Главная / Илм / МОМОКАЙМОК

МОМОКАЙМОК

momokaymokМОМОКАЙМОК (Glaucium fimbrilli), заркак , чилгуза, гиёхест дусола. Аз 8 то 65 см кад мекашад. Пояаш сершох. Барги назди бехаш пармонанд, баргхои пояаш майдаи байзашакл. Гулаш зард, норанчии баланд. Гилофакаш рост ё камончашакли гафс, дароз. Май – июл гул карда, июн – авг. тухм мебандад. Дар нишебихои шагалзамин месабзад. Дар вохаи д. Сир, к-куххои Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз ва нохияхои Точикистони Чанубию Шарки (дар баландии 800 – 2500 м аз с. б.) вомехурад.
Дар баъзе дехахои водии Зарафшон талкони тухми бирёнкардаи М.-ро ба занхои зоида чун воситаи хунбанд ва нерубахш медиханд. Равгани М. низ чунин хосиятро дорост. Чушоби гулу барги онро чун давои кувватбахш ва ангезишовар мехисобанд. Онро ба беморони ру ба бехбуди оварда медиханд. Микдори аз меъёр зиёди М. боиси кай ва хоболуди мегардад. Тухми М. сахт исхоловар аст.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …