Главная / Биология / МОЛЕКУЛАХОИ ОРГАНИКИ– АНГИШТОБХО

МОЛЕКУЛАХОИ ОРГАНИКИ– АНГИШТОБХО

Ангиштобхо ё сахаридхо моддахои органики буда, бо формулаи умумии Сп(Н2О)m ифода карда мешаванд. Дар аксари ангиштобхо адади молекулахои об ба микдори атомхои карбон мувофик мебошад. Аз хамин сабаб ин моддахоро карбогидрат ё ангиштоб номидаанд.

Дар хучайраи хайвонот то 5% ангиштоб мавчуд аст. Хучайраи растанихо ангиштоби бештар доранд, микдори онхо то 90% мерасад (картошка, тухми ва гайра). Ангиштобхо содда ва мураккаб мешаванд. Ангиштобхои содда моносахаридхо ном гирифтаанд. Вобаста ба адади атомхои карбон дар молекула моносахаридхо триозахо (дорои 3 ато-ми карбон), тетрозахо (дорои 4 атоми карбон), пентозахо (дорои 5 атоми карбон) ё гексозахо (дорои 6 атоми карбон)

номида мешаванд. Глюкоза, фруктоза ва галактоза мансуби гексозахо мебошанд. Хун 0,08-0,12% глюкоза дорад. Пентозахо – рибоза ва дезоксирибоза – ба таркиби кислотахои нуклеинат ва АТФ (аденозинтрифосфат) дохил мешаванд.

Агар дар як молекула ду моносахарид якчоя шаванд, чунин пайвастагиро дисахарид меноманд. Ба дисахаридхо канд сахароза дохил мешавад; онро аз найшакар ё лаблабуи канд хосил мекунанд. Сахароза аз як молекула глюкоза, як молекула фруктоза ва канди шир, ки тавассути молекулахои глюкоза ва галактоза хосил мешавад, иборат аст.

Ангиштобхои мураккаб аз бисёр моносахаридхо хосил мешаванд ва полисахаридхо номида шудаанд. Мономерхои чунин полисахаридхо монанди крахмал аз гликоген, селлюлоза ва глюкоза иборат мебошанд. Ангиштобхо ду функсияи асосиро ичро менамоянд: бинокори ва энергетики. Масалан, селлюлоза пардаи хучайраи растанихоро ба вучуд меорад; полисахариди мураккаб комплекси структураи скелети берунаи бугумпойхо мебошад. Функсияи бинокориро, инчунин хитин дар замбуругхо низ ичро менамояд.

Ангиштобхо дар хучайра манбаи асосии энергия мебошанд. Дар чараёни оксидшавии 1г ангиштоб 17,6 кЧ энергия чудо мешавад. Дар хучайраи растанихо крахмал, вале дар хучайраи хайвонот гликоген чамъ шуда, чун захираи энергетики хизмат мекунанд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Кадом пайвастагихои химияви ангиштоб номида мешаванд?
  2. Кадом хучайрахо ангиштоби бештар доранд?
  3. Моносахарид чист? Мисолхо биёред.
  4. Дисахарид чист? Мисолхо биёред.
  5. Кадом ангиштоби содда барои крахмал, гликоген ва селлюлоза хамчун мономер хизмат менамояд?
  6. Функсияи ангиштобхоро гуфта дихед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …