Главная / Илм / МИОЗИТ

МИОЗИТ

miozitМИОЗИТ (Myositis), илтихоби мушак, газак гирифтани мушакхои скелет. М. метавонад чун боди беморихои гуногун, мас., грипп руй дихад. Аксар вакт М. дар натичаи кори пуршиддату гайрмукаррарии мушакхо ё зарбу лат хурдани онхо сар мезанад. М. шадид, шадидмонанд ва музмин мешавад. М.-хои мавзеи ва густаришёфта низ ба мушохида мерасанд.
Дар аснои М. мушакхои даст, пой, бадан сахт дард карда, дар вакти харакат дард шиддат мегирад. Аксар вакт дар мушак гиреххо ё лундахои сахт пайдо мешаванд. Дар мавриди кушода будани чарохат дар натичаи аз микробхо сироят ёфтан, М.-и фасоднок ба амал меояд, ки он бо таби баланд, табларза, торафт шиддат гирифтани дард, варам карда сахт шудани мушакхо, сурх шудани пусти руи онхо зухур меёбад. М.-и сироятии бефасод хангоми бемории сил, брутселлёз, сифилис, грипп, энтеровирусхо пайдо мешавад; бемори бо дарди шадид ва бехолати чараён мегирад.
М. бисёр вакт хангоми беморихои аутоиммуни рух медихад. Яке аз шаклхои вазнини М. полимиозит аст. Дар мавриди чараёни вазнин касб кардани он рефлекси пайхо нест мешавад. Полимиозит имкон дорад боиси иллати дил, шуш, рагхо, пуст (миокардит, пневмония, васкулит) гардад.
М.-и устухонгашта шакли махсуси бемори буда, хангоми он дар бофтахои пайванди намакхои калсий тахшон мешаванд. Мушак сахт ва дардманд аст.
Шакли махсуси ин бемори М.-и паразити мебошад, ки он дар натичаи ба мушакхо осеб расондани паразитхо (трихинеллахо, систисеркахо) ба вучуд меояд. Таб, дарди мушакхои дасту пой, кафаси сина, забон, мушакхои жовиш зухуроти маризи мебошанд.
Муоличаи М.-ро духтур пас аз муайян намудани сабабхои пайдоиши он таъин мекунад. Барои пешгирии М. аз кори нихоят вазнин ва хунук хурдан канора чуста, коидахои техникаи бехатариро риоя намудан зарур аст; машгулиятхои спорти ва обутоб додани мушакхо ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …