузургии зудии кадри чашмони инсон милт-милткуни ва ларзиши тасвирхоро дар экран эхсос мекунад, ки он чашмро зуд монда ва хатто дарднок мегардонад. Дар вакти зудии кадри ба 75-80 герс баробар будан, ларзиши тасвирхо дар экран гум мешавад.

Зудии кадрии 80 герса характеристикаи хуби монитор ва 85 герса – хубтар шумурда мешавад. Зудихои кадрии аз 70-72 герс камбуда, барои саломатии инсон хатарноканд.

ЭЗОХ:

Герс (герц) вохиди ченаки зудии лаппиши раванди даври буда, дар як сония ичрошавии як даври равандро ифода менамояд. Одатан, дар речаи кории матни экрани монитор аз 25 сатр ва 80 сутун иборат буда, дар речаи кории графики бошад, ба 480 сатр ва 640 сутун баробар аст. Ин ададхо вобаста ба модели монитор метавонанд тагйир ёбанд.

Хамин тарик, тасвири мониторро ба охир расонида як нуктаро кайд менамоем, ки агар дар тани монитор тамгаи Eneкgy Staк мавчуд бошад, он гох метавонед дилпур бошед, ки монитори шумо кувваи баркро сарфа менамояд ва ба шумо дуру дароз хизмат мекунад. Илова бар ин, агар мониторатон ба стандартхои чахонии TCO’92 ё TCO’95 мувофикат кунад, он гох он албатта сохиби функсияхои захиракунандаи энергия мебошад.

Саволхо:

  1. Функсияи асосии монитор чист?
  2. Монитор бо телевизор чи умумият ва аз он чи тафовут дорад?
  3. Мониторхо дар чанд намуд истехсол карда мешаванд?
  4. Андозаи экрани мониторро бо чи чен мекунанд?
  5. Дюйм чист?
  6. Характеристикахои асосии монитор кадомхоянд?
  7. Хосияти халкунандагии монитор гуфта чиро мефахмед?
  8. Кадом андозахои нуктаи тасвиркунии монитор барои чашми инсон хатарноканд?
  9. Зудии сатри ва зудии кадрии сигналхои идоракунии монитор гуфта чиро меноманд?
  10. Зудии кадриро бо чи чен мекунанд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Характеристикахои асосии мониторро дар шакли таблитса тасвир намоед.

3. Характеристикахои мониторхои дар синфхонаи компютерии мактабатон бударо

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

volidayn

Дуои «Хукуки волидайн»

Барои хукуки волидайн низ ду ракъат намоз адо кунад ва дар хар ду ракъат баъд …