Главная / Илм / МОЛЛЮСКИ СИРОЯТи

МОЛЛЮСКИ СИРОЯТи

molyuskaМОЛЛЮСКИ СИРОЯТи, моллюски сори, бемории сироятии вирусии пуст. Хангоми тамоси бевосита бо мариз ё ашёе, ки у истифода бурдааст (сачок, лифи таншуи, бозичахо ва г.) сироят мекунад. Бештар дар синни кудаки дучор мешавад. М. с. дар муассисахои кудакон метавонад якбора пахн гардад.
Давраи нихонии бемори аз 2 хафта то чанд мох аст. Дар мавриди гирифтори ба М. с. дар пуст (руй, гардан, пушти панча, тан, зери каш) доначахои майда (диаметрашон 0,2 – 0,5 см)-и нимкурашакл мебароянд; ранги онхо ба ранги пуст шабохат дорад ё андаке гулобиранг мешаванд. Дар маркази донача (гирехча) чукурчае мавчуд аст, ки хангоми фишурдан обияти шавлашакл мебарояд (хучайрахои шухабастаи эпидермис ва заррахои моллюски).
Бо максади муоличаи М. с. доначахоро бо пинсет ё чумчаи Фолкман фишурда, махлули 5 – 10-фоизаи йод ё нитрогени моеъ мемоланд. Гиреххои калон бо усули диатермокоагулятсия ё криохирургия нест карда мешаванд. Хангоми бисёр будани доначахо бо тавсияи духтур дорухои зиддивируси истеъмол мекунанд. Фарчоми бемори хуб аст.
Барои пешгирии М. с. риояи коидахои бехдошт, чудо нигох доштану табобат кардани беморон мухим аст. Кудакони беморро то пурра шифо ёфтан ба муассисахои бачагона рох намедиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …