Конуни Чумхурии Точикистон
ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2011, №6, мод. 436;
с. 2013, №3, мод. 189, №11, мод. 784;
Конуни ЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Максади Конуни мазкур
Конуни мазкур асосхои хукуки, принсипхои ташкилии идоракунии молияи давлати, ба низом даровардани бучет ва гурухбандии он, тахия, ташаккул, таксимот ва истифодаи маблагхои марказонидашудаи пулиро муайян, муносибатхои молиявии байнибучетиро танзим намуда, мавкеи макомоти хокимият, идоракунии давлати ва макомоти махаллии хокимияти давлати, инчунин дигар иштирокчиёни раванди бучетиро дар тахия ва баррасии лоихахои бучетхо, тахияву тасдики хисобот ва назорати ичрои онхоро мукаррар менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 2. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– молияи давлати – мачмуи муносибатхои пули вобаста ба ташаккул, таксим ва истифодаи фондхои чамъшудаи воситахои пули ва дигар захирахои молияви тавассути бучети чумхурияви, бучетхои махалли ва фондхои максадноки давлати, ки аз чониби макомоти хокимият ва идоракунии давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои ичрои вазифахои ба зиммаи онхо вогузоргардида истифода бурда мешаванд;
– низоми молияи давлатии Чумхурии Точикистон – доираи муайяни муносибатхои молияви, ки дар раванди онхо маблагхои пули ташаккул меёбанд ва истифода бурда мешаванд. Низоми молияи давлати шакл ва усулхои ташаккул, таксимот ва истифодаи маблагхои пули давлатиро муайян менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
–низоми бучети – мачмуи бучетхои хама сатх, инчунин тартиби тахия, ташаккул, кабул ва ичрои бучети давлати, ки ба муносибатхои молияви асос ёфта, бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– бучети давлати – фонди асосии маблагхои пули, шакли ташаккул ва харочоти маблагхои пулии макомоти давлатии чумхурияви, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва фондхои максадноки бучетии Чумхурии Точикистон мебошад;
–бучети чумхурияви – шакли ташаккулёби ва харочоти маблагхои пули, ки барои таъмини ичрои вазифахои марбут ба салохияти макомоти марказии хокимияти давлати пешбини шудааст (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
–бучети махалли – шакли ташаккулёби ва харочоти маблагхои пули, ки барои таъмини ичрои вазифахои марбут ба ваколати макомоти махаллии хокимияти давлати пешбини шудааст (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
–бучети фонди максадноки давлати – маблагхои пули, ки барои татбики хукукхои конститутсионии шахрвандон ба хифзи саломати, гирифтани кумаки тиббии ройгон, таъмини нафакави ва ичтимои аз руи синну сол дар холатхои бекори ва дигар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
–даромади бучет – даромади хама сатххои низоми бучети, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
–харочоти бучет – мачмуи харочоти бучетхои хама сатххои низоми бучети, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои фаъолияти сохахо ва зинахои идоракуни мукаррар карда шудааст (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– кумаки молиявии беподош (дотатсия) – маблагхои бучетие, ки ба бучети сатхи дигари низоми бучетии Чумхурии Точикистон барои пушонидани харочоти чори беподошу бебозгашт чудо карда мешаванд;
– мусоидати молияви (субвенсия) – маблагхои бучетие, ки ба бучети сатхи дигари низоми бучетии Чумхурии Точикистон ё шахси хукуки барои анчом додани харочоти муайян беподошу бебозгашт чудо карда мешаванд;
– кумаки молияви (субсидия) – маблагхои бучетие, ки ба бучети сатхи дигари низоми бучетии Чумхурии Точикистон, инчунин ба шахсони вокеи ва хукуки бо шарти маблаггузории хиссавии харочоти максаднок дода мешаванд;
– фонди максадноки давлати – фонди маблагхои пулие, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз хисоби даромадхо ё бо рохи чудо кардани маблаг аз намудхои мушаххаси даромад ташкил ёфта, барои амали гардонидани ин ё он максад истифода мешаванд;
– карзгири – маблагхое, ки мутобики шартнома гирифта, ба хамон андоза бо фоиз ё бе фоиз барои истифодаи он баргардонида мешаванд ё маблагхое, ки аз руи онхо ба карздиханда фоиз ё пардохти дигари вобаста ба карзгири дода мешаванд;
– карзи бучети – маблаге, ки ба бучети сатхи дигари низоми бучети давлати ё шахсони вокеи ба мухлати муайян ва ба тарики бозгашт дода мешавад;
– ухдадории бучети – аз чониби макомоти ичрокунандаи бучет эътироф кардани ухдадори оид ба харочоти маблаги бучети дахлдор дар давоми мухлати муайян, ки мутобики конун (карор) дар бораи бучет ба миён меояд;
– грантхо – маблагхое, ки аз чониби макомоти идоракунии давлати ё макомоти идоракунии давлатии дигар давлатхо ва ё аз ташкилотхои байналмилалии молияви беподош ва бе кабул кардани ухдадори оид ба чуброни онхо барои дастгирии самти алохидаи сиёсати иктисоди дода мешаванд;
– сармоягузори (инвеститсия) – маблагхое, ки барои сохтмони асоси, хариди воситахои асоси ва когазхои киматнок, пурра кардани захира ва манбаъхои моддии давлати равона карда мешаванд;
– интиколи маблаг (трансфертхо) – маблагхои бучетии барои маблаггузории пардохтхои чорию асосии ахоли дар шакли нафака, стипендия, ёрдампули, чубронпули ва дигар пардохтхои ичтимоии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, хиссаи пардохт барои иштироки Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналмилали, инчунин маблагчудокуни барои пардохти харочоти корхонахо, муассисахои хусусии гайритичоратии ба ахоли ва макомоти идоракунии давлати хизматрасонанда, ки аз руи маблагхои мазкур хеч гуна ухдадори оид ба пардохт пеш намеояд;
– хадди акали стандартхои ичтимоии давлати – хизматрасонихои давлати, ки ба шахрвандон беподошу бебозгашт бо рохи маблаггузори аз сатххои мухталифи низоми бучетии Чумхурии Точикистон ва фондхои максадноки давлати ба андозаи хадди акали имконпазиру муайян дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон ба анчом расонида мешаванд ва онхоро давлат кафолат медихад;
– хадди акали таъминоти бучети – арзиши хадди акали имконпазири хизматрасонии давлати ва махалли, ки макомоти хокимият ва идоракунии давлати ё макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба хисоби хар сари ахоли аз хисоби маблагхои бучети дахлдор дастрас мегардонанд;
– раванди бучети – фаъолияти макомоти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва дигар иштирокчиёни раванди бучети оид ба тахия ва баррасии лоихаи бучетхо, фондхои максадноки давлати, тасдик ва ичрои онхо, инчунин оид ба назорати ичрои бучетхо, ки тавассути санадхои конунгузори ба танзим дароварда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– аудити дохили дар сохаи молияи давлати – фаъолияти мустакил ва объективи оид ба гузаронидани санчиш, баходихи ва машваратдихии низомхои идоракуни ва дигар низомхо, ки бо максади мусоидат намудан ба фаъолияти конуни, самаранок ва натичабахши ташкилотхои бахши давлати анчом дода мешавад;
– таксимкунандаи асоси – макомоти хокимият ва идоракунии давлати, ки маблагхои бучети давлатиро ихтиёрдори карда, онхоро дар байни сохторхои тобеи худ таксим мекунанд. Таксимкунандаи асоси хамчунин ташкилоти мухими бучетии сохаи илм, маориф, фарханг ва тандурусти шуда метавонад;
– таксимкунанда – макомоти хокимият ва идоракунии давлати ё ташкилоти бучети, ки маблагхои бучетиро аз таксимкунандаи асоси мегиранд ва хукуки таксим ва назорати истифодаи маблагхои бучетиро ба ташкилотхои тобеи худ, ки маблагхои бучетиро мегиранд, доранд;
– гирандаи маблагхои бучети – ташкилотхои бучети, ки дар тобеияти таксимкунандаи асоси ва таксимкунандаи воситахои бучети карор гирифта, хукуки аз хисоби бучети дахлдор маблаггузори шуданро доранд;
– ташкилоти бучети – ташкилоти таъсисдодаи макомоти хокимият ва идоракунии давлатии Чумхурии Точикистон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои амали сохтани вазифахои идоракуни, ичтимои, фарханги, илмию техники ва вазифахои дигари хусусияти гайритичоратидошта, ки фаъолияти он на кам аз 70 фоиз аз хисоби бучети дахлдор ё бучети фонди максадноки давлати маблаггузори карда мешавад.
Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. НИЗОМИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Моддаи 4. Низоми молияи давлатии Чумхурии Точикистон
Низоми молияи давлатии Чумхурии Точикистон аз муносибатхои молиявии зерин иборат мебошад:
– низоми бучети давлати;
– карзи давлати;
– фондхои максадноки давлати.
Моддаи 5. Сохтори низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон
- Низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон аз бучетхои сатххои зерин иборат мебошад:- сатхи якум – бучети чумхурияви ва бучетхои фондхои максадноки давлати;
– сатхи дуюм – бучетхои махалли.
- Ба бучетхои махалли бучетхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва шахру нохияхои он, вилоятхо ва шахру нохияхои тобеи онхо, шахри Душанбе ва нохияхои тобеи он, шахру нохияхои тобеи чумхури, чамоатхои шахрак ва дехот мансуб мебошанд.
Моддаи 6. Шаклхои хукукии бучетхо
- Бучети давлати дар шакли Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати бо пешниходи Хукумати Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Бучети фондхои максадноки давлати ба бучети давлати дохил карда шуда, онро Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар баробари кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати барраси карда, тасдик менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Бучетхои махаллиро макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тахия намуда, онро макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати дар шакли санадхои меъёрии хукуки кабул мекунанд.
- Дар сурате, ки Конуни мазкур танзими муносибатхои муайянро ба Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати вогузор карда бошад, пас нисбат ба макомоти махаллии хокимияти давлати муносибатхои дахлдор дар асоси санадхои меъёрии хукукии макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати оид ба бучетхои махалли ба низом дароварда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 7. Давраи банакшагирии бучети
Бучети давлати барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он тартиб дода мешавад. Соли молияви ба соли таквими мувофик буда, аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 8. Принсипхои низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон
Низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:
– ягонагии низоми бучети давлати, ки маънои татбики принсипхои ягонаи ташкил ва фаъолияти низоми бучети давлати, истифодабарии гурухбандии ягонаи бучети ва расмиёти ягонаи раванди бучетро дар Чумхурии Точикистон дорад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– мустакилияти бучетхо, ки маънои мукаррар кардани таксимоти устувори воридотро байни бучетхои сатххои гуногун, хукуки хамаи сатххои идоракунии давлатиро чихати мустакилона амали намудани раванди бучети мувофики Конуни мазкур, рох надодан ба гирифтани даромадхое, ки ба тарики илова дар рафти ичрои бучетхои махалли ба даст омадаанд ва бакияи маблагхои бучетии бучетхои махалли ба бучетхои болои, рох надодан ба вогузор кардани харочоти иловаги ба бучетхои поёни бе чуброни дахлдори онхоро дорад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– инъикоси пурра ва хатмии даромад ва харочоти бучетхо, ки маънои ухдадории дар бучетхо ба хисоб гирифтани хамаи даромад ва харочоти пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро дорад;
– мувозинати бучети маънои онро дорад, ки хачми пешбининамудаи харочоти бучет бояд ба хачми даромади бучет мувофик бошад ва хангоми тахия, тасдик ва ичрои бучет макомоти ваколатдор бояд зарурати ба андозаи камтарин расонидани касри бучетро ба инобат гиранд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– самаранокии истифодабарии маблагхои бучети, ки маънои тахия ва ичрои бучетро бо назардошти зарурати расидан ба натичахои бехтарин хангоми истифодабарии хачми тасдикшудаи маблагхои бучети ё расидан ба натичахои гузошташуда бо истифода аз хачми камтарини маблагхои бучетиро дорад;
– натичанокии истифодабарии маблагхои бучети, ки маънои самт ва истифодабарии маблагхои бучетиро барои расидан ба натичахои пешакии муайянгардида ва нишондихандахои дахлдори микдори ва сифати дорад;
– пурра пушонидани харочоти бучет, яъне даромади бучет ва воридот аз манбаъхои маблаггузории касри он набояд бо харочоти муайяни бучет вобаста карда шаванд, ба истиснои даромадхои фондхои максадноки бучети, маблагхои максадноки карзхои давлати ва холатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;
– ошкоро будани бучетхо, ки маънои интишори хатмии бучетхои тасдикшуда ва хисобот оид ба ичрои онхо дар воситахои ахбори омма, пурра пешниход намудани ахборот дар бораи рафти ичрои бучетхо, дастрас будани маълумоти дигар дар бораи бучетхо, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлати ва сирри дигари бо конун хифзшаванда, инчунин хатман ошкоро будани раванди бучети барои чамъият ва воситахои ахбори оммаро дорад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– эътимоднокии бучетхо, ки маънои боваринок будани дурнамои нишондихандахои рушди ичтимоию иктисоди барои тахияи лоихаи бучет ва вокеияти хисобхои даромад ва харочоти бучетро дорад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– сурогави ва максаднок будани таъиноти маблагхои бучети маънои онро дорад, ки маблагчудокунии бучети бо нишон додани максади истифодабарии онхо то гирандагони маблагхои бучети расонида мешавад;
– асоснок будани бучетхо, ки маънои банакшагирии бучетро дар асоси санадхои меъёрии хукуки ва дигар хуччатхои муайянкунандаи зарурати ба лоихаи бучет хамрох кардани ин ё он даромад ё харочот ва асоснок будани хачми онхоро дорад;
– ичрои саривактии бучет, ки маънои ворид кардани даромадхоро ба бучетхои чумхурияви ва махалли, инчунин гузаронидани маблагхои бучетиро ба гирандагон дар мухлат ва бо риояи тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии дахлдорро дорад.
Моддаи 9. Гурухбандии бучети
- Гурухбандии бучети – ба гуруххо чудо кардани даромаду харочот, манбаъхои маблаггузории касри бучетхо, ки барои тартиб додан ва ичро кардани бучетхои сатххои гуногуни низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон истифода бурда мешавад.
- Гурухбандии бучети гурухбандии худудиро низ дар бар мегирад.
- Гурухбандии харочоти бучетхо аз инхо иборат аст:
– гурухбандии функсионали (вазифави);
– гурухбандии иктисоди;
– гурухбандии идорави (маъмури);
– гурухбандии барномави.
- Гурухбанди барои пешниходи бучет, хисобот аз руи бучет ва назорати бучет дар намудхои зерин истифода бурда мешавад:
– гурухбандии идорави, иктисоди ва гурухбандии фондхо барои пешниходи хисобот ва назорат;
– гурухбандии даромадхо, гурухбандии функсионали, барномави, худуди ва гурухбандии маблаггузори аз руи бахшхо барои пешниходи маълумот ва хисобот.
- Тартиби татбики гурухбандии бучети ва низомномаи гурухбандии бучетии даромаду харочоти давлатиро Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик мекунад.
БОБИ 3. ДАРОМАДХОИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Моддаи 10. Даромадхои бучети чумхурияви
- Даромадхои бучети чумхурияви аз даромадхои андози ва гайриандози, грантхо, инчунин аз воридоти маблагхои беподош иборат мебошанд.
- Ба даромадхои андози инхо дохил мешаванд:
– андозхои умумидавлати ва дигар пардохтхои хатми ба бучети чумхурияви, ки фехристу меъёри онхо бо конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи андоз, гумрук ва бочи давлати, инчунин дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян гардидаанд. Таносуби таксими андозхо дар байни бучети чумхурияви ва бучетхои махалли бо Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати мукаррар карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– бочхои давлатие, ки мувофики Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ба бучети чумхурияви ворид мегарданд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Ба даромадхои гайриандози инхо дохил мешаванд:
– даромадхо аз хизматрасонихои пулакии макомоти хокимият ва идоракунии давлати, инчунин ташкилотхои бучетии тобеи макомоти мазкур, ки мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон анчом дода мешаванд;
– фоидаи Бонки миллии Точикистон, инчунин корхонахои давлати тибки меъёрхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;
– даромад аз фуруши захираву пасандозхои давлати, фоизхо аз депозитхо ва сармоягузории давлати, дивидендхо аз дороихои молияви (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– ичорапули барои истифодабарии молу мулки чумхурияви;
– воридоти маблаги бо тартиби чазои чинояти ва маъмури ба фоидаи давлат ситонидашаванда;
– воридоти маблагхо аз дигар манбаъхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ накардаанд, аз чумла, чарима, пеняхо ва фоизхо барои риоя накардани ухдадорихои шартномави, чуброни зараре, ки ба бучети чумхурияви дар натичаи вайрон кардани интизоми молияви расонида шудааст.
- Ба даромадхои бучети чумхурияви аз хисоби манбаъхои гайрибучети хамчунин инхо тааллук доранд:
– грантхо ва дигар маблагхои беподош, ки аз шахсони вокеи ва хукуки, ташкилотхои байналмилали ва хукуматхои давлатхои дигар ворид мешаванд;
– маблагхое, ки дар натичаи хисоббаробаркунии байни бучетхои чумхурияви ва махалли ворид мешаванд;
– маблагхое, ки аз истифода ва фуруши молу мулк ворид мешаванд, инчунин карзгирии давлатии дохили ва беруни, ки дар бучети чумхурияви берун аз даромад хамчун манбаи маблаггузории касри бучет истифода мешавад.
Моддаи 11. Даромадхои фондхои максадноки давлати
- Даромадхои фондхои максадноки давлати аз хисоби манбаъхои зерин ташкил меёбанд:
– андозу пардохтхои махсуси максаднок ва хатми, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;
– маблагхои ихтиёран супурдаи шахсони вокеи ва хукуки;
– маблагхои бучети давлати;
– даромадхо аз фаъолияти сохибкорие, ки фонди дахлдор хамчун шахси хукуки амали мегардонад;
– даромадхои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
- Даромадхои фондхои максадноки давлати дар бучети давлатии Чумхурии Точикистон ба хисоб гирифта мешаванд.
- Чамъовари ва назорати пардохтхои хатмиро ба бучети фондхои максадноки давлати макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон амали мегардонад.
Моддаи 12. Даромадхои бучетхои махалли
- Даромадхои бучетхои махалли аз даромадхои андози ва гайриандози, инчунин аз воридоти маблаг аз хисоби андозу пардохтхои танзимшавандаи умумидавлати ва пардохтхои дигар иборат мебошанд.
- Ба даромадхои андозии бучетхои махалли инхо дохил мешаванд:
– андозхои махалли ва дигар пардохтхои хатми ба бучети махалли, ки номгуи онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд;
– даромадхо аз андозу пардохтхои танзимшавандаи умумидавлати, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлати барои соли молиявии навбати муайян гардида, ба бучетхои махалли дода мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– бочи давлати, ба истиснои бочи давлатие, ки мувофики Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ба бучети чумхурияви ворид карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Ба даромадхои гайриандозии бучетхои махалли инхо дохил мешаванд:
– даромад аз бучети чумхурияви, ки дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), кумаки молияви (субсидия), инчунин дар шакли хисоббаробаркунии мутакобила ба бучети махалли ворид мешавад;
– ичорапули барои истифодабарии молу мулки махалли;
– даромад аз хизматрасонихои пулакие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои бучетии аз хисоби бучетхои махалли маблаггузоришаванда ба анчом мерасонанд;
– воридоти маблаг аз дигар манбаъхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ накардаанд, аз чумла чаримахо, пеня ва фоизхо барои риоя накардани ухдадорихои шартномави, баркарор намудани зарари дар натичаи вайрон кардани интизоми молияви ба бучетхои махалли расонидашуда;
– даромадхо аз манбаъхои гайрибучети – грантхо, дигар пардохтхои беподош аз шахсони вокеи, хукуки ва ташкилотхои байналмилали.
БОБИ 4. ХАРОЧОТИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Моддаи 13. Асос ва принсипхои ташаккули харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон
Ташаккули харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон ба принсипхои ягонагии сохтор, шакл ва усулу воситахои фаъолият, меъёрхои хадди акали стандартхои ичтимоии давлатии таъминоти бучети, харочоти молияви барои хизматрасонихои давлати, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, асос меёбад.
Моддаи 14. Харочоти чори ва асосии бучети давлатии Чумхурии Точикистон
- Харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон вобаста ба ахамияти иктисоди ба харочоти чори ва харочоти асоси таксим мешавад.
- Ба гурух чудокунии харочоти чори ва асосии бучет тибки гурухбандии иктисодии харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
- Харочоти чори – кисми харочоти бучет, ки барои таъмини фаъолияти чории макомоти хокимият ва идоракунии давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои бучети ва фондхои максадноки давлати мукаррар гардида, барои дастгирии сатххои дигари низоми бучети давлати, сохахои алохидаи истехсолот бо тарики расонидани кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия) ва кумаки молияви (субсидия) истифода мешавад.
- Ба харочоти чори инчунин харочоте мансуб мебошанд, ки тибки гурухбандии бучети ба харочоти асоси дохил нашудааст.
- Харочоти асоси – харочоти бучет, ки барои маблаггузории рушди фаъолияти сармоягузори таъин гардидааст. Ба харочоти асоси инхо дохил мешаванд:
– харочоте, ки тибки барномахои сармоягузории тасдикшуда барои маблаггузории шахсони хукукии амалкунанда ё аз нав таъсисёфта таъин шудааст;
– маблагхое, ки ба шахсони хукуки хамчун карз барои маблаггузории рушд дода мешаванд;
– харочоти вобаста ба таъмири асоси ва хариди воситахои асоси;
– харочоте, ки хангоми ичрои он молу мулки мутаносибан ба моликияти чумхурияви ва коммунали мансуббуда афзоиш меёбад;
– харочоти дигаре, ки тибки гурухбандии иктисодии бучети ба харочоти асоси дохил карда шудааст.
- Дар таркиби харочоти асоси мумкин аст фондхои рушд таъсис дода шаванд.
Моддаи 15. Шаклхои харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон
Харочоти бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар шаклхои зайл амали карда мешавад:
– маблагчудокуни барои таъмини ташкилотхои бучети;
– маблагхо барои пардохти мол (кор ва хизматрасони)-хое, ки шахсони вокеи ва хукуки дар асоси шартномахои давлати ва махалли ичро мекунанд;
– интиколи маблаг (трансферт)-хо ба ахоли;
– маблагчудокуни барои чуброни харочоти иловаги, ки вобаста ба кабули карор аз чониби макомоти хокимияти давлати пеш меояд ва дар натича боиси афзоиши харочот ё кам шудани даромад мегардад;
– карзи бучети ба шахсони хукуки, аз чумла карзи андоз, батаъхирандози ва тамдиди мухлат барои супоридани андозу пардохтхо ва дигар ухдадорихо;
– мусоидати молияви (субвенсия) ба шахсони хукуки;
– кумаки молияви (субсидия) ва карз ба шахсони вокеи;
– маблаггузории сармояи оинномавии шахсони хукукии амалкунанда ва аз нав таъсисёбанда;
– карзи бучети, кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), кумаки молияви (субсидия) ба сатххои дигари низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон ва фондхои максадноки давлати (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– карздихи ба давлатхои дигар;
– маблагхо барои хизматрасони ва пардохти ухдадорихои карзи, пардохти фоизи онхо, аз чумла барои ичрои кафолати макомоти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати.
Моддаи 16. Харочоти бучети чумхурияви
Аз хисоби бучети чумхурияви танхо харочоти намудхои зерини фаъолият маблаггузори карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316):
– таъмини фаъолияти Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон, Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти идоракунии давлати, харочоти дигари дорои ахамияти умумидавлати аз руи фехристе, ки хангоми кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати муайян карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– фаъолияти низоми судии Чумхурии Точикистон;
– амали намудани фаъолияти байналмилали, таъмини молиявии ичрои шартномахои байналмилали ва шартномахо бо ташкилотхои байналмилалии молияви, хамкорихои байналмилалии фарханги, илмию иттилоотии макомоти ичроияи хокимияти давлати, ки хангоми кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати муайян карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– мудофиа ва таъмини амнияти давлат, ба гайр аз харочоте, ки бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои хамин максадхо амали карда мешавад;
– тахкикоти бунёди ва дастгирии пешрафти илмию техники;
– дастгирии давлатии инфрасохторхои наклиёти ва сузишворию энергетикии дорои ахамияти умумидавлати;
– барномахои умумидавлати оид ба рушди кишоварзи ва таъмини амнияти озукавори;
– харочоти дорои ахамияти умумидавлати оид ба хифзи табиат ва мухити зист;
– бартараф намудани окибатхои вазъияти фавкулодда ва офатхои табии;
– ташаккули моликияти чумхурияви ва маблаггузории ташкилотхое, ки дар ихтиёри макомоти хокимият ва идоракунии давлати буда, ба моликияти давлати мансубанд;
– хизматрасони ва пардохти карзи давлати;
– чуброни харочоти фондхои максадноки давлати оид ба пардохти нафака ва кумакпули, дигар пардохтхои ичтимои, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз хисоби бучети чумхурияви маблаггузори мешаванд;
– пурра кардани захирахои давлатии металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо, захираи моддии давлати;
– гузаронидани интихоботу раъйпурсихо;
– барномахои умумичумхуриявии сармоягузори;
– таъмини ичрои карорхои макомоти хокимият ва идоракунии давлати, ки ба афзоиши харочоти бучет ё камшавии даромади бучет оварда мерасонанд;
– таъмини ичрои ваколатхои алохидаи давлати, ки амали гардонидани онхо ба сатхи дигари макомоти хокимияти давлати вогузор шудааст;
– дастгирии молиявии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;
– хисоботи расмии омор;
– дигар харочоти дорои ахамияти умумидавлати.
Моддаи 17. Харочоти фондхои максадноки давлати
Маблагхои фондхои максадноки давлати танхо барои ичрои амалхое истифода мешаванд, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон мутобики бучети фондхои мазкур муайян гардида, бо Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати тасдик карда шудаанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 18. Харочоти бучетхои махалли
Аз хисоби бучетхои махалли танхо харочоти намудхои зерини фаъолият маблаггузори карда мешавад:
таъмини фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;
– таъмини фаъолияти макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;
– ташаккули моликияти коммунали дар махалхо ва идоракунии он;
– ташкил, таъмини фаъолият ва рушди муассисахои маориф, тандурусти, фарханг, варзиш ва тарбияи чисмони, матбуот ва нашрияхои даври, дигар муассисахое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мебошанд;
– рушди хочагии манзилию коммунали;
– сохтмони роххои дорои ахамияти махалли ва нигохдории онхо;
– ободони ва кабудизоркуни дар махалхо;
– ташкили истифода ва коркарди партовхои рузгор;
– ташкили хизматрасонии наклиёти ба ахоли ва муассисахое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мебошанд;
– хифзи табиат дар махалхо;
– амалигардонии барномахои максадноки макомоти махаллии хокимияти давлати;
– хизматрасонии карзи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва пардохти он;
– кумакхои молиявии беподош (трансфертхо) ба ахоли;
– гузаронидани интихоботи макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати;
– маблаггузории карорхои дигари макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва харочоти дигар, ки мутобики гурухбандии бучетии Чумхурии Точикистон ба масъалахои дорои ахамияти махалли мансуб дониста шудаанд.
Моддаи 19. Харочоти якчояи бучети чумхурияви ва бучетхои махалли
- Аз хисоби бучети чумхурияви ва бучетхои махалли харочоти якчояи намудхои зерини фаъолият маблаггузори карда мешавад:
– дастгирии давлатии сохахои саноат, сохтмон, кишоварзи, энергетика, наклиёт, алока ва хочагии рох;
– таъмини фаъолияти хифзи хукук;
– таъмини бехатарии зидди сухтор;
– таъмини фаъолияти илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори, лоихакашию тахкикоти, ки пешрафти илму техникаро таъмин менамоянд;
– таъмини хифзи ичтимоии ахоли, маориф, тандурусти, фарханг ва варзиш;
– таъмини хифзи табиат, хифз ва тачдиди сарватхои табии, фаъолияти обухавошиноси;
– таъмини пешгири ва бартараф кардани окибатхои вазъияти фавкулодда ва офатхои табии;
– рушди инфрасохтори бозор;
– таъмини фаъолияти воситахои ахбори омма;
– кумаки молияви ба дигар бучетхо;
– харочоти дигар, ки дар ихтиёри якчояи макомоти хокимият, идоракунии давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот мебошад.
- Таксим ва вобаста кардани харочоти дар моддаи мазкур ифодаёфта байни бучетхои сатххои мухталифи низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон бо конунгузории Чумхурии Точикистон, ки масъалахои идораи якчояро танзим менамояд, инчунин бо Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати тасдик карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Тартиби мувофикаи таксимот ва вобаста кардани харочот дар идоракунии муштараки макомоти хокимият, идоракунии давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 5. МУВОЗИНАТИ БУЧЕТХО
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
Моддаи 20. Барзиёдии (профисити) бучет
- Зиёд будани даромади бучет нисбат ба харочоти он барзиёдии (профисити) бучет мебошад. Бучети давлатии Чумхурии Точикистон ва бучети чумхурияви ва бучетхои махалли метавонанд бо барзиёди (профисит) тахия ва тасдик карда шаванд.
- Барзиёдии (профисити) бучети чумхурияви ва бучетхои махалли метавонад хамчун депозит дар Бонки миллии Точикистон, бонкхои дигар ва ташкилотхои карзии Чумхурии Точикистон чойгир карда шавад ва ё бо карори дахлдори Хукумати Чумхурии Точикистон ё макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба максадхои зерин равона карда шавад:
– пушонидани касри бучети дахлдор дар соли молиявии навбати (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– бархамдихии окибатхои холатхои фавкулодда, офатхои табии ва дигар харочоти пешбининашуда.
Моддаи 21. Касри бучет ва манбаъхои маблаггузории он
- Барзиёдии харочоти бучет нисбати даромади он касри бучет мебошад.
- Дар холати кабули бучет барои соли молиявии навбати бо барзиёдии харочот нисбати даромад манбаъхои маблаггузории касри бучети мазкур бо конун (карор) дар бораи бучети дахлдор тасдик карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Харочоти чории бучетхои махалли аз мачмуи даромадхои бучетхои мазкур зиёд шуда наметавонанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Мачмуи касри бучети чумхурияви аз хачми умумии маблаггузории бучети ва харочот барои пардохти хизматрасонии карзи давлати зиёд шуда наметавонад.
- Мачмуи касри бучетхои махалли аз ду фоизи хачми даромади онхо, ба истиснои кумаки молияви аз бучети давлатии Чумхурии Точикистон зиёд шуда наметавонад.
- Воридот аз манбаъхои маблаггузории касри бучетхои махалли танхо барои маблаггузории харочоти сармоягузори равона карда мешаванд. Истифодаи он барои маблаггузории харочоти хизматрасони, пушонидан ва пардохти карзи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати манъ аст.
- Ба манбаъхои маблаггузории касри бучети чумхурияви инхо мансубанд:
1) Манбаъхои дохили:
– карзхое, ки Хукумати Чумхурии Точикистон аз ташкилотхои карзи бо асъори милли мегирад;
– векселхои давлати, ки Хукумати Чумхурии Точикистон бо асъори милли дар шакли когазхои киматнок мебарорад;
– депозитхои маблагхои бучети ба холати аввали соли бучети дар Бонки миллии Точикистон ва бонкхои дигар ё ташкилотхои карзии Чумхурии Точикистон;
– карзхои бучети, ки аз сатххои болоии низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон гирифта мешаванд.
2) Манбаъхои беруни:
– когазхои киматноки давлати, ки Хукумати Чумхурии Точикистон дар шакли когазхои киматнок бо асъори хоричи мебарорад;
– карзхои давлатхои дигар, бонкхо, ташкилотхои байналмилалии молияви ва гайрирезидентхо, ки бо асъори хоричи гирифта мешаванд.
БОБИ 6. КАРЗИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Моддаи 22. Карзи давлатии Чумхурии Точикистон, таркиб ва шаклхои он
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
- Карзи давлатии Чумхурии Точикистон аз ухдадорихои карзии Чумхурии Точикистон дар назди шахсони вокеи ва хукуки, давлатхои дигар, ташкилотхои байналмилалии молияви, дигар субъектхои хукуки байналмилали иборат мебошад.
- Карзи давлатии Чумхурии Точикистон пурра ва бе ягон шарт аз хисоби молу мулки дар моликияти давлатбуда таъмин карда мешавад.
- Хукуки карзгирии давлатии дохили ва беруни, сохтор, тартиби хизматрасони, хисоби бакайдгири, тачдиди сохтории он, чудо кардани карз ба давлатхои дигар ва ташкилотхои байналмилали бо конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 7. МУНОСИБАТХОИ БАЙНИБУЧЕТИ
Моддаи 23. Асосхои муносибатхои байнибучети
- Муносибатхои байни макомоти хокимият ва идоракунии давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти идоракунии фондхои максадноки давлати, ки дар раванди бучети ба амал меоянд, муносибатхои байнибучети мебошанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Муносибатхои байнибучети ба принсипхои зерин асос меёбанд:
– ба сатххои муайяни низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон таксим ва вобаста кардани даромадхо ва харочоти бучетхо;
– дар асоси худудгузории доими ва аз руи меъёрхои муваккати таксим намудани даромадхои танзимкунанда дар байни сатххои мухталифи низоми бучети давлатии Чумхурии Точикистон;
– баробарии хукукхои бучетии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва фондхои максадноки давлати;
– баробар кардани сатхи хадди акали таъминоти бучетии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;
– баробарии хамаи бучетхо дар муносибатхои тарафайн бо бучети давлатии Чумхурии Точикистон.
- Андозхои махалли пурра ба бучетхои махалли гузаронида мешаванд. Таксимоти андозхои умумидавлати дар байни бучети чумхурияви ва бучетхои махалли салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон буда, хамасола бо Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати тасдик карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 24. Шаклхои кумаки молияви ба бучетхои махалли
- Кумаки молияви ба бучетхои махалли дар шаклхои зерин расонида мешавад:
– кумаки молиявии беподош (дотатсия) – барои баробар кардани хадди акали таъминоти бучетии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, маблаггузории хадди акали стандартхои давлатии ичтимои, ки масъулияти маблаггузории онхо ба зиммаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати гузошта шудааст;
– мусоидати молияви (субвенсия) – барои маблаггузории харочоти алохидаи максаднок;
– карзи бучети – барои пушонидани тафовути муваккатии хазинави, ки дар раванди ичрои бучетхои махалли ба вучуд меояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– дигар шаклхои кумаки молияви, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.
- Тартиби расонидани кумаки молияви, андозаи он дар шаклхои кумаки молиявии беподош (дотатсия) ва мусоидати молияви (субвенсия) бо Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати муайян карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон барои бартараф кардани тафовути хазинави дар хазинадори дар раванди ичрои бучетхои махалли хукук дорад ба бучетхои махалли карзи муваккати (ссуда) чудо намояд, ки дар давоми соли молиявии чори баргардонида мешавад.
БОБИ 8. РАВАНДИ БУЧЕТИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
Моддаи 25. Иштирокчиёни раванди бучети
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
Дар раванди бучети инхо иштирок мекунанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316) :
– Президенти Чумхурии Точикистон;
– Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;
– Хукумати Чумхурии Точикистон;
– Вазорати молияи Чумхурии Точикистон (макомоти молия);
– дигар макомоти ичроияи хокимияти давлати;
– субъектхои низоми танзими пулию карзи ва асъори (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– макомоти намояндаги ва ичроияи махаллии хокимияти давлати;
– макомоти идоракунии фондхои максадноки давлати;
– таксимкунандагони асоси, таксимкунандагон ва гирандагони маблагхои бучети;
– ташкилотхои бучети, корхонахои вохиди давлатии чумхурияви ва махалли, ташкилотхои карзи, ки бо маблагхои бучети фаъолият мекунанд;
– макомоти дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон салохияти сохаи идоракунии молия, бучет ва андозро ба зиммаи онхо гузоштааст.
Моддаи 26. Салохияти Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон
- Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:
– бо пешниходи Хукумати Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбатиро кабул мекунад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– назорати ичрои бучетро амали менамояд;
– истифодабарии маблагхои бучетиро аз чониби маблаггирандагон тахлил мекунад ва хангоми зарурат натичаи тахлилро барраси менамояд;
– бо пешниходи Хукумати Чумхурии Точикистон ба додан ё гирифтани карзи давлати ризоят медихад;
– хисоботи ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистонро барои соли гузаштаи молияви тасдик мекунад;
– салохиятхои дигареро, ки Конуни мазкур, конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи молия ва бучет, инчунин дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, амали мекунад.
- Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон нисбат ба фондхои максадноки давлати низ чунин салохиятро амали менамояд.
Моддаи 27. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон:
– татбики сиёсати ягонаи давлатии молияви, андози, бучети ва пулию карзиро таъмин менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– хамасола дар бораи тартиби тахияи лоихаи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои давраи навбатии банакшагирии бучети карор кабул мекунад;
– лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбатиро бо лоихаи санадхои меъёрии хукуки ва дигар хуччату маводи зарури ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мекунад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– пас аз кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати дар бораи таъмини ичрои он карор кабул мекунад, инчунин дар доираи сатхи касри бучети тасдикгардида грантхо ва карзхоро аз манбаъхои дохилию беруни барои маблаггузории он чалб менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– оид ба лоихаи конунхое, ки дар онхо тагйироти даромад ва харочоти аз хисоби маблагхои бучети давлати пардохтшаванда пешбини мегарданд, ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хулоса пешниход менамояд;
– оид ба додан ё гирифтани карзи давлати ризояти Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонро мегирад;
– афзалияти карзгирии давлати ва карзгирии кафолатноки давлатиро муайян намуда, тартиби идоракунии карзгирии мазкур ва амали намудани онро таъмин менамояд;
– хисоботро оид ба ичрои бучети давлатии соли гузаштаи молияви барои тасдик ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;
– тартиби ташкил ва бархамдихии фондхои максадноки давлати, идоракунии фаъолият ва баррасии хисоботи онхоро муайян менамояд;
– лоихаи конунхоро оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати тахия намуда, бо хуччату маводи зарури ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– салохиятхои дигареро, ки Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба танзими муносибатхои хукукии андоз ва бучет мукаррар намудаанд, амали менамояд.
Моддаи 28. Ваколатхои макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати
Макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати:- бучети махаллиро мустакилона тасдик намуда, ичрои онро назорат мекунанд ва хангоми зарурат ба он тагйиру иловахо ворид менамоянд;
– ба макомоти болои дар хусуси ворид намудани нишондихандахои бучети тасдикнамудаи Мачлиси вакилони халки дахлдор ба бучети давлатии Чумхурии Точикистон маълумот пешниход менамоянд;
– маблагхои бучетро мувофики гурухбандии бучети таксим намуда, барои истифодабарии самарабахши маблагхои мазкур чавобгар мебошанд;
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– мувофики талаботи Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ваколатхои дигарро амали менамоянд.
Моддаи 29. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати
Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати:
– коидахои умумии ташкили муносибатхои молиявию бучетии махаллиро мукаррар менамоянд;
– захирахои молиявии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро идора мекунанд;
– маблагхои бучетиро мутобики гурухбандии бучети таксим намуда, барои истифодаи босамари онхо масъул мебошанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– хар сол лоихаи бучети махаллиро барои соли молиявии навбати ба Мачлиси вакилони халки дахлдор пешниход мекунанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– меъёрхои таъминоти бучетии махаллиро дар асоси меъёрхои хадди акали стандартхои ичтимоии давлатии таъминоти бучетии аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикгардида тахия ва тасдик намуда, бо назардошти онхо лоихаи бучети махаллиро тахия менамоянд;
– оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба карори Мачлиси вакилони халки дахлдор дар бораи бучетхои махалли таклифхо пешниход менамоянд;
– ичрои бучетхои махалли, аз чумла чамъоварии даромадхоро назорат менамоянд;
– карзи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро идора мекунанд;
– ваколатхои дигарро, ки санадхои макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати муайян кардаанд, амали менамоянд.
Моддаи 30. Ваколатхои Вазорати молияи Чумхурии Точикистон
Вазорати молияи Чумхурии Точикистон:
– самтхои асосии сиёсати давлатии молиявию бучети ва андозро тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– рохбарии методиро дар сохаи тахияи лоихаи бучети давлати амали мегардонад;
– тибки тартиби мукарраргардида робитаи дутарафаи вилоят ва нохияхоро дар раванди бучети танзим менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– накши таксимкунандагони асосии маблагхои бучети, таксимкунандагони маблагхои бучети ва гирандагони маблагхои бучетиро дар тайёр кардани бучет, ичрои бучет, бахисобгири ва хисоботи мухосиби танзим менамояд;
– лоихаи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ва лоихаи фондхои максадноки давлатиро якчоя бо макомоти дахлдор тахия намуда, тибки тартиби мукарраргардида ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– дурнамои даромад ва харочоти Бучети давлатии Чумхурии Точикистонро барои со соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он тахия мекунад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– рохбарии методиро барои таъмини ичрои бучети давлати амали менамояд;
– руйхати бучетии чамъбастии бучети чумхуриявиро тартиб медихад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– тибки тартиби мукарраргардида барномаи карзгирии давлатии дохилии Чумхурии Точикистон, шартхо ва тартиби барориш ва пахнкунии когазхои киматнокро тахия менамояд, хамчун эмитенти когазхои киматноки давлати фаъолият карда, барориши когазхои киматнокро ба кайд мегирад;
– бо ташкилотхои байналмилалии молияви оид ба масъалахои молияви хамкори мекунад;
– барномаи карзгирии давлатии берунии Чумхурии Точикистонро тахия карда, оид ба чалб намудани захирахои карзи хоричи чорахои зарури меандешад, барномаи Хукумати Чумхурии Точикистонро оид ба додани кафолати карзхо тахия намуда, тартиби додани кафолатро муайян мекунад;
– рохбарии методиро оид бахисобгирии мухосиби ва хисоботи шахсони хукуки, сарфи назар аз шакли ташкилию хукукии онхо амали менамояд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад;
– хисоботро оид ба ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;
– тибки тартиби мукарраргардида намудхо, шаклхои бахисобгири ва хисобот оид ба ичрои бучетхои сатххои гуногуни низоми Бучети давлатии Чумхурии Точикистон, сметаи харочоти ташкилотхои бучети, инчунин тартиби тахияи онхоро муайян менамояд;
– тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистонро таъмин намуда, ичрои пешаки, чори ва минбаъдаи онро назорат мекунад ва бо маблагхои бучети чумхурияви амалиёт мегузаронад;
– хукук дорад аз таксимкунандагони асоси, таксимкунандагону гирандагони маблагхои бучети ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар бораи истифодаи маблагхои бучети чумхурияви ва маълумоти дигари вобаста ба маблаггири, маблаггузарони, таъинот ва истифодаи маблагхои мазкур хисобот талаб намояд;
– аз бонкхои ваколатдор оид ба амалиёт бо маблагхои бучети ва маблагхои фондхои максадноки давлати маълумот талаб менамояд;
– ба таксимкунандагони асоси, таксимкунандагону гирандагони маблагхои бучети, Бонки миллии Точикистон, Бонки давлатии амонатгузории Чумхурии Точикистон “Амонатбонк” ва дигар ташкилотхои карзи оид ба бартараф кардани норасогихои ошкоршуда дар сохаи конунгузории бучетию молиявии Чумхурии Точикистон пешниход манзур менамояд;
– дар доираи салохияти худ тибки тартиби мукарраргардида санадхои меъёриро кабул мекунад, ки риояи онхо барои тамоми макомоти хокимият ва идоракунии давлати, инчунин субъектхои хочагидори хатми мебошад;
– аз макомоти хокимият ва идоракунии давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, фондхои максадноки давлати барои тахияи дурнамо ва лоихаи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон маводи зарури талаб карда мегирад;
– дар доираи меъёри (лимити) маблагхои бо Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли дахлдор тасдикшуда ва бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон маблаггузории бучетиро таъмин менамояд;
– аудити дохилии ташкилотхои бучетиро, ки шуъбаи аудити дохили надоранд, мегузаронад;
– тахлил ва мониторинги вазъи молиявии маблаггирандагони бучети, аз чумла онхоеро, ки карз, грантхо, мусоидати молияви (субвенсия), кумаки молияви (субсидия) ва кафолатхои давлати мегиранд, мегузаронад;
– фаъолияти низоми аудити дохилиро дар асоси стандартхои байналмилали, максаду принсипхо ва вазифахои ягонаи аудити дохили таъмин менамояд;
– мониторинги мунтазами фаъолияти молиявию хочагии корхонахои азими давлатиро аз руи фехристи тасдиккардаи Хукумати Чумхурии Точикистон мегузаронад;
– тахлилхои иктисодиро оид ба ичрои кисми даромади бучети давлати, аз чумла оид ба воридоти андозхо ва дигар пардохтхои хатми ба бучет мегузаронад;
– тибки мукаррароти санадхои меъёрии хукукии дахлдор гирандагони маблагхои бучетиро аз мавкеи риояи шартхои гирифтани маблагхо ва истифодабарии самараноки онхо месанчад;
– идоракунии карзи давлатии Чумхурии Точикистонро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали менамояд;
– ваколатхои дигареро, ки Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, инчунин Президенти Чумхурии Точикистон ва ё Хукумати Чумхурии Точикистон ба зиммааш вогузор намудаанд, ичро мекунад.
Моддаи 31. Ваколатхои макомоти назорати давлатии молияви
Ваколатхои макомоти назорати давлатии молияви бо Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи назорати давлатии молияви дар Чумхурии Точикистон”, «Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Палатаи хисобои Чумхурии Точикистон» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд (КЧТ аз 12.11.2013с. №1027)
Моддаи 32. Ваколатхои таксимкунандаи асосии маблагхои бучети
- Хар як таксимкунандаи асосии маблагхои бучети ташкилоти бучети ва мувофикан шахси хукуки ва вохиди бахисобгири мебошад.
- Таксимкунандаи асосии маблагхои бучети:
– истифодабарии самарабахш, таъсирнок ва максадноки маблагхои бучети, аз чумла маблагхои барои гирандагони маблагхои бучетии тобеи худ пешбинигардидаро таъмин менамояд;
– бо тартиби мукаррарнамудаи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон бучети заминавии таксимкунандагони асосии маблагхои бучетиро тахия менамояд ва банакшагирии харочоти бучети дахлдорро амали менамояд;
– ичрои бучети сохтори тобеи худ ва гирандагони маблагхои бучетиро ташкил менамояд, инчунин хисоботи бучетии таксимкунандагони асосии маблагхои бучетиро ташаккул медихад;
– назорати молиявии дохилиро дар сохаи фаъолияти худ, инчунин дар сохаи фаъолияти таксимкунандагони маблагхои бучети ва гирандагони маблагхои бучетии тобеи худ ташкил ва амали менамояд.
- Таксимкунандаи асосии маблагхои бучети, ки барои тахия ва татбики сиёсати давлати дар бахши муайяни сохаи бучет масъул мебошад, хамчунин ухдадорихои зеринро амали менамояд:
– бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хар сол стратегияи миёнамухлати харочоти бучетии бахшхои дахлдорро тахия ва ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;
– дар бораи самтхои афзалиятноки харочоти бучети дар бахши дахлдор пешниход манзур менамояд;
– бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти молияи давлати бучети заминавии бахшро тахия намуда, банакшагирии харочоти дахлдори бучетро амали менамояд, инчунин банакшагирии харочоти сармоягузориро дар бахшхо таъмин менамояд.
Моддаи 33. Ваколатхои таксимкунандаи маблагхои бучети
- Хар як таксимкунандаи маблагхои бучети ташкилоти бучети ва мувофикан шахси хукуки ва вохиди бахисобгири мебошад.
- Таксимкунандаи маблагхои бучети:
– натичаноки, самарабахши ва хусусияти максаднок доштани истифодабарии маблагхои бучети, аз чумла маблагхои барои гирандагони маблагхои бучетии ташкилотхои тобеи худ пешбинишударо таъмин менамояд;
– бо тартиби мукаррарнамудаи таксимкунандаи асосии болоии маблагхои бучети оид ба масъалахои банакшагирии бучети ва ичрои бучет пешниход манзур менамояд;
– назорати дохилии молиявиро дар сохаи фаъолияти худ, аз чумла дар фаъолияти ташкилотхои тобеи гирандагони маблагхои бучетии худ ташкил ва амали менамояд.
Моддаи 34. Ваколатхои гирандаи маблагхои бучети
- Хар як гирандаи маблагхои бучети ташкилоти бучети ва мувофикан шахси хукуки ва вохиди бахисобгири мебошад.
- Гирандаи маблагхои бучети:
– истифодабарии самаранок, таъсирбахш ва максадноки маблагхои бучетии барои у чудошударо таъмин менамояд;
– сметаи харочотро дар доираи маблагчудокунихои солона ва меъёри (лимити) семоха тахия менамояд;
– аз руи харочоти маблагхои бучети мувофики сметаи харочоти тасдикшуда амалиёт мегузаронад;
– мувофики конунгузори дар бораи хариди давлати шартнома мебандад;
– бо тартиби мукаррарнамудаи таксимкунандаи асосии маблагхои бучети ё таксимкунандаи маблагхои бучети оид ба масъалаи банакшагирии бучет ва ичрои бучет пешниход манзур менамояд;
– бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти молия оид ба харочоти маблагхо хисобот пешниход менамояд;
– фаъолияти низоми назорати дохилиро таъмин менамояд.
- Гирандаи маблагхои бучети ухдадор аст:
– дархости бучети ё дигар хуччатхоеро, ки хукуки гирифтани маблаги бучетиро тасдик мекунанд, сари вакт пешниход намояд;
– маблагхои бучетиеро, ки дар асоси бозпас гардонидан дода шудаанд, сари вакт ва пурра баргардонад;
– фоизи истифодабарии маблагхои бучетиро саривакт ва пурра пардохт намояд.
БОБИ 9. ТАРТИБИ ТАХИЯИ ЛОИХАИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИ
Моддаи 35. Максади тахияи лоихаи бучети давлатиМаксади тахияи лоихаи бучети давлати
таъмини муттахидкуни ва таксимоти самараноки захирахои молиявии давлат дар дурнамои миёнамухлат бо назардошти зарурати расидан ба стандартхои хадди акали ичтимоии давлати дар асоси меъёрхои харочоти молияви барои хизматрасонии давлати ва дигар меъёрхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тибки максадхои дарозмухлату миёнамухлат ва афзалиятхои сиёсати давлати мебошад.
Моддаи 36. Муносибатхои асоси нисбат ба тахияи бучети давлати
- Лоихаи бучети давлати бо назардошти дурнамои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон, дар асоси бузургии хисоботии бучети заминави, афзалиятхо ва самтхои нави сиёсати давлати дар давраи банакшагирии бучети тахия карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Бучети заминави – нишондихандаи хисоби барои ташаккули бучет, ки самтхои асосии харочот, лоиха ва барномахоеро дар бар мегирад, ки маблаггузории онхо дар солхои гузашта шуруъ гардида, харочот барои афзалиятхо ва самтхои нави сиёсати давлати ба онхо дохил нестанд.
- Афзалиятхо ва самтхои нави сиёсати давлати дар давраи банакшагирии бучети дар асоси Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, хуччатхои барномавии стратегии кабулгардидаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ё тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
- Лоихаи бучет дар давраи банакшагирии бучети хамасола бо роххои зерин тахия карда мешавад:
– аниксозии нишондихандахои солхои якум ва дуюми давраи банакшагирии бучети;
– илова кардани нишондихандахои соли сеюми давраи банакшагирии бучети.
Моддаи 37. Ташкили тахияи бучети давлати
Корхои тахияи бучети давлати аз чониби Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон, ки он тартиб ва мухлати ташаккули лоихаи бучетро тасдик менамояд, ташкил карда мешаванд. Вазорати молияи Чумхурии Точикистон барои таксимкунандагони асоси ва дигар иштирокчиёни раванди бучети Дастурамали ташаккули лоихаи бучетро тахия ва тасдик менамояд, ки дар он чадвал ва расмиёти омодасозии бучети давлати муайян карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 38. Раванди тахияи бучети давлати
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
- Раванди тахияи бучети давлати аз ду мархила иборат мебошад. Дар мархилаи аввал Вазорати молияи Чумхурии Точикистон самтхои асосии сиёсати давлатии молиявию бучети ва андозиро барои давраи банакшагирии бучети тахия намуда, онро барои барраси ба Комиссияи доимоамалкунандаи бучетии назди Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Самтхои асосии сиёсати давлатии молиявию карзи ва андози дар давраи банакшагирии бучети барои хар як сол бояд маълумотхои зеринро дар бар гиранд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316) :
– нишондихандахои бучети давлати аз руи даромад, харочот, каср ё барзиёди, хачми карзи давлати;
– нишондихандахои хисобии бучети заминави;
– нишондихандахои сармоягузории давлати;
– хачми умумии харочот барои татбики самтхои нави сиёсати давлати;
– пешниход оид ба самтхои афзалиятноки харочот барои татбики самтхои нави сиёсати давлати, ки бо назардошти пешниходоти дахлдори таксимкунандагони асосии маблагхои бучети омода шудаанд;
– хадди нихоии харочот аз руи нишондихандахои васеи гурухбандии бучети;
– дигар маълумотхо, ки барои тахияи бучети давлати зарур мебошанд.
- Хукумати Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукарраргардида пас аз баррасии самтхои асосии сиёсати давлатии молиявию карзи ва андоз дар давраи банакшагирии бучети дар бораи маъкул донистани онхо бо назардошти тагйиру иловахои зарури ва инчунин дар бораи нашри онхо карор кабул менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Пас аз маъкул дониста шудани самтхои асосии сиёсати давлатии молиявию карзи ва андоз дар давраи банакшагирии бучети аз чониби Комиссияи доимоамалкунандаи бучетии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хадди нихоии харочотро аз руи нишондихандахои васеи гурухбандии бучети ба маълумоти таксимкунандагони асосии маблагхои бучети мерасонад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Дар давраи дуюми тахияи бучети давлати дар асоси хадди нихоии тасдикшудаи бучети тибки тартиб ва мухлатхои мукаррарнамудаи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон таксимкунандагони асосии маблагхои бучети, ки масъули тахия ва пешбурди сиёсати давлати дар бахшхои сохаи бучет мебошанд:
– стратегияи миёнамухлати харочоти бучети бахшхои дахлдорро тахия ва ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд;
– харочоти бучетро мувофики гурухбандии бучети таксим ва дархости бучетиро тахия карда, ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд.
- Накшахои стратегии бучетии бахшхо бояд маълумоти зеринро дар бар гиранд:
– нишондихандахои харочоти бучети бахшхо мувофик ба гурухбандии бучети;
– нишондихандахои ичтимоию иктисодии бахш ва индикаторхои натичави;
– тавсифи барномахо ва нишондихандахои асосии натичахои онхо.
- Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати лоихаи бучетхои махаллиро оид ба даромад ва харочот мувофики гурухбандии бучети ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд.
- Дар холати аник намудани нишондихандахои макроиктисоди дар раванди тахияи бучети давлати Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хукук дорад, ки ба нишондихандахои бучети давлати ислох ворид намояд.
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон сохтори чамъбастии харочотро оид ба
ишондихандахои васеи гурухбандии бучети ташаккул дода, лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистонро барои соли навбатии молияви бо мактуби тавзехотии он тахия ва ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Мактуби тавзехоти ба лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
– самтхои асосии сиёсати давлатии молиявию карзи ва андозии аникшуда (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– тавсифи харочот оид ба бахшхои сохаи бучети;
– инчунин маълумоти дигаре, ки барои баррасии лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлати барои соли молиявии навбати зарур аст (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Хукумати Чумхурии Точикистон лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбатиро бо хуччату маводи зарурии пешниходгардида барраси намуда, пас аз маъкул донистан ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 39. Хуччату маводе, ки зимни тахияи лоихаи бучети давлати истифода мегарданд
- Барои тартиб додани лоихаи бучети давлати хуччату маводи зерин истифода карда мешаванд:
– дурнамои инкишофи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон барои соли чори, соли навбати ва ду соли минбаъдаи он;
– самтхои асосии сиёсати молиявию бучети ва андозии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– барномаи давлатии сармоягузори барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он бо хаддхои нихоии мувофики маблаггузори (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– барномаи карзгирии давлатии дохили ва беруни ва додани карз ба дигар давлатхо барои соли чори, соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– накшахои бучетии стратегии сохахо (бахшхо);
– лоихаи барномаи кафолатхои давлати дар давраи накшави;
– арзёбии талафи бучети давлати аз хисоби имтиёзхои андозии пешбинигардида;
– арзёбии ичрои пешгуишавандаи бучет дар соли чории молияви;
– хуччату маводи дигар, ки барои тахияи бучети давлати зарур мебошанд.
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хукук дорад аз вазорату идорахо, инчунин дигар таксимкунандагони асосии маблагхои бучети хуччатхо ва маводи дигар, аз чумла асосноккунихои пардохтиро, ки барои тахияи лоихаи бучети давлати зарур мебошанд, талаб карда гирад. Вазорату идорахо ва дигар таксимкунандагони асосии маблагхои бучети вазифадоранд, ки дар мухлатхои муайянгардида маълумоти дархостшударо пешниход намоянд.
Моддаи 40. Тартиби тахияи бучетхои фондхои максадноки давлати
- Бучетхои фондхои максадноки давлати аз чониби макомоте, ки ин фондхоро идора менамоянд, мутобики низомномаи фондхои мазкур тибки тартиб ва мухлатхои мукаррарнамудаи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тахия карда мешаванд.
- Дар холати ба миён омадани мухолифат байни Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва макомоте, ки бучети фондхои максадноки давлатиро таъмин менамоянд, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон доир ба ин масъала карори дахлдори худро кабул ва ба баррасии Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.
Моддаи 41. Тахияи бучетхои махалли
- Хангоми тахияи лоихаи бучетхои махалли афзалиятхои бучетии дар накшахои бучетии стратегии сохахо (бахшхо) овардашуда ва меъёрхои хадди акали стандартхои ичтимоии давлатии таъминоти бучети, дурнамои рушди ичтимоиву иктисоди ва самтхои афзалиятноки барномахои рушди ичтимоиву иктисодии минтакахо ба инобат гирифта мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Бучетхои махаллиро макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар асоси дастури методии тасдикнамудаи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мувофики талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тахия менамоянд.
- Барои тахияи бучетхои махалли макомоти молияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор масъул мебошанд.
БОБИ 10. ПЕШНИХОД, БАРРАСИ ВА ТАСДИКИ БУЧЕТХО
Моддаи 42. Тартиби пешниходи бучетхои махалли
- Лоихахои бучетхои махаллиро ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхои тобеи чумхури пешниход менамоянд. Лоихахои пешниходгардидаи бучетхои махалли бояд чунин маълумотро дар бар гиранд:
– нишондихандахои даромаду харочот барои соли молиявии навбати ва давраи миёнамухлат (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– хисоби маблагхои зарурии кумаки молиявии беподош (дотатсия) ва мусоидати молияви (субвенсия), ки аз бучети чумхурияви чудо карда мешаванд.
- Нишондихандахои харочоти бучети махалли аз руи бахшхо (фаслхои гурухбандии функсионали) барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он бо таксимкунандагони асосии маблагхои бучети чумхуриявии дахлдор, ки барои муайян кардани (тахия намудан ва гузаронидани) сиёсати давлати дар бахшхои сохаи бучет масъул мебошанд, мувофика карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Дар мавриди ба миён омадани мухолифат байни Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати нисбат ба тахияи лоихаи бучети махалли, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон доир ба ин масъала карори дахлдори худро кабул ва ба баррасии Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.
- Раисони шахру нохияхои тобеи вилоят ва шахр нишондихандахои даромаду харочоти бучетхо а хисобхоро оид ба онхо мувофики талаботу коидахои пешбининамудаи моддаи мазкур ба макомоти ичроияи хокимияти давлатии болои пешниход менамоянд.
Моддаи 43. Тартиби пешниходи лоихаи бучети давлати
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбатиро ба Хукумати Чумхурии Точикистон то 20 сентябри соли чори пешниход менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Хукумати Чумхурии Точикистон мувофики тартиби мукарраргардида лоихаи пешниходгардидаи бучети давлати, бучети чумхурияви ва бучетхои фондхои максадноки давлатиро барраси намуда, карори дахлдор кабул мекунад.
- Хукумати Чумхурии Точикистон лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистонро барои соли молиявии навбати ба баррасии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хар сол то 1 ноябри соли чори пешниход менамояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 44. Хуччатхо ва маводе, ки дар як вакт якчоя бо лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
- Хукумати Чумхурии Точикистон хангоми пешниходи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хуччату маводи зеринро низ пешниход менамояд:
– чамъбасти пешакии рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон дар давраи гузаштаи соли чори;
– дурнамои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон барои соли чори, со соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– хисобот дар бораи бахогузории хавфи фискали;
– самтхои асосии аникшудаи сиёсати молиявию бучети ва андозии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– лоихаи бучети давлати бо нишондихандахои васеи гурухбандии бучети барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– накшахои бучетии стратегии сохахо (бахшхо);
– лоихаи барномаи карзгирии давлатии беруни ва ба дигар давлатхо додани карз дар соли чори, барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– лоихаи барномаи карзгирии дохили, ки барои пардохти касри бучет дар соли чори, барои соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он пешбини шудааст (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– лоихахои конунхои Чумхурии Точикистон дар бораи боздошти амал ё беэътибор донистани конунхое, ки дар онхо харочоти маблаг аз хисоби бучети давлати пешбини мегардад;
– инчунин хуччатхои дигаре, ки барои баррасии лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати зарур мебошанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Хуччатхои алохидаи пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур метавонанд ба таркиби хуччатхои шархдихандаи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви илова карда шаванд.
- Дар баробари пешниходи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон метавонанд лоихахои конунхо дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси андози Чумхурии Точикистон, Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон ва (ё) Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дигар пардохтхои хатми ба бучет” пешниход карда шаванд.
Моддаи 45. Фонди харочоти пешбининашуда
- Фонди харочоти пешбининашуда хар сол ба хачми харочоти бучети чумхурияви дохил карда мешавад. Андозаи фонди харочоти пешбининашуда наметавонад аз 0,5 фоизи даромади бучети давлати зиёд бошад. Таксимот ва истифодабарии маблагхои фонди харочоти пешбининашуда дар ихтиёри Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад. Маблагхои фонди харочоти пешбининашуда барои бартараф кардани окибатхои офатхои табии, пахншавии беморихои сирояти, ки баъд аз кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ва дигар холатхои дар бучет пешбининашуда ба миён меоянд, сарф мегарданд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Хукумати Чумхурии Точикистон хар семоха ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар бораи харочоти фонди харочоти пешбининашуда маълумот пешниход менамояд.
Моддаи 46. Фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон
- Фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон ба андозаи 2 фоизи даромади бучети давлати мукаррар гардида, ба бучети чумхурияви дохил мешавад.
- Маблагхои фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон тибки амри Президенти Чумхурии Точикистон харочот карда мешаванд.
Моддаи 47. Фонди стабилизатсионии рушди иктисодиёт
Бо максади дастгирии муътадилии макроиктисоди, таъмини устувории низоми молияи давлатии Чумхурии Точикистон, ба вучуд овардани кафолати ичрои ухдадорихои давлат дар таркиби бучети давлати метавонад Фонди стабилизатсионии рушди иктисодиёт таъсис дода шавад. Тартиби ташаккул ва истифодабарии Фонди стабилизатсионии рушди иктисодиёт бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда шуда, андозаи маблагхо барои фонди стабилизатсиони хар сол дар Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати мукаррар карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 48. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия
- Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ба андозаи 0,5 фоизи хачми даромади бучети махаллии дахлдор мукарар гардида, ба таркиби харочоти он дохил карда мешавад.
- Ба фонди захирави раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ихтиёрдори менамояд.
- Истифодаи маблагхои фонди захиравии раиси Вилояти Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.(КЧТ аз 19.03.2013с. №946)
Моддаи. 49. Тартиби барраси ва тасдики бучетхо
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
- Тартиби баррасии лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ва тасдики онро Конуни мазкур муайян мекунад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Тартиби баррасии лоихаи карор дар бораи бучети махалли ва тасдики онро мутобики талаботи Конуни мазкур санадхои меъёрии хукукии макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати муайян мекунанд.
- Лоихаи бучети фондхои максадноки давлати дар як вакт бо лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барраси ва тасдик карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи ворид намудани тагйирот ба конунгузории андоз ва гумруки Чумхурии Точикистон, ки боиси тагйирёбии даромадхои бучети давлати дар соли молиявии навбати ё соли минбаъдаи он мегардад, то кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барраси карда мешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Нишондихандахои бучети давлати барои соли навбатии молияви дар Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати тасдик карда мешаванд. Нишондихандахои бучети давлати оид ба мавкеъхои васеи гурухбандии бучети барои ду соли ояндаи баъди соли молиявии навбати бо карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 50. Окибатхои кабул нашудани Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
- Лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати, ки аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон то 31 декабри соли равон кабул нашудааст, мавриди амал карор дода намешавад ва маблаггузории харочот мутобики мукаррароти моддаи 53 Конуни мазкур сурат мегирад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур метавонад конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маблаггузории харочот аз бучети давлати дар семохаи якуми соли молиявии навбатиро кабул намояд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 51. Ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор дар рафти ичрои он
- Лоихахои конунхо оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор аз руи тамоми масъалахое, ки мавзуи танзими Конуни мазкур мебошанд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Дар холати кам ё барзиёд ворид шудани маблагхо ба бучет, ки метавонад боиси тагйирёбии даромади бучети давлати ба андозаи то 10 фоизи таъиноти солона нисбат ба бучети тасдикшуда гардад, Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба кисми даромад ва харочоти бучети давлати бе тагйир ёфтани андозаи касри бучет карор кабул намояд. Карори мазкур дар давоми 5 руз ба маълумоти Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон расонида шуда, хатман нашр карда мешавад.
- Дар холати кам ё зиёд шудани воридоти маблагхо ба бучет, ки метавонад боиси 10 фоиз ё аз он зиёд тагйир ёфтани даромад аз таъиноти солонаи тасдикшудаи бучети давлати гардад, Хукумати Чумхурии Точикистон лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Конун дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор ё лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии иловагии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдорро бо хуччатхои зарури ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон лоихаи Конуни зикргардидаро бо тартиби гайринавбати дар давоми 15 руз барраси менамояд.
- Агар лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор дар мухлати мукарраргардида кабул нашавад, Хукумати Чумхурии Точикистон хукук дорад, ки бо кабули карори мувофик оид ба масоили мазкур харочоти бучети давлатиро мутаносибан кам ё зиёд намояд, агар дар Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
- Хама гуна лоихахои конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии макомоти марказии хокимияти давлати, ки ба Хукумати Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд, бояд хамзамон бо таъсири молиявии интизории онхо ба бучети давлати пешниход гарданд, аз чумла:
– бо хисобхои харочоти соли чори, соли молиявии навбати ва ду соли минбаъдаи он бо нишон додани номгуи харочот ва омилхои асосие, ки боиси ин харочот мегарданд, инчунин арзиши киёсии хар як омили харочот (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316);
– бо баходихии арзиши умумии татбики лоихахои дахлдор, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки дар ояндаи дарозмухлат.
- Дар баробари ин хамчунин ба Конуни амалкунандаи Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли дахлдори молияви бояд пешниходот дар хусуси пушонидани харочоти афзуда ё дар хусуси пушонидани талафоти даромадхо ворид карда шаванд.
БОБИ 11. ИЧРОИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Моддаи 52. Тартиби тасдики сметаи харочот
- Пас аз тасдики бучети давлати Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар мухлати на зиёда аз 10 руз ба таксимкунандагони асоси, таксимкунандагон ва гирандагони маблагхои бучетии бучети чумхурияви дар хусуси маблагхои барояшон пешбинишуда хабар медихад. Ташкилотхои бучети дар доираи маблагхои барояшон пешбинишуда сметаи харочоти худро тахия ва тасдик намуда, дар мухлати на зиёда аз 30 рузи пас аз тасдики бучети давлати онхоро ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд.
- Тартиби тахия ва тасдики сметаи харочоти ташкилотхои бучетиро Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
Моддаи 53. Ичрои бучети давлатии тасдикнашуда
- Дар холати бучети давлатиро то 31 декабри соли равон тасдик накардани Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Вазорати молияи Чумхурии Точикистон (макоми молияи махалли) ба ташкилотхои бучети барои харочот ба микдори аз дувоздах як хиссаи харочоти бучети соли гузашта барои хар мохи пурра маблаг чудо менамояд.
- Маблаггузории моддахои химояшавандаи харочот дар хачми пурраи соли гузашта анчом дода мешавад. Хизматрасонии карз, фоизи карз ва пардохти ухдадорихои дигари давлати, ки метавонанд боиси татбики мучозоти чаримави гарданд, пурра ичро карда мешаванд.
- Даромадхои воридшуда, дигар воридот ва харочот, ки то тасдики бучети давлати амали гардидаанд, аз тарафи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пас аз мавриди амал карор гирифтани Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати ба танзим дароварда мешаванд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 54. Ваколату масъулияти вазорату идорахо ва дигар ташкилотхои бучети оид ба ичрои бучети давлати
- Вазорату идорахо ва дигар ташкилотхои бучети харочоти худро мувофики сметахои тасдикшуда амали менамоянд.
- Ташкилотхои дахлдор ба воситаи хазинадории марказии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва шуъбахои махаллии он маблаггузори карда мешаванд.
- Рохбарони таксимкунандагони асоси, таксимкунандагон ва гирандагони маблагхои бучети барои истифодабарии максаднок ва самарабахши маблагхои бучети масъул мебошанд.
- Ташкилотхои бучети хукук надоранд зиёдтар аз маблагхои тасдиккардаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви, бучетхои махалли ва бучетхои фондхои максадноки давлати ухдадори кабул намоянд.
Моддаи 55. Азнавтаксимкуни ва махдудкунии маблагчудокунии бучети дар раванди ичрои бучет
(КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316)
- Харочоти тасдикшудаи бучетии вазорату идорахо ва дигар ташкилотхои бучети метавонад дар холатхои пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли дахлдори молияви тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон тагйир ёбад ва аз нав таксим карда шавад.
- Дар доираи сметаи харочоти вазорату идорахо ва дигар ташкилотхои бучети азнавтаксимкунии маблагхо байни моддахои харочот бо ичозати Вазорати молияи Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хукук дорад:
– дар холати ошкор шудани далелхои истифодабарии маблагхои як моддаи харочот барои харочоти моддаи дигар, вайрон кардани талаботи идоракунии самарабахши молияви то пурра бартараф намудани ин холатхои ошкоршуда амалиёти харочотиро аз руи моддаи дахлдор боздошт кунад ё маблаггузории харочотро ба андозаи маблагхои ошкоргардидаи ин моддахои харочоти кам намояд;
– дар холати гузаштани мухлати давомнокии даъво аз руи карзхои дебитори ва кредитории ташкилотхои бучети маблаггузории моддахои харочотро, ки аз руи онхо карзхои мазкур ба вучуд омадаанд, ба андозаи хамин карзхо кам кунад;
– дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, хангоми тагйирёбии ваколатхои таксимкунандаи асоси, таксимкунанда ва гирандаи маблагхои бучети ё зиёд гардидани андозаи касри солонаи бучет бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон маблаггузории бучетиро муваккатан манъ намояд, хачми маблагчудокунихоро кам кунад ё вакти чудо намудани онхоро тагйир дихад.
- Дар холати азнавташкилдихи ё бархамдихии ташкилотхои бучети Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ба бучет дар доираи маблагхои барои таъминоти онхо чудошуда тагйироти дахлдор ворид месозад.
Моддаи 56. Ичрои бучети чумхурияви
- Бучети чумхурияви аз руи харочот тавассути низоми автоматикунонидашудаи хазинадории давлати дар доираи маблагхои бучетии дар суратхисоби ягонаи хазинадори вокеан мавчудбуда бо риояи хатмии мархилахои асосии зерин ичро карда мешавад:
– мукаррар намудани таъиноти бучетии таксимкунандагони маблагхои бучети дар асоси руйхати тасдикшудаи бучети;
– расонидани маблагхои бучети ба таксимкунандагони маблагхои бучети, инчунин тасдики сметахои бучети аз чониби гирандагони маблагхои бучети;
– кабули ухдадорихои пули аз чониби гирандагони маблагхои бучети;
– тасдик ва санчиши ичрои ухдадорихои пули;
– ичрои пардохтхо (харочоти маблагхои бучети);
– истифодабарии мол (кор, хизматрасони) бо максади амали намудани вазифаи таксимкунандагони маблагхои бучети ва татбики барномахои давлати.
- Ухдадорихое, ки ташкилотхо бе маблагчудокунии бучетии дахлдор ё бо барзиёдии ваколатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати кабул кардаанд, ухдадорихои бучети махсуб намеёбанд. Харочоти бучети чумхурияви барои пушонидани чунин ухдадорихо амали карда намешавад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 57. Ичрои бучетхои махалли
Ичрои бучети махалли бо хамон тартибе амали карда мешавад, ки барои ичрои бучети
умхурияви мукаррар гардидааст. Масъулияти ичрои бучети махалли ба зиммаи макомоти молияи махалли гузошта мешавад.
Моддаи 58. Ичрои бучетхои фондхои максадноки давлати
Бучетхои фондхои максадноки давлати мутобики тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон ичро карда мешаванд. Масъулияти ичрои бучетхои фондхои максадноки давлати ба зиммаи макомоте гузошта мешавад, ки бучетхои фондхои максадноки давлатиро идора мекунанд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 59. Чамъбаст ва тахлили ичрои бучети давлати
- Ичрои бучети давлатиро Вазорати молияи Чумхурии Точикистон чамъбаст ва тахлил мекунад. Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пас аз чамъбаст ва тахлили хисоботи ичрои бучети чумхурияви, бучетхои махалли ва бучетхои фондхои максадноки давлати хар семоха ба Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи вазъи бучети давлати бо чамъбасти афзоянда ахборот пешниход менамояд. Ахборот бояд чунин маълумотро дар бар гирад:
– маълумоти хисоботи дар бораи вазъи макроиктисоди ва молиявии Чумхурии Точикистон;
– мукоисаи хачми даромадхои вокеи ва тасдикшуда, хачми харочоти вокеи ва тасдикшуда, каср ва карзхои бучети давлати бо шархи фаркияти байни нишондихандахои тасдикшуда ва вокеи;
– тадбирхо оид ба таъмини ичрои бучети давлати дар давраи бокимонда.
- Дар асоси натичаи чамъбасту тахлили ичрои бучет дар соли хисоботи Хукумати Чумхурии Точикистон тибки моддаи 51 Конуни мазкур барои ба вазъияти нави иктисоди мувофик кунонидани соли молиявии чори карор кабул мекунад ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонро дар ин хусус огох менамояд.
Моддаи 60. Анчоми соли бучети
- Хукуки маблаггузории харочоти пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор 31 декабри соли дахлдор катъ мегардад.
- Хамаи маблагхое, ки ба хисоби вазорату идорахо ва дигар ташкилотхои бучетии аз бучети чумхурияви маблаггузоришаванда гузаронида шудаанд ё дар суратхисобхо ё хазинахои онхо мавчуданд, бояд дар давоми рузи 31 декабр чамъбаст гардида, ба суратхисоби ягонаи хазинадори гузаронида шаванд, агар Вазорати молияи Чумхурии Точикистон карори дигар кабул накунад. Макомоти молияи махалли ва макомоти идоракунии фондхои максадноки давлати бо чунин тартиб суратхисобхо, хазинахо ва маблагхои ташкилотхои хисоботдихандаро, ки аз бучетхои махалли, бучетхои фондхои максадноки давлати маблаггузори мешаванд, чамъбаст менамоянд.
БОБИ 12. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВИ ВА АУДИТ
Моддаи 61. Назорати давлатии молияви ва аудит
- Назорати давлатии молияви ва аудитро макомоти хокимият ва идоракунии давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи назорати давлатии молияви, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, макомоти молияи махалли, таксимкунандагони асоси ва таксимкунандагони маблагхои бучети амали менамоянд.
- Шакл ва тартиби назорати давлатии молияви ва аудитро, ки аз чониби макомоти дахлдор амали мешаванд, конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.
БОБИ 13. ХИСОБОТ ДАР БОРАИ ИЧРОИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИ
Моддаи 62. Хисоботи мархилави дар бораи ичрои бучети давлати
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон барои вазорату идорахо, дигар ташкилотхои бучети, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати хуччатхои меъёри ва дастуриеро, ки риояи расмиёти стандартии бахисобгирии мухосиби ва тартиб додани хисоботи молиявиро талаб менамоянд, тахия ва нашр мекунад.
- Вазоратхо, идорахо ва дигар ташкилотхои бучети ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мутобики мухлати мукаррарнамудаи он хисоботи семохаро дар бораи ичрои сметаи даромаду харочот ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бошанд, хисоботи семоха оид ба ичрои бучетхои махалли пешниход менамоянд.
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон оиб ба натичахои чамъбасти ичрои бучети давлати ба Хукумати Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисоботи семоха пешниход менамояд. Макомоти молия дар махалхо бо тартиби мукарраргардида оид ба чамъбасти ичрои бучети махалли ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати хисоботи семоха пешниход менамоянд (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Дар хисоботи семоха оид ба ичрои бучети давлати маълумоти зерин дарч карда мешаванд:
– нишондихандахои вокеии даромад, грант ва карзхои давлатии дар давоми се мох гирифташуда;
– харочоти бучети мутобики гурухбандии вазифави ва имконияти бучети аз нуктаи назари хачми аникшудаву тасдикгардидаи нишондихандахои вокеи;
– хисобот оид ба холати карзи беруна;
– хисобот оид ба нишодихандахои макроииктисоди (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Дар хисоботи семоха оид ба ичрои бучети махалли маълумоти
зерин дарч карда мешаванд:
– нишондихандахои вокеи аз руи даромадхо;
– харочоти бучет аз нуктаи назари хачми аникшудаву тасдикгардида
ва нишондихандахои вокеи (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хисоботи семохаро оид ба ичрои бучети давлати тавассути воситахои ахбори омма на дертар аз ду мохи баъди ба анчом расидани семохаи мазкур нашр менамояд.
Моддаи 63. Хисоботи солона дар бораи ичрои бучети давлати
- Вазири молияи Чумхурии Точикистон дар охири соли молияви оид ба чамъбасти сол ва тайёр кардани хисобот дар бораи ичрои бучети давлати фармоиш мебарорад.
- Дар асоси фармоиши Вазири молияи Чумхурии Точикистон хамаи гирандагони маблагхои бучети дар бораи даромаду харочот хисоботи солона тайёр мекунанд.
- Вазоратхо, идорахо ва дигар ташкилотхои бучети хисоботи солонаи ташкилотхои тобеъро мукоиса карда, карори дахлдор кабул мекунанд ва то 1 марти соли чори ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хисоботи чамъбастии солона пешниход менамоянд.
- Хисоботи ичрои бучетхои фондхои максадноки давлатиро макомоти идоракунии фондхои мазкур тартиб дода, то 1 марти соли чории молияви ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд.
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар асоси хисоботи солонаи вазорату идорахо, ташкилотхои бучети, гирандагони маблагхои бучети, макомоти идоракунии фондхои максадноки давлати, фармоишгарони давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва дигар ташкилотхои ваколатдор дар бораи ичрои бучети давлати хисоботи солона тартиб дода, то 15 июни соли чори ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.
- Дар хисоботи солона оид ба ичрои бучети давлати бояд маълумоти зайл нишон дода шавад:
– нишондихандахои вокеии даромаду грантхо ва карзхои давлати, ки дар давоми сол гирифта шудаанд;
– харочоти бучети мувофики гурухбандии бучетии вазифави, иктисоди ва идорави аз нуктаи назари хачми тасдику аникшуда ва нишондихандахои вокеи;
– сатхи вокеии касри бучет ва маблаггузории он;
– баланси (тавозуни) суратхисоби ягонаи хазинадори дар аввал ва охири сол;
– хисоботи дороихои молияви ва фонди стабилизатсиони;
– шархи фаркиятхои асоси байни маблагчудокунии вокеии бучети ва таъиноти тасдикшудаи бучети;
– хисобот дар бораи хачми карзгирии давлати, кафолати давлатии карзхо, ки дар давоми соли бучети дода шудаанд, фехристи карзхои пардохтнашудаи давлати, маълумот дар бораи амалиёти дигар оид ба идоракунии карз;
– тавсифи умумии сармоягузори аз хисоби бучети давлати;
– хисобот дар бораи харочот аз фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон ва фонди харочоти пешбининашудаи Хукумати Чумхурии Точикистон.
Моддаи 64. Пешниходи хисоботи солона дар бораи ичрои бучети давлати ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон
- Хукумати Чумхурии Точикистон хисоботи солона дар бораи ичрои бучети давлатиро ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон то 15 июли соли чори пешниход менамояд.
- Дар як вакт якчоя бо хисоботи солона оид ба ичрои бучети давлати дар соли хисоботии молияви ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисоботи солона дар бораи ичрои бучети фондхои максадноки давлати пешниход карда мешавад.
Моддаи 65. Хулосаи беруни ба хисобот дар бораи ичрои бучети давлати
- Хулосаи беруни ба хисобот дар бораи ичрои бучети давлати аз чониби Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон хар сол то 1 октябр ба Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.
- Шахсони мансабдори Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон барои дуруст ва мукаммал будани маълумоти дар хулосаи он зикрёфта мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъул мебошанд.
- Хукумати Чумхурии Точикистон барои бартараф кардани камбудихои дар хулоса зикргардида ва мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашидани шахсони гунахгор чорахои зарури меандешад.
Моддаи 66. Барраси ва тасдики хисобот дар бораи ичрои бучети давлати
Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар як вакт дар баробари барраси ва кабули Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии навбати, хисоботи солонаи ичрои бучети давлатии соли гузаштаи молиявиро барраси намуда, тасдик мекунад (КЧТ аз 14.05.2016 с., №1316).
Моддаи 67. Нашри хисобот дар бораи ичрои бучети давлати
Хукумати Чумхурии Точикистон хисоботи солонаро дар бораи ичрои бучети давлати пас аз тасдик шудани он аз тарафи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар воситахои ахбори омма нашр менамояд.
БОБИ 14. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 68. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 69. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон”
Конуни Чумхурии Точикистон аз 3 декабри соли 2002 “Дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2002, №11, мод. 714; с. 2007, №7, мод. 670; с. 2008, №6, мод. 453) аз эътибор сокит дониста шавад.
Моддаи 70. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе,
28 июни соли 2011, № 723