Главная / Илм / МОМИСО

МОМИСО

momisoМОМИСО (Glaucium elegans), аргомуни, кукноргиёх, растаниест яксола. Аз 5 то 30 см кад мекашад. Пояаш борики сершох. Баргхои дар бехи поя рустааш думчадори пармонанд, баргхои пояаш байзашакл, гулаш зарди баланд. Апр. – май гул карда, май – авг. тухм мебандад.
М. дар вохаи д. Сир, кухи Мевагул, к.-куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, нохияхои Точикистони Чануби ва Помири Гарби вомехурад. Дар нишебии куххо, сохили дарё, алафзор, арчазори сирак, заминхои партов (дар баландии 400 – 3000 м аз с. б.) меруяд.
М. гиёхи маъмули доруист. Дискуридус (Диоскорид) ва Чолинус бо шираи он беморихои чашмро табобат мекарданд. Абуалии Сино М.-ро барои муоличаи илтихоби чашм, омос, хасмол, сардард тавсия медод. Равгани М. нури чашмро кувват мебахшад. Табибони халки М.-ро барои муоличаи тарбод, илтихоби роххои нафас, хангоми сурфа ва чун давои пешоброн, балгамовар истифода мебаранд, бо шираи он гули чашмро меравонанд. Равган ва тухми бирёни онро ба занхо чун воситаи нерубахш баъди таваллуд тавсия медиханд. Баргу поя ва шираи М. захрнок аст. Дар таркиби М. 0,2 – 0,7% алкалоид (глаувин, глаутсин, изоболдин, изокоридин, протопин ва г.) мавчуд аст. Глаутсин бидуни таъсир ба нафаскаши фаъолияти маркази сурфаро бозмедорад. Онро барои табобати сурфаи бинобар илтихоб, бронхит, плеврит, сил ва диг. беморихо пайдошуда тавсия медиханд. Глаутсин хамчунин таъсири рафъи ташаннуч дорад, аз ин ру онро барои муоличаи бемории гипертония (даврахои I ва II) ва эндартериит кор мефармоянд. Дар Булгория доруи «глаувент» истехсол мешавад, ки 0,01 – 0,04 г глаутсини хлоридгидрогени дорад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …