Главная / Илм / МОДДАХОИ ЗИДДИУФУНи

МОДДАХОИ ЗИДДИУФУНи

ziddiufuniМОДДАХОИ ЗИДДИУФУНи, маводе, ки микроорганизмхои бемориоварро нест мекунанд ё афзоишу инкишофи онхоро бозмедоранд. Барои бесироят гардондани чарохату захмхо, чойхои сухтаи бадан, муоличаи беморихои мадданоки пуст, гандзудоии бинохо, либос, чихози бистар ва ашёи бемор кор мефармоянд. Дар тиб пайвастхои хлор (хлорамин ва г.), йод (махлули спиртии йод, махлули Люгол, йодоформ ва г.), пероксиди гидроген, перманганати калий, баъзе кислотахо (борат, салитсилат, карболат) ва асосхо (спирти навшодир, содаи хуроки), пайвастхои симоб (сулема, мархами симоб ва г.), сурб, алюминий (моеи Буров ва г.), спирт ва арак, формалин ва г. чун М. з. истифода мешаванд. Антибиотикхои пуст (грамисидин ва г.) ва фитонсидхои баъзе растанихои дарачаи оли (мас., сир, пиёз, росан, хамешабахор ва г.) гурухи махсуси М. з. мебошанд.
Баъзе М. з.-ро барои консервонии хуроквори (мас., спирти этил, кислотахои сирко ва шир) низ истифода мебаранд. Махлули онхоро ба хуроквори мувофики меъёр илова мекунанд. Онхо махсулотро аз вайрон гаштан нигох медоранд, хушбую болаззат менамоянд (мас., кислотаи атсетат).

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО, тавобил, моддахое,ки барои бехтар кардани мазаи хурок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …