Главная / Илм / МИРСАБУРОВА Рохат Точиевна

МИРСАБУРОВА Рохат Точиевна

nophoto-wМИРСАБУРОВА Рохат Точиевна (тав. 09. 11. 1935, ш. Чорчуи Чумхурии Туркманистон ), акушер-гинеколог, номзади илми тиб (1974), дотсент (1992), проф. (2011), Аълочии тандурустии ИЧШС, Корманди шоистаи Чумхурии Точикистон (2003). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1961). Ординатори клиники (1961 – 63), аспирант (1963 – 66) ва ассистенти кафедраи акушери ва гинекологияи факултаи муоличави (1966 – 84), ташкилотчи ва мудири кафедраи акушери ва гинекологияи факултаи такмили ихтисос (1984 – 92), дотсент (1992 – 2011) ва проф. (аз 2011) кафедраи акушери ва гинекологияи №1-и ДДТТ. Оид ба масъалаи фавти модарон дар Чумхурии Точикистон тадкикот мебарад. Муаллифи зиёда аз 50 маколахои илми, 5 дастури таълимию методи, 3 пешниходи навоварона. Иштирокчии конфронсу съездхои байналмилали.
Бо медали «Ветерани мехнат» ва Ифтихорномаи Раёсати Шурои Олии ЧШС Точ. сарфароз гардонда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …