Главная / Биология / МОХИХОИ ТОЧИКИСТОН

МОХИХОИ ТОЧИКИСТОН

Дар мухити обхои Точикистон то хол зиёда аз 40 намуди мохихо маълуманд. Аз онхо баъзеашон ахамияти калон доранд.

  1. Ширмохи дар обхои ширин зиндаги мекунад. Дарозиаш то 50 см буда, вазнаш 1-2 кг мешавад. Вай дар дарёхои хурду калони серобу камоби кухистон бештар вомехурад, Баъзан дар обхои хунуки шаффоф чунин мохихо дучор мешаванд. Бештар дар тагу байни сангхо гашта, ба мукобили чараёни об нагз харакат мекунанд. Хуроки ширмохи хар гуна кирмхо, харчангхои хурд, кирминаи хашароти оби мебошанд. Гайр аз ин обсабзхоро бо лаби поёнаш аз болои сангхои зериоби тарошида мехурад.

Ширмохи охири мохи май ва ибтидои июн тухм мегузорад. Охирхои тирамох дарозии мохичахои ширмохи 7-10 см шуда, вазнашон 8-12 гр мешавад.

riba-mohi-tajik-2

Ширмохи дар синни 3-4-солагиаш ба шикор мувофик аст. Дар вакти аз ширмохи тайёр кардани таом тухмаш ва пардаи сиёхи руйи баданашро, ки барои одам ва хайвоноти хонаги захрнок мебошад, гирифта партофтан лозим аст.

  1. Храмуля бо ширмохи якчоя зиндаги мекунад, вале микдори зиёдаш дар дарёхои сустчоришаванда дучор мешаванд. Храмуля дар байни сангхои даруни об мегардад, хурокаш хар гуна растанихои оби аст. Вай тухмашро дар байни сангчахо мегузорад. Дарозии мохичахои он дар соли якум 6 см ва дар 5-солагиаш 25-30 см, вазнаш кариб ба 1,2 кг мерасад.

Дар вакти аз храмуля тайёр кардани таом онро мисли ширмохи тоза кардан лозим аст, чунки он хам тухму пардаи сиёхи захрнок дорад.

  1. Загорамохи дар обхои сустчоришаванда ё ором зиндаги карда, дар Вакти обхези хамрохи об ба хавзу заминхои шоликории назди сохил дохил мешавад ва ба оби шур нагз мутобик мешавад. Загорамохиро дар обхои шури нохияи Чилликул бисёр дидан мумкин аст. Онхоро дар хавзхои махсус хам парвариш мекунанд.

Загорамохи аз синни 2-4-солагиаш ба наслдихи cap мекунад. Як загорамохии калони модина дар як мавсим 150 хазор тухм мегузорад. Вай тухмашро дар байни растанихои обии сохил мегузорад. Пас аз 5-7 руз аз тухмхо загорамохичахое мебароянд, ки 5 мм дарози доранд. Рузхои аввал бехаракат буда, аз хисоби зардии тухм зиндаги мекунанд. Загорамохи хар гуна чонварони бемухраю растанихои обиро мехурад.

Загорамохи яке аз мохихои асосии шикори мебошад. Холо 10 намуди нави ин мохиро ба вучуд оварда, дар хавзхои махсусгардонида парвариш мекунанд. Масалан, карпи пулакчадор, карпи булурин, карпи лучак зотхои нави загорамохи мебошанд.

  1. Лаккамохи дар обхои хавзу чуйхои обашон суст чоришаванда одат карда, дар кулхою обанборхои водии дарёи Вахш, Кофарнихон, Зарафшон бештар дучор мешавад. Дар кулхои водии Вахш, дар обанборхои сунъии Фарход ва Кайроккум нагз парвариш меёбад. Вай бештар дар тагилб истода, лошаи хайвонот инчунин чонвархои зиндаи хурди камхаракатро мехурад. Вобаста ба тарзи хаёташ сари сербари пачак, дахони калон, бадани калта, шиками гафс, думи пачак, муйлаби дароз, пусти барахяаи лухобдор ва ранги хокистарии баланд дорад.

Лаккамохихои азимчуссаи дарёхои Точикистон то 1,5 м дарози дошта, 60-70 кг вазн доранд. Онхоро бо тур ё чангак шикор мекунанд. Гушташ сафеди мулоими хушлаззат аст.

  1. Лаккамокии туркистони дар дарёхои Осиёи Миёна, аз чумла дар Точикистон зиндаги карда, дарозии баданаш то 25 см мешавад. Пусти баданаш бепулакчаи хокистарранг ё чигартоб, сараш аз боло ба поён пачак, муйлабхояш аввал сербару охираш борик аст. Вай дар дарёчахои кухи зиндаги карда, мохи июн ба тухмгузори cap мекунад. Тухмхояш то 2,6 мм буда, баъди аз тухм баромадан мохичахо кирмакхои хашароти обиро мехуранд.
  2. Гамбузня мохии хурдест, ки макони асосиаш сохилхои чанубу шаркии Америкаи Шимоли аст. Соли 1924 бо максади нест кардани кирминаю зочаи пашшахои гузаронандаи касалии малярия (варача) ба Иттиходи Шурави аввал ба Кавказ ва пас ба Осиёи Миёна, аз чумла ба хавзхои беобдави махалхои ахолинишини Точикистон оварда буданд, ки зуд пахн гардид.

Гамбузия бисёр мохии пурхур буда, дар вакти гурусна мондан хатто мохибачахои худашро хам мехурад. Вале худи онхоро окун ва загорамохихо мехуранд.

Гайр аз ин, гамбузияро барои зебоиаш дар аквариум хам парвариш мекунанд.

Савол ва супоришхо:

  1. Дар бораи мохихои Точикистон дар мисоли ширмохи, храмуля, загорамохй, лаккамохи, гамбузия ва гайрахо маълумот дихед.
  1. Расми мохихоро дар дафтаратон кашед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …