Главная / Илм / МИОРЕЛАКСАНТХО

МИОРЕЛАКСАНТХО

miorelaksantМИОРЕЛАКСАНТХО (Myorelaxantia; аз мио… ва лот. relaxans, relaxantis – сустиовар, заифсозанда), дорухое, ки тонуси мушакхои скелетро то хадди комилан бехаракат гаштани онхо суст мекунанд. М. вобаста ба таъсир ду хел – маркази ва канори мешаванд. Ба М.-и таъсирашон канори моддахои кураремонанд мансубанд; онхо бевосита ба холиноретсепторхои мушакхои скелет таъсир расонда, интиколи асаби-мушакиро халалдор месозанд.
Ба М.-и таъсирашон маркази дорухои гуногун, ки дар баробари самараи муоличави хамчунин маркази танзими тонуси мушакхоро табох менамоянд, дохил мешаванд, мас., транквилизаторхо (сибазон, хлозепид, феназепам ва г.). Мидоклам ва баклофен низ ба гурухи моддахои таъсирашон маркази мансуб мебошанд. М.-и таъсирашон маркази бар фарки моддахои кураремонанд ба интиколи импулсхо ба синапсхои асабу мушаки таъсир намерасонанд.
Дар амалияи тиб моддахои кураремонанд бо максади суст кардани тонуси мушакхо хангоми амалиёти чаррохи кор фармуда мешаванд. М.-и таъсирашон маркази асосан хангоми беморихое, ки тонуси мушакхои скелет баланд мегарданд, ба кор мераванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …