МИС

cuprumМИС (Cuprum), Cu, элементи химиявии гурухи I чадвали Менделеев; раками ат. 29, массаи ат. 63,546. М.-и табии аз омехтаи ду изотопи собит – 63Cu ва 65Cu иборат аст. М. ба инсоният аз замонхои кадим маълум мебошад. Он зохиран металли сурх ё сурхи гулобии нарм ва ёзанда аст. Зичиаш 8960 кг/м3 (20°С), харор. гуд. 1083°С, харор. чуш. 2600°С. Чараёни электр ва гармиро нагз мегузаронад. М. аз чихати химияви чандон фаъол нест.
М. микроэлементи бебадал мебошад; дар организми одами калон 100 – 150 мг М. (дар холати пайваст бо сафедахо) вучуд дорад. Аз М. хусусан бофтахои майна, чигар, дил, гурдахо гани мебошанд. Дар сурати дар организми инсон нарасидани М., ки сабаби он ихтилоли мубодилаи сафедахо дар синни кудаки, беморихои ирси ва г. аст, мубодилаи охан, синтези фосфолипидхо тагйир меёбад. Дар мавриди дистрофияи гепатосеребрали, шизофрения, майзадаги ва г. микдори М. дар хун меафзояд. Аз пайвастхои М. дар амалияи тиб сулфати мис (Cupri sulfas) ё дахони фаранг (Cuprum sulfuricum) кор фармуда мешавад.
Хангоми истифодаи мавзеии сулфати мис дар натичаи таъсири мутакобили ионхои М. бо сафедахои бофтахо албуминатхо хосил мегарданд. Он хамчунин таъсири антисептики дорад. Аз ин сабаб онро дар шакли катра барои табобати конъюнктивит(махлули 0,25%), инчунин уретрит ва вагинит (махлули 0,5%) кор мефармоянд. Дар аснои бо вояи кам таъин кардани сулфати мис (5 – 15 чакра махлули 1% дар шир, рузе 2 – 3 маротиба дар вакти истеъмоли гизо) охан аз рудахо чаббида мешавад. Онро инчунин ба сифати позахр хангоми захролуди аз фосфори сафед низ таъин мекунанд.

Т. Идрисов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …