Главная / Илм / МОЛИШХуРИИ ПуСТ

МОЛИШХуРИИ ПуСТ

molishkhuriМОЛИШХуРИИ ПуСТ, газак гирифтани як кисми пуст, ки аз соиш хурдан пайдо мешавад. Бештар дар пошна ва панчаи пой бинобар серараки, нигохубини нодурусти пусти пой ва пойафзори номувофик ба вучуд меояд. М. п. дар чойхои дигари пусти бадан (зери багал, дар гардан) низ аз соишхурии либос (дарзи дурушт, гиребони охардодаи шахшул), дар кафи дастон хангоми кор бо белу каланд, завракрони ва г. хосил мешавад. Дар ибтидо пуст сурх шуда, варам ва дард мекунад. Пас аз ин мумкин аст обила пайдо шавад. Дар сурати онро кафондан, пуст газак гирифта, эхтимол боиси ба вучуд омадани оризаи фасоднок (ниг. Беморихои римноки пуст) гардад.
Хангоми М. п. чои осебдидаро ба махлули гарми гулобиранги перманганати калий (маргансовка) гутондан ё бо махлули ширгарми перманганати калий ё махлули 2-фоизаи кислотаи борат шуста, бандинаи хушк гузоштан лозим аст. Ба хеч вачх обиларо сурох кардан мумкин нест, зеро ин боиси ба захм даромадани бактерияхои фасодовар ва мадда кардани он мешавад. Барои он ки пусти соишхурда (хусусан пойхо) дубора осеб набинад, пойафзори нарму мувофик пушидан ё ба зери пошна патак гузоштан лозим аст. Одатан, дар натичаи риояи ин коидахо обила хушк шуда, аз таги он пусти «нав» месабзад. Агар обила худ аз худ кафад, онро бо моддахои мазкур шуста, бандинаи хушки тоза мегузоранд. Дар мавриди пайдо шудани дард ва сурх гаштани пуст зуд ба духтур мурочиат бояд кард.
Дар пешгирии М. п. пойафзори мувофик, дар хизмати харби бошад, пеш аз сафархои дур пойафзорро чанд вакт пушида ба пой муносиб кардан ва дуруст печондани пойтоба ахамияти калон дорад. Шахсони машгул ба кори чисмони бояд дастпушак дошта бошанд, ба дурустии асбобхое, ки бо онхо сарукор доранд, диккат диханд. Сераракиро хатман муолича кардан лозим аст; чуроб ва либоси тагро зуд – зуд иваз, пусти дасту пойро бо диккат нигохубин бояд кард. Пеш аз сафари пиёда бори дигар пойафзорро аз назар гузаронед, хамрохи худ докаи тоза ва лейкопластир гиред.
А. Хусейнов

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …