Главная / Илм / МОЯГУЗАРОНи

МОЯГУЗАРОНи

moyaguzaroniМОЯГУЗАРОНи (Immunisatio; лот. immunis – озод, аз чизе раходода), иммунизатсия усули махсуси пешгирии беморихои сироятии одам ва хайвонот. М. фаъол, нофаъол ва нофаъолу фаъол мешавад. Хангоми М.-и фаъол ба организм ваксина ё анатоксин мегузаронанд. Дар мавриди М.-и нофаъол ба организм зардоби масуни ё иммуноглобулин гузаронда мешавад. Хангоми М.-и фаъолу нофаъол аввал ба организм зардоби масуни, сипас ваксина ё анатоксин мефиристанд.
М. самараи хеле хуб медихад. Ба тавассути он нафакат имконияти пешгирии баъзе беморихои сирояти фарохам омад, балки як катор касалихои нихоят вазнин (мас., нагзак) батамом нест карда шуданд.
М. ба тавассути ваксина (ваксинопрофилактика) ва анатоксинхо чун тадбири накшавии пешгирии беморихо нисбат ба М. ба воситаи дорухои зардоби (серопрофилактика) самараи бештар дорад, зеро он организмро ба муддати дуру дароз хифз менамояд.
Дар таркиби моя ангезандахои зинда (заиф) ё мурда (кушта)-и беморихо (бактерия ва вирусхо ё киёми бактерияви ва захрхои безараршудаи онхо – 93 позахр) мавчуданд. Хангоми ба организм фиристодани моя моддахои мухофиз (подтанхо ва позахрхо) хосил мешаванд, ки дар натича баъди мухлати муайян организм ба хамон беморие, ки ангезааш дар моя аст, дучор намеояд. Меъёр ва тарзи гузаронидани хар моя аник шудааст. Ангезахои баъзе беморихоро бо 2 – 3 усул мегузаронанд. Мас., барои пешгирии полиомиелит, сурфакабутак, хунок ва кузоз 3 маротиба (баъди хар якуним мох) моя мегузаронанд. Агар бо гузашти айём таъсири моя суст шавад, баъди мухлати муайян ин корро такрор мекунанд. Мувофики таквими М., ки соли 1980 тасдик шудааст, ба кудаки яксола барои пешгирии сил, полиомиелит, сурфакабутак, хунок ва кузоз, ба кудаки дусола барои пешгирии паротит, хасба ва такроран барои пешгирии полиомиелит, ба кудаки сесола барои пешгирии сурфакабутак, хунок, кузоз ва полиомиелит моя мегузаронанд. М. минбаъд чунин чараён мегирад: дар 6-солаги барои пешгирии хунок ва кузоз; дар 7-солаги (синфи 1) барои пешгирии сил; дар 7 – 8-солаги барои пешгирии полиомиелит; дар 11-солаги барои пешгирии хунок ва кузоз; дар 11 – 12-солаги (синфи 5) барои пешгирии сил; дар 15 – 16-солаги барои пешгири полиомиелит, дар 16 – 17-солаги барои пешгирии сил ва кузоз.
Барои пешгирии диг. беморихо низ ба организм моя мегузаронанд. Агар таъчилан организмро сироятнопазир кардан зарур шавад (мас., баъди бо бемори хасба сару кор доштан, хангоми газидани хайвонот ва г.), аз зардоб ё гамма-глобулин истифода мебаранд. Пеш аз М. одамро бояд духтур муоина кунад. Хангоми беморихои шадид моя намегузаронанд. Дар муддати чанд руз баъди М. одам бояд худро аз хастаги, бисёр гарм шудан ё хунук хурдан хифз намояд. Дар ин давра баъзан одам таб карда, дарди сару бехол мешавад, чои моягузаронда газак ва дард мекунад. Аммо ин хавфнок нест ва баъди чанд соат ё 1 – 2 шаборуз бархам мехурад. Бемории сирояти баъди М. ба вучуд ояд хам, нисбатан сабук мегузарад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …