Главная / Илм / МИСКАВАЙХ, Абуали Ахмад ибни Мухаммад ибни Яъкуб

МИСКАВАЙХ, Абуали Ахмад ибни Мухаммад ибни Яъкуб

nophotoМИСКАВАЙХ, Абуали Ахмад ибни Мухаммад ибни Яъкуб (такр. 932 – 17. 02. 1030), табиб, муаррих, риёзидони машхур. Дар вачхи тасмия ва тарзи дурусти талаффузи номаш хам танокузи оро ба чашм мехурад. Дар сарчашмахои форси, ба вижа осори мухаккикини навин «Мушкуя» меноманд ва гохе дар шакли «Мушкуяи Рози» хам ном бурда мешавад. Бархе бар он акидаанд, ки «Мискавайх» бар он сабаб ном гирифтааст, ки мушкро бисёр дуст медоштааст ва ин вожа дар араби ба гунаи «Миск» мустаъмал аст. Пасванди «вайх» ба хамон шакли форси-точикии худ боки мондааст. «Мушкуя», бино бар ривояти дигар, маъхуз аз номи шахраке бошад вокеъ дар наздикии Рай дар рохи Сова. Аммо ин акида мавриди тааммул аст. Ба хар сурат, худи М. дар осораш хешро бештар дар шакли «Абуалии Мискавайх», «Абуали Ахмад ибни Мухаммад Мискавайх» зикр кардааст. Аз ин бармеояд, ки «Ахмад» номи у буда, «Мискавайх» лакабаш аст.
Дар бораи зиндагии М. хам чандон маълумоти пурра дар даст нест, ба чуз он навиштахои пароканда ва маълумоти мухтасаре рочеъ ба ин ё он сахифаи фаъолияти илми ва сиёсии у, ки дар манобеи кухан ба чашм бармехуранд. Муаллифони ин сарчашмахо уро «хаким, файласуф, муаррих, риёзидон, мухандис, забоншинос, адиб, шоир, нависанда, шахси бисёр огох аз номахои кадим ва забонхои бостон, мутакаллим, мунаккида» ва г. муаррифи кардаанд. Илова бар ин, уро унвонхои «Хозин» (мудири китобхона, хазинадори китобхона) ва «Надим» додаанд ва унвони дуюми аз он аст, ки хамнишини чанд тан аз подшохони Оли Буя буд.
М. дар ибтидо аз пайвастагони вазири Муиззуддавла – Абумухаммади Мухаллаби будааст ва дар назди у вазифаи хозинии кутуби уро адо мекард. Пас аз он М. дар хидмати Ибни Амид (ваф. с. 971) ва писараш – Абулфатхи Зулкифоятайн хам будааст. Ибни Амид, ки нафакат чун сиёсатмадор, балки хамчун шахси фозил, чирадаст дар адаб ва балогату фасохати забони араби шухрат дорад, китобхонаи машхуре бино карда буд бо теъдоди зиёди кутуб. М. вазифаи китобдори ин китобхонаро ба ухда дошт ва ба кавли у теъдоди кутуби он беш аз 100 уштури боркаш буд. Пас аз марги фочиабори Абулфатх у ба хидмати Азудуддавла махсус гашт ва дар дарбори у ба хайси надим ва хозини у ифои вазифа кард.
М. умри дароз дид, ки он такрибан баробар ба як аср аст. Дар тули ин умри бобаракати хеш осори зиёдеро таълиф кардааст, ки теъдоди онро беш аз 30 китоб донистаанд. Китобхои «Мухтасару-н-набзи» ва «Китоб фи-л-адвияти-л-муфрадати» дар боби тиб мебошанд.
Ад.: Донишномаи сомониён, ч. 1, Хучанд, 2008.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …