Главная / Илм / МИРОЧОВ Гиёсуддин Кудбуддинович

МИРОЧОВ Гиёсуддин Кудбуддинович

nophoto-mМИРОЧОВ Гиёсуддин Кудбуддинович (тав. 12. 10. 1944, дехаи Ярхаби Калони нох. Рашт), духтури гастроэнтеролог, доктори илми тиб (1981), проф. (1992), узви пайвастаи АИ ЧТ (2001; узви пайваста – 1991), Ходими шоистаи илм ва техникаи ЧТ (1999), барандаи Чоизаи АИ ЧТ ба номи Е. Н. Павловский (2003), Узви фахрии Чамъияти гастроэнтерологхои Булгория (1988), Аълочии тандурустии ИЧШС (1977). Фак-ти муоличаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Синоро хатм кардааст (1968). Аспиранти Ин-ти 1-уми тиббии ш. Москва (1968 – 71), ходими калони илми (1971 – 72), муовини директори Ин-ти гастроэнтерологияи АИ ЧТ (1972 – 95), Сардори раёсати илм ва муассисахои илмии Вазорати тандурустии ЧТ (1995 – 2000), директори Ин-ти гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии ЧТ (аз с. 2000), хамзамон Президенти АИТ Вазорати тандурустии ЧТ (2010 – 11).
М. муаллифи зиёда аз 400 маколахои илми ва 5 монография буда дар пешрафти илми гастроэнтерологияи Точикистон сахми арзанда гузоштааст. Хамрохи акад. Х. Х Мансуров дар собик Иттиходи Шурави аввалин шуда аломатхои болинию морфологии фибрози ирсии чигар ва шакли шадиди сиррози машруботии чигарро тахкик кардааст. М. дар кори тахия ва тахкики давраи аввали беморихои машруботи ва вирусии чигар, омузишу тахкики гепатитхои В, D, С ва вирусхои онхо сахми арзанда дорад. Оид ба макоми бактерияи халкашакли пилори (хеликобактер пилори) ва штаммхои он дар пайдоиш ва хуручи беморихои илтихобии меъда ва захми меъдаю рудаи дувоздахангушта низ тадкикот анчом додааст.
М. борхо илми гастроэнтерологияи точикро дар анчуманхои гастроэнтерологхои умумииттифоки, хафтахои гастроэнтерлогхои Россия, анчуманхои терапевтхои Россия (1982) Киргизистон (1996), Туркманистон (1996), Конгресси гастроэнтерологхои Олмон (1988), Булгория (1989), Конгресси умумичахонии гастроэнтерологхо дар Австрия (1998), хафтаи гастроэнтерологхои Европа дар Италия (1999) муаррифи кардааст. Аъзои фахрии Ассотсиатсияи гастроэнтерологхои Булгория (аз 1989), проф. фахрии Ин-ти тадкикоти илмии гигиенаи Россия (аз 2001). Иштирокчии Ассамблеяи умумичахонии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар дар Кения (Найроби; 2009). М.
Ос.: Маркеры вируса гепатита В и ткани печени носителей НВ8-антигена. «Архив патологии», 1984, № 4; Гелиотропная гепатоангиопатия, Д., 1995; Фиброз печени, Д., 2003; Клинические очерки по гепатологии и гастроэнтерологии, Д., 2006; Метаболический синдром с проявлением желчнокаменной болезни, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …